Последние посты

اندیشکده - Андешакада
16 авг., 12:14
Сипос ба кормандони Китобхонаи миллӣ, ба вижа ба Адиба Мардонзода, ки як ёддоште дар бораи "Чашмандози ҷаҳоншиносӣ" навиштанд:https://kmt.tj/kitobi-nav-sheraly-rizoyon-chashmandozi-jahonshinosy/
اندیشکده - Андешакада
19 июл., 17:51
переслано из @kitobkhon_2021
📚 Сомонаи KITOBKHON.NET комилан нав шуд!Дӯстони азиз! Китобхонаи электронии "Китобхон" аз сифр аз нав сохта шуд ва акнун бо намуди тоза ва имкониятҳои фаровон фаъолиятро давом медиҳад.❓ Чӣ навгониҳо шуд?✨ Тарҳи муосир - сомонаро зебо, сабук ва пурра ба телефонҳои мобилӣ мувофиқ кардем;🔍 Ҷустуҷӯи ҳушманд — номи китобро чӣ гунае ки нависед, сомона онро меёбад: бо ҳарфҳои лотинӣ («Shohnoma»), бе ҳарфҳои махсуси тоҷикӣ («Точикистон» ба ҷои «Тоҷикистон») ва ҳатто бо хатои имлоӣ;🗂 Полоишҳои васеъ — китобҳоро аз рӯйи муаллиф, бахш, барчасп, забон, нашриёт ва соли чоп ҷудо карда метавонед. Чанд полоишро ҳам якҷоя мешавад истифода бурд.↕️ Мураттабсозӣ — натиҷаҳои ҷустуҷӯро аз рӯйи нав будан, ном, соли нашр ё аз рӯйи китобҳои бештар боргиришуда тартиб диҳед.👤 Саҳифаи муаллифон — ҳар муаллиф акнун саҳифаи худро дорад: сурат, тарҷумаи ҳол ва ҳамаи китобҳояш дар як ҷо; дар феҳристиاندیشکده - Андешакада pinned a photo
17 июл., 16:43

اندیشکده - Андешакада
17 июл., 16:09
переслано из @kmt_tj
✍ Шералӣ Ризоён “Чашмандози ҷаҳоншиносӣ”📌 Навиштор дар асоси дидаҳо ва бардоштҳои сафар аз Амрико, Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон, ҳамчунин пажуҳиши дафтарӣ ва таҷрибӣ таҳия гардида, бо омезиши сабки сафарноманависӣ ва таҳлилнависӣ рӯйи коғаз омадааст.✅ Китоб барои коршиносон ва пажӯҳишгарони илмҳои сиёсӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҷомеашиносӣ, оянданигарии сиёсӣ ва ба доираи густардаи хонандагон тавсия шудааст.📚 Хонандагон имкон доранд китоби Шералӣ Ризоён ”Чашмандози ҷаҳоншиносӣ”-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
اندیشکده - Андешакада
9 июл., 07:35

اندیشکده - Андешакада
4 июл., 19:05
Хабарнигори телевизиони Афғонистон интернешнл даъвати намояндаҳои Толибон ва Ҷабҳаи муқовиматро ба маросими видоъ ва дафни Алии Хоманаӣ чунин таърифи маънодор кард:“Робита бо ҳама, вобастагӣ аз ҳеҷ кас”Ин нукта рӯйкарди имрӯзи Эрон дар сӯйи Афғонистонро ба намоиш мегузорад ва посухгӯ ба “асли ҳамаи тухмҳоро дар як сабад нагузоштан” аст. Ҳамчунин, ин намунае аз чистии фарҳанги роҳбурдии Эрон дар сиёсати хориҷӣ низ мебошад.Facebook36K views · 1.8K reactions | ژرفا: ایران چگونه رقبای افغان را کنار هم...ژرفا: ایران چگونه رقبای افغان را کنار هم نگه میدارد؟ در سیاست، دوست و دشمن همیشگی وجود ندارد. شاید این واقعیت را هیچجا بهتر از افغانستان نتوان دید. در مراسم تشییع خامنهای، رهبر جمهوری اسلامی، هم...
اندیشکده - Андешакада
12 июн., 19:57
переслано из @kitobkhon_2021
ТАБЛИҒОТИ НАРМИ ПАНТУРКИЗМ: МИЁНИ СОХТА ВА РОСТИН Рӯйдодҳои охири сиёсати ҷаҳонӣ ва равандҳои имрӯзи Осиёи Марказӣ парда аз рӯйи хеле маъносозиҳои геополитикӣ бардошт. Баъзе падида ва тамоюлҳое, ки пештар дар бораи будан ё набудан ва сохта ё ростинии онҳо гумонҳо зада мешуданд, асли худро ба намоиш гузоштанд. Яке аз чунин падидаҳо – маъносозии геополитикӣ барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат аст. Ин кор (таблиғоти худ ва аҳримансозии рақибон) барои таъмини фародастӣ анҷом шуда, аз сӯйи ҳамаи қудратҳои ворид ба равандҳои Осиёи Марказӣ пиёда мегардад. Дар пасманзари чунин “амалиёти иттилоотӣ” ҷудо кардани “мӯй аз хамир” кори душвор аст. Чун ҳамаи қудратҳо ва абзорҳои расонаии онҳо худро ҷонибдори пешрафту шукуфоии кишварҳои минтақа ва рақибонро монеи ин раванд шиносоӣ мекунанд.давомашро ин ҷо хонед 👇👇👇TeletypeТАБЛИҒОТИ НАРМИ ПАНТУРКИЗМ: МИЁНИ СОХТА ВА РОСТИНРӯйдодҳои охири сиёсати ҷаҳонӣ ва равандҳои имрӯзи Осиёи Марказӣ парда аз рӯйи хеле маъносозиҳои геополитикӣ бардошт. Баъзе падида...
اندیشکده - Андешакада
5 июн., 14:30
переслано из @kitobkhon_2021
📌 БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ!بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم✍️ ДАРСИ ДУВУМدرس دومОмӯзиши хатти порсӣ آموزش خط پارسیج "Ҷ "ҷим چ "Ч "че ح "Ҳ "ҳе خ "Х "хеИн ҳар чор ҳарфи алифбои форсӣ дар навиштор бо ҳам шабоҳат доранд ва фақат аз лиҳози миқдор ва мавқеъияти нуқта тафовут доранд.Ҳарфи "че" چ аз ҷумлаи он ҳарфҳоест, ки ба ҳуруфи алифбои арабӣ аз тарафи ниёкони мо изофа карда шудаанд.Номи комили ҳарфи "Ҳе" "ҳе-и ҳуттӣ" аст ва тамоми вожаҳое, ки бо ин ҳарф навишта мешаванд, форсӣ нестанд ва аксаран решаи арабӣ доранд.
اندیشکده - Андешакада
2 июн., 16:17
переслано из @kitobkhon_2021
📌БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ!بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریمДАРСИ АВВАЛОмӯзиши хатти порсӣآموزش خط پارسیدرس اول♦️Ҳарфи Алиф ҳарфи аввали алифбои форсӣ мебошад ва шакли аслӣ ва алифбоии ин ҳарф чунин аст: اШаклҳои дигари навишториаш: ﺎ آ ا Дар аввали калима ба ду шакл навишта мешавад : آ اдар байн ва охири калима: ﺎ اДар сурати изофа шудани ҳаракатҳо, яъне:
اندیشکده - Андешакада
2 июн., 16:17
переслано из @kitobkhon_2021
❗️БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ!فارسی در شرح★Алифбои форсӣ шомили 32 ҳарф аст, ки 28 ҳарфи он аз алифбои арабӣ иқтибос шудааст ва аз чап ба рост навишта мешавад.گ (Г) ژ (Ж) پ (П) چ (Ч) ҳуруфе ҳастанд, ки ба алифбои арабӣ изофа шудаанд.•Бо назардошти ин ки вожаҳои зиёде аз забони арабӣ ба забони форсӣ ворид шудаанд, ҳашт ҳарф дар таркиби овоҳои аслии форсӣ вуҷуд надоранд ва бар хилофи забони арабӣ ҳама яксон талаффуз мешаванд:ح، ث، ص، ض، ع، ق، ط، ظ. (Ҳе-и ҳуттӣ, се, сод, зод, ъайн, қоф, той, зой) Ва бештари вожаҳое, ки яке аз ин ҳуруфро доранд, форсӣ нестанд.•Ҳуруфи зер аз он дастаанд, ки барои овонависии вожаҳои арабӣ дар хатти форсӣ ба кор мераванд ва форсизабонҳо тафовуте дар адо ва талаффузи онҳо қоил нестанд ва ҳамаро ба як гуна мегӯянд:ز (зе), ذ(зол), ض(зод), ظ(зой). Яъне ҳама ба таври яксон нишонаи
اندیشکده - Андешакада
7 мая, 08:05
переслано из @tafakkur_tjk
Барои мулоҳизаУсули "99"Подшоҳе надиме дошт, ки ҳамеша шоду масрур мегашт. Шоҳ ҳамеша шод гаштани ӯро дида ҳайрон мешуд. Рӯзе аз вазираш пурсид: - Ман подшоҳам. Тамоми нозу неъматхои дунё дар наздам муҳайёст. Лекин наметавонам, ҳамеша хурсанд бошам. Фалони надими ман аст, аз ҳисоби ман маош мехӯрад, лекин ҳамеша шоду масрур менамояд. Вазири оқил гуфт: - Подшоҳи аъзам шумо як бор ба ӯ усули "99" ро истифода баред, он гоҳ ба ҳолаш нигаред. - Чӣ гуна будааст ин усули "99"? Гуфт: - Дар кӯзае 99 танга андохта пинҳона ба пушти дараш гузоред. Баъд таъсири услубро бинед. Бо фармони подшоҳ чунин кор карданд. Надим саҳар чун аз хона баромад дар пушти дараш кӯзаро дида ҳайрон шуд. Ба ҳар тараф нигоҳ кард, лекин касеро надид. Шодон ба хонааш ба назди кӯдаконаш рафту тангаҳоро холӣ карда шумурд. Дар дохили вай 99 тангаи тилло буд, бори дигар шумурд, боз 99 баромаданд. Баъд шояд каси оваранда
اندیشکده - Андешакада
26 апр., 19:14
Посух ба пурсиши акои Азиз Нақибзод дар бораи “чаро эронӣ қаҳрамону тоҷик босмачӣ?”Агар кутоҳ ба пурсиши Шумо посух гӯем, бештари онҳое, ки дифоъ аз Эронро шарафу дифоъ аз Бухороро хиёнат мешуморанд - аз ду мантиқи ба ҳам зид корбурд доранд. Чанд ҳафта пеш дар саҳифаи Шумо дар ин бора баҳсе доштем. Агар сабабҳои жарфи онро канор гузорему осебшиносии имрӯзро анҷом бидиҳем, пас чунин гуфтан мумкин аст:1. Дифоъ аз Эрон як мейнстрим аст ва бештари мардум мехоҳанд худро дар он ҷой бидиҳанд ва ривоятҳои рӯ ба Эронро паҳну пахш кунанд. Чун Эрон мағлуб нашуд ва дар баробари таҷовуз эрониҳо истод шуданд ва таърихсозӣ карданд. Яъне, таърихи худро худ бо дасти худ навиштанд.2. "Босмачиҳо" набардро барои озодии Меҳан бохтанд ва беш аз 60 сол низоми идеологии Шӯравӣ бо онҳо "мубориза" мебурд ва аҳримансозӣ мекард. Аз ин рӯ, аз босмачиҳо "симои манфур" сохтанд ва камбахтона то ба имрӯз идома
اندیشکده - Андешакада
23 апр., 18:30изменён
Шарҳи мухтасари афзоиши андешаҳои ифротӣ дар кишвар ва вижагиҳои шинохту падидоршавии он шиносоӣ мегардад. Арзёбии ифротгароии онлайн ва дурнамои муқовимат бо он, ҳамчунин тарғиботи созмонҳои ифротӣ дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ ва кейсҳои воқеӣ аз Одноклассники, Facebook ва Instagram таҳлил гардидаанд. Арзёбии мухтасари самаранокии чораҳои пешгирикунии мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва байналмилалӣ анҷом гардидааст. Вазъ ва дуроҳиҳои офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштагон дар кишвар баррасӣ шуда, чолишу фурсатҳо дар пайи тағйири рӯзномаи ҷаҳонии муқовимат бо овардани сенарияҳои эҳтимолӣ шиносоӣ мегарданд.Китоб ба пажуҳишгарони илмҳои фалсафа, сиёсӣ, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, диншиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, идоркунии давлатӣ, оянданигарии сиёсӣ, инчунин, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, расонаҳо ва ба доираи васеи хонандагон
اندیشکده - Андешакада
23 апр., 18:30
Гоҳо китоб танҳо китоб нест. Он натиҷаи як раванди дароз, пур аз пурсишу шубҳаҳо, таҷриба, хато ва бозандешӣ аст.Монографияи мо — Рустам Азизӣ ва Шералӣ Ризоён. Тоҷикистон дар пешорӯйи чолишҳои ифротгароӣ. - Душанбе: Ирфон, 2026. - 236 с. — ҳамин гуна матн аст. Ин китоб хулосаи беш аз даҳ соли кор, мушоҳида ва таҳлили муаллифон, на танҳо дар пажӯҳишҳои дафтарӣ, балки дар корҳои майдонӣ, мулоқоту баҳсҳо дар воқеияти зиндаи ҷомеа мебошад.Монография ба мавзуи шинохт ва пешгирии ифротгароӣ дар шароити Тоҷикистон бахшида шудааст. Китоб дар асоси пажуҳишҳои дафтарӣ ва таҷрибӣ таҳия гардида, натиҷагирии кори муаллифон дар солҳои 2010-2025 мебошад. Дар китоб таҳлили гуфтумони пешгирии ифротгароӣ дар стратегияҳои Тоҷикистон ва дар санадҳои барномавии Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон оварда шуда, рӯйкарди созмонҳои байналмилалӣ низ шиносоӣ гардидаанд. Муҳимтарин гуфтумонҳо дар фазои
اندیشکده - Андешакада
21 апр., 17:51
переслано из @sohibyor
دو کس مُردند و حسرت بردند: یکی آنکه داشت و نخورد، دیگری آنکه دانست و نکرد.📝 سعدی شیرازیДу кас мурданд ва ҳасрат бурданд: Яке он ки дошт ва нахӯрд дигаре он ки донист ва накард.📝 Саъдӣ Шерозӣ
اندیشکده - Андешакада
17 апр., 16:17
Ҳаққи зӯр дар сиёсати ҷаҳонӣФишурдаи мусоҳибаи Барно Соҳибова бо инҷониб дар барномаи "Дидгоҳ"-и шабакаи "Ҷаҳоннамо" аз сӯйи нашрияи "Тоҷикистон".Агар ба мавзуи гуфтушуниди давраи якуми Эрону Амрико дар Исломобод таваҷҷуҳ доред, лутфан ин видеоро бубинед ё ин матнро бихонед.YouTubeДидгох-Музокироти Эрону Амрико.Сабаби асосии беҳосил поён ёфтани музокираи Исломобод чист?Enjoy the videos and music you love, upload original content, and share it all with friends, family, and the world on YouTube.
اندیشکده - Андешакада
8 апр., 09:21
Оташбас миёни Эрон ва АмрикоҶанги дуюми Амрико ва Исроил ба муқобили Эрон 40 рӯз давом кард ва бо миёнҷигарии Покистон ҷонибҳо дар бораи оташбаси дуҳафтаина ба тавофуқ расиданд.Ин ҷанг хеле аз ривоятҳои матраҳро шикаст ва Эрони навро дар сиёсати ҷаҳонӣ шиносоӣ кард.Агар оташбаси дуҳафтаина барои фиреби роҳбурдии Эрон набошад ва дар рафти гуфтушунидҳо ҳамлаи ноҷавонмардона сурат нагирад, даричаро барои даст ёфтан ба созиш миёни Эрону Амрико боз мекунад. Чун эҳтимоли ҳамлаи Исроил ба Эрон барои ноком кардани гуфтушунидҳо мавҷуд аст. Умедворам, ки чунин намешавад.Рафти ин ҷанг ва паёмадҳои он сабақҳои омӯзандаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ эҷод кард.Дар рафти ин ҷанг мардуми Тоҷикистон Эрони дигарро барои худ кашф карданд ва хеле аз ривоятҳои берунаи таҳмилӣ дар бораи ин кишвар ба таври табиӣ нобуд шуданд. Умедворам, ки ин раванди нави шинохти Эрон ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар
اندیشکده - Андешакада
7 апр., 08:48
"Хасташавӣ" аз ҷанги Амрико ва Эрон ба нафъи кист?Дар ин 40 рӯзи ҷанг Эрон кадом тавонмандиҳоро ба намоиш гузошт?Ҷанг чӣ гуна ҷойгоҳи минтақаӣ ва ҷаҳонии Эронро дигар кард?Дигаргунии роҳбурди Эрон дар сӯйи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ номгузир аст?Чаро кишварҳои Осиёи Марказӣ барои бозтаърифи ҷойгоҳи Эрон дар сиёсати хориҷии худ "маҷбур" мешаванд?Посух ба ин ва дигар пурсишҳоро дар барномаи "Чархи гардун" бубинед.YouTubeОСИЁИ МАРКАЗӢ ПЕШОРӮИ КАШФИ ДУБОРАИ ЭРОН | АНДЕШАҲОИ СИЁСАТШИНОС ШЕРАЛӢ РИЗОЁНhttps://youtu.be/1bg8EWXJDvg
اندیشکده - Андешакада
6 апр., 16:42
переслано из @kitobkhon_2021
Истодагарии мардуми ЭронЧаро бояд аз кишвари худ дар баробари таҷовузи бегона ҳимоят кард?Чаро ин ҷангро бояд омӯхт ва кӣ бояд онро омӯзад?Чаро Эрон пирӯз ва қаҳрамони ин ҷанг аст? Ин ҳамаро дар навори мо бинед.https://youtu.be/9EwHW9ehhHM?si=c_qtRncePUHadwGW
اندیشکده - Андешакада
21 мар., 05:02
Наврӯзи ҷаҳонӣ ҳуҷаста бод.Наврӯз ёдгорие аз гузаштаи бостон, сарчашмаи собити ҳувият ва намунае аз арзишҳои зиндаи мо аст.Дар соли нави аҷдодӣ ба Шумо ва хонаводаи гиромиатон пешрафту некуаҳволӣ ва ба Ватанамон пешрафту шукуфоӣ, фазои орому осударо таманно дорам.Дуои қадимаи мардуми мо дар шаби иди Наврӯз бо Шумо то Наврӯзи дигар бошад: "Тани сиҳат, хотири ҷамъ, умри дароз ризқи фароз, душманон пиёда, дӯстон зиёда, рафъи кулли бало".Наврӯз хуҷаста бод!!!
