gram news
Аватар канала Ҳамдастӣ

Ҳамдастӣ

@hamdastitj

🇹🇯Ахбори Тоҷикистон — сиёсат, иқтисод, ҷомеа. Ҳамдастӣ — якҷо дар бораи муҳимтарин ахбору таҳлил. Обуна шавед, то ки бо кишвар бошед!

ПроектыKKНовости

1,940подписчиков

Открыть канал

Последние посты

  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 17:01

    Шоми Хуҷанд аз дурбини наворбардор📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 16:45

    🇺🇸ИМА қасд доранд барои бозсозии арсаи энержии Ховари Миёна $5 млрд сармоягузорӣ кунанд, — The Wall Street Journal.Тибқи нақшаи Трамп, миқдори мушобеҳи маблағро ба ин сандуқ бодя ҳашт шарики Вашингтон дар минтақа низ ворид созанд: инҳо Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Баҳрайн, Кувайт, Уммон, Ироқ ва Ӯрдун мебошанд. Дар маҷмӯъ, маблағи умуми ин сандуқ $10 млрд. мешавад.📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 16:32

    Зиёрати мақбараи устод Рӯдакӣ дар ПанҷакентГуруҳе аз хабарнигорони тоҷик аз мақбараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Панҷакент зиёрат карда, дар сари мазори эшон эҷодиёти ӯро овозхонӣ карданд.📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 16:15

    🇺🇸Маҳбубияти Трамп дар тӯли фаъолиятҳои сиёсиаш то ба ҳадди ниҳоӣ пойин омадааст, — пурсиши Reuters/Ipsos.Фаъолияти раиси ҷумҳури ИМА-ро танҳо 32% амрикоиҳо пуштибонӣ мекунанд. Дар миёни ҷонибдорони Ҳизби ҷумҳурихоҳон пуштибонӣ дар як ҳафта аз 82% то ба 73% коҳиш ёфт.Авомили асосии норизоият — боло рафтани арзиши зист ва ҷанги нохушоянд бо Эрон.📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 16:02

    Абдулқодир Талбаков оташкадаи зардуштиён дар Эронро зиёрат кардАбдулқодир Талбаков, фарҳангии тоҷик, ки чанд сол қабл аз гузариш ба дини зардуштиҳо хабар дода буд, дар як наворе зиёраташ ба оташкадаи зардуштиҳо дар Эрон хабар дод.Ҷузъиётро дар видео бубинед:📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 15:45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:«Муҳтарам Владимир Владимирович, Шуморо ба муносибати бомуваффақият баргузор гардидани интихобот ба Думаи давлатии Федератсияи Русия — рӯйдоди муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар сидқан табрик менамоям!Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар овоздиҳӣ ва натиҷаҳои он бозгӯи пуштибонии васеи ҷомеа аз сиёсати давлатии пешгирифтаи Шумо мебошад, ки ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Федератсияи Русия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми он нигаронида шудааст.Бо истифода аз фурсат, бори дигар азми тағйирнопазири инҷонибро ҷиҳати минбаъд низ нигоҳ доштани сатҳи баланди
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 15:34

    Дар Рӯзи Рӯдакӣ аз сокинони шаҳри Душанбе пурсидем, ки мисраъҳои шинохтаи устод Рӯдакиро то чӣ андоза дар хотир доранд ва метавонанд онҳоро идома диҳанд.📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 15:15

    Боздид аз чойхонаи Сирдарё ва ба дарёи Сир сар додани 1 миллион моҳича22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ пурра таъмиру навсозӣ гардид, дидан намуданд.Чойхонаи Сирдарё дар соҳили чапи дарёи Сир дар масоҳати 2 ҳазору 741 метри мураббаъ аз нав барқарор карда шуд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки чойхона бо тарҳу услуби зебои меъмории миллӣ бунёд гардида, дар ороиши деворҳои он ҳунарҳои наққошӣ, гаҷкорӣ ва кандакорӣ истифода карда шудаанд. Ҳунарҳои тасвиргардида дар бино бо хусусиятҳои хоси миллӣ ва услуби муосир ҳамоҳанг гардидаанд.Дар саҳни ҳавлии чойхона 3 суҳбаткадаи кандакорӣ қомат афрохтааст, ки аз ғановатмандии ҳунарҳои миллии тоҷикӣ шаҳодат медиҳад. Сипас дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 15:04

    Идомаи сохтмони неругоҳи Роғун ё "сохтмони аср"видео аз ТГЭМ📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 14:45

    Ноболиғи 13-сола, ки аз гузаргоҳ роҳро убур мекард, зери чархи мошин ҷон бохтСанаи 21 августи соли ҷорӣ, тақрибан соати 10:20 дақиқа, дар кӯчаи Фирдавсӣ садамаи марговари нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.Самадов Муҳаммадшуҷоъ, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «WULING LZW», рақами қайди давлатиаш 714LL01, ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи мазкур, дар болои гузаргоҳи пиёдагард ноболиғ Азимова С., сокини 13-солаи ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расидааст.Оид ба ҳодисаи мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 14:33

    Душанбе ба баргузории Ҳамоиши байналмилалии ҳамгироии шаҳрҳо омода мешавадҶаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Ҳамоиши байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» ва «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026» (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE-2026) баргузор гардид.Дар ҷаласа, ки таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи тадорукот Бахтиёр Шарифӣ баргузор шуд, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дахлдори пойтахт, вазорату идораҳои соҳавӣ, масъулини омодасозии чорабиниҳо ва дигар аъзои Кумитаи тадорукот иштирок намуданд. Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба омодагӣ, ташкили ҳамоҳангшуда ва таъмини баргузории чорабиниҳои мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ва муҳтавоию касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Т
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 14:15

    🇹🇯 Беҳрӯз Хуршедзода барандаи нишони нуқраи Бозиҳои Осиёӣ-2026Варзишгари тоҷик аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Беҳрӯз Хуршедзода дар вазни то 71 кг дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 ба гирифтани медали нуқра ноил гардид.Дар финал Беҳрӯз аз намуди санъати муҳорибаҳои омехтаи Modern аз намояндаи Қазоқистон - Кадюрбек Шинбаев бо ҳисоби 3:0 мағлуб шуд.Ёдовар мешавем, ки ин медали 8-уми нуқра барои Тоҷикистон дар таърихи Бозиҳои Осиёӣ ба ҳисоб меравад.📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 14:03

    67 соли зиндагӣ… аммо имрӯз танҳо мондаастҚодирова Маҳбуба Тоҳировна 67-сола, модари 4 фарзанд аст. Панҷ сол пеш, баъди ҷудо шудани духтараш, шавҳари собиқи ӯ ба хонаи онҳо омада, ҳамсари собиқ ва хоҳари ӯро ба қатл расонд.Аз марҳум ду фарзанд - духтари синфи 7 ва писари синфи 5 - боқӣ монданд, ки имрӯз зери нигоҳубини модаркалонашон ҳастанд.Ду писари Маҳбуба бошад, ба модар қариб ки кӯмак намекунанд. Яке аз онҳо дар зиндон буд. Дигараш мехост хонаи модарро барои гирифтани қарз ба гарав гузорад, аммо модар розӣ нашуд. Аз ҳамин сабаб, ӯ қариб 4 сол боз аз модараш хабар намегирад. Маҳбуба барои таъмини зиндагӣ ҳафтае се рӯз дар мактаб фаррошӣ мекунад ва ҳамагӣ 1000 сомонӣ маош мегирад.📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 13:45

    То ҳол танҳо беш аз 17% дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шудаастТо 20-уми сентябри соли равон дар Тоҷикистон 68 ҳазору 207 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 17,3%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми ҷамъоварӣ беш аз ду баробар кам аст: то 20-уми сентябри соли гузашта 142 ҳазору 844 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд. Дар ин бора Вазорати кишоварзӣ иттилоъ медиҳад.Ҳамин тариқ, нишондиҳандаи имсола нисбат ба соли гузашта 74,6 ҳазор тонна ё беш аз 50% камтар аст. Тибқи иттилои манбаъ, соли 2026 мақомот нақша доранд, ки аз майдони 164,8 ҳазор гектар 394,7 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд. Соли 2025 дар кишвар 392,2 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд.“Танҳо 20 сентябри соли 2026 пахтакорон 5 ҳазору 327 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карданд. Дар маъракаи ҷамъоварӣ беш аз 92,7 ҳазор нафар иштирок мекунанд”, – гуфтааст вазорати кишоварзӣ. Ба
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 13:31

    Садамаи вазнин дар роҳи Хуҷанд - Ғафуров гардиши шаҳри Бӯстон,ки дар натиҷа мошини сабукрав пора пора шудааст. Ҳодиса шаби 19.09.2026 рух додааст.📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 13:15

    🇹🇯 Дуюмин медали тиллои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ-2026Варзишгари тоҷик аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Отабек Раҷабов дар вазни то 65 кг дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 ба гирифтани нишони тилло шарафёб гардид.Дар финал Отабек аз намуди санъати муҳорибаҳои омехтаи Traditional бар намояндаи Филиппин - Жан Клод Саклаг бо ҳисоби 3:0 зафар ёфт.Ёдовар мешавем, ки ин медали 8-уми тилло барои Тоҷикистон дар таърихи Бозиҳои Осиёӣ ба ҳисоб меравад.📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 13:00изменён

    Мушкили камбуди оби ошомиданӣ дар деҳаи Отчапарӣ ноҳияи Панҷ ҳал мешавадРӯзи 1-уми июни соли равон сокинони деҳаи Отчапари куҳии ҷ/д Озодагони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз камбудии оби полезию нӯшокӣ шикоят карда буданд. Яке аз онҳо мӯсафеди 90-сола, бобои ҳоҷӣ-Қурбон буд, ки шикояташ беасар намонд.📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 12:45

    Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба ду намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ тақдим шуд21 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк маросими супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду намояндаи баландпояи Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Анна Бйерде, мудири иҷроияи амалиётҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Антонелла Бассани, ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Ордени «Дӯстӣ»-ро тақдим кард. Ин мукофот барои саҳми онҳо дар таҳкими ҳамкориҳо ва рушди муносибатҳои шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ супорида шуд.Ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалии молиявӣ дар солҳои охир соҳаҳои иқтисод, энергетика, инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди бахши хусусиро дар бар гирифтааст. Масъалаҳои иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва ҷалби сармоя низ аз самтҳои муҳими ин шарикӣ ба ҳисоб мераванд.Анна Бйерде ва Антонелла
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 12:31

    Боздошти як мард дар Хатлон бо гумони паҳни маводи шаҳватбарангез дар WhatsApp ва VKДар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нисбат ба сокини 54-сола бо гумони паҳн кардани маводи порнографӣ дар интернет парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.Тибқи иттилои пулиси Тоҷикистон, Акбарҷон Сангинов аз соли 2023 тавассути шабакаи иҷтимоии «VK» ва паёмрасони «WhatsApp» маводи дорои хусусияти шаҳватангезро ба дигар корбарон ирсол ва паҳн мекардааст.Зимни санҷиш телефони мобилии Сангинов ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуда, мавриди таҳқиқи техникӣ қарор гирифтааст. Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба ӯ тибқи қисми 3-и моддаи 241 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст. Бар асоси ин модда, барои чунин амал аз 6 то 10 соли маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
  • Ҳамдастӣ

    22 сент., 12:15

    28 сол қабл дар ин рӯз Отахон Латифӣ дар назди манзилаш қатл шудОтахон Латифӣ, рӯзноманигори шинохта, сиёсатмадори тоҷик ва узви Комиссияи оштии миллӣ низ буд. Ӯ дар синни 62 дар маркази шаҳри Душанбе кушта шуд. фаъолияти худро аз журналистика оғоз намуда, дар нашрияҳои бонуфузи шӯравӣ, аз ҷумла “Комсомолская правда”, “Правда” ва “Известия” кор кардааст.Соли 1989 ба вазифаи муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъин шуд ва барои ба эътидол овардани нооромиҳои кишвар нақш бозид. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ маҷбур шуд, ки Тоҷикистонро тарк кунад, аммо ҳамчун раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ талошҳои сулҳҷӯёнаи худро идома дод.Латифӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли музокироти сулҳи байни тоҷикон буд. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997, ба Душанбе баргашта, ба ҳайси раиси зеркомиссиони ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ фаъолият кард. Отахон Латифӣ 22-юми сентябри соли