Последние посты

Маърифат Тҷ
11 сент., 09:55изменён
Аллоҳ таоло нисбат ба кумак ва ёри одани мӯъминони ҳақиқи фармудааст:قال تعالى: ﴿وَكَانَ حَقًّا عَلَيْنَا نَصْرُ الْمُؤْمِنِينَ﴾ [الروم: 47]. «нусрат ва ёрӣ додани мӯъминон бар души Мо лозим аст».Фоида: Ин оят ба мо меомӯзонад, ки ваъдаи Аллоҳ таъоло дар бораи ёрӣ додани мӯъминон ҳақ аст. Аммо бояд донист, ки ин ёрӣ барои имони ҳақиқӣ, тақво, сабр ва амал кардан ба фармонҳои Аллоҳ аст, на танҳо барои даъвои мусулмонӣ.Аз ин рӯ, дар ҳолати имрӯзаи мусулмонон, ба ҷойи ноумед шудан аз заъфу парокандагӣ, бояд пеш аз ҳама ба ислоҳи имон, ахлоқ, амалҳо ва ваҳдат бар асоси ҳақ баргардем.Вақте бандагони Аллоҳ вазифаи худро анҷом медиҳанд, бояд ба ваъдаи Аллоҳ умедвор бошанд:﴿وَكَانَ حَقًّا عَلَيْنَا نَصْرُ الْمُؤْمِنِينَ﴾ «нусрат ва ёрӣ додани мӯъминон бар души Мо лозим аст.»⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️ https://t.me/Nasihat_va_tarbiyat
Маърифат Тҷ
9 сент., 14:23
https://www.instagram.com/reel/DdEQPVeMLRa/?stkn=MXJiMmZwbzA0OGpsYQ==
Маърифат Тҷ
6 сент., 15:17
https://www.instagram.com/reel/Dc8pcWGMeKO/?stkn=MTBtMnJnM2NiaGxtaw==
Маърифат Тҷ
17 июл., 07:30
https://youtu.be/uietKQ6vFz8?si=WGRwRZxL70QDKVTNYouTubeДаъватгарони воқеъӣ ҳамеша бо сиёсатҳои ғайри шаръӣ дар набард буданд.Enjoy the videos and music you love, upload original content, and share it all with friends, family, and the world on YouTube.
Маърифат Тҷ
17 июл., 07:20изменён
Асари даҳшатнок…Ва танҳо аз Аллоҳ ёрӣ мехоҳем.Саид ибни Ҷубайр (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст:«Дар рӯзи қиёмат бандаро меоранд ва номаи аъмолашро ба ӯ медиҳанд. Аммо ӯ на намозҳояшро дар он мебинад, на рӯзаҳояшро ва на дигар амалҳои некашро.Пас мегӯяд: «Эй Парвардигори ман! Ин номаи аъмоли ман нест. Ман корҳои нек доштам, вале дар ин нома нестанд.»Ба ӯ гуфта мешавад:«Парвардигорат на хато мекунад ва на фаромӯш. Амалҳои некат ба сабаби ғайбат кардани мардум аз байн рафтаанд.»📚 Манбаъ: Баҳру-д-думуъ – аз ибни Ҷавзӣ.
Маърифат Тҷ
16 июл., 09:44
https://www.instagram.com/reel/Da2GGRyM0Cl/?igsh=MXZpM3VubzQzZnk3eQ==
Маърифат Тҷ
12 июл., 14:05изменён
чунонки Тоус раҳимаҳуллоҳ гуфтааст:«Чӣ нек ибодатгоҳест хонаи инсон; дар он ҷо чашм ва забони худро нигоҳ медорад.» Ё ин хилват дар ҷои дигаре ғайр аз хона бошад.✅ Пас, интихоби омехташавӣ бо мардум ба таври мутлақ хато аст ва интихоби гӯшанишинӣ ва танҳоӣ ба таври мутлақ низ хато аст.Яъне, Ислом роҳи миёнаро интихоб кардааст: ҳар ҷо ки омехташавӣ бо мардум сабаби некӣ, тақво ва афзоиши имон бошад, инсон бояд бо мардум бошад; ва ҳар ҷо ки хилват барои ибодат, худсозӣ ва ислоҳи қалб лозим бошад, бояд барои он вақт ҷудо кунад.⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️ https://t.me/Nasihat_va_tarbiyat
Маърифат Тҷ
12 июл., 14:04изменён
🌱 Омехташавӣ бо мардум🔴 Шайхулислом Ибни Таймия раҳимаҳуллоҳ фармудааст:«Омехташавӣ бо мардум, агар дар он ҳамкорӣ бар некӣ ва тақво бошад, пас он амрест, ки шариат ба он фармон додааст. Ва агар дар он ҳамкорӣ бар гуноҳ ва таҷовуз бошад, пас аз он манъ шудааст.Аз ин рӯ, ҳамнишинӣ ва ҷамъ шудан бо мусулмонон дар ибодатҳои ҷамъиятӣ, монанди намозҳои панҷвақта, намози ҷумъа, намозҳои ид, намози кусуф ва намози истисқо ва монанди инҳо, ҳамон чизест, ки Худованд ва Расулаш ба он фармон додаанд.Ҳамчунин ҳар маҷлисе, ки боиси зиёд шудани имони банда гардад, хоҳ худи ӯ аз он баҳра барад ва хоҳ дигарон аз ӯ манфиат гиранд ва монанди инҳо, аз корҳои писандида аст.Бо вуҷуди ин, банда ҳатман ба вақтҳое ниёз дорад, ки бо худ танҳо бошад; барои дуо, зикри Худо, намоз, тафаккур, муҳосибаи нафс ва ислоҳи қалб, инчунин барои анҷом додани корҳое, ки махсуси худи ӯст ва дигарон дар он шарик
Маърифат Тҷ
5 июл., 14:54изменён
Имом Мовардӣ дар шарҳи ин қисса мегӯяд: «Бингар, ки чӣ гуна ӯ ба сабаби караму бузургвории худ, рафтори онҳоро чунин тафсир кард, то ҷое ки кори зишти онҳоро нек шумурд ва он чиро, ки дар зоҳир бевафоӣ менамуд, вафодорӣ донист. Ба Худо қасам, ин далолат мекунад, ки саломатии дил ва покии сина оромиши инсон дар дунё ва ғанимате барои охират аст. Ин ҳамчунин аз сабабҳои дохил шудан ба биҳишт мебошад.» Чунонки Худованди мутаол мефармояд: ﴿وَنَزَعْنَا مَا فِي صُدُورِهِم مِّنْ غِلٍّ إِخْوَانًا عَلَىٰ سُرُرٍ مُّتَقَابِلِينَ﴾ «Ва ҳар гуна кинаву адоватро аз дилҳои онҳо бармедорем, дар ҳоле ки ҳамчун бародарон бар тахтҳо рӯ ба рӯи якдигар нишастаанд.»(Сураи Ҳиҷр, ояти 47)⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️ https://t.me/Nasihat_va_tarbiyat
Маърифат Тҷ
5 июл., 14:50изменён
Қиссаи зебое дар бораи покии ният ва саломатии дил.Талҳа ибни Абдурраҳмон ибни Авф дар замони худ саховатмандтарин марди Қурайш буд. Рӯзе ҳамсараш ба ӯ гуфт: «Ман мардумеро аз дӯстони ту бахилтару носипостар надидаам!»Ӯ пурсид: «Чаро чунин мегӯӣ?» Гуфт: «Мебинам, ҳар гоҳ сарватманду доро ҳастӣ, гирди ту ҷамъ мешаванд, аммо вақте тангдаст мешавӣ, туро тарк мекунанд!»Талҳа ҷавоб дод: «Ба Худо қасам, ин аз бузургвории ахлоқи онҳост! Онҳо замоне назди мо меоянд, ки тавони меҳмондорӣ ва некӣ кардан ба онҳоро дорем, ва вақте дигар аз адои ҳаққи онҳо нотавон мешавем, моро тарк мекунанд, то бар дӯши мо бори гароне нагарданд.» 👇👇👇
Маърифат Тҷ
29 июн., 06:02изменён
Бо Аллоҳ таоло будан.«Хулосаи маърифат ба Аллоҳ таоло ин аст, ки бандаро аз ҳар он чи ғайри Аллоҳ, аз лиҳози унс, муҳаббат ва дилбастагӣ, бениёз мегардонад.Пас, аз сардӣ ва бемеҳрии мардум эҳсоси танҳоӣ ва ваҳшат намекунад, аз рӯй овардану таваҷҷуҳи онҳо дилгарм намешавад, барои чизе, ки аз даст рафтааст, андӯҳгин намегардад ва ба он чи дар ихтиёр дорад, дилбаставу машғул намешавад; зеро дили ӯ бо Аллоҳ таоло аз ҳар касу ҳар чизи дигар бениёзу сероб гардидааст.»⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️ https://t.me/Nasihat_va_tarbiyat
Маърифат Тҷ
7 июн., 13:30изменён
« ومصيبة تُقبلُ بها على الله،خيرٌ لكَ من نعمةٍ تُنسيك ذكر الله ».«Ранҷу мусибате, ки туро ба Худованд наздик созад, аз осоишу неъмате, ки туро аз ёди Худо ғофил гардонад, беҳтар аст.»Мақсади ин сухан он аст, ки арзиши ҳақиқии неъмат ва мусибат ба таъсири онҳо БАР РОБИТАИ ИНСОН БО ХУДОВАНД вобаста аст.Гоҳе як сахтӣ сабаби тавба, дуо ва наздик шудани банда ба Худо мегардад, ва гоҳе як неъмат боиси ғофилӣ, такаббур ва дур шудани инсон аз Парвардигор мешавад.Пас, ҳар чизе ки инсонро ба Худованд наздиктар гардонад ва имонашро қавитар созад, барои ӯ хайри воқеӣ мебошад, ҳатто агар дар зоҳир мушкилӣ ва ранҷ бошад.⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️ https://t.me/Nasihat_va_tarbiyat
Маърифат Тҷ
7 июн., 12:44
ин ҳадисро бояд бидонем ва бишнавем!!! https://youtube.com/shorts/bpkdlx37My4?is=7W20XMVwkthRn5UbYouTubeин ҳадисро бояд бидонем ва бишнавем!!!Enjoy the videos and music you love, upload original content, and share it all with friends, family, and the world on YouTube.
Маърифат Тҷ
2 июн., 14:28
https://www.instagram.com/reel/DZFWq9Qs28u/?igsh=dHNkb3RvYjVwbnBk
Маърифат Тҷ
5 мая, 12:55
пайравони воқеъи Ислом. https://youtube.com/shorts/aHHrBCT5Vn4?si=_F8tSlpXCQYeDZz3YouTubeпайравони воқеъи Ислом.Enjoy the videos and music you love, upload original content, and share it all with friends, family, and the world on YouTube.
Маърифат Тҷ
4 мая, 13:34изменён
﴿ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ ﴾ Парвардигори ту ба занбӯри асал илҳом дод, ки аз кӯҳҳову дарахтон ва дар биноҳое, ки месозанд, хонаҳое интихоб кун.Худо метавонист занбӯрро мисли магас қарор диҳад, ки хонаҳои моро макони зисти худ кунад… он гоҳ мо аз он ранҷ мекашидем ва он ҳам аз мо!Аммо Худованди Ҳаким – Субҳонаҳу ва Таъоло – вақте онро манбаи шифо гардонд, онро аз он ки сабаби ранҷу азоб бошад, дур сохт… ва неъматашро бештару зарарашро кам қарор дод.Ҳамчунин мӯъмин чунин аст: Вақте Худо ӯро василаи хайр қарор медиҳад, шоиста нест, ки сабаби бадбахтӣ гардад.Ӯ худро аз озор дур медорад, аз ҷойҳои фасод канора мегирад, ва асари худро поку соф нигоҳ медорад… ҳамон гуна ки асал нигоҳ дошта мешавад.Пас он чи манбаи шифост…
Маърифат Тҷ
25 апр., 12:57изменён
тааммулоти_қуръонӣ. дарсҳо_аз_сураи_Каҳф.Он чи дар қиссаи асҳоби Каҳф бароям писанд аст, ин аст, ки онҳо дар ҳамаи ҳолатҳо мисли як дил буданд. Якҷо ҳиҷрат карданд ва якҷо ба ғор паноҳ бурданд, якҷо хобиданд ва якҷо бедор шуданд, ва пас аз бедорӣ ҳам бар қадами баъдӣ якҷо мувофиқа карданд. Сипас якҷо аз дунё рафтанд ва қабрҳояшон паҳлуи ҳам қарор гирифт, чунон ки рӯҳҳояшон бо ҳам унс гирифта буд. Ман аз ин ки Қуръон дар зикри шумораи онҳо гузаштааст, чунин эҳсос мекунам, ки адад ҳеҷ арзише надорад — кам бошад ё зиёд — агар рӯҳҳо соф гарданд ва дилҳо бо ҳам улфат гиранд ва ҳама як чиз шаванд. Шумораи онҳо муҳим нест; онҳо мисли як «воҳиди комил» ҳастанд, ки дар он «ман» гум мешавад ва худбинӣ нопадид мегардад. Замири муфрад ғоиб мешавад ва «вови ҷамоаи бузург» ҳозир мегардад, вақте ки аъмоли хайр ва салоҳ зебо мегардад. Шояд бо ман лаззат барӣ, ҳангоме ки ҳаракати замирҳои ҷамъро дар
Маърифат Тҷ
25 апр., 12:56изменён
тааммулоти_қуръонӣ. дарсҳо_аз_сураи_Каҳф.
Маърифат Тҷ
24 апр., 00:49изменён
✍ Паёмбари Худо ﷺ мефармоянд: «Дар шабу рӯзи ҷумъа бар ман бисёр салавот фиристед, зеро салавотҳои шумо бар ман пешниҳод карда мешаванд.»✍ Ҳам худи мо салавот фиристем ва ҳам василае шавем, то дигарон низ салавот фиристанд, Аллоҳумма салли ва саллим ъало набиййино Муҳаммад ﷺ.⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️⬇️ https://t.me/Nasihat_va_tarbiyat
Маърифат Тҷ
23 апр., 00:23
وطنپرستی در ترازوی اسلام.pdf
Подписчики пишут боту, вы отвечаете реплаем, ваш аккаунт скрыт. Создаётся в одно касание.
Как это работает →