gram news
Аватар канала ФОНУС (fonews)

ФОНУС (fonews)

@fonustj

Фаротар аз хабар

ПроектыKK

688подписчиков

Открыть канал

Последние посты

  • ФОНУС (fonews)

    22 сент., 15:56

    переслано из @donish_su

    Бо забони ашкМетавон бе шӯру ғавғо низ меҳандӯст буд, Бо сукути пур зи маъно низ меҳандӯст буд. Лаб кушодан нест ҳоҷат дар баёни ишқи ӯ, Метавон бе ҳеч даъво низ меҳандӯст буд.Боғбон бе иддаое боғдорӣ мекунад, Меҳри худро дар раги ҳар барг ҷорӣ мекунад. Кӯчарӯби шаҳр бе лофу газофи барзиёд Аз хиёбон то хиёбон поккорӣ мекунад.Шоире "кирми китобӣ" мешавад то бомдод, Доғ-доғи байти нобе мешавад то бомдод. Барқкоре худгудозӣ мекунад шабҳои дай, Манзиле гар офтобӣ мешавад то бомдод.Роҳсозе то бинои роҳи мардум мекунад, Роҳи худ дар кӯчаи андешаҳо гум мекунад. Ҷисми ҳайкалсози меҳандӯст мепошад зи ҳам
  • ФОНУС (fonews)

    22 сент., 13:28

    переслано из @n_mehrofarin

    “МАККАИ ШЕЪРИ ФОРСӢ”. Гузориш аз оромгоҳи Рӯдакӣ дар ПанҷрӯдДеҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент, охирин паноҳгоҳи Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, имрӯз ба зиёратгоҳи маънавии аҳли дил ва форсизабонони саросари ҷаҳон мубаддал шудааст. Танҳо дар як соли гузашта беш аз 8 ҳазор сайёҳ барои зиёрати оромгоҳи падари шеъри форсӣ ба ин макон омадаанд.Оромгоҳи устод Рӯдакӣ бо шакли ҳашткунҷа ва гунбади фирӯзаии хеш, ки бо дасти кошикорони нишопурӣ аз Эрон бозсозиву ороиш ёфтааст, кохи ҷовидонии шеъру суханро мемонад. Ба гуфтаи масъулину пажӯҳишгарони маҷмаа, бештари зиёраткунандагони хориҷӣ форсизабонони Аврупо ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳастанд ва аксаран ин ҷо базми шеъру сухан низ меороянд.Хабарнигорони “Азия-Плюс” ба Оромгоҳи устод Рӯдакӣ рафтанд ва гузорише омода кард, ки дар навори зерин метавонед тамошо кунед.
    YouTube“Маккаи шеъри форсӣ”. Гузориш аз оромгоҳи устод Рӯдакӣ дар ПанҷрӯдДеҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент, охирин паноҳгоҳи Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, имрӯз ба зиёратгоҳи маънавии аҳли дил ва форсизабонони саросари ҷаҳон мубаддал шудааст. Танҳо дар як соли гузашта беш аз 8 ҳазор сайёҳ барои зиёрати оромгоҳи падари шеъри форсӣ…
  • ФОНУС (fonews)

    22 сент., 11:17

    переслано из @sohibyor

    Зи роҳи хотира тай соз роҳи Синоро Зи чашми ҳуш бубин дидгоҳи СинороЗи дарди ҷисм бипаймо ба сӯи Ал-Қонун Зи дарди рӯҳ кушо Аш-шифо(ҳ)и СинороҲазор ҳарзаву такфир баъди соли ҳазор Чаро бидуни гувоҳе гуноҳи Синоро?Китобхонаи Сомониён надидастӣ, ки созӣ таҷриба ранҷу рифоҳи СинороРабудаанд варову набурдаанд ба хеш Каломи беғарази некхоҳи СинороНа турк буда, на аъробиву на ибронӣ, Ба порсӣ бишиносӣ нигоҳи СинороЗи Балх то ба Бухоро расида Хуршедаш ки рӯшанӣ фиканад рӯи Моҳи Синоро
  • ФОНУС (fonews)

    22 сент., 09:52изменён

    Як навиштаи ҷолиб дар китоби китобхона:"Шояд мо ҳамдигарро намешиносем, аммо бо қазоват бар асоси китобе ки интихоб кардаӣ, ман муътақидам, метавонем дӯстони хубе бошем" #ҷолиб #иқтибос #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
  • ФОНУС (fonews)

    19 сент., 13:30

    ✍ Саъдӣ ВорисовСубҳи имрӯз, модареро дар канори роҳи серодам машғули мутолиа дидам. Ӯ пушт ба хиёбони Рӯдакӣ ва рӯ ба боғи Рӯдакӣ менишасту ғарқи китоб буд. Манзараи нодиру ҷаззоб. Дар ҳавои поку гуворои субҳгоҳӣ ва дар дили пойтахт. Ба ӯ гуфтам, ки шояд ягона модари китоб ба даст дар боғу гулгаштҳои Душанбе аст. Хушҳол шуд. Гуфтам шояд худат дарк накунӣ, аммо маназареро офаридаӣ, ки паёми тарбиявӣ дорад. Китобхониро ташвиқ мекунад. Бо ноумеди ба лаҳҷаи шимолӣ гуфт: “Одамои ҳозираба таъсир намукунад”. Дар посух шеъри Мавлоноро гуфтам:Ту магу ҳама ба ҷанганду зи сулҳи ман чӣ ояд? Ту яке найи, ҳазорӣ, ту чароғи худ барафрӯз!Бо хушҳолӣ гуфт, агар “як нафарро ҳам таъсир кунаду китобхон шавад, ман хурсанд”. Гуфтам иншоаллоҳ бештар аз як нафарро таъсир мекунад. Китобхониро мероси тарбияи қиблагоҳаш гуфт ва афсус хурд, ки ба фарзандонаш интиқол дода натавонистааст. “Бухоро”-и устод
  • ФОНУС (fonews)

    19 сент., 05:40изменён

    БО ШАРҲҚандаша хӯрад, Салим 😁📸 М.И#бо_шарҳ #акс #фонус
  • ФОНУС (fonews)

    18 сент., 06:40изменён

    ✍Ато МирхоҷаҲазорон ҳушвора, эй бародар, Ба ҳуши одамӣ набвад баробар. Ки ҳуши одамӣ аз Ақли Кулл ҳаст, Ба наздаш ҳушвора як буҷул ҳаст. Ки ҳуши одамӣ эҳсос дорад, Табиатро вуҷудаш пос дорад. Аё Инсон, мадеҳ дар даҳри худмаст Ба уммеди буҷул ақли худ аз даст! Нашуд беҳ офарида з-офаранда, Нагардад офаранда банди банда.#шеър
  • ФОНУС (fonews)

    18 сент., 05:09

    ФИКРИ БИКР (24)ДУ ҲАФТАВУ СЕ РӮЗУ ШАШ СОАТУ 14 ДАҚИҚА. Ин замонест, ки Дэвид Кейс, сухангӯйи пешини сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу барои суқути Эрон мушаххас кардааст. Ӯ дар як паёми видеоӣ иддао карда, ки зарфи ҳамин муддат ҳуқумати оятуллоҳҳо ба охираш мерасад. Ин иддао аз як пешбинии сиёсӣ дида ба фолбинӣ бештар наздикӣ дорад. Амале ки дар Тоҷикистон барои он одам боздошт ва ба сифати муҷозот бо латтаи намнок ҳоҷҷатхона ва фаршҳои ифлосро пок мекунад... 😀📸акс аз интернет 📸намогирифт аз ютуб#фикри_бикр
  • ФОНУС (fonews)

    17 сент., 17:07изменён

    ✍️Марк ТвенДар деҳаке аз штати Миссури аз ганҷи пинҳон овоза паҳн шуд. Дар коғазе фарсуда набишта шуда буд, ки он ҷо 980 доллар ниҳон аст. Деҳакро ҳавои ҳирсу ҳасад фаро гирифт ва то ба ҷангҷолу куштор кашид. Хазинаро ёфтанд: 9 доллару 80 сент буд.#ҷолиб #акс #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
  • ФОНУС (fonews)

    17 сент., 12:15

    переслано из @kitobkhon_2021

    Бузургтарин сармояи як давлат на тиллову сарватҳои зеризаминӣ, балки насли ҷавони босавод, соҳибфарҳанг ва худшинос аст.📝: Муҳаммдҷон Шакурии БухороӣАЗ ДАРГУЗАШТИ УСТОД ШАКУРӢ 14 СОЛ СИПАРӢ ШУД. ЁДАШОН ГИРОМӢ ВА РӮҲАШОН ШОД БОД.
  • ФОНУС (fonews)

    17 сент., 05:07

    Нақши ТИКТОК ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар маҳбубияти Зуҳрон Мамдонӣ. Шаҳрдори мусалмони Ню-Йорк ва "сиёсати ҷуқурии роҳ"...https://www.youtube.com/watch?v=iDaDKK01evw
    YouTubeСирри маҳбубияти шаҳрдори мусалмони Ню-Йорк дар чист?Зуҳрон Мамдонӣ қолабҳо дар бораи "сиёсатмадори классикӣ"-ро шикаст. Ӯ ҷавонтарин шаҳрдори Ню-Йорк дар таърихи сад соли охири ин шаҳри Амрико аст. Аввалин мусалмон ки курсии шаҳрдори Ню-Йоркро дар ихтиёр дорад. Ҷавонон ӯро дӯст медоранд. Трамп ӯро "коммунист"…
  • ФОНУС (fonews)

    15 сент., 18:15

    ✍️ Ҷек ЛондонХирадмандон ду тоифаанд: онҳое ки худро мекушанд ва онҳое ки майзада мешаванд, то андешаро бикушанд.
  • ФОНУС (fonews)

    15 сент., 04:59

    переслано из @donish_su

    ҒАЗАЛГУНАТо кай гузори умр ба шармандагӣ кунем, Эй ишқ, раҳм кун, ки каме зиндагӣ кунем!Мо абри кӯчакем дар ин осмони соф, Ҷуфте наёфтем, ки борандагӣ кунем.Ё мисли офтоби зимистон намондаанд, Ин абрҳои тира, ки тобандагӣ кунем.Дар зотамон набуд, вагарна зиёд буд, Имкону фурсате, ки ба кас гандагӣ кунем.Аз шавқи хандае, ки лаби мо надидааст, Тамсили ханда бо даҳани кандагӣ кунем.Шармандаи ҷавонии шармовари худем, Бигзор вақти пириамон бандагӣ кунем.
  • ФОНУС (fonews)

    14 сент., 13:37

    переслано из @fonustj

    Душанбе, сешанбе, чоршанбе. Aпрел, мaй, июн. 1924, 1925, 1926. Инро зиндагонӣ меноманд... ✍ Жан-Пол Сартр 📖 "Тошнота"#иқтибос #китоб
  • ФОНУС (fonews)

    14 сент., 13:24изменён

    ЯК АКСУ ЯКҶАҲОН МАЪНӢ#ҷолиб #акс #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
  • ФОНУС (fonews)

    14 сент., 13:02

    ЯК МАСАЛШаф-шаф нагуфта шафтолу гӯй
  • ФОНУС (fonews)

    14 сент., 10:31

    ✍Лайлӣ Ғазал (Афғонистон)Нагзор аз лабони ту лабханд гум шавад, Аз ишқ ҳар чӣ шеър навиштанд гум шавад.Бо Мавлавӣ бирақсу ба Ҳофиз салом кун, Нагзор "Занд" захмию "Позанд" гум шавадНагзор аз балоғати ин сарзамини ишқ Фархундаю Фурӯғу Фараҳманд гум шавад.Эй кошки кудурати ин рӯзҳои талх Дар лойи дуди донаи «испанд» гум шавад.Нагзор хашми Рустами "Шаҳнома" ногаҳон Аз достони Деви Дамованд гум шавад.Бигзор то суқут кунад ҳукму амру наҳй, Он ки нишаста ҷойи Худованд, гум шавад
  • ФОНУС (fonews)

    14 сент., 10:07

    БИДУНИ ШАРҲ
  • ФОНУС (fonews)

    13 сент., 17:54

    ✍️ Марк ТвенҲизбҳои сиёсии ҳоким, ки якдигарро дар порахӯриву мардумфиребӣ бадном мекунанд, монанд ба он гурганд, ки ҳангоми баракабоб хӯрдани чӯпонҳо ба каппаи онҳо нигариставу мегӯяд: -Бале, вақте шумо мехӯред, ҳеч гап нест, вале чун ман хӯрдам, дунёро ба сар мебардоред!Соли 1877. 27 август#ҷолиб #иқтибос #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
  • ФОНУС (fonews)

    12 сент., 14:24

    ©аз саҳфаи Абдурашид Қаюмзод