gram news
Аватар канала Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan

@akademia55

Саҳифаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

ПроектыKK

767подписчиков

Открыть канал

Последние посты

  • Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan

    22 сент., 13:59

    ОЗМОИШГОҲИ ҲИМОЯИ ИНТЕГРАТСИОНИИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ АЗ ЗАРАРРАСОНҲО ДАР ИНСТИТУТИ ЗООЛОГИЯ ВА ПАРАЗИТАЛОГИЯИ АМИТ
    37видео11Открыть в Telegram
  • Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan

    22 сент., 11:58

    "Рӯдакӣ - эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ". Дар Академияи илмҳо рӯзи Рӯдакиро гиромӣ доштанд
    55видео21Открыть в Telegram
  • Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan

    22 сент., 11:44

    Имрӯз, 22 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ” бо иштироки муҳаққиқону форсизабонон баргузор гардид.Сегодня, 22 сентября в зале заседаний Президиума Национальной академии наук Таджикистана по случаю Дня Рудаки состоялась международная конференция на тему «Рудаки – возродитель национальной мысли и культуры» с участием исследователей и представителей персоязычного мира.Today, September 22 an international conference entitled “Rudaki – Reviver of National Thought and Culture” was held in the hall of the Presidium of the National Academy of Sciences of Tajikistan on the occasion of Rudaki Day, with the participation of researchers and representatives of the Persian-speaking world.
  • Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan

    22 сент., 08:53

    переслано из @emomalirahmontjk

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ пурра таъмиру навсозӣ гардид, дидан намуданд.Сипас дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд тавассути 4 ҳавз ба дарёи Сир 1 миллион моҳича сар доданд. Моҳичаҳо аз зотҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ мебошанд, ки дар коргоҳҳои моҳичапарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят парвариш ёфтаанд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #SughdPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
  • Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan

    22 сент., 08:12

    переслано из @emomalirahmontjk

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти нав ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳо, таъмини сифати баланди маҳсулоту хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият дастуру тавсияҳо доданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #SughdPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
  • Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan

    22 сент., 08:12

    переслано из @emomalirahmontjk

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони хусусии Хуршеди Истиқлолро ба истифода доданд. Муассисаи нави томактабӣ дар масоҳати 1300 метри мураббаъ бунёд гардида, барои 600 кӯдак пешбинӣ шудааст. Кӯдакистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳим Раҷабзода дар заминаи дастгирӣ аз иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бо шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардидааст. Кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, дорои 36 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Ҳамаи утоқҳои муассиса бо шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардида, мутобиқ ба талаботи имрӯза ҷиҳозонида шудаанд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon
  • Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan

    22 сент., 06:19

    переслано из @emomalirahmontjk

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Мактаби замонавӣ чорошёна буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф сохта шуда, барои 4 ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Муассисаи нав дорои 73 синфхона буда, аз ин шумора 15-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ мебошанд. #ЭмомалӣРаҳмон