Последние посты

Сунна Абдуллоҳ
15 нояб. 2025 г., 17:45
переслано из @amrulavvaltj
Оё ал-Бухорӣ дар мазҳаби лафзия будааст?Мо шак намекунем, ки иҷмоъ далел ва ҳифз аз хато аст.قال أبو حاتم في «المراسيل»: واتفاق أهل الحديث على شيء يكون حجة.Абу Ҳатим дар «Ал-Маросил» гуфт: «Иттифоқи аҳли ҳадис дар чизе далел мешавад».عن يونس بن عبد الأَعْلَى، قَالَ: قلت للشافعي : ما شيء أثقل عليَّ من أن أخالف حديثا قد استعمله عامّة من الْمفْتين.Дар «Адаб аш-Шафеъӣ ва манақибиҳи» (саҳ 231): аз Юнус ибн Абдулаъла ривоят мешавад, ки гуфт: «Ба Шофеъӣ гуфтам: «Чизе барои ман вазнинтар аз он нест, ки бо ҳадисе, ки аксари фатводиҳандагон онро истифода бурдаанд, мухолифат кунам».وقال الأوزاعي :كنا نسمع الحديث فنعرضه على أصحابنا كما نعرض الدرهم الزائف على الصيارفة، فما عرفوا أخذنا وما أنكروا تركنا.Имом Ал-Авзаъӣ гуфт, чунон ки дар «Таърих Абу Зуръа ад-Димишқӣ» (377): «Чун мо ҳадисро мешунидем, онро ба асҳобҳои худ чунон, ки дирҳами сохтакорро ба мубодилагар шиносоӣ мекардем,
Сунна Абдуллоҳ
15 нояб. 2025 г., 17:43

Сунна Абдуллоҳ
15 нояб. 2025 г., 16:14
переслано из @amrulavvaltj
Гумроҳиҳои Ибн ТаймияИмом Аҳмад "раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод" гуфт:فليحذر جاهل أن يعذر نفسه فيما لا عذر له فيه فيحمل وزر نفسه ، ووزر من يفتنه ، بحجة مدحوضة لم يحتج بها أحد من الأبرار ›«Бигузор ҷоҳил ҳазар кунад аз он, ки худро дар чизе, ки узр надорад, узр бидиҳад, ки дар натиҷа ҳам гуноҳи худро мебардорад ва ҳам гуноҳи касеро, ки бо ҳуҷҷати бардурӯғе, ки ҳеҷ яке аз солеҳон истифода набурдааст, ба фитна меандозад». [«Табақот ал-Ҳанабила»]فلَا تَذْهَبْ نَفْسُكَ عَلَيْهِمْ حَسَرَاتٍ
Сунна Абдуллоҳ
10 окт. 2025 г., 18:00
Сунан ат-Тирмизӣhttps://t.me/sunanattirmiziTelegramСунан ат-ТирмизӣТарҷумаи китоби «Сунан». Муаллиф: Абу Исо Муҳаммад ибн Исо ибн Савро (Суро) ат-Тирмизӣ (279с.ҳ) Саҳифаи асосии мо: https://t.me/amrulavvaltj
Сунна Абдуллоҳ
10 окт. 2025 г., 17:59

Сунна Абдуллоҳ
6 окт. 2025 г., 19:37изменён
©️Пас аз санҷиши дақиқ, мо китобро дар формати PDF ҷамъоварӣ карда, онро нашр хоҳем кард. Ин шаа Аллоҳ…السلام عليكم
Сунна Абдуллоҳ
6 окт. 2025 г., 19:37
1533 – Ба ман Наср ибн Алӣ гуфт: Ба мо Ғассан ибн Мудар аз Абу Маслама Саид ибн Язид, аз Абу Надрата, аз Абу Саид "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" ривоят кард, ки расулуллоҳ ﷺ гуфт: «Дар ин уммат паридагон пайдо мешаванд, ки мисли тире, ки аз ҳадаф берун мешавад, аз дин берун мешаванд. Ба дурустӣ, шахсе тирро ба сӯи ҳадафаш (шикор) мепартояд ва тир онро сӯрох мекунад, ва ҳадафаш бо захм каме мегурезад. Муддате дар ҳаракат мемонад, сипас меафтад. Тиронда ба дунболи тираш меравад ва ба нӯги тир менигарад, аммо (дар он) нишонае намеёбад. Бо худ мегӯяд: «Агар ман ба ҳадаф мерасидам, пас нишонае дар парҳо ё чӯби тир меёфтам. Ӯ ба парҳо ва чӯби тир менигарад ва нишонае намеёбад. Ҳамин тарв онҳо дар Ислом намеистанд (ва нишонае намегиранд), чунон ки он тир дар ҳадафаш намеистад ва (нишонае намегирад). Онҳо ба он боз намегарданд. Онҳо Китоби Аллоҳро мехонанд, аммо он аз гулӯяшон поён намеравад. (Инсон)
Сунна Абдуллоҳ
6 окт. 2025 г., 19:36
1528 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Исмоил – яъне Ибн Улайя – аз Сулаймон ат-Таймӣ, аз Анас ибн Молик "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" ривоят кард, ки гуфт: «Ба ман зикр карданд, ки паёмбар ﷺ гуфт: «Ба дурустӣ, дар миёни шумо қавме хоҳанд буд, ки чунон ибодат ва диндор мешаванд, ки инсонҳоро дар ҳайрат мегузоранд, ва худашонро дар ҳайрат мегузоранд. Онҳо аз дин берун мешаванд, монанди тире, ки аз ҳадаф берун мегузарад».1529 – Ба ман падарам "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" гуфт: Ба мо Иброҳим ибн Холид аз Робаҳ, аз Маъмар, аз Қотада, аз Анас ибн Молик "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" ривоят кард, ки ӯ гуфт: Расулуллоҳ ﷺ гуфт: «Дар уммати ман ихтилоф ва ҷудоӣ хоҳад буд, дар он қавме пайдо мешаванд, ки Қуръонро мехонанд, аммо он аз гулӯяшон поён намеравад. Аломати онҳо тарошидани сар ва мӯйро решакан кардан аст. Пас вақте онҳоро дидед, нобуд созед».Қавли ӯ: «ат-Тасбит», яъне решакан кардани мӯй.1530 – Ба ман Абу Бишр
Сунна Абдуллоҳ
6 окт. 2025 г., 19:36
1524 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Абдурраззоқ аз Маъмар ривоят кард, ки ӯ гуфт: Ман шунидам, ки Абу Ғолиб гуфт: «Вақте сарҳои азариқа (хавориҷҳо) оварда шуданд ва дар назди роҳи Димишқ гузошта шуданд ва вақте Абу Умама "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" омада, ин сарҳоро дид, ашкаш ҷорӣ шуд ва гуфт: «Сагҳои Оташ, сагҳои Оташ, сагҳои Оташ – се бор – инҳо бадтарин кушташудагон дар зери осмон ҳастанд, ва беҳтарин кушташудагон онҳое ҳастанд, ки инҳо (хавориҷҳо) онҳоро куштаанд».Гуфтам: «Чаро ашки чашмат ҷорӣ шуд?»Ӯ гуфт: «Аз рӯи раҳм ба онҳо. Зеро онҳо аз аҳли Ислом (мусалмон) буданд».Гуфтам: «Оё ту инро аз назари худ гуфтӣ, ки онҳо сагҳои Оташ ҳастанд, ё ин чизест, ки онро аз расулуллоҳ ﷺ шунидаӣ?»Ӯ гуфт: «(Агар аз назарам мегуфтам), пас ман (нисбати расулуллоҳ) боҷуръат мебудам. Баръакс, ман инро аз расулуллоҳ ﷺ шунидаам, на як бор, на ду бор ва на се бор, балки чанд борҳо. Сипас ин оятро
Сунна Абдуллоҳ
6 окт. 2025 г., 19:35
1519 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Абубакр ибн Ияш ривоят кард: Ман шунидам, ки Абу Исҳоқ аз Абу ал-Аҳвас ривоят кард, ки ӯ гуфт: «Хавориҷҳо баромаданд ва ӯ ба сӯи онҳо рафт, ва онҳо ӯро куштанд».1520 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Яҳё ибн Закариё – яъне Ибн Аби Заида – аз Абдулмолик, аз Ато, аз Ибн Аббос "Аллоҳ аз ҳардуяшон розӣ бод" ривоят кард, ки Алӣ "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" ӯро ба сӯи хавориҷҳо бурд ва ӯ бо онҳо сӯҳбат кард, ва дар миёнашон тафриқа андохт, сипас хавориҷҳо гуфтанд: {Онҳо қавми баҳскунанда ҳастанд} [43:58].1521 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Закариё ибн Аби Заида аз Асим ал-Аҳвал, аз Авн ибн Абдуллоҳ ривоят кард, ки Умар ибн Абдулазиз ӯро ба сӯи хавориҷҳо барои сӯҳбат бо онҳо бурд».1522 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Язид ибн Ҳорун аз Ҳишом ибн Ҳассан, аз Абу ал-Вадийъ ал-Кайсӣ ривоят кард, ки гуфт: «Ман дар миёни саҳобагони Алӣ "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" будам, вақте ки ӯ
Сунна Абдуллоҳ
6 окт. 2025 г., 19:35
1513 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Абу Камил Музаффар ибни Мудрик аз Ҳаммод ибн Салама, аз Ал-Азрақ ибни Қайс ривоят кард, ки ӯ гуфт: «Мо дар ал-Аҳвоз будем ва бо хавориҷҳо меҷангидем, дар миёни мо Абу Барзата ал-Асламӣ буд "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод". Ӯ ба сӯи наҳоре омад, таҳорат кард, сипас истод ва намоз хонд».1514 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Язид ибн Ҳорун аз Муҳаммад ибн Исҳоқ, аз Абу аз-Зубайр, аз Абу ал-Аббос, ғуломи озодшудаи қабилаи ад-Дийл, аз Абдуллоҳ ибн Амр "Аллоҳ аз ҳардуяшон розӣ бод" ривоят кард, ки гуфт: «Дар назди расулуллоҳ ﷺ қавме зикр шуд, ки дар ибодат ҷидду ҷаҳд мекунанд ва ӯ гуфт: «Ин одати Ислом ва талоши он аст, аммо ҳар талоше ба худ давраи фурӯравӣ дорад. Касеро, ки давраи фурӯравиаш ба сӯи мӯътадилӣ бошад, ӯ дар роҳи дуруст аст, ва касеро, ки давраи фурӯравиаш ба ғайри он бошад, онҳо гумроҳшудагонанд».1515 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Ҳушайм аз Ҳусайн аз
Сунна Абдуллоҳ
6 окт. 2025 г., 04:57
1510 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Маҳбуб ибн ал-Ҳасан аз Холид – яъне ал-Ҳаззаъ, – аз Абу Ияс Муовия ибн Қурра ривоят кард, ки гуфт: «Ҳарурии муоҳоккиме баромад ва аз саҳобагони расулуллоҳ ﷺ аз Музайна бо шамшерҳояшон ба сӯи ӯ баромаданд, ки дар миёни онҳо: Аъиз ибн Амр буд».1511 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Аффон аз Язид ибн Зурайъ, аз Холид ал-Ҳаззаъ, аз Муовия ибн Қурра ривоят кард, ки ӯ гуфт: «Дар замони саҳобагони расулуллоҳ ﷺ (хавориҷи) муҳоққим баромад ва гурӯҳе аз саҳобагони расулуллоҳ ﷺ бо шамшерҳояшон ба сӯи ӯ баромаданд, ки дар миёни онҳо: Аъиз ибн Амр буд».1512 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Аффон аз Саллам ибн ал-Мунзир, аз Асим ибн Баҳдала ривоят кард, ки гуфт: «Дар Куфа хавориҷе баромад ва гуфта шуд: «Эй Абу Воил, ин хавориҷ баромад ва ӯ қатл карда шуд». Ӯ гуфт: «Қасам ба Аллоҳ, дар назди Аллоҳ ҳеҷ чиз аз ин аз нуқтаи назари дин азиматтар нест ва ҳеҷ чиз аз дур кардани
Сунна Абдуллоҳ
6 окт. 2025 г., 04:53
1501 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Баҳз ва Аффон аз Ҳаммод – яъне Ибн Салама, аз Саид ибн [Ҷумҳан] ривоят кард, ки ӯ гуфт: «Мо бо Абдуллоҳ ибн Аби Авфа дар ҷанги зидди хавориҷҳо будем. Ва ғуломи Ибн Аби Авфа ба хавориҷҳо якҷо шуд, пас мо ба ӯ нидо кардем: Эй Фийруз ин аст Ибн Аби Авфа.Ӯ гуфт: «Агар ҳиҷрат мекардӣ, марди некӯ мешудӣ».Ӯ гуфт: «Душмани Аллоҳ чӣ мегӯяд?»Онҳо гуфтанд: «Ӯ мегӯяд, ки агар ҳиҷрат мекардӣ, марди некӯ мешудӣ».Ӯ гуфт: «Оё баъд аз ҳиҷрати ман бо расулуллоҳ ﷺ боз ҳиҷрат ҳаст?!»Баҳз дар ҳадисаш гуфт: «Ӯ ин суханро се бор такрор кард».Ман шунидам, ки расулуллоҳ ﷺ гуфт: «Тубо бод бар касе, ки онҳоро қатл мекунад».Аффон ва Юнус гуфтанд: «Бар касе, ки онҳоро қатл мекунад ва бар касе, ки онҳо ӯро қатл мекунанд» – се бор.1502 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Равҳ ибн Убада аз Усмон ибн аш-Шаҳҳам, аз Муслим ибн Абубакра ривоят кард, ки ӯ гуфт: Ман аз ӯ пурсидам:
Сунна Абдуллоҳ
6 окт. 2025 г., 04:53
1491 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Яҳё ибн Аби Заида аз Икрима, аз Аммор, аз Асим ибн Шумайх ал-Ғайланӣ ривоят кард, ки гуфт: Ман дидам, ки Абу Саид ал-Худрӣ "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" дар намози пешин ба шохае такя мекард. Вақте бармехест, ба он такя мекард, ва вақте ба рукуъ мерафт, онро назди девор мегузошт, ва вақте ба саҷда мерафт, боз ба он такя мекард.1492 – Ба ман Ҳудба ибн Холид ал-Азадӣ гуфт: Ба мо Дайлам Абу Ғолиб аз Маймун ал-Курдӣ, аз Абу Усмон ан-Наҳдӣ, аз Абу Саид ал-Худрӣ "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" ривоят кард, ки расулуллоҳ ﷺ гуфт: «(Аз дин) паридагон ҳангоми тафриқаи мусалмонон берун мешаванд. Ва онҳоро гурӯҳе, ки ба ҳақиқат наздиктар аст, қатл мекунад».1493 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Вакиъ аз Икрима ибн Аммор, аз Асим ибн Шумайх, аз Абу Саид ал-Худрӣ "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" ривоят кард, ки расулуллоҳ ﷺ қасам хӯрд ва гуфт: «Ба он Зоте, ки ҷони Абу ал-Қосим дар дасти Ӯст,
Сунна Абдуллоҳ
5 окт. 2025 г., 13:21
1489 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Ҳошим ибн ал-Қосим Ҳизом ибн Исмоил ал-Амирӣ аз Абу Исҳоқ аш-Шайбонӣ, аз Юсайр ибн Амр ривоят кард, ки гуфт: «Ман ба назди Саҳл ибн Ҳунайф дар Мадина ворид шудам ва гуфтам: «Ба ман ривоят кун, ки дар бораи ҳаруриҳо аз расулуллоҳ ﷺ чӣ шунидаӣ». Ва ӯ гуфт: «Ман ба ту он чизеро, ки аз расулуллоҳ ﷺ дар бораи ҳаруриҳо шунидаам, ривоят мекунам ва ба он чизе илова намекунам. Ман шунидам, ки расулуллоҳ ﷺ қавмеро зикр кард, ки аз ин ҷо берун меоянд ва ӯ бо дасташ ба сӯи Ироқ ишора кард: «Онҳо Қуръонро мехонанд, аммо он аз гулӯяшон поён намеравад. Онҳо аз дин берун мешаванд, монанди он, ки тир аз ҳадаф мегузарад».Ман гуфтам: «Оё ӯ нишонаҳои онҳоро зикр кард?»Ӯ гуфт: «Ин он чизест, ки ман шунидам ва чизе илова намекунам».1490 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Абу Комил аз Ҳаммод – яъне Ибн Салама, – аз Саид ибн Ҷумҳон ривоят кард, ки гуфт: «Хавориҷҳо маро даъват
Сунна Абдуллоҳ
5 окт. 2025 г., 13:18
1484 – Ба ман Ваҳб ибн Бақия ал-Воситӣ гуфт: Ба мо Холид ибн Абдуллоҳ аз Ато ибн ас-Саиб, аз Майсара ривоят кард, ки гуфт: Абу Ҷуҳайфа гуфт: «Ба дурустӣ, Алӣ "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" вақте аз ҳаруриён халос шуд, гуфт: «Дар миёни онҳо марде бо дасти хушк аст, ки аз китф то оринҷ устухон надорад ва дар худи оринҷ баромадагӣ монанди пистон аст, ва бар он мӯйҳои дарози каҷ аст». Ӯ ҷустуҷӯ шуд, аммо ёфт нашуд. Сипас ҷустуҷӯ шуд, аммо ёфт нашуд. Ӯ гуфт: «Ман дар миёни касоне будам, ки ҷустуҷӯ мекарданд. Ва ман ҳеҷ гоҳ Алиро "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" чунон ғамгин, ки дар он лаҳза буд, надида будам.Онҳо гуфтанд: «Мо ӯро намеёбем, эй амири мӯъминон».Ӯ гуфт: «Ин макон чӣ ном дорад?»Онҳо гуфтанд: «Наҳравон».Ӯ гуфт: «Шумо дурӯғ гуфтед, ба дурустӣ, ӯ дар миёни онҳост, ӯро ҷустуҷӯ кунед».Ӯ гуфт: Ва мо кушташудагонро баргардондем, аммо ӯро наёфтем. Мо ба наздаш боз баргаштем ва гуфтем: «Эй амири
Сунна Абдуллоҳ
4 окт. 2025 г., 19:12
1480 – Ба ман Убайдуллоҳ ибн [Умар] ал-Қоварирӣ гуфт: Ба ман Абдурраҳмон ибн ал-Урян ал-Ҳорисӣ аз ал-Азрақ ибн Қайс, аз марде аз қабилаи Абдулқайс ривоят кард, ки ӯ гуфт: «Ман Алиро "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" дар рӯзи ҷанги Наҳравон дидам, ки вақте онҳо кушта шуданд, гуфт: «Соҳиби пистон ё соҳиби дасти хушкро ба ман биёред». Ва чизе аз инро зикр кард, ки онро дар ёд надорам. Онҳо ӯро ҷустуҷӯ карданд ва марди бузурги сиёҳпӯст (ҳабашӣ)-ро дар ёфтанд, ки дар китфаш чизе монанди пистони зан буд, ва Абдурраҳмон гуфт: Ба назарам, ӯ гуфт: мӯйҳо буданд. Агар аз шодӣ ҷони инсон берун мерафт, дар он лаҳза ҷони Алӣ "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" берун мерафт ва ӯ гуфт: «Аллоҳ ва расулаш рост гуфтанд». Касе, ки ба ман мегӯяд, ки ӯро пеш аз маргаш дидааст, ба дурустӣ, дурӯғгӯй аст.1481 – Ба ман Алӣ ибн Ҳаким ал-Авдӣ гуфт: Ба мо Шарик аз Усмон ибн Абу Зуръа, аз Зайд ибн Ваҳб ривоят кард, ки гуфт: «Қавме аз аҳли
Сунна Абдуллоҳ
4 окт. 2025 г., 19:06
1475 – Ба ман Муҳаммад ибн Убайд ибн Муҳаммад ал-Муҳорибӣ — дар Куфа — гуфт: Ба мо Абу Молик ал-Ҷанабӣ Амр ибн Ҳошим аз Исмоил ибн Абу Холид, аз Амр ибн Қайс, аз ал-Минҳол ибн Амр, аз Зирр ибн Ҳубайша ривоят кард, ки гуфт: Ман шунидам, ки Алӣ "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" мегуфт: «Ман чашми фитнаро кӯр кардам. Агар ман намебудам, на аҳли Наҳравон кушта мешуданд, на аҳли Ҷамал ва агар тарс аз он намебуд, ки шумо амалҳоро тарк мекунед, ман ба шумо хабар медодам, ки Аллоҳ ба воситаи забони паёмбаратон ﷺ ба касоне, ки гумроҳии онҳоро дарк карда, роҳи дурусти ҳидояте, ки мо ҳоло дар он қарор дорем, дониста бо онҳо ҷанг кардааст, чӣ ваъда додааст».1476 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Асвад ибн Амир аз Ҳаммод ибн Салама, аз Муовия ибн Қурра ривоят кард, ки гуфт: «Хавориҷҳо ва аҳвоҳо ҳалок шуданд».1477 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Абу Муовия аз ал-Аъмаш, аз Зайд ибн Ваҳб ривоят кард, ки гуфт: «Вақте
Сунна Абдуллоҳ
4 окт. 2025 г., 19:01
1472 – Ба ман падарам гуфт: Ба мо Яҳё ибн Одам Исроил аз Абу Исҳоқ, аз Сувайд ибн Ғафлата, аз Алӣ "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" ривоят кард, ки гуфт: Расулуллоҳ ﷺ гуфт: «Дар охири замон қавме пайдо мешаванд, ки Қуръонро мехонанд, аммо он аз гулӯяшон поён намеравад. Онҳо аз Ислом берун мешаванд, мисли тире, ки аз ҳадаф мегузарад. Ҷанг бо онҳо вазифаи ҳар мусалмон аст».1473 – Ба ман падарам гуфт: «Ба мо Вакиъ аз ал-Аъмаш ривоят кард.Падарам гуфт: Ҳамчунин, Абдурраҳмон аз Суфён, аз ал-Аъмаш, аз Хайсама, аз Сувайд ибн Ғафлата ривоят кард, ки гуфт: Алӣ "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" гуфт: Агар ман ба шумо аз расулуллоҳ ﷺ ҳадисе ривоят кунам ва бар ӯ дурӯғ бофам, пас барои ман беҳтар аст, ки аз осмон афтам. Агар ман ба шумо чизе аз байни худамон ривоят кунам, пас ҷанг найранг аст. Ман шунидам, ки расулуллоҳ ﷺ гуфт «Дар охири замон мардуме пайдо мешаванд, ки синнашон хурд ва ақлашон...».Абдурраҳмон дар
Сунна Абдуллоҳ
3 окт. 2025 г., 16:03
1469 – Ба ман Муҳаммад ибн Абдуллоҳ ибн Нумайр ал-Ҳамадонӣ гуфт: Ба мо Яъла ва Вакиъ аз ал-Аъмаш, аз Хайсама, аз Сувайд ибн Ғафлата, аз Алӣ "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" ривоят кард, ки гуфт: «Агар ман ба шумо аз расулуллоҳ ﷺ ҳадисе ривоят кунам ва ман шунидам, ки расулуллоҳ ﷺ мегуфт: «Дар охири замон қавме пайдо мешаванд, ки синнашон кам…» ва ӯ ҳадисро (бо дарозиаш) зикр кард.1470 – Ба ман Абу Комил ал-Ҷаҳдарӣ Фудайл ибн ал-Ҳусайн ибн Комил гуфт: Ба мо Иброҳим ибн Ҳумайд ал-Куфӣ ар-Руасӣ дар Басра — ки ба Аббадан омада буд — аз ал-Аъмаш, аз Хайсама, аз Сувайд ибн Ғафлата ривоят кард, ки гуфт: Алӣ "Аллоҳ аз ӯ розӣ бод" гуфт: «Агар ман бо шумо дар бораи чизе, ки байни ман ва шумост, ривоят кунам, пас ба дурустӣ, ҷанг найранг аст. Аммо агар ман ба шумо аз расулуллоҳ ﷺ ривоят кунам ва бар ӯ дурӯғ бофам, пас ба Аллоҳ қасам, барои ман беҳтар аст, ки аз осмон афтам ва паррандагон маро дар ҳаво
Подписчики пишут боту, вы отвечаете реплаем, ваш аккаунт скрыт. Создаётся в одно касание.
Как это работает →