gram news
Аватар канала Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

@khadamotialoqa

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПроектыTGПолитика

990подписчиков

Открыть канал

Последние посты

  • Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    22 сент., 08:21

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти нав ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳо, таъмини сифати баланди маҳсулоту хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият дастуру тавсияҳо доданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #Sughd
  • Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    22 сент., 06:18

    переслано из @emomalirahmontjk

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Мактаби замонавӣ чорошёна буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф сохта шуда, барои 4 ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Муассисаи нав дорои 73 синфхона буда, аз ин шумора 15-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ мебошанд. #ЭмомалӣРаҳмон
  • Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    22 сент., 05:12

    переслано из @majallaialoqa

    35 соли Истиқлол: аз имтиҳони таърих то давлатдории устуворСуҳбат бо Рафиқа Мӯсоева – сиёсатмадор ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳаёти ҷамъиятию давлатии кишвар аҳаммияти хос дорад. Ӯ шоҳиди марҳилаҳои муҳимми давлатсозии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, аз рӯйдодҳо, воқеиятҳои он рӯзҳои душвор, нақши роҳбарияти давлат дар барқарории сулҳу субот ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ воқеъбинона ёд кунад.Хушбахтона, ба мо тақдир чунин шахсиятро дод, ӯ вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Эмомалӣ Раҳмоне, ки имрӯз Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафтаву ташаббускори ҷаҳон табдил додааст. Имрӯз, баъди 35 сол, мо арзиши Истиқлолро беҳтару бештар дарк мекунем, зеро медонем, ки нигоҳ доштани он дар он рӯзҳои сахт чӣ қадар душвор буд.МУФАССАЛ...#35СолиИстиқлол #ИстиқлолиДавлатӣ #Тоҷикистон35 #ДавлатдорииУстувор #ВаҳдатиМиллӣ #СулҳуСубот #ЭмомалӣРаҳмон #ТоҷикистониСоҳибистиқлол
  • Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    22 сент., 04:45

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷандро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд бо номи Навниҳоли Ватан ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии махсуси табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд қомат афрохтааст. Дар бинои нави муассиса ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, утоқҳои алоҳида барои гурӯҳҳои доимӣ ва кӯтоҳмуддат, шуъбаи модару кӯдак, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҷойҳои ёрирасон бо шароиту имкониятҳои васеъи хизматрасониву тавонбахшӣ ба кӯдакон фароҳам гардидааст.
  • Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    21 сент., 11:16

    Ифтитоҳи неругоҳи офтобии 250- мегават, 2 корхонаи азими маъдантозакунӣ ва як қатор иншооти дигар дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Истиқлол ва Гулистони вилояти Суғд #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #Sughd
    284видео921Открыть в Telegram
  • Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    21 сент., 08:16

    21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чинро мавриди истифода қарор доданд. Марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, ки дар он бо ҷалби 250 коргари маҳалливу хориҷӣ ва истифодаи технологияи насли нав 4 намуди маҳсулоти дорои арзиши баланд истеҳсол мешавад. Зимни боздид ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки консентрати сурбу нуқра, миси штейнӣ ва тилло ба ин корхонаи тозабунёд аз кони Зарнисор, ки ашёи хом дар он хеле фаровон аст, дастрасу коркард шуда, маҳсулоти тайёри он баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар ҳам содир мегардад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон
  • Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    21 сент., 08:14

    переслано из @emomalirahmontjk

    21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон оғози расмӣ бахшиданд.Қобили зикр аст, ки Комбинати маъдантозакунии Адрасмон аз ҷумлаи корхонаҳои дорои таърихи тӯлонӣ буда, дар масири фаъолият бо бузургтарин монеаҳо рӯ ба рӯ гаштааст. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда дубора ба фаъолият оғоз кардан ва дар ин корхонаи азими саноатӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуд. Дар заминаи ҳамин тадбирҳо бо мақсади барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи иқтидори истеҳсолӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025 созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди АСИМ оид ба барқарорсозӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии ҶСК Комбинати маъдантозакунии Адрасмон амалӣ
Скачать ряд в CSV
Бот обратной связи для своего канала — бесплатно

Подписчики пишут боту, вы отвечаете реплаем, ваш аккаунт скрыт. Создаётся в одно касание.

Как это работает →
Создать бота