Последние посты

AL-QULUB | Академия
22 сент., 09:29изменён
ТАНҲО КУРС НЕ — ЯК РОҲИ ПУРРАИ ОМӮЗИШБо ҳамроҳ шудан ба курс, шумо танҳо чанд дарс намехаред.Шумо мегиред:✓ дарсҳои мунтазам бо устод ✓ ислоҳи хатогиҳо ва назорати омӯзиш ✓ сабти дарсҳо ✓ гурӯҳи махсус барои иштирокчиён ✓ маводҳои иловагӣ ва вазифаҳо ✓ имкони саволу ҷавоб ✓ санҷиши пешрафти шумо ✓ бонусҳои махсус барои донишҷӯёни AL-QULUBҲадафи мо ин нест, ки шумо танҳо курсро тамошо кунед.Ҳадаф — ин аст, ки шумо воқеан омӯзед, амал кунед ва натиҷа бинед.Агар мехоҳед ба гурӯҳи навбатӣ ҳамроҳ шавед, ба мо нависед:
AL-QULUB | Академия
22 сент., 07:58





AL-QULUB | Академия
22 сент., 03:31изменён
📩 ПАЁМЕ БАРОИ ТУАз ҷумлаи ҳақҳое, ки як мусалмон бар мусалмони дигар дорад:— айби ӯро пӯшонад; — аз хатояш даргузарад; — ба ашкаш раҳм кунад; — ҳангоми лағжиш дасташро бигирад; — узрашро қабул кунад; — дар ғайбаш аз ӯ дифоъ намояд; — ҳамеша бо хайрхоҳӣ насиҳаташ кунад; — даъваташро қабул намояд; — ҳадяашро бипазирад; — некиашро қадр кунад ва сипосгузор бошад; — дар ёрӣ ба ӯ некӯ амал кунад; — ҳоҷаташро барорад; — ӯро дар вақти душворӣ танҳо нагузорад; — барои ӯ ҳамон чизеро дӯст дорад, ки барои худ дӯст медорад; — ва он чиро барои худ намеписандад, барои ӯ низ написандад.
AL-QULUB | Академия
21 сент., 14:33
📩 Паёме барои туҲикмат ва фоидаи илмӣ — гумшудаи толиби илм аст; ҳар ҷо онро ёбад, мегирад.Ва ин сифат он вақт воқеан ошкор мешавад, ки фоида аз касе ба ӯ бирасад, ки аз ӯ хурдтар аст — дар синну сол, насаб, шуҳрат ё ҳатто дар илме, ки худи ӯ дар он қавитар аст. Толиби ҳақиқии илм набояд аз омӯхтан ва қабул кардани фоида аз чунин шахс худдорӣ кунад.Имом Ҳумайдӣ — шогирди Имом Шофеӣ — мегӯяд:«Аз Макка то Миср ҳамроҳи Шофеӣ будам. Ман аз ӯ масъалаҳои илмиро меомӯхтам ва ӯ аз ман ҳадис меомӯхт.»📚 Тазкиратус-сомиъ, саҳ. 59Ҳамчунин Имом Аҳмад ибни Ҳанбал — шогирди Имом Шофеӣ — мегӯяд:«Шофеӣ ба ман гуфт: “Шумо дар илми ҳадис аз ман донотаред. Пас ҳар гоҳ ҳадисе назди шумо саҳеҳ бошад, онро ба мо бигӯед, то ман низ ба он амал кунам.”»📚 Сияр аълом ан-нубало, 10/33Дарс:
AL-QULUB | Академия
21 сент., 04:59изменён
💎Бигӯ: «Агар Аллоҳро дӯст медоред, пас аз ман пайравӣ кунед, то Аллоҳ шуморо дӯст дорад ва гуноҳонатонро биёмурзад. Ва Аллоҳ Омурзандаи Меҳрубон аст».💎💎Бигӯ: «Аз Аллоҳ ва Паёмбар итоат кунед». Пас агар рӯй гардонанд, бешак Аллоҳ кофиронро дӯст намедорад.💎💎Ҳамоно Аллоҳ Одам, Нӯҳ, хонадони Иброҳим ва хонадони Имронро бар ҷаҳониён баргузид.💎💎Онҳо наслҳое ҳастанд, ки баъзе аз баъзеи дигар падид омадаанд. Ва Аллоҳ Шунавову Доно аст.💎Сураи Оли Имрон, (31-34.)🔵🔵🔵🔵| Академия
AL-QULUB | Академия
21 сент., 04:05




AL-QULUB | Академия
21 сент., 03:50
Ассаламу алайкум ва роҳматуллоҳи ва барокатуҳ:Бародар ва хоҳарони азиз касоне ки саҳифаи моро пайгири мекунед Дар ҳаққи бародар Абу Убайдуллоҳ бародар дуо гӯй бошед Аллоҳ шифои комил диҳад ва дар хизмати дин Аллоҳ тавфиқ диҳад.
AL-QULUB | Академия
20 сент., 15:58изменён
📩 Паёме барои ту 📩Аллоҳ Таоло мефармояд:﴿أَمَّنْ يُجِيبُ الْمُضْطَرَّ إِذَا دَعَاهُ وَيَكْشِفُ السُّوءَ﴾💎Оё кист, ки дуои дармондаро, ҳангоме ки Ӯро мехонад, иҷобат мекунад ва сахтиву бадиро аз ӯ дур месозад?💎 (Сураи Намл, ояти 62)Ҳар гоҳ ниёзи инсон сахт шавад ва бо дили шикаста Аллоҳро бихонад, ё тарсу изтиробаш зиёд гардад ва ашкаш ҷорӣ шавад — чунин лаҳзаҳо аз беҳтарин вақтҳо барои дуо кардананд.Зеро дар он ҳолат инсон ниёзи худро ба Парвардигораш бештар эҳсос мекунад, қалбаш самимитар мегардад ва дуояш аз сидқи дил мебарояд.Ва ҳар касе Аллоҳро бо сидқу ихлос бихонад, дуояш беҳуда намемонад.📚 «Ал-Одоб аш-шаръия» — Ибни Муфлиҳ🔵🔵🔵🔵 |


AL-QULUB | Академия
20 сент., 08:41изменён
ДАРСИ ФИҚҲ | КИТОБИ ТАҲОРАТҲукми обе, ки бо чизи пок омехта шудаастАгар ба об чизе пок — мисли собун, сидр, барги дарахт ё дигар моддаи пок — омехта шавад, вале об ҳанӯз ҳам «об» номида шавад, пас ҳукми он поккунанда боқӣ мемонад.Яъне бо чунин об:• таҳорат гирифтан ҷоиз аст; • ғусл кардан дуруст аст; • наҷосатро шустан мумкин аст.🎧 Шарҳи пурраи масъаларо дар дарси овозӣ гӯш кунед.🔵🔵🔵🔵 | АкадемияAL-QULUB | Академия 📖 pinned «Шояд кайҳо боз мехоҳед Қуръонро дуруст хондан омӯзед, аммо ҳамеша ба фардо мегузоред… Имрӯз метавонед ин қадамро оғоз кунед. Дар AL QULUB | Академия барои шумо курсҳое омода шудаанд, ки донишро аз сатҳи ибтидоӣ то фаҳмиши амиқтар қадам ба қадам меомӯзонанд:…»
20 сент., 05:12

AL-QULUB | Академия
20 сент., 05:11изменён
Шояд кайҳо боз мехоҳед Қуръонро дуруст хондан омӯзед, аммо ҳамеша ба фардо мегузоред…Имрӯз метавонед ин қадамро оғоз кунед.Дар AL QULUB | Академия барои шумо курсҳое омода шудаанд, ки донишро аз сатҳи ибтидоӣ то фаҳмиши амиқтар қадам ба қадам меомӯзонанд:• «Қуръон аз сифр» — барои касоне, ки мехоҳанд аз ҳарфҳо ва қироати дуруст оғоз кунанд; • «Таҷвид» — барои онҳое, ки мехоҳанд Қуръонро бо қоидаҳои дуруст ва қироати зебо бихонанд; • «Забони арабӣ» — барои касоне, ки мехоҳанд забони Қуръонро биомӯзанд ва маъноҳоро беҳтар дарк кунанд.Мо кӯшиш кардем дарсҳоро фаҳмо, пайдарпай ва амалӣ созем, то шумо на танҳо маълумот гиред, балки воқеан пешрафт кунед.Қуръонро ба “як рӯз оғоз мекунам” нагузоред. Он рӯз метавонад имрӯз бошад.Барои маълумоти пурра, нархҳо ва сабти ном ба мо нависед ё аз истиноди сабти ном истифода баред.🔵
AL-QULUB | Академия
20 сент., 04:49





AL-QULUB | Академия
20 сент., 04:44изменён
Ҳалли масъалаи реклама дар тг канал 😁


AL-QULUB | Академия
20 сент., 04:27

AL-QULUB | Академия
20 сент., 03:56изменён
تلاوة 🌟🔵🔵🔵🔵 | Академия
AL-QULUB | Академия
20 сент., 00:48
📩 Паёме барои ту 📩Абдуллоҳ ибни Умар (رضي الله عنهما) гуфтанд:«Фарзандатро бо одоб тарбия кун, зеро ту дар бораи ӯ пурсида мешавӣ: ба ӯ чӣ омӯхтӣ ва чӣ гуна тарбияаш кардӣ. Ва ӯ низ дар бораи некӣ кардан ба ту ва итоаташ аз ту пурсида мешавад.»🔵🔵🔵🔵 | Академия
AL-QULUB | Академия
19 сент., 17:20





AL-QULUB | Академия
19 сент., 17:06
🔵 Дуо дар Саҷдаи Тиловат”سُبْحَانَ رَبِّيَ الأَعْلَىسَجَدَ وَجْهِيَ لِلَّذِي خَلَقَهُ، وَشَقَّ سَمْعَهُ وَبَصَرَهُ بِحَوْلِهِ وَقُوَّتِهِ، فَتَبَارَكَ اللَّهُ أَحْسَنُ الْخَالِقِينَ🔵🔵🔵🔵 | Академия
AL-QULUB | Академия
19 сент., 03:00
📩 Паёме барои ту 📩Баҳои Ҷаннат — сабри як соат дар муқобили шаҳватест, ки ҳозир пеши рӯят қарор дорад.Ибни Қайим رحمه الله мегӯяд:«Агар банда андаке хастагӣ ва машаққатро таҳаммул кунад, муддати дароз роҳат хоҳад ёфт. Ва агар танҳо як соат сахтии сабрро бардошт кунад, ин сабр ӯро ба зиндагии абадӣ мерасонад. Ҳар он неъмате, ки аҳли Ҷаннат дар он ҳастанд, самараи ҳамон сабри кӯтоҳ аст. Ва ёрӣ танҳо аз Аллоҳ аст, ва ҳеҷ қуввату тавоне ҷуз ба ёрии Аллоҳ нест.»📚 «Мифтоҳу Дорис-Саода», 2/895Хулоса: Як лаҳза худро нигоҳ дор — то абад пушаймон нашавӣ. Як лаҳза сабр кун — то ба роҳати абадӣ бирасӣ.🔵🔵🔵🔵 | Академия
AL-QULUB | Академия
18 сент., 19:15
переслано из @alqulubtjj
بسم الله الرحمن الرحيمОтзыв аз тарафи донишчуи Академия мо 🤍الحمدلله

