Последние посты

Вораста
20 сент., 17:29
переслано из @adash_istad
Рӯзҳои охир дар бораи виҷдон фикр мекунам. Чаро дар баъзе ҳаст ва дар баъзе нест.Ва теъдоди бевиҷдонҳо афзоиш ёфтан дорад. Донишмандони фалсафа мегӯянд ки виҷдон ин як қозии ботинии инсон аст ва агар коре хилофи он кунед, ҷазое медиҳад равонӣ. Аммо ин қозӣ на шакл дорад,на ранг. Ҳеҷ имкони дидани он нест. Танҳо вақте касе амали ғайриинсонӣ ё бераҳмона кард, мо пай мебарем, ки виҷдонгумкарда аст. Азоби виҷдон дар асарҳои Достоевски комилтар тасвир шудааст, хусусан дар романи Ҷиноят ва ҷазо. Агар касе муборизи адолат ва роҳи ҳақиқат бошад, ӯро поквиҷдон мегӯянд. Ба фикри ман виҷдон дар худ маънои покиро дорад ва зарурати таъкид ба покии он нест. Шахс метавонад бовиҷдон бошад ё бевиҷдон. Ифодаи дуруст ҳамин аст. Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ маънои калимаи виҷдон дарёфтан ва баъд натиҷаи муҳокимаи ақлӣ ,ҳисси масъулияти рафтор аз кирдори худ,шуур маънидод шудааст. Ба ҳамин асос одами
Вораста
6 сент., 04:57

Вораста
6 сент., 04:57
Аз хубии беҳади худам ганда шудам, Бешарм гумон кунад, ки шарманда шудам. Аз кишвари ғам фирор кардам беайб, Дар мамлакати ишқ паноҳанда шудам.✍️ Сафари Абдурраҳим
Вораста
4 сент., 14:24
переслано из @donish_su
#назм Барои паҳн ва рушди муҳтавои хубу муфиди тоҷикӣ саҳмгузор бошем 💚 @donish_su
Вораста
29 авг., 16:05
переслано из @fonustj
#шеър #фонус
Вораста
25 авг., 11:33
Хат дар варақи даҳр бимонад сад сол, Бечора нависанда ки дар хок равад. © Аз сафҳаи фейсбукии Сайфуллоҳи Муллоҷон
Вораста
18 авг., 00:46
переслано из @fonustj
Харҳо 🫏 аслан дар мусобиқаи аспҳо 🐎 ширкат намекунанд, аммо баъд аз мусобиқа ба аспҳои нокомшуда механданд.✍ Рустам Азизӣтасвир аз AI
Вораста
13 авг., 20:29
Ман акнун ба худ қарор додам, ки умуман чизеро интизор намешавам. Ҳеч чизро ва ҳеч касро. Ва бо ҳамин ман худро хуб ҳис мекунам. Бе ҳама. Фақат овораи зиндагии шахсӣ. Танҳо барои худам. Танҳо барои фароғат. Он чӣ ки дар тақдир аст, худ аз худ меояд. ✍️ Фаина Раневская
Вораста
9 авг., 15:41
З-ин оташи нуҳуфта, ки дар синаи ман аст, Хуршед шуълаест, ки дар осмон гирифт.✍️ Хоҷа Ҳофиз
Вораста
8 авг., 10:23
переслано из @fonustj
✍️Селма ЛагерлёфОдамон ҳамеша ба машварат ниёз надоранд. Баъзан ба онҳо дасте лозим аст ки ёриашон кунад. Гӯше ки онҳоро бишнавад ва диле ки онҳоро дарк кунад...#иқтибос #ҷолиб #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
Вораста
6 авг., 16:24
переслано из @apa1vand

Вораста
6 авг., 16:24изменён
Азизҷон, аз ту хоҳише дорам: гулро ҳаргиз ба ёри бегона набахш, одами берӯҳро бародар нахон ва некиро беарзиш накун, чунки биҳишт барои сазои бад ва дӯзах барои подоши нек муқаррар нашудааст! © Вораста
Вораста
6 авг., 16:24изменён
Азизҷон, аз ту хоҳише дорам: гулро ҳаргиз ба ёри бегона набахш, одами берӯҳро бародар нахон ва некиро беарзиш накун, чунки биҳишт барои сазои бад ва дӯзах барои подоши нек муқаррар нашудааст! © Вораста
Вораста
5 авг., 07:08изменён
Азизҷон, аз ту хоҳише дорам: гулро ҳаргиз ба ёри бегона набахш, одами берӯҳро бародар нахон ва некиро беарзиш накун, чунки биҳишт барои сазои бад ва дӯзах барои подоши нек муқаррар нашудааст!© Вораста
Вораста
3 авг., 17:49
Агар ту зиндаӣ, вале ҷонат мурда аст, он гоҳ суханони оқилона дар шуури ту таъсир намегузорад ва наметавонӣ, ки барои зиндагият бо ранҷ нон пайдо кунӣ. ✍️ Абай Қунонбоев, андешманди саршиноси қазоқ 📘"Насиҳатнома", Гуфтори 6
Вораста
27 июл., 11:30
Роҳи худУстод дар дами марг буд. Шогирдонаш ҳама мунтазир буданд, ки ҳоло китоберо ки ҳамеша зери болишаш мегузошту мехобид ва ба касе нишон намедод, ба кадоме аз онҳо васият мекунад. Ҳисси кунҷковии шогирдонро мешуд аз чеҳраашон хонд. Устод дасташро зери болишт бурд ва китобро гирифту ба шогирде ки наздиктараш буд, дод. Шогирд китобро боз накарда оташ зад. Дигар шогирдон аз ин кори ӯ ба ғазаб омаданд. Устод аз ҷояш нимхез шуду сари шогирди китобсӯзро сила карду чунин гуфт: – Ин китоб ғайр аз муқоваи хуб дигар чизе надошт. Дарунаш як ҷумла навиштае ҳам набуд. Хеле шодам, ки дарси ман бар ҳадар нарафта. Он чӣ ки зарур буд бароят, омӯхтаӣ. Тамоми дарси ман як хулоса дошт. "Дунболи касе нарафтан, роҳи худро ёфтан".Қиссаи жопунӣ© Аз сафҳаи фейсбукии Бахтиёр Аминӣ
Вораста
10 июл., 11:09
переслано из @asiaplustj
⚡️ “Байни обу хок”. Филме дар бораи хонаводае, ки ҷасадҳоро аз рӯди Панҷ наҷот медод ва дар “Қабристони ғарибон” гӯр мекардМУФАССАЛAsia-Plus“Байни обу хок”. Филме дар бораи хонаводае, ки ҷасадҳоро аз рӯди Панҷ наҷот медод ва дар “Қабристони ғарибон” гӯр мекард - Азия…Чанде пеш ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ низ аз ин мавзеъ пайдо шуда буд.
Вораста
9 июл., 13:15

Вораста
9 июл., 13:14
переслано из @donish_su
#назм Барои муҳтавои бештар обуна шавед 💚 @donish_su
Вораста
6 июл., 18:44изменён
Дареғу дард, наслҳои нав дар фазое тарбия меёбанд, ки дар он "ҳунар" бо "тамаллуқ" иштибоҳ гирифта мешавад. Оре, мо ором-ором замини гулҳои ҳанӯз нашукуфтаро сангфарш мекунем...Аз ин фоҷиа бузургтар нест, ки як ҳунарманд дар чанголи як беҳунар асир бошад. ✍️ Алии Шариатӣ© Аз сафҳаи фейсбукии Саодат Одинаева
Подписчики пишут боту, вы отвечаете реплаем, ваш аккаунт скрыт. Создаётся в одно касание.
Как это работает →