Latest posts

Азия-Плюс TJ
23 Sept, 11:54
📶Дар Бадахшон замин ларзидМақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки имрӯз, 23-юми сентябр, соати 10:46 дар ВМКБ заминларза рух додааст.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо такя ба Хадамоти геофизикии Академияи илмҳо навишт, ки маркази ин заминҷунбӣ дар масофаи 286-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 25-километрии ҷануби шаҳри Хоруғ ва 147 километрии ҷанубу ғарби кӯли Сарез дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ буд.“Қувваи заминларза дар маркази он 3–4 балл, дар шаҳри Хоруғ 3 балл ва дар ҳудуди кӯли Сарез 2–3 баллро ташкил дод”, - навишт манбаъ.Тибқи иттилои аввалия, дар натиҷаи ин заминларза талафоти ҷонӣ, осебдидагон ва хисороти моддӣ сабт нашудааст.❓Шумо ларзиши заминро эҳсос кардед? Дар шарҳ нависед.📹: КҲФ⏺Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX


Азия-Плюс TJ
23 Sept, 11:29
❓Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод? 🥀Соли 2025 барои аҳли фарҳанг, санъат ва адаби тоҷик ҳамчун соли талафоти сангин сабт шуд. Дар ин сол миллат бо шахсиятҳои барҷастаеAsia-Plus“Нақшҳое бозидам, ки мардум ибрат гиранд ва дар роҳи рост бошанд”. Ёде аз ҳунарманди шинохта Асланшоҳ Раҳматуллоев - Азия-ПлюсИмрӯз зодрӯзи ин Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон аст.
Азия-Плюс TJ
23 Sept, 11:09
🌧Имрӯз дар шаҳри Душанбе яке аз нахустин боронҳои тирамоҳӣ борид.Ин борон кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро тар карда, ба ҳавои шаҳр таровату салқинӣ бахшид.Сокинону меҳмонони Душанбе имрӯз нахустин нишонаҳои фасли пойизро бо қатраҳои борон эҳсос карданд.📹: asia+⏺Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX
Азия-Плюс TJ
23 Sept, 10:41
🔴“Аз 80 то 150 ҳазор сомонӣ”. Раиси Федератсияи ҷудо ба ғолибони Бозиҳои осиёӣ-2026 ҷоиза медиҳадРаиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба варзишгарони тоҷике, ки дар Бозиҳои осиё-2026 медал мегиранд, аз 80 то 150 ҳазор сомонӣ ҷоиза медиҳад.Дар ин бор Федератсияи ҷудо рӯзи 22-юми сентябр хабар дода, гуфтааст, ки Исмоил Маҳмадзоир, раиси ин ниҳод дар бораи таъсиси ин ҷоизаҳои пулӣ қарори расмӣ қабул кардааст.Мувофиқи ин қарор, паҳлавононе, ки ҷойи 1-ум (медали тилло) мегиранд, бо 150 ҳазор сомонӣ, ҷойи 2-юм (медали нуқра) бо 100 ҳазор сомонӣ ва ҷойи 3-юм (медали биринҷӣ) бо 80 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешавад.Федератсияи ҷудо ҳадафи ин иқдомро “дастгирии молии варзишгарон, ҳавасмандгардонии онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд ва рушди соҳаи ҷудо” гуфтааст.Маълум нест, ки ин пул аз буҷаи худи федератсия ҷудо мешавад, ё манбаи дигари пулӣ.Бояд гуфт, дар бозиҳои кунунии осиёӣ, ки ҳоло дар Ҷопон ҷараён доранд, варзишгарони тоҷик то ҳол 4 медал - 2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардаанд.⏺Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX


Азия-Плюс TJ
23 Sept, 10:22
🔴Бозиҳои Осиё-2026: Ҳоло Тоҷикистон бо ду нишони тилло, як нуқра ва як биринҷӣ дар ҷои ҳафтум астИн бозиҳо то 4-уми октябр идома мекунад ва эҳтимол шумораи медалҳои Тоҷикистон зиёд шавад.МУФАССАЛAsia-PlusБозиҳои Осиё-2026: Ҳоло Тоҷикистон бо ду нишони тилло, як нуқра ва як биринҷӣ дар ҷои ҳафтум аст - Азия-ПлюсИн бозиҳо то 4-уми октябр идома мекунад ва эҳтимол шумораи медалҳои Тоҷикистон зиёд шавад.
Азия-Плюс TJ
23 Sept, 09:39
❓Аз заъфи СММ то эътирози Исроилу Куба. Рӯзи аввали ҷаласаи 81-уми Маҷмааи умумии СММ чӣ гуна гузашт?“Азия-Плюс” ҳарфу амалкардҳои “берун аз расмиёт”-ро гирд овард.Рӯзи 22-юми сентябр дар Ню-Йорк ҷаласаи 81-уми Маҷмааи умумии СММ оғоз ва рӯзи аввал бо чанд лаҳзаи ғайриоддӣ сипарӣ шуд: ҳайати Куба дар вақти суханронии раисҷумҳури Амрико толорро тарк кард, ҳайати Исроил дар суханронии раисҷумҳури Туркия берун рафт ва Доналд Трамп аз ҳама беш дар бораи Эрон ҳарф зад. Дар маркази баҳсҳо ҷанг дар Ғазза ва заифшавии нақши СММ қарор доштанд.Бештар ин ҷо хонед: ТАФСИЛОТAsia-PlusАз заъфи СММ то эътирози Исроилу Куба. Рӯзи аввали ҷаласаи 81-уми Маҷмааи умумии СММ чӣ гуна гузашт? - Азия-Плюс“Азия-Плюс” ҳарфу амалкардҳои “берун аз расмиёт”-ро гирд овард.
Азия-Плюс TJ
23 Sept, 09:18edited
⏺Тоҷикистон бо як ширкати олмонӣ масъалаи ҷалби шаҳрвандонаш ба кор дар Олмонро баррасӣ кардаастМақомоти Тоҷикистон бо намояндаи ширкати олмонии “Premium Food Group” ҷалб ва сафарбар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави фаъолияти корӣ барои онҳо дар Олмонро баррасӣ кардаанд.Дар ин дидор, ки рӯзи 22-юми сентябр дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, муовинони вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон бо мудири умумии ширкати “Premium Food Group” масъалаҳои марбут ба ташкили созукор (механизм)-и муназзами интихоби қувваи корӣ аз Тоҷикисонро низ муҳокима кардаанд.Онҳо, ба иттилои расмӣ, дар мавзуъи муайян кардани эҳтиёҷоти бозори кори Олмон, интихоби номзадҳои мувофиқ аз Тоҷикистон ва омодасозии касбиву забонии онҳо барои фаъолият дар Олмон ҳарф задаанд.Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид шудааст, ки яке аз омилҳои муҳими ҷалби қувваи корӣ омодасозии корҷӯён пеш аз сафар аст, аз ҷумла ёдгирии забони олмонӣ дар сатҳи муошират, такмили малакаҳои касбӣ ва шиносоӣ бо талаботи бозори кори кишвари мизбон.Натиҷаи ин мулоқот чӣ будааст, маълум нест.🔴“Premium Food Group” яке аз ширкатҳои калони тавлидкунандаи маводи ғизоӣ дар Олмон буда, маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб, хӯроки ҳайвонот ва дигар маҳсулотро омода мекунад.📷: Вазорати кору муҳоҷират⏺Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX


Азия-Плюс TJ
23 Sept, 08:42edited
🇮🇷 Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Эрон баргузор мешавадАз 15 то 20-уми октябр дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Эрон баргузор мешавад.Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, ки дар доираи ин чорабинӣ филмҳои навтарини синамои Эрон ба намоиш гузошта мешаванд.Вале мушаххас нагуфтанд, ки кадом филмҳои эронӣ пешниҳоди ҳозирин хоҳад шуд."Дар маросими ифтитоҳ ҳайати Эрон, коргардонҳо, таҳиягарон, ҳунармандон ва мутахассисони соҳаи синамои Тоҷикистон ширкат мекунанд. Ҳамчунин вохӯриҳои корӣ ва эҷодии синамогарони ду кишвар баргузор мешаванд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба баррасӣ хоҳанд шуд", - гуфтанд аз "Тоҷикфилм".Бояд гуфт, ки Рӯзҳои синамои Эрон яке аз бахшҳои барномаи байналмилалии “Тоҷи Сомон” аст.Ёдовар мешавем, ки дар ҷашнвораи қаблии “Тоҷи Сомон” ҳам Рӯзҳои синамои Эрон баргузор шуда буд ва оғози он ҳамзамон оғози ҷашнвора ба ҳисоб рафт.📷: asia+, 2025⏺Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX


Азия-Плюс TJ
10 Sept, 14:54
🔴Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰 💬 Мутахассисони Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯянд, пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об мешаванд МУФАССАЛ 💬 Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Анҷумани “Пайванд” бори дигар аз такмили омӯзиши хатти форсӣ ишора кард МУФАССАЛ 💬 Мақомот эълон
Азия-Плюс TJ
10 Sept, 13:50edited
❗️Кор дар Туркия ва РусияМақомот корҷӯёни тоҷикро ба кор дар Туркия ва Русия даъват кардаанд. Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати кору муҳоҷират мегӯяд, барои кор дар Туркия коргарони оддӣ, кафшергарон, кормандони барқ, оҳангарон, мутахассисони таъмири механикӣ, ронандаи “лоудер” ва “форклифт”, инчунин, устоҳои таъмири техникаи вазнин ба кор ҷалб мешаванд.Дар Русия бошад, ҷойҳои корӣ дар саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва хидматрасонӣ пешниҳод шудаанд.Ба гуфтаи манбаъ, маош вобаста ба ихтисос ва вазифа дар Туркия аз 700 то 1250 доллар ва дар Русия аз 80 ҳазор то 140 ҳазор рубл аст.Дар Туркия кормандон аз ҷониби корфармо бо манзил ва хӯрок таъмин карда мешавад. Аммо дар Русия хароҷоти ҷойи зист ва хӯрокворӣ аз ҳисоби коргар аст.Дар ҳамин ҳол корфармо дар Русия омода аст бақайдгирии муҳоҷиратии коргарро дар ҷойи истиқомат аз ҳисоби корхона анҷом диҳад. Барои гирифтани
Азия-Плюс TJ
10 Sept, 13:32
🔴Алайҳи наврасе дар Бадахшон бо гумони корд задани як ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз кардаандВазорати корҳои дохилӣ аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи як навраси 15-сола дар ВМКБ хабар дод, ки ба корд задани ноболиғи дигаре гумонбар мешавад. Ин ниҳод гуфтааст, ки гумонбар А.Ф.-и 15-сола, сокини шаҳри Хоруғ аст.Ба гуфтаи манбаъ, ӯ рӯзи 7-уми сентябр дар назди даромадгоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии “Чорбоғ”-и ин шаҳр бо як сокини дигари Хоруғ - М.Д.-и 14-сола “аз ҳиссиёти авбошӣ” муноқиша карда, ба қафаси синааш корд мезанад.“Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст”, - афзудааст вазорат.ВКД гуфтааст, ки алайҳи навраси 15-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Маълум нест, ки ин ноболиғ дастгир шудааст, ё не.⏺Хабарҳои


Азия-Плюс TJ
10 Sept, 13:07edited
Соҳибкори тоҷик дар додгоҳи Амрико эътироф карда, ки ба Русия таҷҳизоти таҳримшуда фиристодааст


Азия-Плюс TJ
10 Sept, 12:44
💢 Хуршед Атовулло: “Рӯзноманигориро ҷамъбаст карда, пурра ба нависандагӣ рӯ меорам”Имрӯз Хуршед Атовулло, рӯзноманигори соҳибмактаб ва бунёдгузори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) 53-сола шуд.Вай ба наздикӣ ҷарроҳии вазнини дилро пушти сар карда, ҳоло давраи табобату назорати табибонро мегузаронад. Дар ин мусоҳиба ӯ дар бораи мубориза бо беморӣ, фалсафаи ҳаёт ва марг, таърихномаи пурпечутоби МТЖТ, сарнавишти шогирдон, вазни Акбари Саттор ва сабабҳои аслии тарк кардани рӯзноманигориву рӯ овардан ба нависандагӣ гуфтугӯ кард.Навори ин суҳбатро дар пайванди зер тамошо карда метавонед:🔗Оини зиндагии Хуршед АтовуллоҲамчунин, дар ин пайванд, матни комили мусоҳиба бо Хуршед Атовуллоро мутолиа кунед: 🔗 МУФАССАЛ⏺Хабарҳои бештар ➡️ Telegra


Азия-Плюс TJ
10 Sept, 12:09
🔴“Ayan Capital”-и тоҷикон дар Лондон ҳудуди $100 млн сармоя ҷалб кардаастИн ширкат дар Лондон аз сӯи ҳаммуассисони "Alif" таъсис ёфта буд.МУФАССАЛAsia-Plus"Ayan Capital"-и тоҷикон дар Лондон ҳудуди $100 млн сармоя ҷалб кардааст - Азия-ПлюсИн ширкат дар Лондон аз сӯи ҳаммуассисони "Alif" таъсис ёфта буд.
Азия-Плюс TJ
10 Sept, 11:27edited
💢“800 кг ва 8 метр дароз”. Бузургтарин шириниро дар Душанбе кӣ ба мардум тақсим кард?Дар рӯзи ҷашни Истиқлол ду ширинии бузург, ки яке беш аз 800 килограм ва дигаре 300 кг вазн дошт, дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ройгон ба мардум тақсим шуд.Ширинии рекордие дар пойтахт, ки навори он таваҷҷуҳи сокинонро ҷалб кард, бо вазни 800 килограм ва дарозии 8 метр аз ҷониби коргоҳи шириниаазии “Шириниҳои Марям” омода шудааст. Кадбонуе, ки ин шириниро пӯхтааст, Марям Темуроваи 18-сола мебошад.Ӯ имрӯз, 10-уми сентябр, дар суҳбат ба @asiaplustoj гуфт, ки ғояи омода кардани ширинии қариб яктоннаӣ аз бародараш Саидшо Темуров буд.“Ширинии 800-киллограмии мо дар як рӯз омода шуд. Аслан он шириниро худам омода кардам ва ду шогирдам дар ин кор ба ман кумак расонданд. “Торт” пурра аз қаймоқи хонагӣ ва дигар маҳсулоти табиӣ омода шуда буд”, - гуфт ӯ.Темурова афзуд,
Азия-Плюс TJ
10 Sept, 10:52
🎆 Ширкати 11 ҳазор кас дар барномаи фарҳангӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлол дар Варзишгоҳи миллӣ🎉 Баъди анҷоми ин барномаи фарҳангӣ, ки шаби гузашта баргузор шуд, оташбозӣ ва нурафшонӣ сурат гирифт.Маросими фарҳангӣ дар Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷои нишаст бургузор шуд. Дар он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, шарҳдори Душанбе, ҳамчунин, мансабдорону сокинон ва меҳмонони Душанбе ширкат доштанд.Эмомалӣ Раҳмон дар поёни чорабинии фарҳангӣ, ба ташкилкунандагон ва аҳли санъат сипос гуфт ва илова кард, ки дар омода ва баргузории он 11 ҳазор кас ширкат доштанд.⏺Хабарҳои бештар ➡️ Telegram ва MAX
Азия-Плюс TJ
10 Sept, 10:15
⚡️Дар Кӯшониён филиали “Ориёнбонк” боз шуд. Он ба мардум чӣ имкониятҳо пешниҳод мекунад?“Ориёнбонк” яке аз бузургтарин бонкҳои низомсози кишвар дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон филиали худро боз кард. Масъулини ин бонк мегӯянд, акнун сокинони ин шаҳр метавонанд роҳаттар аз хадамоти он, ба мисли қарзҳои дастрас, пасандозҳо, кортҳои пардохтӣ истифода кунанд.Ин 33-умин филиали “Ориёнбонк” дар кишвар аст ва масъулини ин бонк мегӯянд, боз шудани намояндагӣ дар минтақаҳо ба рушди иқтисодиёти маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорон мусоидат мекунад. Муфассал дар гузориши мо бинед:Asia-PlusДар Кӯшониён филиали “Ориёнбонк” боз шуд. Он ба мардум чӣ имкониятҳо пешниҳод мекунад? - Азия-Плюс“Ориёнбонк” яке аз бузургтарин бонкҳои низомсози кишвар дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон филиали худро боз кард. Масъулини ин бонк мегӯянд, акнун сокинони
Азия-Плюс TJ
10 Sept, 09:43edited

Азия-Плюс TJ
10 Sept, 08:36
❗️Боздид аз зиндонҳо: Омбудсмен гуфт, зиндониён шароити табобат доранд Рухшона Ҳакимова гуфтааст, забони англисӣ меомӯзад, аммо маълум нест, ки чаро дархости пайвандони Пирмуҳаммадзода барои ҷарроҳӣ рад шудааст. Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигориAsia-Plus“Интизори озодӣ ҳастем”. Пайвандони Рухшона Ҳакимова барои дидорбинӣ ва табрики зодрӯз ба зиндон рафтанд - Азия-ПлюсСоли дуюм аст, ки Рухшона Ҳакимова зодрӯзи худро дар зиндон ҷашн мегирад.
Азия-Плюс TJ
10 Sept, 08:21
🎉 ИМКОНИ БУРДИ ТӮҲФАҲО! 🎉Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5-солагии "Сиёма Молл" озмуни бурди туҳфаҳо оғоз мешавад.📅 Аз 9 сентябр то 5 октябр "Сиёма Молл" ҳамроҳ бо шарикони худ: @mgelectotj @karcher_tajikistan @khoja.phone @webmarket.tj озмуни бузурги тӯҳфаҳоро эълон менамояд! 🎁Ғолибони озмун соҳиби чунин туҳфаҳо мешаванд:•"iPhone 17 Pro Max" •Ноутбук •Гӯшмонаки "AirPods" •Оинаи нилгун •Чангкашак •Робот чангкашак •Таҷҳизоти шустушӯӣ •Дастгоҳи пухтани ғизо (Аэрогрил)
Related Channels
Other channels in the same section of the catalogue.
