gram news
Аватар канала Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

@officialntc

Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/o

ПроектыTGПолитика

6,218подписчиков

Открыть канал

Последние посты

  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    18 сент., 12:38

    ЭЪЛОН: ТАҒЙИРОТ ДАР МУҲЛАТҲОИ ДАВРИ СЕЮМИ ИМД 2026Душанбе, 18-уми сентябри соли 2026Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 29-уми август то 15-уми сентябри соли 2026) сабти ном кардаанд, мерасонад, ки бинобар тамдид шудани ин давраи бақайдгирӣ, муҳлати марҳалаҳои дигари ИМД 2026 низ тағйир ёфтанд. Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, барои даври сеюми ИМД 2026 муҳлатҳо ба таври зерин муқаррар карда шуданд: дастрас кардани даъватномаҳо – аз 22-юм то 23-юми сентябр; имтиҳонҳо – қисмҳои В ва Г – аз 23-юм то 25-уми сентябр; имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б – 27-уми сентябр; эълони натиҷаҳо – 2-юми октябр; пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ оид ба холҳои гузошташуда – аз 2-юм то 3-юми октябр; эълони натиҷаҳои тақсимоти асосӣ – 4-уми октябр. Ҳозиршавии довталабони дар тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ аз 4-ум то
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    18 сент., 12:38

  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    13 сент., 15:23

    ДАВРАИ СЕЮМИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2026 ТАМДИД КАРДА ШУДДушанбе, 13-уми сентябри соли 2026Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бинобар зиёд будани шумораи хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ муҳлати давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) 2026 то 15-уми сентябр тамдид карда шуд. Реҷаи кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз соати 08:00 то 17:00 муқаррар карда шуда, рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар зер оварда шудааст. Хотиррасон мекунем, ки барои бақайдгирии давраи сеюми ИМД дар баъзе аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷойҳои иловагии холӣ эълон карда шуд, ки рӯйхатошон дар сомонаи Марказ
    www.ntc.tjЭЪЛОНИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ ИЛОВАШУДА БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВРАИ 3-ЮМИ ИМДМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    11 сент., 13:25изменён

    ТАВАҶҶУҲ!!!ДАВРАИ СЕЮМИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2026 ТАМДИД КАРДА ШУДДушанбе, 11-уми сентябри соли 2026Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳишахсони хоҳишманди дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олиикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 мерасонад, ки муҳлати давраи сеюмибақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бамуассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД)2026 ду рӯз, яъне то 13-уми сентябр тамдид карда шуд.Реҷаи кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз соати 08:00 то 17:00 муқаррар карда шуда, рӯйхатинуқтаҳои бақайдгирӣ дар зер оварда шудааст.Маълумоти муфасссалро дар бораи масъалаҳои марбут ба давраи сеюми бақайдгирии довталабонбарои иштирок дар ИМД 2026 аз сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/)ва тавассути телифонҳои 224-53-68 ва 224-53-73 пайдо
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    25 авг., 11:39

    Муҳтарам Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ! Шуморо ба муносибати сарфароз гардиданатон бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона ва аз таҳти дил табрику таҳният мегӯем. Ин мукофоти пуршараф эътирофи шоистаи заҳматҳои содиқона, донишу таҷрибаи ғанӣ ва саҳми арзандаи Шумо дар рушду пешрафти соҳаи маориф, аз ҷумла шаффофият ва мукаммалгардонии фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба Шумо тансиҳатӣ, амонӣ, беҳбудии рӯзгор ва дар фаъолияти масъулиятноку созандаатон ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон зафарҳои нав ба нав ва муваффақиятҳои беназир хоҳонем! Мукофоти давлатӣ муборак бошад!
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    14 авг., 02:36

    БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2026Душанбе, 5-уми августи соли 20265-уми августи соли 2026 тибқи Нақша оид ба гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, № АП-1677 тасдиқ гардидааст, дар дафтари асосии Марказ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Мавзуи нишаст ҷамъбасти нимсолаи якуми фаъолияти Марказ дар соли 2026 буд. Дар нишаст директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур Аҳмад, муовинони директор, сардорони воҳидҳои сохтории
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    14 авг., 02:36

  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    5 авг., 03:59

    ЭЪЛОН: НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони расонаҳои хабарӣ мерасонад, ки тибқи Нақша оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, № АП-1677, рӯзи 5-уми августи соли 2026, соати 14:00 дар дафтари асосии Марказ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад. Мавзуи нишаст ҷамъбасти нимсолаи якуми фаъолияти Марказ дар соли 2026 аст.
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    5 авг., 03:59

  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    5 авг., 02:51

    Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    4 авг., 17:40

    Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Хуҷанд, Истаравшан ва Панҷакент барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    4 авг., 04:00

    Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рашт барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    3 авг., 12:18

    Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    29 июл., 13:16

    Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ баъди озмуни тақсимоти асосӣ дар асоси ҷойҳои холимонда дар муассисаҳои таълимии олии касбӣ ва миёнаи касбӣ давраи азнавбақайдгирӣ аз 11 то 13-уми август оғоз мегардад. 1. Шартҳои иштирок дар озмун Ҳуқуқи иштирок доранд: Танҳо довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ ёфта, аммо аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба муассисаҳои таълимӣ тақсимот нашудаанд (донишҷӯ нагардидаанд). Ҳуқуқи иштирок надоранд: Довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфтаанд ва ё дар асоси натиҷаи ин озмун ба яке аз муассисаҳои таълимӣ тақсимот шудаанд. 2. Тартиби азнавбақайдгирӣ Ба рақами телефони мобилии довталабони ҳуқуқи иштирокдошта паёмаки (SMS) ройгон ворид мегардад, ки дар он рӯз ва нишонии нуқтаи бақайдгирӣ нишон дода мешавад. Феҳ
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    29 июл., 12:42изменён

  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    25 июл., 03:10изменён

    Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 5‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд.Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб дар муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 5‑уми август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.ТАВАҶҶУҲ! Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда дар муҳлати муқарраркардаи Марказ (то 6‑уми август) ҳуҷҷатҳои заруриро барои қабул ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    24 июл., 16:57

    ТАРТИБИ ТАҚСИМОТИ ДОВТАЛАБОН БА МУАССИАҲОИ ТАЪЛИМӢ ТИБҚИ КОМБИНАТСИЯИ ИХТИСОСҲОИ ИНТИХОБКАРДААШОНТақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии «Довталаб» дар асоси озмун анҷом дода мешавад. Маълумот дар бораи натиҷаҳои тақсимот – комёб гардидан ё нагардидани довталабон аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ҳар як довталаб дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ дастрас мегардад (тавассути паёмак (SMS) ва кабинети инфиродӣ).Тақсимоти довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати мураттабкардаи модули барномавии махсус тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур анҷом дода мешавад.Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимот дар навбати аввал аз
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    24 июл., 16:56

  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    24 июл., 09:20

    25-уми июли соли ҷорӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 эълон карда мешавад.Мувофиқи тартиб ба озмуни тақсимоти асосӣ довталабоне роҳ ёфта буданд, ки аз рӯйи субтестҳои дахлдлор холҳои гузаришро соҳиб шудаанд.Вобаста аз комёб шудан ё нашудани довталаб дар озмуни тақсимот ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода мешавад:1. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби N (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 05.08.2026 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.”2. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    24 июл., 09:20изменён

    ИМШАБ НАТИҶАИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ АСОСИИ ДОВТАЛАБОН ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ДАР СОЛИ 2026 ЭЪЛОН МЕГАРДАД
Скачать ряд в CSV
Бот обратной связи для своего канала — бесплатно

Подписчики пишут боту, вы отвечаете реплаем, ваш аккаунт скрыт. Создаётся в одно касание.

Как это работает →
Создать бота