gram news
Аватар канала ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

@xirad

ПроектыTGРазное

3,711подписчиков

Открыть канал

Последние посты

  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    22 сент., 20:15

    Хабари ҷанозаБо андӯҳи гарон хабар медиҳем, ки Норбӣ-бибӣ Дӯстова дар синни мубораки 105-солагӣ аз ин дунёи фонӣ чашм пӯшиданд. Норбӣ-бибӣ умри пурбаракат ва пур аз рӯзгори пуршебу фарозро сипарӣ намуда, бо меҳру муҳаббат, дуоҳои нек ва хотираҳои ширинашон дар қалби фарзандону наберагон, аберагон ва тамоми наздикон абадӣ боқӣ хоҳанд монд. Маросими ҷаноза 23 сентябри соли 2026, соати 14:00 дар деҳаи Оқсой баргузор мегардад. Аз даргоҳи Худованди меҳрубон барои марҳума раҳмату мағфират ва манзили охираташон обод буданашро мехоҳем. Ба тамоми пайвандону наздикон дар ин рӯзи вазнину ғамангез сабри ҷамил хоҳонем. (Модаркалони Ходжаева Миҷгона)Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    22 сент., 17:31

    Шеъри "МАДҲИ ВАТАН" Дар қироати донишомӯзи синфи 2-юми мактаби рақами 10-уми ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё Ибрагимов Убайдулло
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    22 сент., 13:15изменён

    Ҷӯрабек МуродовСуруди Рӯдакӣ...https://t.me/Xirad
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    22 сент., 13:04

    #бузургдошти_Рӯдакӣ Шеъри тарҷумаиҳолӣ дар бораи Рӯдакӣ, ки ба қалами шоир Паймон тааллуқ дорад, аз ҷониби донишҷӯи соли аввали таҳсили шӯъбаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд - Машҳура Ҷобирова дар назди пайкараи Рӯдакӣ, воқеъ дар кӯчаи ба номи худи шоир, қироат карда шуд.Бо мо бошед:👇👇👇 🔶https://t.me/oriyonsamarqand
    377видео51Открыть в Telegram
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    22 сент., 11:07изменён

    Вақт хуш буд оли Сомонро, Ҷой дар хиттаи Хуросон буд.Рӯдакӣ низ чун дури шоҳвор, Зеби дарбори Оли Сомон буд.Ҳамчу теғи Амир Исмоил, Хомаи Рӯдакӣ ба ҷавлон буд.Рӯдакӣ кори Пури Дастон кард, К-ин ҳунар кори Пури Дастон буд.Дар низои бақои миллият, Аввалин қаҳрамони майдон буд.Миллати мо раҳини миннати ӯст, Миннат ӯро сазад, ки маннон буд.Рӯдакӣ бо ду чашми нобино, Раҳнамои маолбинон буд.
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    22 сент., 11:02

    Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ, Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ. Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад, Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ. Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ, Киштие соз, то бад-он гузарӣ.АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢШарҳи луғат:
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    22 сент., 10:41

    Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод, Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!3-омада шодмон бебояд буд, В-аз гузашта накард бояд ёд!Ману он ҷаъдмўйи ғолиябўй, Ману он моҳрўйи ҳурнажод!Некбахт он касе, ки доду бихўрд, Шўрбахт он, ки ў на хўрду на дод!Боду абр аст ин ҷаҳон, афсўс, Бода пеш ор, ҳар чи бодо, бод!Шод будаст аз ин ҷаҳон ҳаргиз Ҳеч кас, то аз ў ту бошӣ шод?!Дод дидаст аз ў ба ҳеч сабаб Ҳеч фарзона, то ту бинӣ дод?!
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    22 сент., 10:38

    https://youtu.be/AjidNPq7cLg?si=9LJ2nIKlebaGXuX2
    YouTubeБӮЙИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН ОЯД, ҲАМЕАниматсияи эпикӣ дар услуби Дисней, ки бар асоси ҳикояи машҳур аз «Чаҳор мақола»-и Низомии Арузии Самарқандӣ таҳия шудааст. 👑 Қисса дар бораи Амир Наср ибни Аҳмад, ки бо лашкари пурқуввати худ ба сафар мебарояд ва дар Ҳирот муддати дароз иқомат мекунад.…
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    22 сент., 09:51

    Лавҳа аз тадбири маънавӣ дар мавзӯи "Пандҳои Рӯдакӣ" бо иштироки донишомӯзони синфи 6-и "А", мактаби таълими умумии рақами 37-уми ноҳияи Самарқандhttps://t.me/Xirad
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    22 сент., 08:59

    22-юми сентябр - Рӯзи гиромидошти хотираи асосгузори адабиёти мумтози форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад: Тани дурусту хўи неку номи неку хирад. Ҳар он кӣ эзидаш ин ҳар чаҳор рўзӣ кард, Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нах(в)арад.Абӯабдуллоҳи РӮДАКӢhttps://t.me/Xirad
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    21 сент., 23:46

  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    21 сент., 23:39изменён

    Паймонае, ки бода надорад, шикастанист, Дасте, ки нест масдари эҷод, бастанист.Зулфе, ки сарфи шона кунад умр, канда беҳ, Доме, ки сайди зинда нагирад, гусастанист.Дар гӯши ғунча бод саҳар омаду бигуфт: "Дар ҳар диле, ки бӯи вафо нест, хастанист".Дар дидае, ки ғайр кунад хона, кӯр беҳ, Чашме, ки сурмадон шавад, он чашм бастанист.Нишин ба сӯҳбати пирону тозарӯ бархез, Ки офтоб зи базми фалак ҷавон бархостанист.Сайидои НАСАФӢhttps://t.me/Xirad
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    21 сент., 23:31изменён

    Ҳар роҳ барои дидани дунёест, Ҳар чашм даре ба олами зебоест. Ҳар субҳи нав аст рӯнамои хуршед, Ҳар рӯз дари кушодаи фардоест.Лоиқ ШЕРАЛӢhttps://t.me/Xirad
    465видео22Открыть в Telegram
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    21 сент., 23:24изменён

    Олам ҳама дар хаёли ман меғунҷад, Одам ҳама дар заволи ман меғунҷад. «Аз омадану рафтани мо суде ку?»1 Гардун ҳама дар суоли ман меғунҷад!1. Аз ХайёмГУЛРУХСОРhttps://t.me/Xirad
    411видео21Открыть в Telegram
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    21 сент., 23:15изменён

    Донӣ, ки чаро Худо туро дода ду даст, Донам, ки дар ин мӯъҷиза асроре ҳаст. Як даст ба кори хештан пардозӣ, Бо дасти дигар, зи дигарон гирӣ даст.Лоиқ ШЕРАЛӢhttps://t.me/Xirad
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    21 сент., 23:14изменён

    Ассалому алайкум, ҳамватанону ҳамзабонони азиз!Субҳи наватон бо бахту умед, қалбатон бо шодиву оромӣ ва рӯзгоратон бо файзу баракат оғоз гардад.Бигзор қадаматон ба сӯи некӣ, дуоятон ба иҷобат ва рӯзатон пур аз хушхабару комёбиҳо бошад.Рӯзи нав, бахти нав ва баракати фаровон насибатон бод!https://t.me/Xirad
    1,260видео211Открыть в Telegram
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    21 сент., 14:18изменён

    Рӯзе САРВАТ, ДОНИШ ва ОҚИБАТ бо ҳам вохӯрданд.Сарват гуфт: - Агар ман гум шавам, маро аз хазинаҳо пайдо мекунед.Дониш гуфт: - Агар ман гум шавам, маро аз китобҳо пайдо мекунед.Сипас ба Оқибате, ки хомӯш нишаста буд, нигариста пурсиданд: - Агар ту гум шавӣ, туро аз куҷо пайдо мекунем?Оқибат ҷавоб дод: - Маро гум накунед! Агар маро аз даст диҳед, дигар ҳеҷ ҷо маро пайдо карда наметавонед...Азизон, барои он ки аз байни мо оқибат, меҳру муҳаббат ва қадршиносӣ наравад, ба ин ҳикмати ибратомӯз амал намоем!https://t.me/Xirad
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    21 сент., 13:51

    переслано из @asadullo_shukurov

    ДАР ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ ШАМСИ ТАБРЕЗӢТуркия. Шаҳри Қуния. 18.09.2026https://t.me/asadullo_shukurov
  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    21 сент., 12:24

  • ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

    21 сент., 12:22изменён

    ХАРГӮШАКХаргӯшаки сафедам , Чаро ту дилгир асти.Дар кулбаи вайрона, Як умре аср асти.Ба полиз надарои , Даратро во мекунам.Ба шарте гашта оӣ, Даратро во мекунам.Харгӯшаки сафедам, Полизро ҷазир кардӣ,Модару падарамро, Аз худат дилгир карди.
Скачать ряд в CSV
Бот обратной связи для своего канала — бесплатно

Подписчики пишут боту, вы отвечаете реплаем, ваш аккаунт скрыт. Создаётся в одно касание.

Как это работает →
Создать бота