Последние посты

Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 16:33изменён
Нархи сомонӣ дар Русия каме поин рафт.Сад сомонӣ муодили қариб 909 рубл шудааст. Тафсилоти бештарро дар тасвирбаён бубинед.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 16:18изменён
Даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2027 дар сатҳи қариб 71,2 млрд сомонӣ дар назар аст.Ҳаҷми даромад нисбат ба буҷаи соли равон ҳудуди 6,1 млрд сомонӣ ё беш аз 9% зиёд мебошад, бармеояд аз дурнамо барои соли оянда.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 16:01изменён
Ниҳодҳои ҷаҳонӣ дигар тавозуни муосири қудратро инъикос намекунанд, - дабири кулли СММ.Гутерриш бар ин назар аст, ки низомҳои идораи ҷаҳонӣ равандҳои қудрат ва манфиатҳои давраеро инъикос мекунанд, ки асосан гузаштааст ва онҳо ба ислоҳот ниёз доранд.Нуктаҳои дигари дабири кулли СММ:🔸Нуфузи абарқудратҳо маҳдудият дорад; танҳо қудрати низомӣ наметавонад сулҳро таъмин кунад.🔸Ширкатҳои ғарбӣ аз низоъ дар Украина тақрибан ним трлн доллар фоида ба даст овардаанд.🔸Ӯ ба ҳалокати ғайринизомиёни рус дар натиҷаи ҳамлаҳои Украина ишора кард:Ғайринизомиён дар масофаи дур аз хатти ҷанг, дар минтақаҳои муайяни Русия ҳамчунон ҷони худро аз даст медиҳанд. Хонаҳо, зерсохторҳои энергетикӣ ва обтаъминкунӣ, инчунин низомҳои нақлиётӣ пайваста мавриди ҳамла қарор мегиранд, ки ин ба занҷирҳои ҷаҳонии таъминоти маводи ғизоӣ ва энержӣ таҳдид мекунад.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 15:38изменён
Русия боҷҳои содиротиро ба ғалла то охири соли 2026 бекор кардааст.Ин тадбирҳо ба коҳиши хароҷоти иштирокчиёни бозор ва мӯътадилсозии шароити фурӯши маҳсулот ба хориҷа мусоидат хоҳанд кард, иттилоъ дод намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон.Барои равғани офтобпараст ва кунҷора андозаи боҷ аз сатҳи муқарраршуда барои моҳи августи соли 2026, яъне мутаносибан 7 748 рубл барои як тонна ва 312 рубл барои як тонна бештар нахоҳад буд.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷкистон талаботашро ба ғалладонагиҳо ва равғани растанӣ асосан аз ҳисоби воридот аз кишварҳои узви ИИАО, пеш аз ҳама Русия ва Қазоқистон қонеъ мегардонад.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 15:16изменён
Қарзи Тоҷикистон аз Бонки исломии рушд тамоюли афзоиш дорад.Ҷумҳурӣ аз ин муассисаи байналмилалии молиявӣ ба ҳолати аввали июл қариби 271 млн доллар қарздор мебошад.Ин нишондиҳанда дар аввали соли равон қариби 250 млн доллар ва аввали соли гузашта наздики 220 млн долларро ташкил медод, бармеояд аз омори бахши молияи Тоҷикистон.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 14:53изменён
Киев ба киштиҳои нафтбари марбут ба ИМА ҳамла мекунад, - Рубио.Вашингтон аз ин нигарон аст ва бар ин назар аст, ки ин вазъият идома ёфта наметавонад, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии ИМА."Мо нигаронем, ки тайи чанд моҳи охир киштиҳои нафтбари марбут ба ИМА борҳо аз ҷониби Украина мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, шояд на қасдан, аммо ба ҳар ҳол", - гуфт ӯ дар суҳбат бо расонаҳои амрикоӣ.Ба гуфтаи ин дипломати баландпояи амрикоӣ, Вашингтон наметавонад идомаи чунин вазъиятро иҷоза диҳад.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 14:29изменён
Тоҷикистон қарзашро аз калонтарин қарздиҳанда ба ҷумҳурӣ - аз Эксимбонки Чин кам карда, ба ҳолати аввали июли соли равон ба 689,5 млн доллар расондааст.Қарзи ҷумҳурӣ дар назди ин бонки чинӣ ба ҳолати аввали соли равон қариби 738 млн долларро ташкил дода буд, бармеояд аз додаҳои Вазорати молияи Тоҷикистон.Ин нишондиҳанда дар аввали соли гузашта муодили қариб 821 млн доллар буд.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 14:07изменён
Русия ҷонибдори сулҳи пойдор дар Украина аст, на оташбаси муваққатӣ, - Песков.Вазъият барои Украина ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам дар хатти ҷабҳа рӯз то рӯз бадтар мешавад ва ин раванд идома хоҳад ёфт, изҳор дошт сухангӯи раисҷумҳури Русия.Киев хуб медонад, ки барои қадам гузоштан дар роҳи сулҳи устувор дар Украина бояд чӣ гуна тасмимҳоеро қабул кунад, илова намуд ӯ.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 13:46изменён
Тоҷикистон ният дорад, соли оянда 264 тонна пилла истеҳсол кунад.Ин дар муқоиса бо нақша барои соли равон 5% зиёд мебошад, бармеояд аз дурнамои тасдиқкардаи ҳукумати Тоҷикистон.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 13:26изменён
Артиши Русия дар ҷараёни низоъ дар Украина тавонотар шуд, хоҳ ин ба мо писанд бошад, хоҳ не, - президенти Латвия."Ин артишест, ки таҷрибаи ҷангӣ дорад ва ҳамчунин қобилияти мутобиқ шудан ба низоъҳои муосирро нишон додааст", - гуфт Ринкевич дар мусоҳиба бо рӯзномаи The Wall Street Journal.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 13:06изменён
Тирамоҳ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи беҳтарин айём барои сайру сайёҳат мебошад.Гармии тоқатфарсою хатари офатҳо кам шуд, аммо ба зебогиҳои табиати кишвар зам шуду кам не.Панҷгонаи беҳтарин маконҳои Тоҷикистон барои сайри тирамоҳиро дар матлаби зер бубинед.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 12:47изменён
Бақияи сандуқи қарзӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон ба ҳолати аввали сентябр қариби 30,3 млрд сомониро ташкил дод.Ин нишондиҳанда дар аввали соли ҷорӣ 26,6 млрд сомониро ташкил медод, бармеояд аз додаҳои Бонки миллии Тоҷикистон.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 12:27изменён
🇮🇷🇺🇸🇮🇱 Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ изҳор дошт, ки ИМА ва Исроил бояд минтақаро тарк кунанд ва Эронро аз "ҳузури палид ва ҷинояткорона"-и худ халос кунанд — Fars.Сипоҳ инчунин изҳор медорад, ки пас аз шикастҳои низомӣ, душман ба фишори иқтисодӣ ва иттилоотӣ ба Эрон гузаштааст. Дар посух, Теҳрон қасд дорад, ки ба захираҳои дохилӣ ва ваҳдати миллӣ такя кунад.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 12:04изменён
🚑Зеҳни сунъӣ паҳншавии бемориҳои сироятиро дар Тоҷикистон назорат хоҳанд кард.Кишвар барои беҳтар кардани назорати эпидемиологӣ, навсозии озмоишгоҳҳо ва ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ 43 млн доллар ҷудо мекунад.Лоиҳа инчунин рушди ёрии аввалияи тиббиро, махсусан дар минтақаҳои дурдаст ва марзӣ ва таъсиси панҷ марказ барои занон ва духтарони аз зӯроварӣ осебдидаро дар бар мегирад.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 11:41
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз чойхонаи навсозишудаи Сирдарё дар Хуҷанд боздид кард.Чойхона дар соҳили чапи дарёи Сир дар масоҳати 2,7 ҳазор метри мураббаъ аз нав барқарор карда шуда, фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд мебошад, иттилоъ дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.Чойхона бо тарҳу услуби зебои меъмории миллӣ бунёд гардида, дар ороиши деворҳои он ҳунарҳои наққошӣ, гаҷкорӣ ва кандакорӣ истифода карда шудаанд. Ҳунарҳои тасвиргардида дар бино бо хусусиятҳои хоси миллӣ ва услуби муосир ҳамоҳанг гардидаанд, афзуд манбаъ.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 11:28изменён
Борону раъду барқ: Ҳарорати миёнаи ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон то 31 дараҷа гарм мешавад.Тафсилоти бештар дар мавриди обу ҳавою боди 23 сентябрро дар тасвирбаён бубинед.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 11:10
Таллини озодшуда ва пур аз гулҳо - 22 сентябри соли 1944 Артиши Сурх пойтахти Эстонияро аз фашистон озод кард.Ҳуҷуми нерӯҳои шӯравӣ ба Таллин чӣ гуна сурат гирифт? @SputnikLive нақл мекунад.▪️Хатоии стратегии немисҳо. Озодкунии Эстония босуръат пеш рафт. Немисҳо ҳамлаи Шӯравиро аз Тарту интизор набуданд, зеро дифои онҳо аз рӯи соҳили Нарва сохта шуда буд. Ҳуҷум 17 сентябр оғоз ёфт ва то 18 сентябр немисҳо аллакай ба тарки Эстония шурӯъ карданд.▪️Эстониҳои воқеӣ. Ҳуҷумро ба Таллин корпуси 8-уми тирандозии Эстония анҷом медод, ки 70% сарбозони он шаҳрвандони Эстония буданд. Ин ақидаеро рад мекунад, ки ҳамаи эстониҳо "ба ҷангалҳо рафтаанд" ё "дар тарафи фашистон ҷангидаанд".▪️Чанд рӯзи "истиқлолият". Давоми ду рӯз иттифоқчиёни немис "мустақил" ҳис карданд. Ин муддат, президент Улуотс ва сарвазир Тиифа тавонистанд ду шумораи рӯзномаро нашр кунанд, "бетарафӣ" эълон кунанд ва дар
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 10:49изменён
Тоҷикистон ният дорад, даромади буҷа аз ҳисоби андоз дар соли ояндаро ҳудуди 16% афзоиш диҳад.Даромадҳои андозӣ соли оянда дар ҳаҷми қариб 48,5 млрд сомонӣ дар назар аст, ки нисбати нишондиҳандаи соли равон қариби 6,7 млрд сомонӣ зиёд мебошад, бармеояд аз тарҳи баррасишавандаи буҷа барои соли оянда.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 10:26
🇺🇸▶️ Трамп "бесадо" шудааст: суханрониҳои президенти ИМА ҳоло дар телевизиони Амрико бесадо намоиш дода мешаванд.Ин ҳама аз сабаби бойкоте, ки расонаҳои бузурги ин кишвар пас аз ихроҷи хабарнигорон аз Кохи Сафед эълон карданд, аст.Раҳбари кишвар расонаҳои CNN, Politico ва MSNOW-ро ба дурӯғпароканӣ муттаҳам кард ва хабарнигоронро аз филмбардорӣ дар дохили ҳукумат манъ кард.Fox News, ABC, NBC ва CBC аз "таҳримҳо" зарар надиданд, аммо бо ҳамбастагӣ бо ҳамкорони худ, онҳо инчунин аз пешниҳоди пахши баландсифат ба раҳбари ИМА дар ҳоле ки маҳдудиятҳо боқӣ мемонанд, худдорӣ карданд.🔶 @SputnikТj дар MAX
Sputnik Тоҷикистон
22 сент., 10:11изменён
🧳 Намояндагони соҳаи сайёҳӣ аз саросари ҷаҳон дар Душанбе ҷамъ меоянд.Аз 24 то 26 сентябр, тоҷирон аз 22 кишвар ва 115 ширкат дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳ ва форуми мавзӯӣ баргузор мекунанд, хабар медиҳад Кумитаи сайёҳӣ.Намояндагони меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, агентиҳои сайёҳӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, шаҳрҳои бародаршаҳр, шарикон ва сармоягузорон имкониятҳои рушди ин бахшро дар Тоҷикистон ва роҳандозии ҳамкорӣ меомӯзанд.Дар чорабиниҳо инчунин дарсҳои мастер-классҳо барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо ва тахассуси роҳбаладони сайёҳӣ баргузор мешаванд.🔶 @SputnikТj дар MAX
Подписчики пишут боту, вы отвечаете реплаем, ваш аккаунт скрыт. Создаётся в одно касание.
Как это работает →