Последние посты

Вазорати энергетика ва захираҳои об
22 сент., 14:19
22-юми сентябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим баргузор гардид. Ҷаласаро Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти қонун дар танзими ҷашну маросим ва нақши он дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа суханронӣ кард. Сипас, Бурҳониддин Абдулазиззода муҳтавои қонун ва талаботи асосии онро шарҳу тавзеҳ дода, ба тартиби баргузории ҷашну маросимҳо, риояи меъёрҳои муқарраргардида ва ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд. Зимни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас дода шуд. ✅@mewrtj
Вазорати энергетика ва захираҳои об
21 сент., 09:12
Гузориш аз маросими баистифодадиҳии неругоҳи барқи офтобии «Ашт»21-уми сентябри соли 2026✅@mewrtj
Вазорати энергетика ва захираҳои об
21 сент., 05:17
переслано из @emomalirahmontjk
21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор доданд. Сохтмони неругоҳи фотоэлектрикии Ашт бо иқтидори 250 МВт моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Аён энерҷӣ оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ пурра сохта ба истифода дода шуд. Неругоҳи мазкур дар масоҳати 793 гектар бунёд гардида, иқтидори пурраи он 250 мегаваттро ташкил медиҳад. Бунёди чунин иншооти бузурги энергетикӣ дар ноҳияи Ашт аз иқдомҳои муҳимми марбут ба рушди соҳаи энергетика ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба ҳисоб меравад. Дар шароити муосир истифодаи имкониятҳои табиӣ, аз ҷумла неруи офтоб, яке аз самтҳои муҳими рушди энергетика ба шумор меравад. Тоҷикистон дорои имкониятҳои фаровони истифодаи энергияи офтобӣ буда, татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикӣ барои
Вазорати энергетика ва захираҳои об
18 сент., 15:22
18-уми сентябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбарияти ширкати «TTGP» мулоқот анҷом дод.Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон – Хитой, қисмати Д»-ро баррасӣ намуданд.Дар меҳвари суҳбат масъалаҳои ҷойдошта дар доираи лоиҳаи мазкур, раванди корҳои марбут ба татбиқи он, инчунин роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолияти ҷонибҳо қарор гирифт.✅@mewrtj
Вазорати энергетика ва захираҳои об
18 сент., 13:12
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ: ОМОДАСОЗИИ ИНШООТҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ДАР НОҲИЯИ МУРҒОБДар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб бо мақсади таъмини устувори сокинон бо неруи барқ дар фасли сармо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.Айни замон дар Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» (1,5 МВт) корҳои таъмирӣ оғоз гардида, ҷиҳати омодасозии иншооти энергетикӣ ба фаъолияти самаранок дар давраи сармо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд.Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ манбаъҳои тавлиди неруи барқи ноҳияи Мурғоб — Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон», 28 неругоҳи офтобӣ ва як неругоҳи бодӣ, дар маҷмуъ, беш аз 3,2 миллион кВт·соат неруи барқ истеҳсол намудаанд.✅@mewrtj
Вазорати энергетика ва захираҳои об
18 сент., 01:37
Хроникаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар як навор✅@mewrtj
Вазорати энергетика ва захираҳои об
17 сент., 04:26
переслано из @emomalirahmontjk
17 сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд.Дар оғози мулоқот бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардонда шуданд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд. “Ман ин тасмимро боз як таъкиди алоқамандии ду кишвар ба рушду густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамчунин, арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангии миллатҳои куҳантаърихи мо медонам”, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 17 сентября в рамках официального визита в Республику Корея Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон посетил Корейский университет, где провёл
Вазорати энергетика ва захираҳои об
16 сент., 14:28
Дастхати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон✅@mewrtj
Вазорати энергетика ва захираҳои об
16 сент., 11:03
16-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Корея, сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ин кишварҳо иштирок доштанд.Зимни суханронӣ дар кори ҳамоиш Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ин чорабинӣ барои муайян кардани роҳҳои татбиқи ҳадафҳои нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” заминаи мусоид фароҳам месозад.✅@mewrtj
Вазорати энергетика ва захираҳои об
16 сент., 07:15изменён
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ: ҚАДАМИ НАВ БАРОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА 🇹🇯🇰🇷16-уми сентябр дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи энергетикии Корея (KEPCO) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд. Мақсади асосии Ёддошти тафоҳум таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, баргузории машваратҳо, табодули маълумот, омӯзиши имкониятҳои ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва баррасии имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахши энергетика мебошад. Дар доираи ҳуҷҷати мазкур ҷонибҳо ҳамкориро дар як қатор самтҳои муҳими энергетика ба роҳ мемонад. Аз ҷумла, масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи ҳисобкунии неруи барқ (AMI), низомҳои пешрафтаи идоракунии шабакаҳои тақсимоти барқ (ADMS) ва низомҳои иттилоотии
Вазорати энергетика ва захираҳои об
16 сент., 06:49
16-уми сентябр дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар нишаст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Корея ва сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Зимни суханронӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея, барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.Таъкид шуд, ки вусъатёбии ҳамкории мо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯза аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст.✅@mewrtj
