Последние посты

Радиои Озодӣ
22 сент., 20:02
"Ман бояд тасмими бузурге бигирам. Ё бо Эрон ба созиш хоҳем расид, ки ба онҳо имкон медиҳад дубора ватанашонро бисозанд ва онро ба кишвари бисёр боазамат аз гузашта табдил диҳанд. Ё бидуни инки ҳаргиз ба онҳо барои куштану нобуд кардани дигарбораи мардум ва кишварҳо фурсат бидиҳам, Ҷумҳурии Исломиро зуд нобуд кунам." https://smarturl.click/1BpRwbРадиои ОзодӣТрамп бовар дорад, ки баъди интихобот бо Эрон ба созиш мерасандДоналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, изҳори умед кард, ки пас аз интихоботи миёндаврии моҳи ноябр дар ин кишвар, ҳукумати ӯ бо Эрон ба созиши сулҳ хоҳад расид.
Радиои Озодӣ
22 сент., 15:40
"АГАР ХАРИДОРИ ДАҚИҚ БИОЯД, ПУЛИ НАҒЗ ДИҲАД, СИПАС ПАХТАРО МЕДИҲЕМ” https://smarturl.click/dLQmpoРадиои Озодӣ"Агар пули хуб диҳанд, баъд пахтаро месупорем"Пахтакорони як хоҷагии деҳқонӣ дар шаҳри Турсунзода мунтазири моҳи октябр ҳастанд. Як масъули ин хоҷагӣ гуфт, имсол ба сари ҳар кило пахта 4-5 сомонӣ пешниҳод мешавад, аммо онҳо саросема нестанд.
Радиои Озодӣ
22 сент., 14:05
Дар мактабҳои миёнаи вилояти Марви Туркманистон санҷиши тиббии духтарони синфҳои болоӣ аз тарафи гинеколог ё мутахассисони занон ва таваллуд шурӯъ шудааст. Як хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, духтаронро ба чунин санҷишҳо бидуни огаҳӣ ва бе хабардор кардани волидонашон мебаранд. Духтаронеро, ки дар “нодухтарӣ” гумонбар мешаванд, маҷбур доранд, инчунин рафта аз санҷишҳои дигар, аз ҷумла, вируси заъфи масунияти бадан гузаранд. Хабарнигор бо далели халал нарасондан ба амнияту осоиши ин наврасону оилаҳои онҳо номи мактабу исми мусоҳибонашро нашр намекунад. #бакорат #туркманистон #марв #духтарон #хабар #ахбориҷаҳон #радиоиозодӣ #озодӣ #озоди
Радиои Озодӣ
22 сент., 12:36
-Коршиносони рус мегӯянд, ихроҷи муҳоҷирон ба зарари Русия аст. -Ҳомиёни ҳуқуқ талаб доранд, ки хабарнигори Радиои Озодӣ, фавран раҳо гардад. -Истихроҷи тило дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ба Толибон фоида меорад. -Дар Боливия зоти то кунун номаълуми гурба кашф шудааст https://www.youtube.com/watch?v=ultv4IzXgcQYouTubeАхбори "Озодӣ" (22.09.2026) اخبار تاجیکستان )0:00-Сархатти Ахбори "Озодӣ" (22.09.2026). 1:18-Коршиносони рус мегӯянд, ихроҷи муҳоҷирон ба зарари Русия аст. 5:34-Ҳомиёни ҳуқуқ талаб доранд, ки Ризо Вализода, собиқ хабарнигори Радиои Фардо, фавран раҳо гардад. 7:49-Истихроҷи тило дар марзи Афғонистону…1,920Открыть в Telegram
Радиои Озодӣ
22 сент., 11:43
РИЗО ВАЛИЗОДА. ДУ СОЛ ДАР ЗИНДОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМӢ https://smarturl.click/x858JLРадиои ОзодӣРизо Вализода. Ду сол дар зиндони Ҷумҳурии ИсломӣРизо Вализода, хабарнигори пешини Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, ду сол боз дар Эрон зиндонист.2,040Открыть в Telegram
Радиои Озодӣ
22 сент., 10:52
ДОДГОҲЕ ДАР РУСИЯ ДАРХОСТИ ЯК СОҲИБКОРИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОНРО РАД КАРД https://smarturl.click/GkykdmРадиои ОзодӣДодгоҳе дар Русия дархости як соҳибкори тоҷикро рад кардДодгоҳи вилояти Челябинск дархости соҳибкори тоҷик Ривоҷиддин Маҳмадовро барои барқарор кардани шаҳрвандияш дар Русия рад кардааст. Ин зодаи Тоҷикистонро, ки дар канори Челябинск соҳиби бозори яклухтфурӯшӣ буд, соли 2025 аз шаҳрвандии Русия маҳрум намуданд.…2,160Открыть в Telegram
Радиои Озодӣ
22 сент., 08:17
Дар мактабҳои миёнаи вилояти Марв дар Туркманистон санҷиши пизишкии духтарони синфҳои болоӣ шуруъ шудааст.Як хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, духтаронро ба чунин санҷишҳо бидуни огаҳӣ мебаранд. “Онҳоеро, ки ба “нодухтарӣ” гумонбар мешаванд, маҷбур доранд, аз санҷишҳои дигар, аз ҷумла вируси норасоии масунияти бадан гузаранд,” – афзуд ӯ.Хабарнигор бо далели халал нарасондан ба амнияту осоиши ин наврасону оилаҳои онҳо номи мактаб ва исми мусоҳибонашро нашр намекунад. Бино ба иттилои дарёфтии ӯ, омӯзгорони чанд мактаби Марв нақл кардаанд, ки баъд аз шурӯи соли нави таҳсил духтарони аз 16 то 18-соларо ба санҷиши бакорат мефиристанд.Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, санҷиши бакорат асоси тиббӣ надорад ва талаби гувоҳии бакорат хушунати зидди занон ва як амали ғайриинсонӣ мебошад.Ин ташкилоти вобаста аз Созмони Милал мегӯяд, чунин санҷишҳо бояд дар муассисаи тиббӣ ва ба
Радиои Озодӣ
22 сент., 07:37
ҲУШДОРИ НИҲОДҲОИ КАШФИ АВРУПО АЗ ТАРҲИ РУСИЯ АЛАЙҲИ НАТО https://smarturl.click/V1o1wnРадиои ОзодӣҲушдори ниҳодҳои кашфи Аврупо аз тарҳи Русия алайҳи НАТОДар пайи ҳушдори Лаҳистон (Полша) дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои Русия ба ин кишвар дар зимистони оянда, мақомҳои хадамоти кашфи Аврупо низ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи бритониёии "Guardian" ин эҳтимолро матраҳ кардаанд, ки Русия барои озмоиши тавон ва вокуниши НАТО…
Радиои Озодӣ
21 сент., 15:25
"САМТИ МУБОРИЗА БОЯД БА ТАРАФИ ВАТАН ВА ГУФТУГӮ БО МАРДУМ БУРДА ШАВАД." МУСОҲИБА БО РАИСИ НАВИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН https://smarturl.click/26o6oXРадиои ОзодӣИсломҷон Саидов, раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон, кист?Исломҷон Саидови 48-сола, ки барои доираи васеи мардуму матбуот дар Тоҷикистон шахси камошно ба шумор меравад, рӯзи 19-уми сентябр дар як маросим дар Литва раиси Наҳзати исломӣ (собиқ ҲНИТ) интихоб шудааст. Ӯ дар ин мақом Муҳиддин Кабириро иваз кард.
Радиои Озодӣ
21 сент., 14:06
“ИН ЯК ҚАДАМИ БИСЁР МАНФИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН АСТ, КИ БОИСИ БОЗ ҲАМ БЕШТАР ДАР ИНЗИВО МОНДАНИ КИШВАР ХОҲАД ШУД” https://smarturl.click/Og8g8aРадиои ОзодӣВилямсон: Тасмими Тоҷикистон бар зарари кишвар ва мардуми он астДидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, тасмими Тоҷикистонро барои берун шудан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ танқид кард.
Радиои Озодӣ
21 сент., 12:14
https://youtu.be/CIiEAqfjRYg?is=9iHfnswWzuEErtiXYouTubeАхбори "Озодӣ" (21.09.2026) اخبار تاجیکستان )0:00-Сархатти Ахбори "Озодӣ" (21.09.2026) 0:54-Дар “Тоҷмаҳал”-и Хуҷанд даъвову тирандозӣ сурат гирифтааст 2:12-Кабирӣ рафт, раиси Назҳати исломии Тоҷикистон нав шуд. 8:31-Дидбони Ҳуқуқи Башар қарори Тоҷикистонро танқид кард 13:05-Интихоботи Думаи Русия бо…
Радиои Озодӣ
21 сент., 11:25
Украина бо садҳо паҳбод ба Маскав ва навоҳии атрофи он ҳамла кард. Ин ҳамлаи сахт рӯзи 20-уми сентябр, дар охирин рӯзи интихоботи порлумонии Русия сурат гирифтааст. Дар ин ҳамла ду нафар кушта ва як корхонаи коркарди нафт хароб шудааст. #украина🇺🇦 #русия #маскав #паҳбод #дрон #ҷангдарукраина #россия🇷🇺 #москвамосква #ахбориҷаҳон #радиоиозодӣ #радиоиозоди #озоди #озодӣ
Радиои Озодӣ
21 сент., 11:04

Радиои Озодӣ
21 сент., 09:48
"ДУ-СЕ ТИР ЗАД." ДАР "ТОҶМАҲАЛ"-И ХУҶАНД ЧӢ ГУЗАШТ? https://smarturl.click/GkykX4Радиои Озодӣ"Ду-се тир зад." Дар "Тоҷмаҳал"-и Хуҷанд чӣ гузашт?Додситонии шаҳри Хуҷанд ба таҳқиқи ҷанҷол дар тарабхонаи "Тоҷмаҳал" дар маркази вилояти Суғд шуруъ кардааст.3,080Открыть в Telegram
Радиои Озодӣ
21 сент., 08:41
Дар ҳамлаҳои паҳподии Украина ба Маскав, пойтахти Русия, ду кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар захмӣ шудаанд.Хабаргузории "Рейтерс" рӯзи 20-уми сентябр ба нақл аз Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, навишт, Русия аз рӯзи шанбе беш аз 1600 паҳподро, ки ҳудуди 450 фарданди он ба сӯи Маскав дар ҳаракат буданд, сарнагун кардааст.Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамлаҳои бесобиқаи Украина бо ҳадафи барҳам задани интихоботи барномарезишуда буд. Якшанбе охирин рӯзи интихоботи порлумонӣ дар Русия буд.Шаҳрвандони Русия давоми се рӯзи охир барои интихоби вакилони нави порлумони кишварашон ба марказҳои раъйдиҳӣ рафтанд.Дар ҳамин ҳол, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина рӯзи якшанбе дар саҳифааш дар шабакаи "Х" навишт, "ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи мо бар Маскав дар шаби гузашта таъсири қобили мулоҳизае доштааст".Дар ҳамлаҳои Украина дар шаби шанбе ба Маскав, як полоишгоҳи муҳими нафт низ осеб дидааст.
Радиои Озодӣ
18 сент., 14:45
Пас аз 20 солӣ раҳбарӣ. Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ки дигар раҳбари Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон нахоҳад буд. Ҷузъиёти хабар инҷо ва дар вебсайти Радиои Озодист: https://www.ozodi.org/a/33858976.htmlРадиои ОзодӣМуҳиддин Кабирӣ эълом кард, ки аз раҳбарии Наҳзати исломӣ даст кашидаастМуҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ эълон кард, ки аз раҳбарии ин ҳизб даст мекашад ва дигар номзадиашро дар ҷаласаи интихоби раҳбари ин созмони мухолифи давлат намегузорад. Худи Муҳиддин Кабирӣ дар як посухи катбӣ рӯзи 18-уми…
Радиои Озодӣ
18 сент., 11:27
Форсизабонони муқими Аврупо дар Вена, пойтахти Утриш ё Австрия маҳфиле бо номи “Базми Мавлоно" баргузор карданд. Ба муносибати зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки охири моҳи сентябр ҳисоб мешавад. Маркази фарҳангии Тоҷикистон ва ҷамъиятҳои эрониён ва афғонистониҳои муқими Австрия ин барномаро баргузор кардаанд. Ин иқдомро нахустин даъват ба ҳамбастагии форсизабонон дар Утриш номиданд. Мавлоно Ҷалолуддин 800 соли пеш дар Балхи қадим, ки ҳудудҳояш қисмате аз Тоҷикистону Афғонистони имрӯзро дар бар мегирад, зода шудааст. Баъдан, ӯ ба ҳудуди Туркия имрӯз ҳиҷрат карда, онҷо дафн шудааст. Ӯро як шоири озоду озода медонанд, ки дӯстии халқу миллатҳоро тавсиф кардааст. Ашъори ӯ бо садҳо забони дунё баргардонӣ шуда, садҳо овозхон ашъори ӯро сурудаанд. Чанд соли охир осори Ҷалолуддини Балхӣ аз пурхонандатарин китобҳо дар Амрико дониста мешавад. #мавлави #мавлоно #балхӣ #туркия #эрон #афғонистон
Радиои Озодӣ
18 сент., 10:51
Тиҷорат байни Тоҷикистону Чин дар соли гузашта 46 дарсад зиёд шуда, ба миллиардҳо доллар расидааст. https://www.ozodi.org/a/33858815.htmlРадиои ОзодӣТиҷорати Тоҷикистону Чин ба марзи 3 миллиард доллар расидаастРӯзи 18-уми сентябр мақомоти Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорат байни ду кишварро баррасӣ кардаанд, ки торафт густариш меёбанд, вале мояи нигаронӣ ҳам ҳастанд. Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки ҳамкориҳои…
Радиои Озодӣ
18 сент., 10:11
Ҷавони тоҷик ба модари худ бо корд таҳдиди куштан кардааст. Ҳоло паси панҷара аст ва мунтазири муҳокима дар додгоҳ. Ҷузъиётро дар камтар аз як дақиқа дар инҷо бихонед: https://www.ozodi.org/a/33858779.htmlРадиои ОзодӣБоздошти ҷавони тоҷик барои таҳдиди куштан ба модари худВазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар додааст, ки ба гуфтаи муфаттишон ба модари худ таҳдиди куштан кардааст, ки ҷинояти гӯшношунид барои ҷомеа ҳисоб меравад. Дар баёнияи расмии вазорат, ки рӯзи 18-уми сентябр нашр шуд, омадааст, Абдуҷалол…
Радиои Озодӣ
18 сент., 08:31
Тоҷикистон азм дорад, ки аз узвияти як додгоҳи Созмони Милал хориҷ шавад. Оё тарки он пас аз 24 сол осон аст? Дар инҷо ва дар вебсайти Радиои Озодӣ бихонед: https://www.ozodi.org/a/tarki-uzviyati-dodgohi-sozmoni-milal-baroi-tojikiston-oson-ast/33858728.htmlРадиои ОзодӣТарки узвияти додгоҳи Созмони Милал барои Тоҷикистон осон аст?Порлумони Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр эълон кард, ки ин кишвар эҳтимолан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ хориҷ мешавад.
Подписчики пишут боту, вы отвечаете реплаем, ваш аккаунт скрыт. Создаётся в одно касание.
Как это работает →