gram news
Аватар канала gazaltjk

gazaltjk

@gazaltjk

Раҳ надорад ҷилваи озодаги дар кӯи ишқ, Сарв агар коранд инҷо беди маҷнун мешавад. ✍Соиби Табрезӣ.

ПроектыKK

571подписчиков

Открыть канал

Последние посты

  • gazaltjk

    23 июл., 02:47

    переслано из @koriismat1917

    Бар ақл оварам шак аз дасти қавми ӯзбак, Меҳан шуда муаллақ аз дасти қавми ӯзбак.Таърих чаппагардон, фарҳанг моли эшон, Барбаста роҳи равнақ аз дасти қавми ӯзбак.Қурбоққа ҳамсадошон, дашту даман сарошон, Рӯбаҳ фирефт лаклак аз дасти қавми ӯзбак.Қандшаҳр бесамар шуд, Фарғона фарти хар шуд, Хору Бухор дусад лак аз дасти қавми ӯзбак.Барбаста роҳи хона, бо сад раҳу баҳона, Дарвозабон шуда саг аз дасти қавми ӯзбак.Тор аст хонаи ман, гум шуд нишонаи ман, Роғун хамӯшу Норак аз дасти қавми ӯзбак.Сино табиби турку Хайём ӯзбакигӯ, Мансур куҷо аналхаҳ аз дасти қавми ӯзбак.
    19422211Открыть в Telegram
  • gazaltjk

    14 июл., 17:55

    Дуруд дӯстони гиромӣ, умедворам, ки хубу шод ҳастед! Воқеъан канали хуб аст, метавон гуфт дар ҳама бора фаъолият дорад. Эҳтиромона хоҳиш мекунем обуна шавед: 👇👇👇 https://t.me/KoriIsmat1917
    TelegramҚорӣ Исмат ️Канали “Қорӣ Исмат” ба ягон гурӯҳи сиёсӣ рабт надорад, танҳо маводҳои адабиву фарҳангиро пайгирӣ мекунад!!!
  • gazaltjk

    7 июл., 00:56

    переслано из @koriismat1917

    ҒАЗАЛИ ШУКРУ СИПОС БА ЗОДГОҲАМ МАЗОРИ ШАРИФ ВА ҲАМДИЁРОНАМАло, эй кӯҳи Чилмеҳроб, ало, эй саҷдагоҳи ман, Ба гардун мерасад аз фахри дидорат кулоҳи ман.Пас аз домони модар доманат домони умрам буд, Ту бинмудӣ миёни чорроҳа самти роҳи ман.Савобандӯзии ман аз сахои обшори туст, Ҷалолу ҷоҳи ман аз туст, ҳам пушту паноҳи ман.Чакодат соя меафканд бар рӯи ҳаёти мо - Ҳаёти шоду обод аз виқори қиблагоҳи ман.Хасу хорат ба доман, тубра бар дӯш аз барат рафтам, Дигар дур аз барат тай шуд ҳама шому пагоҳи ман.Закои мардуми деҳ буд дар анбонаи дӯшам - Раҳоварди азим аз ҳамдеҳони хайрхоҳи ман.
  • gazaltjk

    1 июл., 14:27

    переслано из @koriismat1917

    Хиёли хоми паланги ман ба сӯйи моҳ паридан буд Ва моҳро зи баландояш ба рӯйи хок кашидан буд.Паланги ман, дили мағрурам, париду панҷа ба холӣ зад, Ки ишқ, моҳи баланди ман, варои даст расидан буд.Ману ту он ду хатем, оре, мувозиёни ба ночорӣ, Ки ҳарду боварамон з-оғоз ба якдигар нарасидан буд.Гули шукуфта, Худо ҳофиз, агарчӣ лаҳзаи дидорат Шуруъи васвасае дар ман ба номи дидану чидан буд.Шароб хостаму умрам шаранг рехт ба коми ман, Фиребкори дағалпеша баҳонааш нашунидан буд.Агарчӣ ҳеч гули мурда дубора зинда нашуд, аммо Баҳор дар гули шайпурӣ мудом гарми дамидан буд.Чӣ сарнавишти ғамангезе, ки кирми кучаки абрешим Тамоми умр қафас мебофт, вале ба фикри паридан буд.
    24931111Открыть в Telegram
  • gazaltjk

    7 июн., 08:27

    переслано из @koriismat1917

    СУРОҒАИ УСТОДБар кӯҳи Чилмеҳроб рав, он арчаи танҳо биҷӯ, Дар Чашмаи Нийят нигар, ҳусни хати дарё биҷӯ.Рав, соядасташро бихон дар барг - барги ҳар дарахт, Устоди Маҷнуни маро аз ҷангали Лайло биҷӯ.Дар пеш ҷӯ, не дар ақиб, дар авҷ ҷӯ, не дар нишеб, Он рафтаи ояндаро аз субҳи пасфардо биҷӯ.Он матлаи сабзи рабеъ, он нузҳати боғи бадеъ Ин ҷост, ӯро ҳар қадам аз вусъати ҳоло биҷӯ.Девонагӣ карду гузашт, фарзонагӣ карду гузашт, Дар шеъри шамсошӯби ӯ тӯфони Мавлоно биҷӯ.Бо рафтанаш садчанд шуд оламрабоиҳои ӯ, Пеш ой то ворастагӣ, ҷазби ҷахонпаймо биҷӯ.
  • gazaltjk

    20 мая, 10:54

    переслано из @koriismat1917

    Устод Лоиқ ШералӣТу гар чашмисаре дорӣ, маро чашми диле боз аст, Ту зери лаб сухан гуӣ, маро то арш овоз аст.Чу мурғи хонагӣ аз бом то боме кушоӣ бол, Ту андар худ фурумонда, маро шаҳболи шаҳбоз аст.Ту бо тарсуӣ мегӯӣ каломи нукирӯмолӣ, Туро сад нафси норозӣ, маро як хома дамсоз аст.Туро бошад ғами фарде, маро бошад ғами фардо, Туро ҳар рӯз анҷоме, маро ҳар лаҳза оғоз аст.Ту дунёро намедонӣ, дили моро намехонӣ, Намедонӣ, ки шӯҳрат ҳам чу ёрони ғалатбоз аст.Чу аз минбар фурӯ афтӣ, пару болат фурӯ резад, Маро ҳамболу ҳампарвоз халқи соҳибэъҷоз аст.
    TelegramҚорӣ Исмат ️Канали “Қорӣ Исмат” ба ягон гурӯҳи сиёсӣ рабт надорад, танҳо маводҳои адабиву фарҳангиро пайгирӣ мекунад!!!
  • gazaltjk

    19 мая, 14:35

    переслано из @koriismat1917

    То ном физоӣ, нафси худро кам кун, Одамгарӣ кун, валек бо одам кун. Мегуфт даравгаре ба ман вақти дарав: Чун хӯшаи гандум ба замин сар хам кун.Лоиқ ШЕРАЛӢБа https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед
    32631111Открыть в Telegram
  • gazaltjk

    10 мая, 09:24

    переслано из @koriismat1917

    🌙Ишқи Худо дилро чунон ором мекунад, ки ғам ҳам ибодат менамояд…Ғазал аз Саъдии Шерозӣ.Дар он нафас, ки бимирам дар орзуи ту бошам, Бад-он умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошам.Ба вақти субҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам, Ба гуфтугӯи ту хезам, ба ҷустуҷӯи ту бошам.Ба маҷмае, ки дароянд шоҳидони ду олам, Назар ба сӯи ту дорам, ғуломи рӯи ту бошам.Ба хобгоҳи адам гар ҳазор сол бихусбам, Зи хоб оқибат огаҳ ба бӯю рӯи ту бошам.Ҳадиси равза нагӯям, гули биҳишт набӯям, Ҷамоли ҳур наҷӯям, давон ба сӯи ту бошам.Маи биҳишт нанӯшам зи дасти соқии ризвон,
    TelegramҚорӣ Исмат ️Канали “Қорӣ Исмат” ба ягон гурӯҳи сиёсӣ рабт надорад, танҳо маводҳои адабиву фарҳангиро пайгирӣ мекунад!!!
    359421Открыть в Telegram
  • gazaltjk

    1 мая, 03:48изменён

    Моро биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст, Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст.Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе ба сар барӣ, Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст.На ҳар кӣ чашму гӯшу даҳон дорад одамист, Бас девро, ки сурати фарзанди одам аст.Он аст одамӣ, ки дар-ӯ ҳусни сират аст, Ё лутфи суратест, дигар ҳашви олам аст.Онон, ки дар баҳор ба саҳро намераванд, Бӯи хуши рабеъ бар эшон муҳаррам аст.В-он сангдил, ки дида бидӯзад зи рӯи хуб, Пандаш мадеҳ, ки ҷаҳл дар ӯ нек маҳкам аст.Ором нест дар ҳама олам ба иттифоқ, В-ар ҳаст, дар муҷовирати ёри маҳрам аст.
    TelegramРаҳ надорад ҷилваи озодаги дар кӯи ишқ, Сарв агар коранд инҷо беди маҷнун мешавад. ✍Соиби Табрезӣ.
  • gazaltjk

    31 окт. 2025 г., 11:11

    переслано из @koriismat1917

    ШОҲБАЙТЗи ташвиши оянда бояд гирист, На бар мурда, бар зинда бояд гирист.Раҳии МуъайярӣБа https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед
  • gazaltjk

    14 сент. 2025 г., 11:26

    переслано из @koriismat1917

    ❗Зиндагонист, ки ҷуз марг саранҷом надошт, Гар намебуд нафас субҳи касе шом надошт. Дили пуркори ҳавас муттаҳами ғайрам кард, Сода то буд нигин, ғайри нигин ном надошт. Қадрдони ҳама чиз оинаи мунтазирист, Дардам аз ҳосили васлест, ки пайғом надошт. Мояи орияту сарфи тараб ҷойи ҳаёст, Гул сару барги шукуфтан ба зари вом надошт. Сайри кайфияти ибратгаҳи имкон кардем, Нақши подошти ҳавое, ки сари бом надошт. Кош беҷуръати оҳанги талаб мебудем, Тукмаи ҷайби адаб ҷомаи эҳром надошт. Пухтагӣ чини таайюн ба рухи халқ афканда, Ранги ҳамвор ба ғайр аз самари хом надошт. Ҳеҷ кас чашм ба ҷамъияти дил боз накард, Ин гулистон гули кайфияти бодом надошт. Сари зонуи адаб майкадаи рози кӣ буд, Айши ин ҳалқаи таслим хати ҷом надошт.юд Дил вафо хост, ҷавобаш ба тағофул додӣ, Доди таҳсинталабон ин ҳама дашном надошт.
    TelegramҚорӣ Исмат ️Канали “Қорӣ Исмат” ба ягон гурӯҳи сиёсӣ рабт надорад, танҳо маводҳои адабиву фарҳангиро пайгирӣ мекунад!!!
    907311Открыть в Telegram
  • gazaltjk

    21 авг. 2025 г., 13:45

    переслано из @koriismat1917

    БАРОИ ХУДАМСоқии базми сағирон будаам чанде, Низ дар базми вазирон будаам чанде; Бод ҳам паймудаам чанде, Бода ҳам паймудаам чанде, То гулӯ ғарқидаам дар оби соғарҳо, То гулӯ ғарқидаам дар истаконҳо.Ҳар куҷо густурда пойандози ман аз мавҷи қарсак буд, Ҳар куҷо густурда пойандози ман аз авҷи чак-чак буд; Аз ҳазорон ёри хушгил бар сарам гулдаста меборид, Аз ҳазорон хирмани гул бар сарам гулдаста меборид.Ҳар куҷо дасти қаламрони ману таҳсину аҳсан буд, Ҳар куҷое дасти ман дар дасти ошиқҳои ман буд, Он қадар дасти маро бигрифта мардум мефушурданд, К-оби дастам мечакид аз дасти мардум.Дидаам ҷилди китобамро
  • gazaltjk

    13 авг. 2025 г., 13:50

    переслано из @koriismat1917

    МОҶАРОИ ҚОРӢ ИСМАТ БО ҲАМСАРАШҚорӣ Исмат, доимо аз дарди сар шикоят дошт ва занаш сарашро масҳ мекард. Як рӯз ҳангоми масҳ кардан зан аз Қориамак пурсид: - Қорибобо, пеш аз маро гирифтан вақте ки сарат ба дард меомад, ки масҳ мекард? Қориишкамба, дар ҷавоб: -Ҳеч кас... Зан: -Чи хел.? Қорӣ: -Дарди сарам баъди туро ба занӣ гирифтани пайдо шуд…Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед
  • gazaltjk

    27 июл. 2025 г., 12:28

    “Ҳарчанд қиссаи Бунафша ба поён расид, аммо зиндагии ӯ идома дорад… Қисса тамом шуд, вале роҳи зиндагии ӯ ҳанӯз пур аз мубориза, умед ва орзуҳост. Шояд мо қисса навиштем, аммо ӯ ҳар рӯз саҳифаи наве дар зиндагии худ менависад…” 💔📖
  • gazaltjk

    27 июл. 2025 г., 12:27

    🦋Қисми шашуми қисса: Нури умедГарчанде борони сахти зиндагӣ як замон тамоми осмони ҳаёти Бунафшаро торик карда буд, вале ӯ мисли кӯҳи устувор по фишурд. Ҳар саҳар бо табассуме хаста, аммо бо диле пур аз умед аз ҷой мехест, зеро медонист — ду чашми умед, ду ангели хурди ҳаёташ Нигора ва Низора ба ӯ менигаранд. Онҳо на танҳо фарзандонаш буданд, балки сабаби зиндагиаш, сабаби нафас кашиданаш, сабаби нафас кашидани ӯ дар миёни гиряҳо буданд.Бунафша мардонавор зиндагиро ба дӯш гирифт, бе нола, бе шикоят. Ҳар боре ки хастагӣ рӯяшро фаро мегирифт, ба чеҳраи поки фарзандонаш менигарист ва мегӯяд: "Барои шумо зиндагиро давом медиҳам."Ӯ бо шукрона мегуфт: "Худоё, шукр ки ин ду гул дар канорам ҳастанд. Онҳо қуввати дили мананд, сабаби устувории мананд."Бунафша дигар зане буд, ки дар ҷанг бо зиндагӣ на мағлуб, балки қаҳрамон гашт. Ва имрӯз... бо вуҷуди сахтиҳо, чашмонаш ба оянда
  • gazaltjk

    27 июл. 2025 г., 12:27

    🦋Қисми 5: Зане ки аз нав сабзид…Бунафша бо дили пурдард, вале рӯҳи нарамешикан, аз миёни пардаҳои ғам роҳ меҷуст. Ҳар саҳар барвақт мехест, либоси духтаронашро омода мекард, онҳоро бо лабханд ба мактаб мефиристод, гарчанде ки даруни худаш пур аз гиря буд.Ӯ дар ёди худ ҳамеша мегуфт: “Ман бояд сабр кунам, на барои худам, барои духтаронам. Онҳо бояд бубинанд, ки модарашон бо ҳама шикастҳо ҳам наафтодааст.”Бо дастони худаш кори майдакуча ёфт — гоҳҳо кӯмак дар дӯкон, гоҳҳо дар хонаҳои мардум тоза кардани хона. Ҳар сомонӣ, ки ба даст меовард, барои китобу дафтар, барои либоси зимистона, ва барои он ки духтаронаш худро муҳтоҷ ҳис накунанд.Нигора ва Низора ба воя мерасиданд. Онҳо ҳам ҳар рӯз фаҳмида мерафтанд, ки модарашон танҳо зани хона нест — ӯ қаҳрамон аст. Қаҳрамоне, ки дар хомӯшӣ меҷангад, бе нолиш месозад ва дар ханда зӯри ашкро пинҳон мекунад.Бунафша дигар мисли пешина
  • gazaltjk

    27 июл. 2025 г., 12:25

    🦋Қисми 4: Нерӯ аз ашк, умед аз дуоРӯзҳо мегузаштанд… Хонае, ки Бунафша бо духтаронаш зиндагӣ мекард, гарчанд хурд буд, аммо пур аз гармии дилу меҳри беинтиҳо гашта буд. Дар ин хонаи фурӯтан, се қалб бо умеди нав мезад: модаре бо орзуи устувор ва ду фарзанд бо чеҳраҳои рӯшан, ки зиндагиро бо чашмҳои пок медиданд.Бунафша субҳҳояшро бо дуо оғоз мекард. Бо ашке хомӯш, бо гапҳои дар дил ниҳон. Мегуфт: “Илоҳо, ман камонам, аммо духтаронам орзу доранд… Ба онҳо нерӯ деҳ, ба ман сабр.”Вақте Низора бемор мешуд ё шабҳо дарди пояш бедор мекард, Бунафша назди бистараш менишаст, дасташро молида, бо нидои нарм мегуфт: “Азизам, бигзор дарди ту ба дили ман дарояд...”Дар ин миён, мардум гоҳе пурсиданд, ки чаро аз шавҳараш ҷудо шуд? Ё чаро боз издивоҷ намекунад? Вале ӯ танҳо табассум мекард. Ҳеҷ кас намедонист, ки дар паси ин хомӯшӣ чи ҷаҳоне аз ранҷ ва матонат пинҳон аст.Бунафша зиндагиро аз
  • gazaltjk

    27 июл. 2025 г., 08:33

    🦋Қисми 3: Хонаи падар, дили пур аз таънаБаъд аз ҷудоӣ, Бунафша дари хонаи падарро кӯфт. Хонаи кӯдакӣ, ки гӯё як паноҳи ором мебуд, ба як санҷиши тоза табдил ёфт. Вақте ки ба онҷо бо ду духтари дилбанди худ омад, зиндагӣ дигарранг буд — на мисли гузашта, на он қадар ором.Падару модараш ҳарчанд муҳаббат доштанд, аммо... дар ин хона дигар келин ҳукумрон буд. Келине, ки зоҳиран таҳаммули ҳузури Бунафшаро надошт. Аз забонаш ҳар рӯз суханони нешдор мебаромад — таънаҳои хомӯш ва баъзан ошкоро: “Касе ки бахташро нигоҳ дошта натавонист, чаро боз ба ин ҷо омадааст?”Вале аламбахштар аз ҳама, муносибати келин бо духтарчаҳои бегуноҳ буд. Нигора ва Низора, ки танҳо паноҳи худро модарашон медонистанд, дар хонаи бобояшон ҳам худро бегона ҳис мекарданд. Келин онҳоро ба набудани модарашон таъна мезад, рӯяшонро турш мекард, онҳоро аз ҳар чӣ бозмедошт. Гӯё гуноҳ доштанд, ки фарзандони зане буданд,
  • gazaltjk

    23 июл. 2025 г., 08:26

    🦋Қисми 2: Захмҳое, ки модар мефаҳмадСолҳо гузашта истода буданд. Бунафша бо шавҳараш зиндагиро идома медод, ҳарчанд нофаҳмиҳо рӯз ба рӯз бештар мешуданд. Ӯ талош мекард ҳама чизро сабр кунад — барои фарзанд, барои хонадон, барои оромии зоҳирӣ. Вале оромии дилаш дигар вуҷуд надошт.Вақте духтари дуюмаш таваллуд шуд, шодии таваллуд бо як хабар хомӯш гашт. Поҳои духтарча мушкил доштанд — барои роҳ гаштан ниёз ба табобати зуд ва дуруст буд. Вақти фаҳмидани ин ҳолат, дили Бунафша пора гашт. Ӯ танҳо як чиз мехост: кӯдакш сиҳат бошад.Аммо шавҳараш гӯё гӯшҳояшро баста буд. На пули табобат медод, на талош мекард. Гӯё ин мушкил танҳо ба дӯши модар афтодааст. Бунафша, бо ашки чашм ва дили саршор аз ташвиш, духтарчаашро ба духтур мебурд. Бо ҳазор ранҷ, бо қарзҳо, бо дарҳои баста, бо тамаскуни талаби раҳм.Вай ду сол бо дили пурдағдаға духтарчаашро табобат кард. Ҳар боре ки зону зада дуъо
  • gazaltjk

    23 июл. 2025 г., 08:11

    🦋Ин қисса воқеан аз дунёи ҳақиқӣ гирифта шудааст, ҳикояи зане бо ҷасорат ва сабри бепоён. Умедворам, ки он ба ҳар касе, ки мехонад, неру ва умед мебахшад.Қисми 1: Оғози зиндагӣ ва орзуҳои пурнурСоли 2010 барои Бунафша ва ҳамсараш оғози сафари нав ба олами зиндагӣ буд. Онҳо бо умеди рӯзҳои дурахшон ва муҳаббати беандоза бо ҳам издивоҷ карданд. Дар қалби Бунафша орзуҳои зиёд буд — орзуи хонаи хушбахт, кӯдакони солим ва зиндагии пур аз умеду шодмонӣ.Соли 2011 духтари калонии Бунафша — Нигора таваллуд шуд. Он лаҳзаҳо дарди дунё гум шуда, танҳо шодии падару модар буд, ки ба сӯи фарзанди нав ба дунё омадаашон нигоҳ мекарданд. Ҳар лаҳзаи хонаи онҳо пур аз хандаву хурсандӣ буд. Нигора мисли гулҳои баҳорӣ бо худ рӯшноӣ ва умед ба хона меовард.Бунафша бо дили пур аз муҳаббат кӯшиш мекард, ки барои оилааш ҳама чизро ба беҳтарин тарз таъмин кунад. Вай мехост фарзандонаш бо муҳити ором ва