Последние посты

Ашъору афкор
16 сент., 04:05
Ҳар он, к-ӯ хотири маҷмуъу ёри нозанин дорад, Саодат ҳамдами ӯ гашту давлат ҳамнишин дорад.Ҳофизи Шерозӣ
Ашъору афкор
14 сент., 06:18
Ҳарими ишқро даргаҳ басе болотар аз ақл аст, Касе он остон бӯсад, ки ҷон дар остин дорад.Ҳофизи Шерозӣ
Ашъору афкор
13 сент., 05:21
Ба мо ҳарорати дӯзах чӣ метавонад кард, Агар зи мо настонанд чашми гирёнро.Соиби Табрезӣ
Ашъору афкор
3 сент., 03:21

Ашъору афкор
2 сент., 09:33
Шабро агар аз мурдадилӣ зинда надорӣ, Ҷаҳде куну домони саҳаргоҳ нигаҳ дор!Соиби Табрезӣ
Ашъору афкор
1 сент., 08:43

Ашъору афкор
31 авг., 02:33
Илоҳӣ, Ту бар раҳмати Худу ман бар ҳоҷати хеш, пас, Ту тавонгарию ман дарвеш.Ё Раб, зи карам ба ҳоли ман раҳмат кун, Бар ин дили нотавони ман раҳмат кун. Дар синаи дардманди ман роҳат неҳ, Бар дидаи ашкбори ман раҳмат кун.Абдуллоҳи Ансорӣ, “Муноҷотнома”.
Ашъору афкор
29 авг., 18:45
Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард, Саг чу шуд девона ӯро метавон занҷир кард.Сайидои Насафӣ
Ашъору афкор
24 авг., 14:25

Ашъору афкор
24 авг., 04:39
Шукуҳу авҷу волоӣ на шаъни ҳар касе бошад, Кабӯтар болу пар дорад, вале шоҳин нахоҳад шуд.Алӣ Умронӣ
Ашъору афкор
23 авг., 06:37
Нашуд кам чизе аз хуршед, баъд аз қарнҳо тобиш, Зи исору ҷавонмардӣ касе мискин нахоҳад шуд.Алӣ Умронӣ
Ашъору афкор
22 авг., 08:00изменён
Зи мулки поктинатҳо диле чиркин нахоҳад шуд, Садоқатпешаро ҳаргиз назар бадбин нахоҳад шуд.Мурувватро амал бояд, ки вақти талхкомиҳо, Зи ҳалво гуфтани мардум даҳан ширин нахоҳад шуд.Алӣ Умронӣ
Ашъору афкор
21 авг., 21:45

Ашъору афкор
20 авг., 01:09
Ҳар чи оташ сар кашад, охир таназзул мекунад, Дона аз уфтодагӣ сайри такомул мекунад. Эй ки бо гарданфарозӣ толиби шахсиятӣ, Ғунчаи шахсият аз уфтодагӣ гул мекунад.Алӣ Умронӣ
Ашъору афкор
18 авг., 08:02
Чашми занбӯри асал парвонаеро диду гуфт: — Оқибат ишқи ту моро хонавайрон мекунад!Лоадрӣ
Ашъору афкор
13 авг., 06:23
Ёри мардони Худо бош, ки дар киштии Нӯҳ, Ҳаст хоке, ки ба обе нахарад тӯфонро.Ҳофизи Шерозӣ
Ашъору афкор
12 авг., 06:07
Гуфта будӣ дарди дил кун гоҳ бо ҳамсуҳбате, Ку рафиқи роздоре, ку дили пуртоқате?!Фозил Назрӣ
Ашъору афкор
10 авг., 17:47
Лутфи беҳад арзиши меҳру вафоро бишканад, Ҳар матое аз фаровонӣ, баҳоро бишканад. Дастгирӣ гар кунӣ аз ҳар касе, ҳушёр бош, Кӯр агар бино шавад, аввал асоро бишканад. Ҳадду марзи хешро бо ҷону дил маҳфуз дор, Як таҷовузгар гаҳе ҷуғрофиёро бишканад. Гар қабои фохири шоҳон бипӯшад соиле, Шоҳ нахоҳад шуд, вале қадри қаборо бишканад.Алӣ Умронӣ
Ашъору афкор
10 авг., 13:30
переслано из @azharzoveya
Порае аз китобМо наметавонем одатҳои худро комилан аз байн барем, балки метавонем онҳоро бо одатҳои беҳтар иваз кунем. Ҳамчунин, одатҳо дар як шаб ба вуҷуд намеоянд ва дар як шаб ҳам тағйир намеёбанд ё аз байн намераванд. Барои иваз кардани ҳар як одат, машқ, сабру таҳаммул ва пайгирии доимӣ зарур аст.📘 «Қудрати одат» (Чарлз Дуҳиг)
Ашъору афкор
10 авг., 00:46изменён
Дами ҷонбахши насими саҳариро дарёб, Пеш аз он к-аз нафаси халқ мукаддар гардад.Соиби Табрезӣ
