gram news
Аватар канала «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

«ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

@duohovazikrialloh

Қавли Аллоҳ Таъала: «Пас моро ёд кунед, то шуморо ёд кунам. Маро сипос гӯед ва носипосии ман накунед»(Ал-Бақара 152)

ПроектыTG

121подписчиков

Открыть канал

Последние посты

  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    17 сент., 08:47

    Насиҳати Фузайл ибн Иёз (раҳимаҳуллоҳ) ба як марди 60-сола:Фузайл ибн Иёз ба марде гуфт: Чанд сол бар ту гузаштааст? Мард гуфт: 60 сол.Фузайл гуфт: Пас ту 60 сол боз ба сӯи Раббат равонаӣ ва наздик аст, ки бирасӣ.Мард гуфт: Ҳақиқатан мо аз они Аллоҳем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем.Фузайл гуфт: Оё маънои ин суханро медонӣ? Ту мегӯӣ, ки ман бандаи Аллоҳам ва ба сӯи Ӯ бармегардам. Пас ҳар касе бидонад, ки ӯ бандаи Аллоҳ аст ва ба сӯи Ӯ бармегардад, бояд бидонад, ки дар назди Ӯ меистад. Ва ҳар касе бидонад, ки дар назди Ӯ меистад, бояд бидонад, ки аз ӯ савол мешавад. Ва ҳар касе бидонад, ки аз ӯ савол мешавад, бояд барои савол ҷавоб омода кунад.Мард гуфт: Пас роҳи ҳал чист? Фузайл гуфт: Осонаст.Мард гуфт: Чист он? Фузайл ибн Ийёз гуфт: Дар он чи аз умрат боқӣ мондааст, некӣ кун, то гуноҳҳои гузаштаат бахшида шаванд. Агар дар боқимондаи умрат бадӣ кунӣ (яъне тавба накунӣ ва бар гуноҳ
  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    15 сент., 11:53

    Я Аллоҳ! Ту Ғанӣ ҳастӣ! Маро бо фазли Худат ғанӣ (бениёз аз ғайрат) бигардонЯ Аллоҳ! Ту Ҷамил (Зебо) ҳастӣ! Маро зебо бигардон бо сатрат (пинҳон кардани хатову айбу нуқсони ман) дар дунё ва охиратЯ Аллоҳ! Ту Ҳаким ҳастӣ! Байни ман ва байни шахсе, ки бар ман зулму душманӣ мекунад, ҳукм бикун!Я Аллоҳ! Ту Ал-Барр (дорои ахлоқу аъмоли нек) ҳастӣ! Аз Ту хушҳолии волидонамро мепурсам (мехоҳам) то рӯзи қиёмат қатъ нагардон (хушҳолии онҳоро).Я Аллоҳ! Ту Тавбапазир ҳастӣ! Тавбаи насуҳ мекунам ба сӯи Ту то он рӯзе, ки Туро мулоқот бикунам.Я Аллоҳ! Ту Бар Ҳаққ ҳастӣ! Маро аз аҳли ҳақ ва истиқоматкунандагон бигардонЯ Аллоҳ! Ту Қайюм (Нигаҳдоранда) ҳастӣ! Қалбу амал ва забонамро бар Ҳаққ муқим бигардонЯ Аллоҳ! Ту Латиф (Бо лутфу карам) ҳастӣ! Маро ва аҳли маро бо лутфи хафият лутф бифармоЯ Аллоҳ! Ту Ҳамеша зинда ҳастӣ! Қалбамро бо зикрат зинда бигардонЯ Аллоҳ! Ту Миронанда ҳастӣ!
  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    15 сент., 11:47

  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    14 сент., 16:56изменён

    كان النبي صلى الله عليه وسلم يدعو يقول: «ربي أعني ولا تعن علي، وانصرني ولا تنصر علي، وامكر لي ولا تمكر علي، واهدني ويسر الهدى لي، وانصرني على من بغى علي، ربي اجعلني لك شكارا، لك ذكارا، لك رهابا، لك مطواعا، لك مخبتا، إليك أواها منيبا، ربي تقبل توبتي، واغسل حوبتي، وأجب دعوتي، وثبت حجتي، وسدد لساني، واهد قلبي، واسلل سخيمة صПаёмбар ﷺ дуо мекарданд:«Эй Парвардигори ман! Маро ёрӣ деҳ ва бар зидди ман ёрӣ надиҳ. Маро пирӯз гардон ва бар зидди ман пирӯз нагардон. Барои ман тадбир кун ва бар зидди ман тадбир макун. Маро ҳидоят намо ва роҳи ҳидоятро бароям осон гардон. Маро бар касоне, ки бар ман таҷовуз мекунанд, пирӯз гардон.Эй Аллоҳ! Маро аз шукргузорони Худ, ёдкунандагони Худ, тарсандагон аз Худ, итоаткунандагони фармони Худ ва фурӯтанон дар баробари Худ қарор деҳ; маро ба сӯи Худ бисёр бозгардон ва тавбакунанда гардон.Эй Парвардигори ман! Тавбаи маро бипазир, гуноҳҳои маро бишӯй,
  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    14 сент., 16:54

  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    14 сент., 16:53

  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    14 сент., 12:40

  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    13 сент., 18:58

    عَنْ أَبِي بَرْزَةَ الْأَسْلَمِيِّ رضي الله عنه قَالَ:صَعِدَ رَسُولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم الْمِنْبَرَ فَنَادَى بِصَوْتٍ رَفِيعٍ فَقَالَ:«يَا مَعْشَرَ مَنْ أَسْلَمَ بِلِسَانِهِ وَلَمْ يُفْضِ الْإِيمَانُ إِلَى قَلْبِهِ، لَا تُؤْذُوا الْمُسْلِمِينَ، وَلَا تُعَيِّرُوهُمْ، وَلَا تَتَّبِعُوا عَوْرَاتِهِمْ، فَإِنَّهُ مَنْ تَتَبَّعَ عَوْرَةَ أَخِيهِ الْمُسْلِمِ تَتَبَّعَ اللهُ عَوْرَتَهُ، وَمَنْ تَتَبَّعَ اللهُ عَوْرَتَهُ يَفْضَحْهُ، وَلَوْ فِي جَوْفِ رَحْلِهِ».Абу Барзаи Асламӣ رضي الله عنه ривоят мекунад:Расули Аллоҳ ﷺ ба минбар баромаданд ва бо овози баланд нидо карда, фармуданд:«Эй гурӯҳи касоне, ки бо забонашон ислом овардаанд, вале имон ба дилҳояшон роҳ наёфтааст! Мусулмононро озор надиҳед, онҳоро маломат ва сарзаниш накунед ва аз пайи ҷустуҷӯи айбҳои пинҳонии онҳо набошед. Зеро ҳар касе, ки айби бародари мусулмонашро ҷустуҷӯ кунад, Аллоҳ Таъала айби ӯро ҷустуҷӯ мекунад. Ва
  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    13 сент., 18:54

  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    13 сент., 18:53

  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    13 сент., 08:09

    وَاصْبِرْ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَاهْجُرْهُمْ هَجْرًا جَمِيلًا﴾«Ва бар он чӣ мегӯянд, сабр кун ва аз онҳо ба таври некӯ ва зебо канорагирӣ намо.»﴿وَذَرْنِي وَالْمُكَذِّبِينَ أُولِي النَّعْمَةِ وَمَهِّلْهُمْ قَلِيلًا﴾«Ва маро бо такзибкунандагони соҳиби неъмат вогузор ва ба онҳо андаке муҳлат бидеҳ.»﴿إِنَّ لَدَيْنَا أَنكَالًا وَجَحِيمًا ۝ وَطَعَامًا ذَا غُصَّةٍ وَعَذَابًا أَلِيمًا﴾«Ҳамоно назди Мо занҷирҳо ва дӯзах ва ғизое ҳаст, ки дар гулӯ гир мекунад, ва азоби дарднок.»
  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    13 сент., 07:59

  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    12 сент., 21:26

    Ҳадиси фазилати рафтан ба намози ҷумъа«مَنْ غَسَّلَ يَوْمَ الْجُمُعَةِ وَاغْتَسَلَ، وَبَكَّرَ وَابْتَكَرَ، وَمَشَى وَلَمْ يَرْكَبْ، وَدَنَا مِنَ الْإِمَامِ، وَاسْتَمَعَ وَأَنْصَتَ، كَانَتْ كُلُّ خُطْوَةٍ يَخْطُوهَا إِلَى الْمَسْجِدِ بِعِبَادَةِ سَنَةٍ صِيَامِهَا وَقِيَامِهَا».Паёмбар ﷺ фармуданд: «Ҳар кас рӯзи ҷумъа غَسَّلَ وَاغْتَسَلَ — яъне худашро покиза кунад ва ғусли ҷумъаро ба ҷо оварад — ва барвақт ба сӯйи масҷид равад ва дар аввали вақт ҳозир шавад, пиёда биравад ва савор нашавад, ба имом наздик шавад, ба хутба гӯш диҳад ва хомӯшӣ ихтиёр кунад, барои ҳар як қадаме, ки ба сӯйи масҷид мегузорад, савоби ибодати як сол, ки рӯзаи рӯзҳои он ва шабзиндадории шабҳои он аст, барояш навишта мешавад». Шарҳи «غَسَّلَ وَاغْتَسَلَ» غَسَّلَ — ғассала Ин феъл аслан маънои шустушӯ додан ё сабаби шустани дигарон шудан дорад.
  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    12 сент., 20:20

  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    12 сент., 20:19

  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    12 сент., 20:05изменён

    Саҳеҳ Муслим, ҳадиси №2713,🌙 Дуои Паёмбар ﷺ аз қарз ва фақр, ҳангоми хоб.اللَّهُمَّ رَبَّ السَّمَاوَاتِ وَرَبَّ الْأَرْضِ وَرَبَّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ، رَبَّنَا وَرَبَّ كُلِّ شَيْءٍ، فَالِقَ الْحَبِّ وَالنَّوَى، وَمُنْزِلَ التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ وَالْفُرْقَانِ، أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ كُلِّ شَيْءٍ أَنْتَ آخِذٌ بِنَاصِيَتِهِ، اللَّهُمَّ أَنْتَ الْأَوَّلُ فَلَيْسَ قَبْلَكَ شَيْءٌ، وَأَنْتَ الْآخِرُ فَلَيْسَ بَعْدَكَ شَيْءٌ، وَأَنْتَ الظَّاهِرُ فَلَيْسَ فَوْقَكَ شَيْءٌ، وَأَنْتَ الْبَاطِنُ فَلَيْسَ دُونَكَ شَيْءٌ، اقْضِ عَنَّا الدَّيْنَ، وَأَغْنِنَا مِنَ الْفَقْرِ.«Эй Аллоҳ! Парвардигори осмонҳо, Парвардигори замин ва Парвардигори Арши бузург! Парвардигори мо ва Парвардигори ҳар чиз!Эй шикофандаи дона ва ҳаста, эй нозилкунандаи Таврот, Инҷил ва Фурқон!Аз шарри ҳар чизе, ки Ту бар он комилан қудрат дорӣ, ба Ту паноҳ мебарам.Эй Аллоҳ! Ту Аввалӣ ҳастӣ ва пеш аз Ту ҳеҷ чиз
  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    12 сент., 20:05

  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    9 сент., 09:04

    لَا يَشْكُرُ اللَّهَ مَنْ لَا يَشْكُرُ النَّاسَ«Касе, ки ба мардум шукр намегӯяд, ба Аллоҳ низ шукр намегӯяд.»Ин ҳадис далолат мекунад, ки шукргузорӣ ба мардум барои некие, ки анҷом додаанд, аз ахлоқи неки исломӣ аст ва нишонаи шукргузорӣ ба Аллоҳ мебошад, зеро Аллоҳ онҳоро сабаби расидани неъмат қарор додаас.Ибни Баттал гуфтааст: «Касе, ки ба мардум барои эҳсонашон ташаккур намегӯяд, шукри Аллоҳро низ ба таври комил анҷом надодааст, зеро Аллоҳ мардумро сабаби расидани неъматҳо қарор додааст.»Ибни Усаймин низ мефармояд: «Аз ахлоқи мусулмон ин аст, ки ҳар кас ба ӯ некӣ кунад, ӯ аз ӯ қадрдонӣ намояд, зеро ин аз шукри Аллоҳ мебошад.»📝https://t.me/duohovazikriAlloh
    Telegram«ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»Қавли Аллоҳ Таъала: «Пас моро ёд кунед, то шуморо ёд кунам. Маро сипос гӯед ва носипосии ман накунед»(Ал-Бақара 152)
  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    8 сент., 14:18

    переслано из @duohovazikrialloh

    Адолати Аллоҳ Таъала ва оқибати амалҳои инсонДар забони туркӣ чунин як ибора ҳаст: «Касеро гирёнда, худат хандида наметавонӣ».Аллоҳ Таъала ба ту ин иҷозатро намедиҳад.Ҳаёти касеро хароб карда, наметавонӣ ҳаёти худро бисозӣ.Дар болои ашки касе ту хона ва оила барпо карда наметавонӣ.Агар ту сабабгори табассуми касе шавӣ, он гоҳ худат низ метавонӣ табассум кунӣ.Адолати Аллоҳ Таъала дақиқ ва беинтиҳост. Аллоҳ Таъала мефармояд:﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يَظْلِمُ النَّاسَ شَيْئًا وَلَٰكِنَّ النَّاسَ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ﴾«Ҳамоно Аллоҳ Таъала ба мардум ҳеҷ ситаме намекунад, балки мардум ба худ ситам мекунанд.» (Юнус, 44)Ӯ бо ту ҳамон кореро мекунад, ки ту бо дигаре мекунӣ.
  • «ДУЪОҲО ВА ЗИКРИ АЛЛОҲ»

    4 сент., 18:18изменён

    عن أبي هريرة رضي الله عنه، عن النبي صلى الله عليه وسلم قال:من قال حين يأوي إلى فراشه: لا إله إلا الله وحده لا شريك له، له الملك وله الحمد وهو على كل شيء قدير، لا حول ولا قوة إلا بالله، سبحان الله والحمد لله ولا إله إلا الله والله أكبر، غفر الله ذنوبه أو خطاياه - وإن كان مثل زبد البحر.Абу Ҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:«Ҳар кас ҳангоми ба бистараш рафтан бигӯяд:«Нест маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳи ягона, Ӯ шарике надорад. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва ситоиш хоси Ӯст. Ӯ бар ҳар чиз тавоност. Ҳеҷ тавону қудрате ҷуз ба Аллоҳ нест. Пок аст Аллоҳ, ҳамду ситоиш барои Аллоҳ аст. Нест маъбуде ҷуз Аллоҳ ва Аллоҳ бузургтарин аст»,Аллоҳ гуноҳон ё хатоҳояшро мебахшад ҳатто агар онҳо ба андозаи кафки рӯи баҳр бошанд».
Скачать ряд в CSV
Бот обратной связи для своего канала — бесплатно

Подписчики пишут боту, вы отвечаете реплаем, ваш аккаунт скрыт. Создаётся в одно касание.

Как это работает →
Создать бота