Последние посты

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
18 сент., 01:23
ЯК ҲАДИСИ ЗЕБО АЗ РАСУЛИ АКРАМ (с.ъ.в.с.) - 50
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
18 сент., 01:23
ҲИКОЯТВа ӯ (Анӯшервони Одил) рӯзе ба шикор бо хавосси хеш мерафт. Бар канори деҳе пиреро дид навадсола, ки гирдакон (чормағз) дар замин мекард. Нӯширвонро аҷиб омад ва баҳри он ки бист сол бояд ки гавзи кишта бояд бар диҳад. Гуфт: Эй пир гавз мекорӣ? Гуфт: Оре, худованд. Гуфт: Чандон бизиӣ, ки бараш бихӯрӣ? Гуфт: Киштанд, мо хӯрдем. Мо низ корем, то дигарон бихӯранд. Нӯширвонро хуш омад. Гуфт: Зеҳ! Дар-вақт хазинадорро фармуд, то ҳазор динор пирро диҳат. Пир гуфт: Эй худойгон, ҳеҷ кас бари ин гавз зудтар аз банда нахӯрд. Гуфт: Чӣ гуна? Гуфт: Агар банда гавз накиштӣ ва худойгон ин ҷо гузар накардӣ ва аз банда чунон ки пурсид, напурсидӣ, ва банда он ҷавоб надодӣ, банда ин ҳазор дирам аз куҷо ёфтӣ? Нӯшервон гуфт: Зеҳозеҳ! Хазинадор ду ҳазор динори дигар бидод аз баҳри он ки ду бор “зеҳ” бар забони ӯ бирафт. (Аз "Сиёсатнома")
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
18 сент., 01:23
Амир Ҳорис ба ватанаш – Балх бармегардад ва дар ин бора пурсуҷӯ мекунад. Ба ногоҳ як ғуломи дигараш сандуқчаи Бектошро медуздад, ки дар даруни он номаҳои ошиқонаи Робиъа нигоҳ дошта мешуданд. ӯ он мактубҳоро ба Ҳорис медиҳад ва ӯ онҳоро хонда ба гуфтаи Рӯдакӣ бовар ҳосил мекунад. ӯ фармон медиҳад, ки Бектошро ба зиндон ва Робиъаро ба гармобаи гарму сӯзон афкананд ва рагҳои дасташро бибурранд. Ҳамин тавр ҳам мекунанд. Робиъа дар гармоба тоқат накарда, аз ғаму азоб бо хуни худ дар девор шеърҳо навишта, ҷон ба ҷонофарин таслим месозад. Бектош бошад, аз зиндон гурехта, Ҳорисро дар шаби хобаш қатл мекунад ва дар сари турбати дилдодааш бо ханҷар худро ҳалок месозад. Шахси таърихӣ будани Робиъа, боқӣ намондани маълумотҳои дигар водор мекунад, ки ин нақлро ҳамчун воқеъияти таърихӣ қабул кунем. Шайх Аттори Нишопурӣ ин достони шӯрангезро барои ифодаи ақидаи тасаввуфии хеш истифода бурда, қиссаи
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
18 сент., 01:23
ШЕРИ ДАРРАНДАШайх Абӣ Ҳозим ибни Абдулғаффор гуфт: Ману Иброҳими Адҳам вориди Куфа шудем дар замони Мансури Давониқӣ. Ҷаъфар бинни Муҳаммад (ъ.) пеш аз мо ворид шуда буд. Рӯзе, ки ҳазрати Содиқ (ъ.) барои бозгаштан ба Мадина аз Куфа хориҷ мешуд, уламо ва арбоб дониши ӯро мушояъат карданд ва дар миёни мушояъаткунандагон Ибни Саврӣ ва Иброҳими Адҳам ҷулутар рафта буданд, ногоҳ касоне, ки пеш рафта буданд, мусодиф бо шере шуданд. Иброҳими Адҳам гуфт: Боистед, то Ҷаъфар бинни Муҳаммад (ъ.) биёяд, бубинем бо ин шер чӣ мекунад. Вақте ки ҳазрат ташриф овард, ҷараёнро ба арз расониданд. Он ҷаноб пеш рафт, то наздики шер расид. Гӯши ӯро гирифта аз ҷулуи роҳ дураш кард. Сипас рӯй ба ҷамъийят кард ва гуфт: Агар мардум итоат кунанд Худойро он тавр ки бояд, борҳои сангини худро бар чунин ҳайвоне метавонанд бор намоянд... (Мазмун аз китоби “Равзот-ул-ҷаннот”)
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
18 сент., 01:23
Куштанд шамъро чу саҳар аҳли базм, гуфт: Ин рӯз бувад аввали шаб дар назари мо!Биё, к-аз рашк сӯзонем бо ҳам булбулу гулро, Ту гулро кун хиҷил дар ҳусну ман дар ишқ булбулро!Шаб чунон бекасиям сӯхт ба кӯят, ки зи дард Дили санг об шуду сурати девор гирифт!Зи ранги лолаву доғаш аён аст, Ки ҳусну ишқ ба ҳам тавъамон аст.Чон ба қурбони нигоҳи ту, ки зад охири кор Тири софе, ки ба дарди дили мо хуб расид!Пир гардидаму сар мегардад, Осиё вақти саҳар мегардад.Гар чунин шаҳр ба савдои ту девона шавад, Ҳамчу занҷир зи ҳар кӯча фиғон бархезад!
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
18 сент., 01:23
Рӯз кардан бо ту, ҷонон, дар шаби ялдо хуш аст, Не, ғалат кардам, шаби васли ту бе фардо хуш аст. Сӯҳбати мову ту ҳамчун сӯҳбати хору гул аст, Бе ту моро хуш набошад, гар туро бе мо хуш аст...Ғами ҳиҷрони он сарви қабопӯш, Гирифта чун қабо тангам дар оғӯш. Чунон бо талхкомӣ хӯ гирифтам, Ки кардам ҷони ширинро фаромӯш. Ҳасан (номаш: Мулло Алӣ)
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
18 сент., 01:23
Қаддат зи хиром, эй бути ширинҳаракот, Сарвест, ки дорад ба қадам оби ҳаёт. Ҳар гоҳ ки қомати ту омад ба назар, Гуфтем баланд бар Муҳаммад салавот. قدّت زِ خِرام ای بتِ شیرین حَرَکات سرویست که دارد بَقَدم آب حیات هر گاه که قامت تو آمد بَنَظَر گفتیم بلند بر مُحَمَّدْ صَلَواتШафеои Шерозӣ, мулаққаб ба Абрӯбаланд (ваф. 1708, балдаи Лор, Ҳиндустон) – شفیعای شیرازی
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
18 сент., 01:23
УМАРИ ХАЙЁМ - 62
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
13 сент., 07:50
Давлате беҳтар аз он нест, ки аз паҳлӯи ӯ Ғайр ҳамчун гиреҳ аз банди қабо бархезад. Ҳуҷҷат (Мирзо Маҳдии Кашмирӣ)
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
13 сент., 07:50
Соқӣ, биё, ки рӯзу шабам аз ту равшан аст, Дар ҷабҳа моҳ дориву дар соғар офтоб.Монанди гули тоза, ки аз ҳам бирабоянд, Аъзои маро бар сари пайкони ту ғавғост! Мулло Ҳасаналӣ
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
13 сент., 07:45
ЯК ҲАДИСИ ЗЕБО АЗ РАСУЛИ АКРАМ (с.ъ.в.с.) - 49
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
13 сент., 07:45
Фақеҳе комил зане дошт бағоят доно. Рӯзе он фақеҳ зани худро дид, ки ба нардбон боло мерафт. Чун ба нима расид, гуфт: – Агар боло равӣ, ба талоқӣ ва агар фуруд оӣ, ба талоқӣ ва агар ба ҷои худ макс кунӣ, ба талоқӣ. Зан филфавр аз нордбон худро ба зер андохт. Фақеҳ ӯро офарин карду гуфт: – Агар ман намонам, ту тавонӣ, ки масоили шаръоро ҷавоб нависӣ.Хусрави Парвез Ширинро, ки завҷа ва маҳбубаи ӯ буд, гуфт: – Хуш чизест подшоҳӣ, агар доим будӣ. Ширин гуфт: – Агар доим будӣ,ба ту нарасидӣ.Яке аз бузургони араб, ки машҳур ба қабоҳати ваҷҳ ва кароҳати манзар буд, зане дошт бағоят соҳибҷамол ва ҳамидахисол. Рӯзе зан ӯро гуфт: – Яқин медонам, ки ману ту аҳли биҳиштем. Гуфт: – Аз куҷо медонӣ? Гуфт: – Аз он ҷо ки ту доим шакли ҷамили маро мебиниву шукр мегӯӣ ва ман ваҷҳи қабеҳи туро мебинаму сабр мекунам ва собирону шокирон аҳли биҳиштанд.Марди бузургбине занеро хостгорӣ мекард ва дар
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
13 сент., 07:45
Маҷди Ҳамгар ... зане дошт бағоят пир ва кӯҳансол. Рӯзе бо якдигар ҷангеву моҷарое доштанд. Пирзол гуфт: – Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст... Маҷд гуфт: – Агар пеш аз ман буда, пеш аз ту боре набуда.Зарифе зани шумқадам хоста буд, ки панҷ шавҳар дар гӯр дошт. Ногоҳ зариф низ дар бемории марг афтод. Вақте ҷон меканд, он зан ба болини ӯ мегиристу мегуфт: – Эй шавҳар, аз дунё меравӣ ва маро ба кӣ мегузорӣ? Гуфт: – Ба шавҳари ҳафтум.Зани дарвеши аёлманде ба хонаи ҳамсоя мерафт. Ӯро мусибате афтода буд. Дарвеш гуфт: – Куҷо меравӣ? Гуфт: – Ба таъзийят расонидан. Гуфт: – Дар хона барои тифлон чӣ гузоштаӣ, ки бихӯранд? Гуфт: – Чун дар хона на орд асту на намак ва на ҳезум, чӣ созам ва чӣ гузорам? Мард гуфт:
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
13 сент., 07:45
Умари Хайём - 61
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
9 сент., 19:42
Равшан шуд аз висоли ту шабҳои тори ман, Субҳи қиёмат аст чароғи мазори мо!Зи мижгон сохтам гулгун чунон рӯи биёбонро, Ки доғи лола кардам мардуми чашми ғизолонро.Чӣ шавад, к-аз ту даме хотирам осуда шавад? Макаш аз синаи ман як-ду нафас пайконро!Сарат гардам, маяфшон кокулу раҳме ба дилҳо кун, Мазан барҳам ба бозӣ ҳалқаи ошуфтаҳолонро!Зи ҳиҷрон дидаам ҳоле, к кофар аз аҷал бинад, Худо кӯтоҳ созад умри айёми ҷудоиро!Чароғон кардаам аз доғи дил вайронаи худро Ки чун парвона дар рақс оварам девонаи худро.Аз лоларухон дар табу тоб аст дили ио, З-ин оташи бедуд кабоб аст дили мо.
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
9 сент., 19:42
Тавон зи гашти гулу гашти лолазор гузашт, Наметавон зи тамошои рӯи ёр гузашт. Ба рӯи лолаву гул хостам, ки май нӯшам, Зи шиша то ба қадаҳ рехтам, баҳор гузашт!То кушоям мижа, аз ҳар тарафам ҷайҳун аст, Ҳосили хирмани ашкам рухи гандумгун аст...Ин ки пиндорӣ хамӯшам дар видоъи дӯстон, Гар забони шарм донӣ, ҳар нигоҳам нола аст...Имшаб ба ҳеҷ ваҷҳ дилам во намешавад, Гӯё ки хотири касе аз ман гирифтааст... Ҳусайнхони Ҳасанхон
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
9 сент., 19:42
ЯК ҲАДИСИ ЗЕБО АЗ РАСУЛИ АКРАМ (с.ъ.в.с.) - 48
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
9 сент., 19:42
НАСИҲАТИ СУҚРОТПеш аз он ки Суқротро муҳокама кунанд, аз вай пурсиданд: – Бузургтарин орзуе, ки дар дил дорӣ, чист? Вай посух дод: – Бузургтарин орзуи ман ин аст, ки ба болотарин маконе дар Отин сууд кунам ва бо садои баланд ба мардум бигӯям, ки: Эй руфақо, чаро бо ин ҳирсу валаъ беҳтарин ва азизтарин солҳои умри худро ба ҷамъоварии сарват ва ибодати тилло мегузаронед? Дар ҳоле ки он гуна, ки бояду шояд дар таълим ва тарбийяти атфолатон, ки маҷбур ҳастед рӯзе сарвати худро барои онон боқӣ гузоред, ҳиммат намегуморед!? (Аз китоби “Бадеҳигӯиҳо”)
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
9 сент., 19:42
НОНУ АНГУР ВА ИН ҲАМА ҶАНҶОЛРӯзе се нафар ҳамсафар, ки аввалӣ курд буду дуввуми форс ва саввумӣ турк, ба шаҳре расиданд. Ҳар се нафар забони ҳамдигарро намефаҳмиданд, қарор буд ноҳор бихӯранд. Аввалӣ ба курдӣ гуфт: – Мун нон ва тарӣ ахум. Дуввумӣ низ ба форсӣ гуфт: – Ман нону ангур мехӯрам. Саввумӣ ҳам ба туркӣ гуфт: – Ман узум ва чурек йийирем. Вале аввалӣ нафаҳмид, ки дуввумӣ ҳамон нону ангур мехоҳад ва дуввумӣ ҳам нафаҳмид, ки саввумӣ моил ба хӯрдани нону ангур аст. дар натиҷо корашон ба низоъу муҷодала ва задухӯрд расид. Чанд нафар, ки забони ҳар серо балад буданд, миёнҷӣ шуданд ва ба онон фаҳмониданд, ки ҳар се нафар як ҳарф мезананд. (Аз “Тамсил ва масал”)
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
9 сент., 19:42
НОБИНОИ ВОҚЕӢШахси солеҳе, ки ниёзманд шуда буд, ба дари хонаи бахиле рафт ва гуфт: – Чунин ба ман расида, ки ту миқдоре аз моли худро вақфи ниёзмандон кардаӣ ва ман бисёр мустаҳиқу фурӯмондаам. Шахси бахил баҳона пеш оварду гуфт: – Ман он чӣ вақф кардаам, барои кӯрон кардаам ва ту кӯр нестӣ. Шахси солеҳ гуфт: – Ғалат дидаӣ! Кӯри воқеӣ манам, ки рӯй аз он раззоқи ҳақиқӣ бартофтаам ва ба сӯи чун ту бахиле шитофтаам! Ва рӯй аз ӯ бигардонид. Шахси бахил аз сухани ӯ мутаассир шуд ва аз ақибаш давид ва ҳарчанд дархост кард, ки баргардад, то хидмат ба ҷой оварад, дараҷаи қабул наёфт. (Аз “Латоиф-ут-тавоиф”)
