Последние посты

nur_ilm_ast
22 сент., 07:43изменён
https://t.me/Toriqun_Najah1/s/2🌿
nur_ilm_ast
22 сент., 07:16
ДАР МАРҲИЛАИ АВВАЛ ХУДРО ОЛИМ МЕПИНДОРЕД, АММО ДАР ОХИР..📚 Аз Имом Шофеӣ нақл шудааст: Илм аз чор марҳила иборат аст:🔠Дар марҳилаи аввал, инсон гумон мекунад, ки мисли ӯ дигар касе нест ва худро донотарин инсони дунё мепиндорад.🔠Вақте ба марҳилаи дуюм мегузарад, инсон дар роҳи илм дарк мекунад, ки чизҳои нодонистааш аз чизҳои донистааш бештар аст. Дар ин вақт ба чунин хулоса меояд:«Ман ҳама чизро намедонам».🔠 Вақте ба марҳилаи сеюм мерасад, пас аз ба даст овардани дониши бештар мефаҳмад, ки он чи омӯхтааст, дар муқоиса бо он чи ҳанӯз намедонад, бисёр кам аст. Беандоза будани илму дониш дар пеши чашмонаш равшантар мегардад.🔠Аммо дар марҳилаи чорум, инсон васеъӣ ва беинтиҳо будани илмро дарк карда, худро
nur_ilm_ast
22 сент., 04:26
переслано из @toriqun_najah1
قلب واحد جميل خير من ألف وجه جميل.Як дили зебо аз ҳазор чеҳраи зебо беҳтар аст
nur_ilm_ast
21 сент., 11:02

nur_ilm_ast
21 сент., 06:30
➖➖➖➖➖➖➖➖➖➖➖➖➖➖Аз нишонаҳои сарнагунӣ ва бозгашт ба ҳолати пешинаи бад:(Яъне инсон баъд аз имон, ибодат ва некӣ тадриҷан суст шуда, аз роҳи дуруст дур шуда ва боз ба ғафлат ва гуноҳ баргардад).1. Азонро бишунавӣ, вале ҷавоб надиҳӣ.(Яъне азонро мешунавӣ, аммо ба он аҳамият намедиҳӣ ва барои намоз омодагӣ намегирӣ).2. Намози бомдод аз дастат равад, вале парво накунӣ.(Яъне намози субҳ аз дастат меравад, масалан, хоб мемонӣ, вале дар дилат пушаймонӣ ва ғам эҳсос намекунӣ).3. Қуръонро тарк кунӣ, вале натарсӣ.(Яъне хондани Қуръонро кам ё тамоман тарк мекунӣ, вале аз дур шуданат аз Қуръон ва заиф шудани робитаат бо он нигарон намешавӣ).4. Хайр аз ту боздошта шавад, вале аҳамият надиҳӣ.
nur_ilm_ast
18 сент., 15:17изменён
💎Як имом чунин қисса нақл кард:«Дар шаҳри Риёз як зан назди масҷид гадоӣ мекард, аммо ҳеҷ кас ба ӯ чизе намедод. Имом ба назди ӯ рафта, пурсид: — Чаро ба чунин ҳол расидаӣ ва гадоӣ мекунӣ? Зан гуфт: — Ман дар хона шаш фарзанд дорам. Худам кор намекунам. Шавҳарам вафот кардааст. Ҳамаи ҳамсояҳоям ҳам камбағаланд, аз ин рӯ наметавонам аз онҳо чизе талаб кунам. Ман тамоми ҳафта кӯшиш мекунам фарзандонамро нигоҳубин кунам. Танҳо рӯзи ҷумъа аз хона мебароям ва гадоӣ мекунам, то барои фарзандонам хӯрок пайдо кунам. Дигар кори дигаре надорам. Имом ба ӯ гуфт: — Ба хонаат баргард ва истиғфорро зиёд кун. Бисёр бигӯ:«Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ»(Ҳеҷ тавону қудрате ҷуз ба ёрии Аллоҳ нест.) Зан чизе нагуфта, ба хонааш баргашт. Пас аз як ҳафта, рӯзи ҷумъа, имом ба назди масҷид нигарист, аммо он занро надид. Ҳафтаи дигар ҳам ӯро надид. Се ҳафта гузашт,
nur_ilm_ast
18 сент., 14:39
переслано из @z_i_k_r_h_o
Давом.....🤲🥹Гуноҳҳои дониста надонистаи моро Бубахш! Тавба мекунем, аз он рузҳои бенамозиямон, тавба мекунем, аз он рузҳое, ки бе ёди Ту умрамонро сипарӣ кардем. Тавба мекунем, аз ғуруру худписандиямон. Тавба мекунем, аз беодобиҳое, ки нисбати Ту ва исломи азизамон дошта будем. 🤲 Парвардигоро! бе Ту ва ҳидояти Ту мо касе нестам. 🤲 Парвардигоро! Ту бениёз ҳастӣ! Ин мо ниёзманди Ту ҳастем. 🤲 Дуо мекунем, ки онҳоеро, ки ҳидоят Кардиву барояшон ҳифзи Қуръонро осон Кардӣ, амалхояшонро солеҳ гардонид. 🤲
nur_ilm_ast
18 сент., 14:39
переслано из @z_i_k_r_h_o
Биёед соати иҷобати дуъоро аз даст надиҳем азизон 🤲Парвардигоро! Қалби хастаи моро баракат бидеҳ ва покаш бигардон то, ки каломи Худат, ибодатхои Худатро холисонаю ошиқона анҷом диҳем. 🤲 Парвардигоро! Ибодати дуо карданро бароямон тавфиқ бидеҳ то, ки дуоҳоямон самимона аз қалбамон садо диҳанд. 🤲 Парвардигоро! Дар нимаи шаб моро садо бикун то он, ки дар баробари бузургиат эҳтиромона бихезему аз худамон шикоятҳо карда, ба Ту арзу сипос дошта бошем. 🤲 Парвардигоро! Моро ҳидояту ҳифз бикун то, ки қиссаи дарду ранҷи касеро фаромуш кунему, худамон ба касе зулму ситам надошта бошем. 🤲 Парвардигоро! имрузи моро зебо бо зикру ёди Худат бигардон! Оқибати корамонро ба хайру шоди Намо. Субҳи зебои моро бо зикру субҳу, шоми зебои моро бо зикри шом сипарӣ бигардон. 🤲 Давом дорад.....🤲🥹
nur_ilm_ast
18 сент., 14:39
переслано из @z_i_k_r_h_o
Соате, ки дар он дуо ҳатман иҷобат мешавад!
nur_ilm_ast
17 сент., 20:15
Некӣ 📜Пеш аз он ки аз ин дунё биравӣ, кӯшиш кун чизҳоеро бо худ бигирӣ, ки дар охират ба корат меоянд: амали солеҳ, қалби поку солим, садақаи пинҳонӣ, сухани нек ва осори зебое, ки дар зиндагии дигарон боқӣ мегузорӣ. Зеро вақте аз ин дунё меравӣ, он чизе, ки аз ту боқӣ мемонад, молу дороии ҷамъкардаат нест. Балки он чизест, ки барои охират пеш фиристодаӣ ва некие, ки дар дилҳои инсонҳое, ки дар зиндагӣ бо онҳо вохӯрдаӣ, ба ёдгор гузоштаӣ. Пас, пеш аз рафтанат аз ин дунё, дар он некӣ ба ҷо гузор, то баъд аз рафтани ту ҳам номи некат боқӣ бимонад. — Ҳофиз Умар Ҳофиз
nur_ilm_ast
16 сент., 08:03
переслано из @toriqun_najah1
الحمد اللهالحمدالله دائما و أبدأ🌿
nur_ilm_ast
13 сент., 20:04

nur_ilm_ast
11 сент., 14:39
переслано из @z_i_k_r_h_o
Қисмати дуввумБор Илоҳо, эй Паноҳгоҳи бенавоён ва эй Ёвари мазлумон!Мо боз бо дили шикста ва чашмони ашкбор ба даргоҳи бениёзи Ту рӯ меорем. Имрӯз дар гӯшае аз ин ҷаҳон бародарон ва хоҳарони мо, инсонҳои бегуноҳ дар зиндонҳо ва асирӣ бо ранҷу дарду танҳоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.Парвардигоро!• Ту Меҳрубонтарини меҳрубонон ҳастӣ ва ҳеҷ оҳе аз дили мазлум аз назди Ту пинҳон намемонад. Дарҳои раҳмати Ту ҳамеша боз аст, пас дарҳои зиндонҳо ва асириро ба рӯи ин бандагони муштоқи озодӣ боз кун.• Дасти мададгори Худро ба сӯи онҳо дароз кун, тарс ва ғамро аз дилҳои онҳо бибар ва ба ҷояш сукуну оромиш ва умед бирез.• Барои онҳое, ки дар зулмот ва танҳоианд, Нур ва роҳнамо бош. Агар модаре дар фироқи фарзанди асираш шабҳо бедор аст, агар ҳамсаре дар интизори шавҳари ғибнаки худ месӯзад, ва агар фарзанде бо ёди падари мазлумаш хоб меравад — Илоҳо, ба ҳаққи ин ашкҳо ва оҳҳо, онҳоро бо ҳам
nur_ilm_ast
11 сент., 14:39
переслано из @z_i_k_r_h_o
Бор Илоҳо, эй Парвардигори меҳрубон ва эй Мушкилкушои бечорагон!Эй Аллоҳе, ки ҳеҷ дард бе даво ва ҳеҷ банд бе озодӣ дар назди Қудрати Ту намемонад. Мо имрӯз бо дили пур аз дард ва бо дастони ниёз ба сӯи Ту муроҷиат мекунем ва барои ҳамаи асирону мазлумоне, ки дар банду занҷир ва зери зулм қарор доранд, аз Ту наҷоту кушоиш металабем.Эй Парвардигоро!• Ҳамаи асирони мазлумро аз банду занҷир ва тангнои асирӣ ҳарчӣ зудтар озод фармо.• Ба дилҳои онҳо сабру матонат ва ба ҷисмашон қуввату саломатӣ ато кун, то дар баробари ин санҷиши сангин устувор бимонад.• Онҳоро аз шиканҷа, азият, хорӣ ва зулми ситамгарон дар паноҳи исмати Худат ҳифз намо.• Илоҳо, онҳоро сиҳату саломат ва бо сарбаландӣ ба оғӯши хонаводаҳояшон, ба пеши модарони ашколуд, ҳамсарони заҷркашида ва фарзандони чашм ба роҳашон баргардон.Илоҳо!Ту Қодири Мутлақ ҳастӣ. Зулми ситамгаронро бар сари худашон афгун ва
nur_ilm_ast
11 сент., 14:39
переслано из @z_i_k_r_h_o
Бор Илоҳо маро ба ҳамон дуъое расон ки дилам ҳар шаб онро такрор мекунад 🥹🥺
nur_ilm_ast
11 сент., 08:56
переслано из @toriqun_najah1
Ҷумъа меояд, то ба дилҳои хаста бигӯяд: Ҳанӯз дарҳои раҳмати Аллоҳ бозанд… Ҳанӯз дуоҳое ҳастанд, ки метавонанд тақдирро ба хайр зебо кунанд… Ва ҳанӯз Парвардигоре ҳаст, ки аз ҳар дарди пинҳонии дилат огоҳ аст.Ҷумъа — рӯзи ором гирифтани дил дар паноҳи Аллоҳ аст; рӯзе, ки бо як салавот забонат нур мегирад, бо як истиғфор дилат сабук мешавад ва бо як дуои самимӣ умедат дубора зинда мегардад.Шояд имрӯз ҷавоби дуое бошад, ки кайҳо боз дар дилат нигоҳ доштаӣ… Шояд Аллоҳ барои ту чизе омода кардааст, ки аз он чи мехостӣ ҳам зеботар аст. Пас дар рӯзи ҷумъа бештар дуо кун ва ба раҳмати Ӯ умед банд.Ҷумъа ба мо меомӯзонад: он чи аз даст рафт — шояд ҳикмат дошт, он чи дер шуд — шояд вақти беҳтар дорад, ва он чи насиби ту бошад — ҳеҷ гоҳ аз ту нахоҳад гузашт. Танҳо ба Аллоҳ таваккал кун
nur_ilm_ast
9 сент., 18:31
переслано из @toriqun_najah1
هر که در شب با پروردگارش خلوت کند، خداوند در طول روز او را ناامید نمی کند...🥹
nur_ilm_ast
8 сент., 16:30
переслано из @toriqun_najah1
بهشت با سختی ها و دشواری ها آمیخته هست و دوزخ با شهوات. . . بنابراین انسان با ایمان ، نیازمند صبر و مقاومت در برابر تمایلات و هواهای نفسانی هست تا بتواند از آتش دوزخ نجات پیدا کند!!
nur_ilm_ast
8 сент., 05:04
переслано из @toriqun_najah1
نکند گوشی مارا از قرآن غافل کند 😔....https://t.me/Toriqun_Najah1
nur_ilm_ast
7 сент., 19:38
Шумо орзу доред, ки дар кадом ҳолат вафот кунед? Дар ҳоле ки рӯза доред? Ё дар ҳоле ки Қуръон тиловат мекунед? Ё дар ҳолати саҷда? Ё…? Дар бораи он ҳолати охирине, ки орзу доред дар он вафот кунед, тафаккур намоед ва барои расидан ба ин орзу бо ғайрати муносиб зиндагӣ кунед. Аз Аллоҳ бихоҳед, ки чунин хотимаи зеборо насибатон гардонад. Зеро касе, ки орзу дорад ҳангоми хондани Қуръон вафот кунад, муносиб нест, ки аз ҷумлаи онҳое бошад, ки Қуръонро дар як сол танҳо ду маротиба мекушоянд. Ҳақиқатан, инсон бар ҳар чизе, ки зиндагӣ мекунад, бар ҳамон чиз низ вафот мекунад. Эй Аллоҳ! Ба мо ҳусни хотима — анҷоми некро насиб гардон ва ҷонамонро дар ҳолате бигир, ки аз мо розӣ бошӣ!
