Последние посты

dushanbepolice 🇹🇯
25 сент., 12:14
Дар асоси аксу навори ирсолнамудаи шаҳрвандон, якчанд далели дағалона вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, барои таваққуфи нодуруст, ки боиси тамбашавии ҳаракат дар роҳ гардидаанд, Туйчиев Илҳом-ронандаи нақлиёти тамғаи "Тайота", рақамҳои давлатиаш 9177ОС02, Очилдиев Раҳим-ронандаи нақлиёти тамғаи "BYD", рақамҳои давлатиаш 7991ТТ09, Муминов Қиёмиддин-ронандаи нақлиёти тамғаи "NETA", рақамҳои давлатиаш 8206ТТ09 боздошт гардиданд. Нисбати номбурдагон бо моддаҳои дахлдори КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташон ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.На основании фотографий и видеозаписей, присланных гражданами, зарегистрировано несколько фактов грубого нарушения Правил дорожного движения. В частности, за неправильную парковку, создавшую затруднения для движения на дорогах были задержаны Туйчиев Илхом — водитель автомобиля марки «Toyota», государственный номер 9177ОС02, Очилдиев Рахим — водитель автомобиля марки «BYD», государственный номер 7991ТТ09 и Муминов Киёмиддин — водитель автомобиля марки «NETA», государственный номер 8206ТТ09. В отношении них по соответствующим статьям КоАП Республики Таджикистан составлены административные протоколы и применены административные штрафы. @dushanbe_police_tj




dushanbepolice 🇹🇯
25 сент., 05:48
Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе директори ҶДММ «Муҳандис-2014», шаҳрванд Садуллоев Беҳзод, сокини 27-солаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд. Номбурда қаблан бо моддаи 190, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда зимни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Ф. Ниёзӣ, як манзилро ба якчанд нафар шаҳрвандон ба фурӯш гузошта, маблағҳои калони пулӣ ба даст овардааст. Айни замон, 8 ҳолати ҷиноятҳои қаллобии содиркардаи номбурда ба қайд гирифта шуда, зарари расонидашуда зиёда аз 4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Нисбати Садуллоев Б. бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва «Телеграм» бо рақами (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.В качестве подозреваемого в совершении преступления мошенничества в особо крупном размере, сотрудниками Управления МВД в городе Душанбе задержан директор ООО «Мухандис-2014», гражданин Садуллоев Бехзод, 27-летний житель города Душанбе. Вышеуказанный ранее был осуждён по части 2 статьи 190 Уголовного кодекса Республики Таджикистан. В результате предварительного расследования установлено, что в ходе строительства многоэтажного жилого дома, расположенного на улице Ф. Ниёзи, он продавал одну и ту же квартиру нескольким гражданам, получая от них крупные денежные средства. В настоящее время зарегистрировано 8 фактов мошенничества, совершённых вышеуказанным, а причинённый ущерб составляет более 4 миллионов сомони. В отношении Садуллоева Б. возбуждено уголовное дело по части 4 статьи 247 Уголовного кодекса Республики Таджикистан, в настоящее время он находится под стражей. Граждане, пострадавшие от преступных действий данного лица, могут обратиться в столичную милицию через «WhatsApp» и «Telegram» по номеру (+992) 018020202. @dushanbe_police_tj


dushanbepolice 🇹🇯
25 сент., 02:00
Субҳ ба хайр, Душанбе!!! Доброе утро, Душанбе!!! @dushanbe_police_tj


dushanbepolice 🇹🇯
24 сент., 11:46
Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, рӯзҳои 24–26 сентябри соли 2026 Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе — 2026 (DITE-2026) баргузор мегардад. Дар ин намоишгоҳ кормандони Шуъбачаи сайёҳии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ширкат намуда, ба сайёҳону меҳмонон оид ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар самти таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон маълумоти зарурӣ пешниҳод мекунанд.На основании решения Председателя города Душанбе уважаемого Рустами Эмомали, посвящённого Всемирному дню туризма, 24–26 сентября 2026 года проводится Международная туристическая выставка Душанбе — 2026 (DITE-2026). В данной выставке приняли участие сотрудники туристического подразделения Управления МВД в городе Душанбе, которые предоставили туристам и гостям необходимую информацию о деятельности органов внутренних дел в направлении обеспечения безопасности и общественного порядка, защиты прав и свобод граждан, а также создания благоприятных условий для туристов. @dushanbe_police_tj




dushanbepolice 🇹🇯
24 сент., 10:49
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрвандон Иқболова Гулдаста ва Аҳмадҷонова Дилором, сокинони 36 ва 41-солаи шаҳри Душанбе, бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир карда шуданд. Муайян гардид, ки номбурдагон манзили истиқоматиро ба иҷора гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба пешниҳоди хизматрасонии массаж эълон ҷойгир намудаанд. Бо ин роҳ шаҳрвандонро ҷалб намуда, аммо манзили иҷорагирифтаро ба фоҳишахона табдил додаанд. Вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, айни замон мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад. Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки ҳангоми ба иҷора додани манзили истиқоматӣ эҳтиёткор бошанд ва аз иҷора додан ба шахсони шубҳаноку дорои ниятҳои ғаразнок худдорӣ намоянд.В ходе проведения оперативно-розыскных мероприятий сотрудниками ОМВД-1 по району Фирдавси были задержаны гражданки Икболова Гулдаста и Ахмаджонова Дилором, 36 и 41-летние жительницы города Душанбе, по подозрению в организации притона. Установлено, что вышеуказанные арендовали жилое помещение и разместили в социальных сетях объявление о предоставлении массажных услуг. Таким образом, привлекая граждан, они превратили арендованное жилое помещение в притон для занятия проституцией. По данному факту оформлены необходимые материалы, которые в настоящее время находятся на стадии предварительной проверки. Граждан призывают проявлять осторожность при сдаче жилых помещений в аренду и воздерживаться от сдачи их в аренду подозрительным лицам, имеющим корыстные намерения. @dushanbe_police_tj


dushanbepolice 🇹🇯
24 сент., 05:52
Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино Назарализода Муҳайё, сокини 33-солаи шаҳри Душанбе, ки қаблан бо ҳамин ҷурм суд шудааст, дубора дастгир карда шуд. Дар натиҷаи санҷиши пешакӣ муайян гардид, ки номбурда худро соҳибкор муаррифӣ намуда, бо мақсади машғул шудан ба тиҷорат маблағҳои гуногуни пулии шаҳрвандонро аз худ намудааст. Аз ҷумла, аз шаҳрванд Боронова З. 80 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст. Айни замон 6 ҳолати қаллобии номбурда ошкор карда шудааст. Вобаста ба кирдорҳои ҷиноятии Назарализода М. бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва «Телеграм» бо рақами (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.Сотрудниками ОМВД-1 по району Сино в качестве подозреваемой в совершении мошенничества повторно задержана Назарализода Мухайё, 33-летняя жительница города Душанбе, ранее судимая за аналогичное преступление. В результате предварительной проверки установлено, что вышеуказанная, представляясь предпринимателем, под предлогом занятия предпринимательской деятельностью присваивала различные денежные средства граждан. В частности, она получила от гражданки Бороновой З. 80 тысяч сомони и использовала их в своих личных целях. В настоящее время выявлено 6 фактов мошеннических действий с её стороны. По фактам преступных действий Назарализоды М. возбуждено уголовное дело по статье 247 Уголовного кодекса Республики Таджикистан, проводится предварительное расследование. Граждане, пострадавшие от преступных действий этой гражданки, могут обратиться в столичную милицию через «WhatsApp» и «Telegram» по номеру (+992) 018020202. @dushanbe_police_tj


dushanbepolice 🇹🇯
24 сент., 02:00
Субҳ ба хайр, Душанбе!!! Доброе утро, Душанбе!!! @dushanbe_police_tj


dushanbepolice 🇹🇯
23 сент., 13:17
Бо мақсади қадршиносӣ аз фаъолияти самараноки фаъолони ҷомеа ва Шӯрои маҳаллаҳо аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин раиси маҳалла» роҳандозӣ гардидааст. Бо назардошти натиҷаҳои фаъолият ва тибқи шартҳои озмун, дар моҳи июли соли 2026 ғолибони озмун инҳо дониста шуданд: Оймаҳмадов Мумин — раиси маҳаллаи «Гулкорон-2»-и ноҳияи Шоҳмансур; Муминҷонов Равшан — раиси маҳаллаи «Гулпарвар»-и ноҳияи Фирдавсӣ; Абдуллоев Рустам — раиси муассисаи минтақавӣ ва идоракунии хизматрасонии фонди манзилии рақами 33-и ноҳияи Сино. Ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти милитсияи пойтахт бо Сипоснома ва мукофотпулӣ қадршиносӣ гардиданд. Аз кулли шаҳрвандон ва Шӯрои маҳаллаҳо даъват карда мешавад, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, корҳои ободониву созандагӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ саҳми арзишманди худро гузоранд.В целях поощрения эффективной деятельности активистов общества и советов махаллей Управлением МВД в городе Душанбе организован конкурс «Лучший председатель махалли». С учётом результатов деятельности и в соответствии с условиями конкурса победителями конкурса за июль 2026 года признаны: Оймахмадов Мумин — председатель махалли «Гулкорон-2» района Шохмансур; Муминджонов Равшан — председатель махалли «Гулпарвар» района Фирдавси; Абдуллоев Рустам — председатель районного учреждения по управлению и обслуживанию жилищного фонда №33 района Сино. Победители конкурса руководством милиции столицы награждены благодарностями и денежными премиями. Всех граждан и советы махаллей призываем вносить свой весомый вклад в обеспечение общественного порядка, предотвращению правонарушений, проведение работ по благоустройству и созиданию, а также защиту общественных интересов. @dushanbe_police_tj


dushanbepolice 🇹🇯
22 сент., 13:17
Аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, бо мусоидати масъулини МТМУ №128-и ноҳияи мазкур, муноқишаи гурӯҳии байни ноболиғон пешгирӣ карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки ноболиғон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо сабабҳои ночиз бо ҳамдигар баҳс намуда, баъд аз дарс мехостанд бо якдигар муноқиша кунанд. Бо ин мақсад, яке аз ноболиғон аз манзили истиқоматиаш бо худ як адад корд гирифта, ба мактаб бурдааст. Ҳангоми кофтуков аз ҷониби кормандони милитсия корди мазкур аз ноболиғ пайдо карда шуд. Вобаста ба ин, нисбати волидайни ноболиғон тибқи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон, қатъиян даъват карда мешавад, ки фарзандони худро ҳеҷ гоҳ бе назорат нагузоранд.Сотрудниками направления по работе с




dushanbepolice 🇹🇯
22 сент., 09:59
Раҳмонов Баҳодур, сокини 39-солаи ноҳияи Шоҳмансур, дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад. Гарчанде номбурда қаблан 4 маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, аммо аз чунин кирдори ғайриқонунӣ даст накашидааст. Аз ҷумла, санаи 16 сентябри соли ҷорӣ, дар дохили беморхонаи «Шаҳраки Шифобахш» (Қарияи Боло), аз дохили ҷузвдони як нафар шаҳрванд як адад телефони мобилиашро рабудааст. Оид ба кирдори ҷиноятии Раҳмонов Б. дар ШВКД-2 дар ноҳияи Сино маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад. Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва «Телеграм» бо рақами (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.Рахмонов Баходур, 39-летний житель района Шохмансур, подозревается в совершении преступления кражи. Несмотря на то, что ранее он четыре раза был судим за совершение краж, но не отказался от своих


dushanbepolice 🇹🇯
22 сент., 08:54
Санаи 21 августи соли ҷорӣ, тақрибан соати 10:20 дақиқа, дар кӯчаи Фирдавсӣ садамаи марговари нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Самадов Муҳаммадшуҷоъ, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «WULING LZW», рақами қайди давлатиаш 714LL01, ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи мазкур, дар болои гузаргоҳи пиёдагард ноболиғ Азимова С., сокини 13-солаи ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расидааст. Оид ба ҳодисаи мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.21 августа текущего года, примерно в 10:20, на улице Фирдавси зарегистрировано дорожно-транспортное происшествие со смертельным исходом. Самадов Мухаммадшуджо, водитель транспортного средства марки «WULING LZW», государственный номер 714LL01, во время движения по данной улице совершил наезд на несовершеннолетнюю Азимову С.,


dushanbepolice 🇹🇯
22 сент., 05:46
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ба хотири гиромидошти номи сардафтари адабиёти тоҷику форс — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии ӯ, 22 сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳангу адабиёти тоҷик ҷойгоҳи нотакрор дорад. Осори ӯ саршор аз андешаҳои инсонпарварона, ҳикмату маърифат, эҳтиром ба илму дониш ва некиву накӯкорӣ буда, дорои арзиши ҷовидонӣ мебошад. Номи Рӯдакӣ ҳамчун рамзи қудрати сухан, худшиносӣ ва эҳтиром ба забону фарҳанги миллӣ дар қалби мардум ҷойгоҳи хос дорад. Мероси гаронбаҳои ӯ барои наслҳои имрӯз ва фардо сарчашмаи маърифат ва ифтихори миллӣ мебошад. Рӯзи Рӯдакӣ ба тамоми мардуми фарҳангдӯсту адабпарвари Тоҷикистон муборак бошад!На основании Закона Республики Таджикистан «О праздничных днях», в целях почитания имени основоположника таджикско-персидской литературы Абуабдулло


dushanbepolice 🇹🇯
22 сент., 02:01
Субҳ ба хайр, Душанбе!!! Доброе утро, Душанбе!!! @dushanbe_police_tj


dushanbepolice 🇹🇯
21 сент., 13:50
Имрӯз дар ШВКД-1 дар ноҳияи Сино вохӯрии роҳбарияти милитсия бо ҷавонони фаъол баргузор гардид. Дар рафти мулоқот масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва риояи қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, ба масъалаҳои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани наврасон, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму дониш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардиданд.Сегодня в ОМВД-1 по району Сино состоялась встреча руководства милиции с активной молодёжью. В ходе встречи были обсуждены вопросы предотвращения правонарушений и преступности среди несовершеннолетних и молодёжи, а также повышения их правовой грамотности и соблюдения законодательства. Особое внимание также было уделено вопросам воспитания подрастающего поколения в духе



dushanbepolice 🇹🇯
21 сент., 09:28
Назарзода Шоҳрух, сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки қаблан барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шудааст, дубора бо ҳамин ҷурм аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур дастгир карда шуд. Номбурда пинҳонӣ вориди мағозаҳо ва дорухонаҳои шаҳрвандон гардида, аз он ҷо маблағҳои гуногуни пулӣ дуздидааст. Ҳамзамон, дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки гумонбаршуда чунин кирдорҳои ҷиноятиро дар ҳудуди ноҳияи Сино, шаҳри Бӯстон, ноҳияи Варзоб ва ноҳияи Хуросон низ содир намудааст. Вобаста ба кирдорҳои ҷиноятии Назарзода Ш. бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва «Телеграм» бо рақами (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.Назарзода Шохрух, 23-летний житель района Рудаки, ранее судимый за


dushanbepolice 🇹🇯
21 сент., 05:58
Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ шаҳрванд Кароматуллои Исматулло, сокини 37-солаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд. Дар рафти тафтиши пешакӣ муайян гардид, ки номбурда бо ваъдаи бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан, аз шаҳрвандон бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст. Айни замон 4 ҳолати қаллобии гумонбаршуда ошкор карда шудааст, ки зарари ба шаҳрвандон расонидаи номбурда дар умум 5 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Нисбати гумонбаршуда Кароматуллои И. бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва «Телеграм» бо рақами (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт


dushanbepolice 🇹🇯
21 сент., 02:00
Субҳ ба хайр, Душанбе!!! Доброе утро, Душанбе!!! @dushanbe_police_tj


dushanbepolice 🇹🇯
20 сент., 13:39
Тибқи талаботи моддаи 276 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби рекламадиҳанда дидаю дониста додани маълумоти бардурӯғ оид ба мол, кор ё хизматрасонӣ, инчунин таҳиякунандагон ё фурӯшандагони онҳо, ки бо нияти ғараз содир шудааст, ҳамчун ҷиноят эътироф карда шуда, барои чунин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ аз ҷарима то маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ карда шудааст. Аз ин хотир, аз шаҳрвандон тақозо карда мешавад, ки ҳангоми дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба намоиш гузоштан ё реклама кардани молу маҳсулот ва дигар хизматрасониҳо ҳатман маълумоти дуруст ва саҳеҳ пешниҳод намоянд.В соответствии с требованиями статьи 276 Уголовного кодекса Республики Таджикистан умышленное предоставление рекламодателем ложной информации о товаре, работе или услуге, а также об их производителях или продавцах, совершённое из корыстных побуждений, признаётся


dushanbepolice 🇹🇯
20 сент., 07:16
Назаров Денис, сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки қаблан бо моддаҳои 244 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дубора ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Номбурда бо ваъдаи аз Ҷумҳурии Мардумии Чин овардани воситаҳои нақлиёти гуногун аз шаҳрвандон маблағҳои калони пулӣ ва молу ашёи арзишманд гирифта, аммо ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои аз ин ҳисоб ба даст овардаашро ба манфиати худ сарф намудааст. Айни замон беш аз 20 далели ҷиноятҳои қаллобии номбурда ошкор карда шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ зиёда аз як миллион сомониро дар бар мегирад. Нисбати Назаров Д. бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва


dushanbepolice 🇹🇯
20 сент., 02:01
Субҳ ба хайр, Душанбе!!! Доброе утро, Душанбе!!! @dushanbe_police_tj

