Последние посты

ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
22 сент., 18:10
Бодиянишине бо ҳамсараш ихтилоф кардАз вай дар мавриди сабаби ин ихтилоф пурсиданд.. Гуфт: дар мавриди обру ва номусам чизе намегуям.Вақте ҳамсарашро талоқ дод аз вай сабабро ҷуё шуданд.. Гуфт: дар мавриди обру ва номуси мардум чизе намегуям✍️рознигаҳдор бошемhttps://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
21 сент., 20:04
Аз Ҳазрати Умми Салама (разияллоҳу анҳо) ривоят шудааст ки Ҳазрати Расулуллоҳ ﷺ вақте ки дар намози бомдод салом медод дуо мекард:▫️اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ عِلْماً نَافِعاً، ▫️وَرِزْقاًطَيِّباً، ▫️وَعَمَلاً مُتَقَبَّلا Аллоҳумма инни асъалука ъилман нафиъан ва ризқан тайибан ва ъамалан мутақаббала.📗 Мусаннафи ибни Абишайбаhttps://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
20 сент., 20:24
▪️Шояд марде табассум мекунад, дар ҳоле ки дар синааш аз ғами сахти зиндагӣ дарде бошад, ки куҳҳоро ба ларза меоварад. ▫️У ба хона бармегардад, ниёзҳои аҳли хонаашро мебинад, дархостҳои фарзандонашро мешунавад ва дилаш мехоҳад барои онҳо ҳама чизро фароҳам кунад… аммо дасташ ҷуз андаке чизе надорад. 🔻Чӣ қадар сахт аст, ки инсон дар баробари касоне, ки дусташон медорад, нотавон шавад ва дардашро пинҳон кунад, то онҳоро ба ғами худ гирифтор насозад. 🔴🔻Пас, аҳли иффату обруро нигоҳубин кунед; зеро чӣ бисёр хонаҳое ҳастанд, ки аз онҳо ҳеҷ шикваву шикояте шунида намешавад, дар ҳоле ки дар дохилашон тангдастие ҳаст, ки танҳо Аллоҳ аз он огоҳ аст. ▫️Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Ҳар касе аз як муъмин ғаме аз ғамҳои дунёро дур созад, Аллоҳ дар рӯзи қиёмат ғаме аз ғамҳои уро дур месозад». (📗Саҳиҳи Муслим - 2699) 🔹Пас, пеш аз он ки дилу хотири касе бишканад, дилу хотирашро дастгирӣ кунед; ва пеш
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
20 сент., 08:16
Порае аз китоб: «Дунё ҷойи одилонае нест ва ҳеҷ кас ба ту ваъда надодааст, ки ҳамеша хушбахт хоҳӣ буд. Аммо дар ёд дошта бош, ки дард як ҷузъи шарафи инсон будан аст. Касе, ки ҳеҷ гоҳ гиря накардааст, ҳаргиз наметавонад аз самими дил бихандад. Талхиҳои зиндагиро ҳамчун омӯзгори худ қабул кун. Онҳо ба ту меомӯзонанд, ки то чӣ андоза қавӣ ҳастӣ ва то чӣ андоза метавонӣ дар муқобили тӯфонҳои зиндагӣ саратро баланд нигоҳ дорӣ. Шикаст анҷоми роҳ нест, балки оғози дарки амиқтар аст.»📔 «Нома ба кӯдаке, ки ҳаргиз ба дунё наомад» — Ориана Фаллачӣ👇🏻👇🏻👇🏻 https://t.me/uyguug
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
17 сент., 15:12изменён
Сахттарин ҷумлае ки ба шахсе ки намоз намехонад гуфта шудааст:Аз Аллоҳ чӣ дидаи ки аз мулоқот бо У безорӣ ⁉️✍️Адҳам Шарқовӣhttps://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
16 сент., 19:58
Баъзе аз аҳли илм мегӯянд: «Қарз аз садақа беҳтар аст, зеро садақа мумкин аст ба дасти ниёзманд нарасад, аммо қарз ҳамеша ба ниёзманд мерасад. Зеро то касе ниёз надошта бошад ва муҳтоҷ набошад, қарз намегирад. Пас, касе ки ба у қарз дода мешавад, ниёзманду муҳтоҷ аст».https://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
15 сент., 05:52
▪️Ҳамоно атову саховат ризқро кам намекунад, балки метавонад сабаби идома ёфтан ва зиёд шудани он гардад. 🔸Шояд ту барои ризқи дигарон даре бошӣ. Агар дареро, ки миёни ту ва мардум аст, бубандӣ, Худованд низ дареро, ки миёни ту ва Уст, бароят бандад. 🔹Паёмбар ﷺ фармудааст: «Ҳамоно Худованд гуруҳеро бо неъматҳо махсус гардонидааст, то ба бандагони У нафъ расонанд. То вақте ки он неъматҳоро мебахшанд ва дар роҳи нафъи мардум истифода мекунанд, Худованд онҳоро дар дасти онҳо боқӣ мегузорад. Вақте онҳоро бозмедоранд, Худованд он неъматҳоро аз онҳо гирифта, ба дигарон мегузаронад». 🔸Пас, аз он чӣ дар тавони ту ҳаст, бахилӣ накун. Неъматҳоеро, ки Худованд ба ту додааст, сабаби нафъ расондан ба дигарон гардон. Зеро он чӣ назди Худованд аст, ҳаргиз тамом намешавад. ▪️Ҳар касе барои ризои Худованд чизе бидиҳад, Худованд ба у беҳтар аз он иваз медиҳад.https://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
13 сент., 07:32
"Маркази ҳавошиносӣ" таъкид мекунад, ки ҳавои дили ҳамдигарро дошта бошед, аз ҳамдигар доимо аҳволпурсӣ кунед, шояд фардо касеро пазмон мешавӣ вале дигар уро намеёбӣ... Зиндагӣ хеле кӯтоҳ аст. Гарду ғубори пирӣ дар роҳ ва ҳавои софи ҷавонӣ дар ҳоли убур аст‼️https://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
12 сент., 13:46
Азизони дил, муъҷиза танҳо дар оғоз кардан аст. Вақте ба ҳаракат медароӣ, тоза метавонӣ роҳро бубинӣ, мушкилиҳояшро бишносӣ ва он қадар дар он қадам занӣ, ки оҳиста-оҳиста бароят ба як одат табдил ёбад ва беҳтару беҳтар шавӣ. ♥️ Роҳи миёнабуре нест. Ҳамин ҳоло кафшҳоятро бипуш ва қадами аввалро бардор. Беҳтарин нусхааат интизори туст.https://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
11 сент., 11:18
Некӣ ба волидайн каффораи гуноҳони кабира астИмом Аҳмад ибни Ҳанбал раҳимаҳуллоҳ [📗Зод-ул мусофир 55/4]https://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
11 сент., 03:28
استغفر الله🎙 Суханҳои зебои Умар Абдулкофӣhttps://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
10 сент., 04:10изменён
🔹Баъзан хомӯшӣ аз ҳазор сухан бештар дардро нақл мекунад… 💔🔻На ҳар касе, ки механдад🤣, воқеан хушбахт аст. Баъзеҳо танҳо дарди худро пушти табассум пинҳон мекунанд… 🙂🔴Қадри инсонро аксар вақт баъд аз аз даст доданаш мефаҳманд…🥹🔸Дилро шикастан осон аст, аммо ҷамъ кардани пораҳои он на ҳамеша мумкин мебошад… 💔💓Аз касе, ки дӯсташ дорӣ, зиёд интизор нашав, зеро интизориҳои зиёд баъзан ба дарди зиёд табдил меёбанд.❤️🩹💝🔹Зиндагӣ ба мо меомӯзонад: на ҳама касоне, ки мегӯянд «ман ҳамеша бо ту ҳастам», то охир мемонанд… 🥀https://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
8 сент., 09:17
Чу нодонӣ, надонӣ ҳеч аз ин ҳол, Шавад зоеъ туро рӯзу маҳу сол. Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ, Зи нодонӣ наёби зиндагонӣ.✍️Носири Хусравhttps://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
7 сент., 12:16
Аз Баҳлул пурсиданд: Бо чунин тиҳидастӣ зиндагиро чи гуна пеш мебарӣ? Гуфт: Каму беш ҳаракат мекунам, Худо Карим аст, мерасонад. Гуфтанд: Магар мо бегонаем, ки пинҳон мекунӣ? Гуфт: Ягон кор, ки пайдо кунам, анҷом медиҳам ва қаноат мекунам, аммо Худо ризқрасон аст, намегузорад, ки дасти холӣ бимонам. Гуфтанд: На, ба мо фақат росташро бигӯй. Гуфт: Фикр кунед, ки тоҷире ҳар моҳ чанд миқдор маблағ кӯмак мекунад. Гуфтанд: Хуб, акнун аслии масъаларо фаҳмидем. Чаро аз аввал нагуфтӣ? Гуфт: Беинсофҳо, ду бор гуфтам, ки Худо Карим аст, мерасонад, бовар накардед, аммо як бор гуфтам, ки тоҷир мерасонад, бовар кардед. Оё Худо ба андозаи як тоҷир назди шумо эътибор надорад?https://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
5 сент., 11:37
Яке аз кибори муҳаддисин ба номи Аҳмад ибни Маниъ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:"Наздики ба 40 сол аст ки ман ҳар 3 рӯз якбор Қуръонро хатм мекунам"✍️тиловати рӯзонаи мо чӣ қадар аст⁉️ шояд ба чанд саҳифаи тиловати худ мағрур ҳам бошем маозаллоҳ. Аслан оё тиловати рӯзонае дорем⁉️ Аллоҳ моро бубахшадhttps://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
3 сент., 06:58
https://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
2 сент., 18:53
Худованд дуоеро, ки аз қалби холис баромада бошад бидуни ҷавоб раҳо намекунад, ҳатто агар гуноҳон роҳи ин дуоро банд карда бошанд.📙[Ал-бидоя ван-ниҳоя 13/24]https://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
1 сент., 14:19изменён
Ҳазрати Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ) фармудааст:Он ки дар ҳаққи хонаводааш бахил аст, хоин аст.https://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
31 авг., 17:12
Бисёр саъй кардам то бидонам, ки Ҳазрати Мусо (алайҳисалом) чӣ чизе дар он духтар дида буд, ки 10 соли умри пурбаракати худро сарфи маҳрияи у кард...❓ То ин ки ҷавобро дар каломи Парвардигорам ёфтам:﴿تَمۡشِی عَلَى ٱسۡتِحۡیَاۤءࣲ﴾ 📖 Бо шарм ва ҳаё қадам бармедошт (Қасас: 25)❗Парвардигор дар васфи ҳамсари паёмбараш аз чеҳра ва андомаш сухан нагуфт, балкӣ бузургтарин ганҷи вуҷудаш, ки шарм ва ҳаё буд, ба маърази тавсиф кашонд.https://t.me/charoghi_marifat
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
30 авг., 11:39
Ибодат самара ва фоидаи илм аст
