Последние посты

Хирад
22 сент., 12:46
Агар воқеан мехоҳияш, барояш барнома тартиб деҳ. Агар воқеан мехоҳияш, барояш талош кун. Агар воқеан мехоҳияш, онро дар авлавият қарор деҳ. Агар воқеан мехоҳияш, рӯйи он тамаркуз кун. Агар воқеан мехоҳияш, ба он содиқ бош. Агар воқеан мехоҳияш, барои он аз худат бигзар. Агар воқеан мехоҳияш, ҳамон касе бош, ки рӯзе бароят орзу буд.


Хирад
22 сент., 05:46
Рӯзи Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ гиромӣ бод!Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон. Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар, Аз фироқи дӯстони пурҳунар.


Хирад
21 сент., 09:47
Мубориза бурдан, беҳтар аз пирӯз шудан аст.
Хирад
21 сент., 09:00
Саъй нокарда дар ин роҳ ба ҷое нарасӣ, Музд агар металабӣ, тоъати устод бибар! ✍️Ҳофизи Шерозӣ


Хирад
21 сент., 06:45
Имрӯз барои саҳифаи «Хирад» дар Инстаграм як рӯзи хотирмон аст: Мо 1️⃣0️⃣0️⃣0️⃣-умин пости худро нашр кардем. 1000 пост, ин садҳо соати заҳмат, ҷустуҷӯ, омӯзиш ва талош барои пешниҳоди маводи муфид дар роҳи рушди шахсӣ, дониш ва маънавиёт аст. Хушбахтона, 1000-умин пости мо аз ҷониби корманди «Хирад» Наргис Қурбонова пешниҳод гардид. Барои саҳм ва заҳматашон сипосгузорем. Аз ҳамаи шумо, хусусан ба онҳое, ки аз рӯзҳои аввал бо мо будед, моро мехонед, наворҳоро тамошо мекунед, фикру пешниҳод менависед ва маводи моро ба дигарон мерасонед, самимона ташаккур мегӯем. 1000 пост паси сар шуд, аммо роҳ идома дорад. Умедворем минбаъд низ ҳар рӯз наворҳо ва маводи боз ҳам хубтар, омӯзандатар ва арзишмандтар манзури шумо гардонем. Сипос, ки бо «Хирад» ҳастед! ❤️


Хирад
21 сент., 05:42
Замин гирд аст! Дар дунё қонуне вуҷуд дорад бо номи қонуни «Карма». Қонуни Карма яъне агар бизанӣ, рӯзе худат ҳам мехӯрӣ. Яъне агар бишканӣ, рӯзе худат ҳам мешиканӣ. Хулоса кунам бароят: қонуни Карма ҳамон зарбулмасали машҳур аст, ки мегӯяд: Аз ҳар даст диҳӣ, аз ҳамон даст пас мегирӣ. Он замоне, ки диле шикастӣ, он замоне, ки ашки касеро баровардӣ, он замоне, ки захме задӣ, Ба таъбири ин қонун: Хоҳӣ ё нахоҳӣ, дар зиндагии ту амалӣ мешавад... Карма яъне: замин сахт гирд аст.


Хирад
17 сент., 06:53
Зеботарин саҳифаҳои зиндагии инсон, баъзан баъди сахтиҳо навишта мешаванд!
Хирад
15 сент., 07:20
Ҳар инсон бояд дар зиндагӣ касеро дошта бошад, ки эҳсос кунад бо набудани ӯ дунёяш вайрон мешавад…Агар дар тӯли зиндагӣ чунин касеро пайдо накардӣ, бидон, ки аслан зиндагӣ накардаӣ, танҳо умратро беҳуда гузарондаӣ…✍️Валерий Снелников


Хирад
14 сент., 14:04
Вақте ки нафрат меварзед, ҳар як узви бадани худро ба фаъолияти манфӣ водор мекунед ва ҷазои онро дар шакли артроз, кашиши дарднок, илтиҳоби асабҳо ва ҳазорон бемории дигар мепардозед... Ҳамаи ин балоҳо аз он сабаб ба саратон меоянд, ки гумон мекунед ҷанг аз они шумост ва худ вориди набард мешаведу онро ба «бозуи дарози Худо» намесупоред. Агар инсон барои касе «бадбахтӣ» бихоҳад, бешак бадбахтӣ аввал ба суроғи худи ӯ хоҳад омад. Ва агар бихоҳад ба касе кумак кунад, то ба муваффақият бирасад, ҳамоно роҳи муваффақияти худро ҳамвор кардааст.


Хирад
14 сент., 04:34
«Оҳанги» зиндагиятро 🍃🌺 худат менавозӣ!…Ба зудӣ хоҳӣ фаҳмид: муҳим нест, ки чанд нафар меҳмони «мусиқии» зиндагият мешаванд…Муҳим он аст, ки тавре «бинавозӣ», ки то охир аз ин «мусиқӣ» лаззат бибарӣ…Рӯзи хубе дошта бошед ҳамраҳони азиз!


Хирад
13 сент., 10:14
Зиндагӣ нағмаи созест, ки дар дасти навозишгари мост...
Хирад
13 сент., 08:33
Баъзан як сухани дуруст метавонад тафаккури инсонро тағйир диҳад. Аммо беҳтарин андеша ҳам, агар ҷолибу фаҳмо пешниҳод нашавад, шунавандаи худро пайдо намекунад. Китоби «TED Talks: Сухан дунёро дигар мекунад» ба шумо меомӯзонад, ки чӣ гуна: 🌹бо боварӣ дар назди мардум сухан гӯед; 🌳 диққати шунавандаро аз лаҳзаҳои аввал ҷалб намоед; 🌱андешаи мураккабро сода ва таъсирбахш баён кунед; 🍃бо сухан ба қалбу тафаккури одамон роҳ ёбед. Ин китоб танҳо барои суханронони касбӣ нест. Он барои ҳар нафаре, ки мехоҳад дар ҷамъомад, дарс, кор, вохӯрӣ ё ҳатто суҳбати одӣ андешаи худро равшан ва боэътимод баён кунад, хеле муфид аст. Шояд сухани навбатии шумо зиндагии касеро тағйир диҳад. Аммо аввал бояд тарзи дуруст баён кардани онро омӯзед. «TED Talks», китобест барои онҳое, ки сухане барои гуфтан доранд. Китоби мазкурро бо забони тоҷикӣ ва русӣ аз «ХирадBooks» дастрас намоед. Бо Хирад бимонед, то



Хирад
13 сент., 07:54
Одатҳои хуб каме душвор ташаккул меёбанд, аммо дар ниҳоят зиндагиро осонтар мекунанд.Дар ҳоле ки одатҳои бад ба осонӣ пайдо мешаванд, вале зиндагиро душвортар месозанд.


Хирад
12 сент., 10:23
Ҳар китоб даре ба сӯйи ҷаҳони дониш аст. Имрӯз мутолиа кунед, то фардои худро бо маърифат, андешаи нав ва муваффақият бисозед! Дар «ХирадBooks» шумо метавонед беҳтарин китобҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас намоед. «ХирадBooks» ин макони вохӯрии шумо бо дониш аст. 📍Суроға: ш.Душанбе, н.Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ш. Шоҳтемур 71 дохили супермаркети Ёвар, рӯ ба рӯи театри “Лухтак”



Хирад
12 сент., 07:06
Имрӯз ҳар гоҳ хостед калимаи нохушояндеро ба забон оред, дар бораи касоне фикр кунед, ки қодир ба сухан гуфтан нестанд. Пеш аз он ки аз таъми ғизоятон шикоят кунед, дар бораи касе фикр кунед, ки умуман чизе барои хӯрдан надорад. Имрӯз пеш аз он ки аз зиндагиятон шикоят кунед, дар бораи касе фикр кунед, ки хеле барвақт аз дунё рафтааст. Пеш аз он ки аз фарзандонатон шикоят кунед, дар бораи касе фикр кунед, ки орзуи фарзанддор шудан дорад. Пеш аз нолидан аз масофае, ки маҷбуред бо мошин тай кунед, дар бораи касе фикр кунед, ки маҷбур аст ҳамон роҳро пиёда тай намояд. Ва пеш аз он ки аз коратон хаста шуда, шикоят кунед, дар бораи афроди бекору нотавон ва касоне фикр кунед, ки орзуи доштани кори шуморо доранд. Зиндагӣ неъмат аст бо шикояту нола онро ба коми худ ва атрофиёнатон талх накунед.


Хирад
11 сент., 08:28
ҲАФТ ДАРС АЗ МАВЛОНОДарси авал: Ишқро бе маърифат маъно макун, Зар надорӣ мушти худро во макун.Дарси дувум: Гар надорӣ дониши таркиби ранг, Байни гулҳо зишт, ё зебо макун.Дарси севум: Хуб дидан шарти инсон будан аст, Айбро дар ину он пайдо макун.Дарси чаҳорум: Дил шавад равшан зи шамъи эътироф, Бо кас ҳар бад кардаӣ ҳошо макун.Дарси панҷум: Эй, ки аз ларзидани дил огаҳӣ,


Хирад
11 сент., 05:00
15 сухани ҳикматомӯзи Амвросий Оптинский Сода зиндагӣ кун ва беҳуда нигарон нашав. Меҳрубонӣ арзишмандтарин сармояи инсон аст. Асири қазовати дигарон нашав. Ба ноумедӣ бовар накун. Барои ақидаҳо бо касе баҳсу ҷидол накун. Қаноатмандӣ оғози хушбахтист. Ҳар душворӣ фурсатест барои рушд. Агар муҳаббатро эҳсос намекунӣ, меҳрубонона рафтор кун. Дар дунё зиндагӣ кун, аммо вобастаи он нашав. Ёди Худо инсонро дар роҳи дуруст нигоҳ медорад. Меҳрубонӣ нигоҳи инсонро дигар мекунад. Ором зиндагӣ кун ва касеро наозор. Аз танқид сабақ бигир. Ростқавл ва дурусткор бош. Ба зиндагии дигарон дахолат накун ва хубиҳои онҳоро бубин.


Хирад
10 сент., 19:24
Дониш муайян мекунад, ки чӣ бигӯӣ. Маҳорат муайян мекунад, ки чӣ гуна бигӯӣ. Нигариш муайян мекунад, ки чӣ қадар бигӯӣ. Хирад муайян мекунад, ки оё бигӯӣ ё не.


Хирад
10 сент., 10:03
Талаби хайр чист? Талаби хайр яъне барои ҳар кас беҳтаринҳоро хостан. Аммо на ҳатман он чизҳоеро, ки худи мо дар зеҳн дорем, балки он чиро, ки Худованд ба хубии он огоҳии комил дорад. Вақте барои касе талаби хайр мекунед, дар асл аз Худо мехоҳед, ки беҳтаринро насиби ӯ гардонад. Ва Худованд онро барои ҳамон шахсе, ки шумо дар ҳаққаш дуо мекунед, ҷорӣ месозад. Ёд гиред, ки ҳатто барои одамони бади зиндагиятон низ талаби хайр кунед. Зеро талаби хайр ҳам бузургтарин дуост ва ҳам ба маъное, бузургтарин нафрин... Дуо буданаш равшан аст: шумо барои касе тамоми некиҳоро мехоҳед ва Худованд он некиро ҷорӣ мекунад. Аммо «нафрин» буданаш аз он ҷиҳат аст, ки шумо барои касе бадӣ ё шар намехоҳед. Баръакс, аз Худо мехоҳед, ки он чиро хайр аст, барои шахсе, ки роҳи бадиро пеш гирифтааст, насиб гардонад. Ва Худованд беҳтар медонад, ки чӣ гуна бо сабаби ҳамин дуои шумо ӯро ҳушдор диҳад, то аз он сабақ
Хирад
10 сент., 07:38
Қонуни 21 рӯз (Қонуни Малтз) Ба инсон тақрибан 21 рӯз лозим аст, то як одати навро дар худ шакл диҳад ё аз одати кӯҳна даст кашад. Агар шумо тавонед 21 рӯз бидуни чизе зиндагӣ кунед, эҳтимоли зиёд дигар ба он ниёз нахоҳед дошт.

