Последние посты

ФАРМОНБАРДОР
18 сент., 20:55изменён
Аз фаромини муборак!«Нерӯе, ки шумо аз зикри Худованд ва амал ба даст меоваред, бо ҳеҷ чизи дигар қобили муқоиса нест. Он боэътимодтарин такягоҳ аст. Ҳеҷ гоҳ робитаи худро бо имонатон аз даст надиҳед. Зеро зиндагӣ бидуни он холӣ хоҳад буд.»Мавлоно Ҳозиримом Шоҳ Раҳим ал-Ҳусайнӣ. Мумбай, Ҳиндустон. 14.09.2026Даъват - https://t.me/FarmonbardoriMawlo


ФАРМОНБАРДОР
17 сент., 21:32
Аз фаромини муборак«Ҳар дафъае, ки таъиноти нав ба роҳ меандозам, ҳар дафъае, ки унвонҳо медиҳам, мехоҳам фарзандони рӯҳониам инро дар ёд дошта бошанд. Дар хотир дошта бошед, ки инҳо аҳамияти хеле кам доранд. Барои шумо як мисол меорам, фарзандони рӯҳонии зиёде ҳастанд, ки ҳар маротибае, ки як маросими идона баргузор мегардад, ё ҳар боре, ки ман ба Ҷамоатҳои Африқои Шарқии худ сафар мекунам, хидмати беандоза мекунанд, бе он ки дар ин бора ҳарфе ҳам намезананд. Баъзе аз инҳо, масалан, кумитаҳои ороишӣ мебошанд, ҷавонписароне ҳастанд, ки вақт ва талоши худро сарф мекунанд, то Ҷамоатхонаҳо ва муассисаҳои гуногуни моро оро диҳанд. Ва аммо, ин фарзандони рӯҳонӣ интизор нестанд, ки ҳар яки онҳо соҳиби унвон шаванд. Бо вуҷуди ин, онҳо медонанд, ки Имом аз коре, ки онҳо мекунанд, огоҳ аст ва ман ба онҳо баракат медиҳам ва ин аз ҳама гуна унвонҳои «Вазир», «Ашроф» ё «Эътимодӣ» муҳимтар аст.»К


ФАРМОНБАРДОР
15 сент., 05:54
Аз фаромини муборак!«Ҳарчанд агар ҷисман шуморо тарк мекунам, дар хотир дошта бошед, ки ман ҳамеша бо шумо ҳастам. Мо пайванди рӯҳонии устувор дорем. Ҳар чизе, ё бо ҳар гуна мушкилоте, ки рӯ ба рӯ мешавед, фаромӯш накунед, ки Имоми шумо ҳамроҳи шумост. Ман муроқиби шумо ҳастам, барои шумо дуо мекунам. Ва ҳангоме ки ба комёбиҳову шодиҳо ноил мегардед, шукри Худовандро ба ҷо оваред. Дар ҳама ҳолатҳо шукргузор бошед.Ин дидор воқеан ҳам хеле саршор аз хушӣ буд. Нерӯи шуморо эҳсос мекунам ва тавоноии шуморо мебинам. Ман аз ояндаи дурахшони шумо хушҳолам – имкониятҳои беназир шуморо дар оянда интизоранд.Ба ҳар яки шумо беҳтарин дуоҳои неку муҳаббатомезтарини худро медиҳам. Мехоҳам бидонед, ки шумо ҳамеша дар қалб ва дуоъҳои ман ҷой доред. Муваффақият ва хушбахтии шумо хушбахтии ман аст.Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.»Мавлоно Ҳозиримом Шоҳ Раҳим ал-Ҳусайнӣ. 12.09.2025. Уганда,


ФАРМОНБАРДОР
10 сент., 05:50изменён
Аз суханрониҳои муборак!«Муҳимтарин чизе, ки мо метавонем дар ҳар як мактаб биомӯзем ё ба дигарон таълим диҳем - дар ҷаҳоне, ки пайваста дар ҳоли тағйир аст, қобилияти идома додани омӯзиш мебошад.»Мавлоно Шоҳ Карим Шоҳ. Кения, Найробӣ. 27.07.2011.Foundation ceremony for the AKU Graduate School of Media and Communications. LOCATION:Nairobi, Kenya (27 July 2011)Даъвати Ҳақ - https://t.me/FarmonbardoriMawlo


ФАРМОНБАРДОР
9 сент., 05:42изменён
Аз суханрониҳои муборак!«Ислом дини ҳамаҷониба аст ва барои ҳар як ҷанбаи зиндагии инсон роҳнамоӣ медиҳад. Он инсонро ба пеш бурдани зиндагии мутаъодил даъват мекунад, зиндагие, ки дар он ҳам пешрафти моддӣ ва ҳам пешрафти маънавӣ ҷой дошта бошад. Аммо ҳеҷ марду зан ё кӯдаке наметавонад умед дошта бошад, ки дар шароити беморӣ, бесаводӣ ё зиндагии нобасомон ба чунин таъодул ноил гардад.»Мавлоно Шоҳ Карим Шоҳ. Кения, Найробӣ. 06.10.1982.Суханронӣ дар “Ниҳодҳои иҷтимоии Кения оид ба рушди миллӣ”.Даъвати Ҳақ - https://t.me/FarmonbardoriMawlo


ФАРМОНБАРДОР
1 сент., 05:01
Аз фаромини муборак!«Ҷамоати маҳбуби ман!Муҳоҷират бахше аз таърихи инсоният аст. Он ҳамчунин бахше аз таърихи Ҷамоати мост. Одатан инсонҳо аз як макони хуб ба макони хуби дигар ҳиҷрат намекунанд. Бисёре аз шумо маҷбур шудед муҳити басо душворро тарк намоед. Тарк намудани хона, аҳли оила ва муҳите, ки фарҳанги он бароятон ошно буд, қарори осон нест. Ин корро танҳо замоне анҷом медиҳед, ки дар зодгоҳатон дигар шароити зистан вуҷуд надошта бошад.Мехоҳам ҷасорати ҳамаи онҳоеро қадрдонӣ намоям, ки маҷбур шудаанд хонаи худро тарк намоянд, аз манзилҳои худ ҷудо шаванд ва ба маконе биёянд, ки ҳанӯз дар он ҷо заминае барои худ надоранд. Ба ҳамаи хонаводаҳои шумо, ки имрӯз дар каноратон нестанд, беҳтарин баракоти хайри муҳаббатомези худро медиҳам.Хонаободон. Хонаободон. Хонаободон.»Мавлоно Ҳозиримом Шоҳ Раҳим ал-Ҳусайнӣ 5.07.2026. Олмон, Берлин.Даъвати Ҳақ - https://t.me/Farmonbardori


ФАРМОНБАРДОР
29 авг., 10:17изменён
Аз фаромини муборак!«Мӯъмин ҳангоми шаб ба хоб рафтан андеша мекунад: “Саҳар бархоста, корҳои нек анҷом хоҳам дод.” Вақте, ки мӯъмин бо чунин андешаҳои нек ба хоб меравад, хоби ӯ низ ибодат маҳсуб меёбад.Аммо барои шахси нодону ғафлатзада ҳатто хобиданаш ҳам гуноҳ ба ҳисоб меравад. Чунин шахси ғафлатзада ҳангоми ба хоб рафтан андеша мекунад: «Ман маблағ ҷамъ мекунам, ҳамсарамро, ки пиртар шудааст, аз хона берун мекунам ва бо зани ҷавонтари дигар издивоҷ мекунам, қасрҳои бузург месозам, обрӯямро дар шаҳр меафзоям, дар шаҳр марди бузург ба ҳисоб меравам ва ҳама барои маслиҳат назди ман меоянд». Ӯ бо ҳамин тарз дар бораи бисёр масъалаҳо андеша мекунад. Вақте инсон бо чунин андешаҳо ба хоб меравад, хоби ӯ низ гуноҳ ҳисоб мешавад.Акнун биандешед! Фарқияти байни хайру шарр дар чист?Шумо бо чунон андешаҳо ба хоб равед, ки ҳатто хоби шумо низ бандагӣ(ибодат) маҳсуб ёбад.»Мавлоно Султон


ФАРМОНБАРДОР
29 авг., 05:17изменён
Аз суханони мубораки Мавлоно Алӣ (а)«Аҳодиси мо мушкил аст дар ниҳоят ашкол, касе наметавонад бардошт кунад онро. Магар Набии Мурсал ё малаки муқарраб ё мӯъмине ки Худованд дилашро имтиҳон намуда бошад аз барои имон.»Мавлоно Алӣ (а)Аз китоби “Дар ҳақиқати дин.” Саҳ.7,чопи Душанбе,2019. Муаллифи китоб, Сайид Шаҳобиддиншоҳ ибни Алишоҳ-ал-Ҳусайнӣ, фарзанди Мавлоно Шоҳ Алӣ Шоҳ, Оғохони II.Даъвати Ҳақ- https://t.me/FarmonbardoriMawlo


ФАРМОНБАРДОР
25 авг., 07:10
Аз фаромини муборак!«Шумо бояд чанд аслро дар зеҳн дошта бошед, вақте, ки дар бораи таълимоти мазҳабӣ кор мекунед.1. Иртиботи имон бо ақл. Ақл ҷузъе аз эътиқод ва мазҳабу имон аст, ин хусусияти мазҳаби мо аст, ки ақл ва имонро бо ҳам медонад ва ақл муқобили имон нест. Шумо маънии ақлро медонед ва дар ин ҷо истифодаи саҳеҳи ақл лозим аст, ки дониши худро барои истифодаи ҷамоат ба кор барем ва ин худ далел аст, ки мазҳаби мо тавоно аст, ки ба масоили мудерн посух гӯяд ва мо инро қабул намекунем, ки ақл ва имон бо ҳам дар таззод бошанд. Чамоат дар Тоҷикистон маълумоти хуб дорад ва ин донишро саҳеҳ ва дуруст истифода кунед. Барои фоидаи ҷамоати Тоҷикистон ва ҷамоати дунё, модерн ва мазҳаб тазод надоранд. Модерн будан маънои он нест, ки имон надоранд. Мазоҳиби дигар таъкид бо истифодаи ақл намекунанд. Мо онҳоро қазоват намекунем ва набояд аз роҳи худамон дур шавем.2.Ҳаёти моддӣ ва


ФАРМОНБАРДОР
24 авг., 04:59изменён
Аз суханони муборак«Баракату дуруд ба шумо ва хуш омадед! Мутаассифана саломатиам иҷоза намедиҳад, ки бо шумо бошам, аммо барномаҳои шуморо бо алоқаи фаровон пайгирӣ кардаам. Ба ёд дошта бошед, ки тибқи эътиқоди исмоилии мо, бадани инсон маъбади Худованд аст, зеро бадан рӯҳеро дар худ мепарварад, ки Нури илоҳиро дарёфт мекунад, бинобар ин муроқибати зиёд аз бадан, саломатӣ ва покизагии он бояд шуморо дар зиндагии баъдӣ роҳнамоӣ кунад. Муроқибат аз покизагии ботин ва зоҳири худ, аз он ҷумла даҳон, чашмҳо, гӯшҳо ва бо мушоҳидаи аввалин нишонаҳои сироят(инфексия) ба дармонгоҳ муроҷиат кунед. Дар синни болотар ба варзин машғул шудан барои шумо душвор хоҳад шуд, аммо метавонед бо анҷоми корҳои рӯзмарра, харид ва ғайра ба сурати пиёда роҳ рафтан ва рост истодан корҳои зиёде анҷом диҳед. Вақтҳои намоз набояд фаромӯш шаванд, агар метавонед ба Ҷамоатхона биравед, агар имкон надошта бошед,


ФАРМОНБАРДОР
20 авг., 12:38изменён
Аз фаромини муборак!«Фарзандони рӯҳонии маҳбубам, имрӯз ман хусусан ба духтарони рӯҳонии худ муроҷиат мекунам, на ба писарони рӯҳонии худ. Падарбузургам борҳо ба шумо таъкид карда буд, то инки оилаҳои шумо дар муҳити солим умр ба сар баранд, фарзандонатон таълиму тарбияи хуб гиранд ва дар баробари ба воя расидан, ба онҳо расму одатҳои некӯ бояд таълим дода шаванд. Инчунин, ман мехоҳам, ки шумо дар ёд дошта бошед, ки масъулияти бузурги пешрафти ҷамоат ва инкишофи фарзандони рӯҳонии хурдсоли ман, хусусан рушди писарону духтарони рӯҳонии хурдсолам, бар дӯши духтарони рӯҳонии ман аст. Ман мехоҳам, ки духтарони рӯҳонии ман тамоми кӯшишу талошро ба харҷ диҳанд, то ки фарзандони шумо дуруст таълим гиранд, ба онҳо муҳити муносиби зиндагӣ фароҳам оварда шавад, шумо ба саломатии онҳо муроқабати ҳамаҷониба зоҳир намоед ва аз айёми хурдсолиашон дар қалби онҳо шавқи такмил додани худро дар самтҳои


ФАРМОНБАРДОР
20 авг., 12:36
Аз фаромини муборак«Мехоҳам дар хотир дошта бошед, ки танҳо чизе, ки метавонад шуморо наҷот диҳад, агар шумо дар ин ҷо ё дар ҷои дигар мубталои бӯҳрон шавед, танҳо чизе, ки метавонад шуморо аз ин бӯҳрон хушбахтона бадар орад, ҳатто агар мушкилоти дунявӣ ҳам дошта бошед, Имон аст ва ин Имон Ҷамоатро дар тӯли 1300 соли таърих раҳнамоӣ кардаст. Ин суннат аст ва ин чизест, ки ман мехоҳам шумо ҳамеша дар хотир дошта бошед ва ба фарзандони худ ва фарзандони онҳо таълим диҳед. Хонаободон, Хонаободон! »Мавлоно Шоҳ Каримшоҳ 7.09.1963Даъвати Ҳақ - https://t.me/FarmonbardoriMawlo


ФАРМОНБАРДОР
20 авг., 12:34
Аз фаромини мубораки Мавлоно Мустансири Биллоҳи сонӣ!«Муъмин он аст, ки аз шариъат ба тариқат ва аз тариқат ба ҳақиқат, ки ботини шариъат аст, дохил шавад. Ва шариъат ба манзалаи шамъ ва тариқат ҳамчун роҳ ва ҳақиқат мисли манзил аст. Бояд саъй кунад, то ба рӯшноии шамъ ба роҳи рост биравад ва ба хонаи ҳақиқат дохил шавад. Ва асли ҳақиқат шинохтани Имоми замон аст. Мақсуд аз ҳар чиз ботини ӯст, ки ҷавҳар ва мағзу шаҳди ӯст.»Мавлоно Мустансири Биллоҳи сонӣ. Имоми 32-юми исмоилиёни низорӣ.Аз китоби "Пандиёти ҷавонмардӣ". Душанбе.2015. Саҳ.15. Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИҶТДаъвати Ҳақ - https://t.me/FarmonbardoriMawlo


ФАРМОНБАРДОР
20 авг., 05:02изменён
Аз суханони муборак«Дар ҳақиқат, ҳамаи мушкилоте, ки ба дӯши Лигаи Миллатҳо меафтанд, дар ниҳоят метавонанд ба як масъала баргарданд, ки он шаъну шарафи инсон аст. Ранҷу азоби як халқ- ранҷу азоби ҳамаи халқҳост. Он чизе, ки як фардро заиф мекунад, ҳамаро заиф месозад. Он чизе, ки барои як инсон дастовард аст, бешубҳа, барои ҳама дастовард хоҳад буд.»Мавлоно Султон Муҳаммад Шоҳ. Женева, 6 октябри соли 1937.Аз суханронии Мавлоно Султон Муҳаммад Шоҳ дар Лигаи Миллатҳо.Даъвати Ҳақ - https://t.me/FarmonbardoriMawlo


ФАРМОНБАРДОР
18 авг., 13:37
Аз суханони муборак!Мактуби доъӣ ва донишманди бузурги мазҳаби Исмоилия, Ал-Муаййади Шерозӣ ба Мавлоно Мустансири Биллоҳ: «Қасам ба номи Худо! Агар Шумо ба сари ман тоҷи Кисро гузоред, ва маро Қайсари Шарқ эълон намоед ва ё маро роҳбар, соҳиби дунё ва охират таъйин намоед, ман ба ин як зарра ҳавасе ҳам надорам магар як лаҳза дидори Шумо, ки умед, орзу ва нийяти ҳаррӯзаи ман аст ва ин дидор барои ман бузургтарин неъмат ва дарёфти ҳаёти рӯҳонии ман аст».Ҷавоби Мавлоно Мустансири Биллоҳ ба мактуби доъӣ Ал-Муаййади Шерозӣ: «Илм, дониш, эътиқод ва имони комил шуморо ба дараҷаи баланди камолоти инсонӣ расонд ва шуморо ба назди ман овард ва шумо ҳамчун ҳуҷҷати ман дар тамоми дунё машҳур ҳастед. Калиди азобу шиканҷаҳо ва дарҳои баста дар кафолати бехатарии шумо буд ва ман ҳама рӯз ҳамчун падари рӯҳонӣ дар назди фарзанди рӯҳонии худ будам ва муҳаббати падаронаи Ман ҳамеша бо шумо буд.


ФАРМОНБАРДОР
13 авг., 17:13изменён
Аз фаромини муборак!«Фарзандони рӯҳонии азизам… бештар ва бештар одамон аз қисматҳои гуногуни ҷаҳон бо якдигар дар иртибот ҳастанд ва ин бояд дар нисбат ба ҷамоати қаблӣ (пешин) ба шумо возеҳ ва рӯшан бошад, ҷамоати исмоилӣ дар саросари дунё гуногунанд, густурда ҳастанд, бо забонҳои бисёр ҳарф мезананд, суннатҳо ва фарҳанги ба меросбурда доранд, ки бештари аз он, ки Шумо шояд онро тасаввур мекардед. Вале, ҳар як ва ҳар фарзанди рӯҳонӣ чи аз Покистони Ҷанубӣ, чи аз Афғонистон, чи аз Иттиҳоди Шуравӣ, ё чи аз Чин, ҳар яке аз ин фарзандони рӯҳонӣ муриди Имоми Замон ҳастанд. Ҷамоати мо Имоми зинда дорад ва ин суннати мост, эътиқоди мост, ки ин Имоми вақт аст, ки моро роҳнамоӣ мекунад ва дар масоили марбут ба тариқа моро ҳидоят мекунад. Аз ин лиҳоз, ман мехоҳам ки ин барои ҷамоати ман дар Танзания ва дар куҷое, ки набошад, рӯшану возеҳ бошад, ки роҳнамоӣ кардан ва ҳидоят намудан дар масоили


ФАРМОНБАРДОР
12 авг., 17:45
Аз фаромини муборак!«Муҳим аст, ки маблағи худро ба гунае барномарезӣ кунед, ки дар солҳои баъдии умратон бо иззату шараф зиндагӣ карда тавонед. Надоштани барномарезии мушаххас метавонад боиси душвориҳои ғаризарурӣ гардад ва бар дӯши Ҷамоъат ва оилаҳои шумо бори зиёдатӣ бигузорад.»Мавлоно Ҳозиримом Шоҳ Раҳим ал-Ҳусайнӣ 31.03.2026 Канада. Торонто.Даъвати Ҳақ - https://t.me/FarmonbardoriMawlo


ФАРМОНБАРДОР
8 авг., 11:48
Аз фаромини муборак!«Аллоҳ аз шумо ҷудо нест. Зикри Аллоҳро дар дилҳои худ нигоҳ доред. Ӯ офаринандаи ҳамаи чизҳост. Ҳар чизе, ки дар атрофи худ мебинед, аз ҷониби Ӯ офарида шудааст. Дар дилҳои худ шукрона дошта бошед ва Ӯро ёд кунед, Пайғамбарро ёд кунед, Имомони худро ёд кунед, ин ба зиндагии шумо осоиш, субот ва хушбахтӣ меоварад. Ман ба ин яқин дорам.»Мавлоно Ҳозиримом Шоҳ Раҳим ал-Ҳусайнӣ. 27.08.2025 Кения. Найробӣ.Даъвати Ҳақ - https://t.me/FarmonbardoriMawlo


ФАРМОНБАРДОР
8 авг., 09:19изменён
ҲУЗУРИ ҲАМЕШАГИИ ИМОМАз фаромини муборак! «Ба ёд дошта бошед, лутфан, ба ёд дошта бошед, ки Имом ҳамеша бо шумост. Сонияе дар рӯз ё шаб нест, ки Имом бо шумо набошад, Ӯ ҳамеша бо шумост» ~Мавлоно Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ. Покистон Ғизир.10.12.2017Аз таълиқаи муборак! «Ман мехоҳам шумо ба ёд дошта бошед, ки Имоми шумо ҳамеша бо шумост, ҳамеша. Ҷамоати ман ҳамеша дар қалби ман, дар афкори ман ва дар дуоҳои ман аст.» ~Мавлоно Шоҳ Раҳим ал Ҳусайнӣ. Португалия. Лисабон. 25.02.2025Аз фаромини муборак! «Имоми шумо бо шумост. Ҳар куҷое, ки бошед, Имом бо шумо ҳаст ва шумо бо Имом ҳастед.» ~Мавлоно Шоҳ Раҳим ал Ҳусайнӣ Португалия. Лисабон.11.02.2025Даъват Ҳақ - https://t.me/FarmonbardoriMawlo


ФАРМОНБАРДОР
7 авг., 05:52изменён
Аз фаромини мубораки Мавлоно Мустансири Биллоҳи сонӣ!«Муъмин он аст, ки аз шариъат ба тариқат ва аз тариқат ба ҳақиқат, ки ботини шариъат аст, дохил шавад. Ва шариъат ба манзалаи шамъ ва тариқат ҳамчун роҳ ва ҳақиқат мисли манзил аст. Бояд саъй кунад, то ба рӯшноии шамъ ба роҳи рост биравад ва ба хонаи ҳақиқат дохил шавад. Ва асли ҳақиқат шинохтани Имоми замон аст. Мақсуд аз ҳар чиз ботини ӯст, ки ҷавҳар ва мағзу шаҳди ӯст.»Мавлоно Мустансири Биллоҳи сонӣ. Имоми 32-юми исмоилиёни низорӣ.Аз китоби "Пандиёти ҷавонмардӣ". Душанбе.2015. Саҳ.15. Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИҶТДаъвати Ҳақ - https://t.me/FarmonbardoriMawlo

