Последние посты

Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
29 авг., 22:38
Касе ки бихоҳад бифаҳмад ҳарфҳои туро у аз сукутат инро мефаҳмад... Аммо касе ки туро фаҳмидан нахоҳад ту ҳатто дод бизани барояш ягон маъно надорад...
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
17 авг., 20:11изменён
ㅤ اللَّهُمَّ كَمَا حَسَّنْت خَلْقِي فَحَسِّنْ خُلُقِي«Йа иллаҳи! Ҳамон гуна ки зоҳири маро зебо офаридӣ, ахлоқи маро низ зебо бигардон!» ㅤ
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
17 авг., 20:11

Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
17 авг., 18:54
То вақте ки дар зиндагии касе набудед, аз дур ӯро қазоват накунед. Шумо бовар намекунед, ки одамон чӣ гуна чизҳои ваҳшатнокро метавонанд таҳаммул кунанд, вале боз ҳам чеҳраи одии худро нигоҳ медоранд.
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
12 авг., 02:30изменён
«ҷустуҷӯ накун душманатро Дар байни бегонагон ; аксар вақт онҳо дар атрофи ҳамон дастархоне нишастаанд, ки ту менишини.»
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
12 авг., 02:29
Не ищи врагов среди чужих, они чаще всего сидят за твоим столом.
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
9 авг., 17:12
🕋 Маънои тадаббури Қуръон чунин аст: 📝 Ин ки бидонӣ ту бо каломи Аллоҳи ﷻ мухотаб ҳастӣ (яъне ин сухан ба ту гуфта мешавад). Пас бо гӯши қалби худ ба он бодиққат гӯш кун ва бо чашми дил дар он андеша намо.Ҳангоме ки каломи Аллоҳи ﷻ ро дарк кардӣ ва аз сухани Ӯ мақсади Ӯро фаҳмидӣ, ва маъноҳои он дар дили ту ҷой гирифтанд, пас бархез барои иҷро кардани фармонҳои Ӯ ва дурӣ ҷустан аз манъкардаҳои Ӯ. То ба ҷое бирасӣ, ки Қуръон дар рафтору симои ту дида шавад, ахлоқи ту бо Қуръон ранги Қуръони гирад ва асари он даргуфтор ва кирдори ту зоҳир гардад.
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
8 авг., 22:28
Баъзан ту наметавонӣ китфе барои гиря кардан пайдо кунӣ, аммо ҳамеша сабабе дорӣ, ки саратро хам кунӣ ва ашкатро назди Аллоҳи ﷻ резӣ. 💌
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
7 авг., 19:38
переслано из @zanoni_soliha
🌹🌦
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
7 авг., 12:15изменён
Баъзан Аллоҳи ﷻ аз зиндагии ту чизеро дур мекунад, ки дилат сахт ба он вобаста шудааст. Аллоҳи ﷻ ин корро на барои он мекунад, ки туро ранҷ диҳад, балки зеро медонад, ки дар он барои ту хайр нест.Баъзан ҳама чиз бар хилофи орзуҳои мо мешавад. Аммо вақт мегузарад мефаҳмем, ки маҳз ҳамин беҳтарин чизе буд, ки барои ман рӯй диҳад.Баъзан наздиктарин одамон бидуни ҳеҷ тавзеҳе аз зиндагии мо мераванд: ҷудо мешаванд, касоне ки ба онҳо эътимод доштем, хиёнат мекунанд ва ҳатто баъзе аз хешовандон рӯй мегардонанд.Ҳарчанд пазируфтани ин бисёр сангин аст, инсон бояд бидонад, ки ҳеҷ чиз дар ин дунё ҷовидона нест ва ҳеҷ чиз ҳамеша моли мо намемонад.Пас дилатро ба Аллоҳи ﷻ бибанд, зеро танҳо Ӯ ҳамеша боқи мемонад ва ҳеҷ гоҳ бандаи Худро ноумед намекунад. 🧡☀️
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
6 авг., 19:38изменён
Рӯзе имтиҳонҳо ба поён мерасанд...Ва ту ҳатто ба ёд нахоҳи овард, ки чигуна аз онҳо гузашти. Шояд ҳатто мутмаин набоши ки оё он воқеан ба анҷом расидааст ё не.Аммо як чиз бебаҳс мемонад: вақте аз миёни он имтиҳонҳо берун меои, дигар ҳамон шахсе нахоҳи буд, ки рузе ба он имтиҳонҳо ворид шуда буд.Зеро тамоми ҳикмати он имтиҳонҳо ҳамин буд — то туро дигаргун созанд.☀️
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
5 авг., 21:36изменён
Устувории ҳақиқи он аст, ки бар роҳи ҳақ устувор бимони, ҳатто агар устод дигар набошад, шайх аз миён равад ва ҳамдарсҳо иваз шаванд. Зеро ту аз аввал ба сӯи онҳо қадам нагузошта буди — балки ба сӯи Аллоҳи ﷻ равона шуда буди.
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
4 авг., 14:11изменён
❕Барои танҳоии худ шитоб накун, ки аз он нафрат пайдо куни.Ин Танҳои ҳамешаги нест.— Гоҳе танҳои ин аст, ки дар паҳлуи инсон касе нест.— Ва гоҳе инсон дар миёни мардум аст, аммо дар умқи қалбаш худро танҳо эҳсос мекунад.❕Ва маҳз ҳамин навъи танҳоӣ аз ҳама сахттар аст.Ту танҳо нестӣ... Аллоҳ бо ту аст.Эй дустам!! Агар имрӯз дилат гирифта бошад... Аз ҳарфҳои атрофионат. Ба ёд дошта бош: Аллоҳи ﷻ ҳолати туро мебинад.▫️Ӯ он чи ки аз чашмҳо пинҳон аст, бохабар аст.Дар ҳар тақдири Аллоҳи ﷻ ҳикмате ҳаст.
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
4 авг., 08:57
«Касе, ки нафси худро пок шуморад, худро ҳалок кардааст.»
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
3 авг., 17:10
Имам шафеъи раҳматуллоҳи алайҳим мегӯяд:«Агар касе аз ту рӯй гардонад, бо иззати нафс аз ӯ рӯй гардон; зеро гаронбаҳотарин чизе, ки инсон дорад, каромати ӯст.»Аллоҳу аълам
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
3 авг., 17:09
إِذَا الْمَرْءُ لَا يَرْعَاكَ إِلَّا تَكَلُّفًا فَدَعْهُ وَلَا تُكْثِرْ عَلَيْهِ التَّأَسُّفَا «Агар касе танҳо бо такаллуф (маҷбуран) бо ту муносибат кунад, ӯро вогузор ва барои аз даст доданаш бисёр афсӯс махӯр.»
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
27 июл., 16:07изменён
Вақте барои шахс мусибат ё ин ки бемориие мерасад инро аз ҷониби Аллоҳи ﷻ бидонад ва ин имтиҳон аст барои у ва бидонад ки инро Аллоҳи ﷻ барои ӯ муқадар кардааст чи мо онро би хоҳем чи нахоҳем он ҳатман барои мо мерасад.Ва ҳатман Аллоҳи ﷻ шифо медиҳад ҳар чанд ки тамоми докторҳо гӯянд дигар тамом Ин ягон илоҷ надорад.Аммо агар Аллоҳи ﷻ бихоҳад шифо медиҳад ва он бемориро як тавре нест мекунад ки тасаввур карда наметавонем мо ......Ва инсон бояд дар баробари ончи Аллоҳи ﷻ барояш муқадар кардааст бояд сабр кунад ва аз тақдираш рози бошад. Ва шукри Аллоҳи ﷻ бикунад.Чигунае дар ҳадис омадааст ки замоне ба шахси муъмин зараре мерасад ҳамди Аллоҳи ﷻ ро мегӯяд ва ҳамчунин мусибат мерасад сабр мекунад вашукри Аллоҳи ﷻ ро мекунад.
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
23 июл., 21:49изменён
Дар инсон танҳо ҷисм бемор намешавад, балки Қалб низ бемор мешавад.Ва бемории қалб аз бемории ҷисм хатарноктар аст.Бемории ҷисм метавонад инсонро аз баъзе неъматҳои дунё маҳрум созад, аммо бемории қалб метавонад ӯро аз неъматҳои дунё ва ҳам охират маҳрум гардонад.Ва даҳшатноктар аз ҳама ин аст, ки инсон қалби бемор дошта бошаду худ онро эҳсос накунад.Пас, чунон ки ҳар рӯз барои саломатии ҷисми худ ғамхорӣ мекунӣ, барои саломатии қалбат низ ғамхорӣ кун. Дилатро бо Қуръон, зикри Аллоҳи ﷻ, тавба, ихлос ва муҳаббати Аллоҳи ﷻ зинда нигоҳ дор. Зеро рӯзе мерасад, ки на молу сарват ба инсон фоида мерасонад ва на фарзандон; магар касе, ки назди Аллоҳ бо қалби солим меояд. ﴿يَوْمَ لَا يَنفَعُ مَال وَلَا بَنُونَ إِلَّا مَنْ أَتَى اللَّهَ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ﴾ «Рӯзе, ки молу фарзандон фоида намерасонанд, магар касе, ки бо қалби солим назди Аллоҳ меояд».[Сураи Шуъаро, 88–89]Пас, пеш аз он
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
23 июл., 04:43
Дар сахтиҳо инсон чеҳраи ҳақиқии атрофиенашро мешиносад ....Аз ин хотир бе ҳикмат нест омадани рӯзҳои сахт ... Ин рӯзҳо барои он ҳастанд ки то бифаҳмем хонавода ки аст ва дуст ки аст.
Сухани хуб надорӣ хомӯш бошོ
23 июл., 04:22
Ҳар инсоне ки дар роҳи зиндагии мо пайдо мешавад ё дарсест барои мо ё неъмате аз ҷониби Аллоҳи ﷻ .|🌕
Подписчики пишут боту, вы отвечаете реплаем, ваш аккаунт скрыт. Создаётся в одно касание.
Как это работает →