Latest posts

Китобхон - کتابخوان
21 Sept, 08:26
Дар чанд рӯзи охир ба саҳифаҳои "Китобхон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "YouTube", ҳамлаҳои рахнагарӣ (ҳакерӣ) сурат гирифта, чанд навори мо нест карда шуд.Бо кумаки Худо ва талошу ҳамкории дӯстон, маълум шуд, ки ин ҳамлаҳо аз як кишвари ҳамсоя анҷом шудаанд. Мо тавонистем ин вазъиятро бартараф карда, наворҳои ҳазфшударо бозёбӣ ва барқарор кунем.Ҳамчунин, дар паёмрасони "Telegram" низ дар ин рӯзҳо бархе домҳо барои мо гузошта шуда буд, ки бо лутфи Худо гирифтори онҳо нашудем.Кайҳост, ки мо ҳис кардаем бадхоҳони миллати тоҷик барномаи "Китобхон"-ро барои худ хатар шинохтаанд. Вале ҳадафи мо ҷуз таблиғи донишу мутолиа ва роҳнамоӣ ба рӯшангарӣ чизи дигаре нест. Худо хоҳад, ин роҳро мо таҳти ҳар шароите идома хоҳем дод.




Китобхон - کتابخوان
19 Sept, 09:06
Субҳи имрӯз модареро дар канори роҳи серодам машғули мутолиа дидам. Ӯ пушт ба хиёбони Рӯдакӣ ва рӯ ба боғи Рӯдакӣ менишасту ғарқи хондани китоб буд. Манзараи нодиру ҷаззоб. Дар ҳавои поку гуворои субҳгоҳӣ ва дар дили пойтахт.Ба ӯ гуфтам, ки шояд ягона модари китоббадаст дар боғу гулгаштҳои Душанбе аст. Хушҳол шуд.Гуфтам шояд худат дарк накунӣ, аммо маназареро офаридаӣ, ки паёми тарбиявӣ дорад. Китобхониро ташвиқ мекунад. Бо ноумедӣ ба лаҳҷаи шимолӣ гуфт: “Одамои ҳозираба таъсир намукунад”.Дар посух шеъри Мавлоноро гуфтам:Ту магӯ ҳама ба ҷанганду зи сулҳи ман чӣ ояд? Ту яке найӣ, ҳазорӣ, ту чароғи худ барафрӯз!Бо хушҳолӣ гуфт, агар “як нафарро ҳам таъсир кунаду китобхон шавад, ман хурсанд”. Гуфтам, иншоаллоҳ бештар аз як нафарро таъсир мекунад.Китобхониро таъсири тарбияи қиблагоҳаш гуфт ва афсӯс хӯрд, ки инро ба фарзандонаш интиқол дода натавонистааст. “Бухоро”-и устод Айниро


Китобхон - کتابخوان
19 Sept, 06:33edited
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик 67-сола шуд.Таҳияи Азия-Плюс Тоҷикӣ
Китобхон - کتابخوان
19 Sept, 04:09edited
Миллатеро, ки китоб намехонад, театр намеравад ва ба ҳунар арзиш намедиҳад, ҳеҷ силоҳе лозим нест; он миллат худаш, худро аз байн мебарад. Озодӣ ва пешрафти мо аз озодии фикр ва бедории зеҳнии мо оғоз мешавад.— Барзу АбдураззоқовМанбаъ: КитобхонБарзу Абдураззоқов 67-сола шуд!


Китобхон - کتابخوان
17 Sept, 15:45edited
⚡️"Бо мусиқӣ метавон садои мушкилотро муваққатан пахш кард, аммо худи мушкилотро ҳал кардан мумкин нест"Нақл мекунанд, ки солҳои қадим дар яке аз донишгоҳҳои номдор маҷлис аз дарс бештар баргузор мешуд. Агар рӯзе маҷлис намешуд, кормандон хавотир мешуданд: Чӣ гап шуда бошад?МУФАССАЛTelegraph"Бо мусиқӣ метавон садои мушкилотро муваққатан пахш кард, аммо худи мушкилотро ҳал кардан мумкин нест"Нақл мекунанд, ки солҳои қадим дар яке аз донишгоҳҳои номдор маҷлис аз дарс бештар баргузор мешуд. Агар рӯзе маҷлис намешуд, кормандон хавотир мешуданд: Чӣ гап шуда бошад? Рӯзе сарвари донишгоҳ ҳамаи масъулонро фавран ҷамъ мекунад. Даъват чунон таъҷилӣ буда…
Китобхон - کتابخوان
17 Sept, 04:08
Бузургтарин сармояи як давлат на тиллову сарватҳои зеризаминӣ, балки насли ҷавони босавод, соҳибфарҳанг ва худшинос аст.📝: Муҳаммдҷон Шакурии БухороӣАЗ ДАРГУЗАШТИ УСТОД ШАКУРӢ 14 СОЛ СИПАРӢ ШУД. ЁДАШОН ГИРОМӢ ВА РӮҲАШОН ШОД БОД.


Китобхон - کتابخوان
14 Sept, 05:56
Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 14-уми сентябр, дар 80-солагӣ даргузашт.


Китобхон - کتابخوان
9 Sept, 02:33
❓Чаро тафаккури истеъморӣ барои ҳар як Истиқлол хатар дорад?Солгарди худсолорӣ хуҷаста бод!https://youtu.be/i420PvoBJKw?si=wSn6vyIr6AoDAoReYouTubeЧаро тафаккури истеъморӣ барои ҳар Истиқлол пурхатар аст?Солгарди истиқлол муборак! سالگرد استقلال مبارک! Happy Independence Day!
Китобхон - کتابخوان
7 Sept, 14:30
Абдуаҳади Сафомуддин, кимиёдони ҷавони тоҷик, пажӯҳишгарест, ки ҳамчун беҳтарин донишҷӯйи соли 2026-и Академияи илмҳои Чин эътироф шудааст.Узви фаъоли ҷомеаи илмии ҷавонони Тоҷикистон буда, дар самти илми кимиё дар Чин таҳсил дорад ва он ҷо ба тадқиқот машғул аст.YouTubeКимиёдони тоҷик: Дар Чин як соат ҳам дари донишгоҳу озмоишгоҳҳо баста намешавадАбдуаҳади Сафомуддин, кимиёдони ҷавони тоҷик, пажӯҳишгарест, ки ҳамчун беҳтарин донишҷӯйи соли 2026-и Академияи илмҳои Чин эътироф шудааст. Узви фаъоли ҷомеаи илмии ҷавонони Тоҷикистон буда, дар самти илми кимиё дар Чин таҳсил дорад ва он ҷо ба тадқиқот…
Китобхон - کتابخوان
7 Sept, 12:05
Хабаргузории «Азия-Плюс» бахши форсии худро роҳандозӣ кард.خبرگزاری «آسیا-پلوس» بخش فارسی خود را راهاندازی کرد


Китобхон - کتابخوان
4 Sept, 15:23
📚Интихоби ин асарҳо ҳамчун 10 романи бартари 30 соли истиқлоли Тоҷикистон ду сол пеш сурат гирифта буд. Шумо розиед?МУФАССАЛYouTube10 романи бартари 30 соли истиқлоли Тоҷикистон инҳоянд. Розиед?#Ҳайҷо #Регистон #Саройи_санг #Сакарот #Пойҳо_ва_руйҳо #Девори_Хуросон #Киштии_Нӯҳ #Оташ_дар_хонаи_қадим #Сармаддеҳ #Шабе_ки_моҳ_арғувонӣ_буд #китоб #Китобхон
Китобхон - کتابخوان
4 Sept, 12:41
forwarded from @kudakoni_kitobkhon
Хоҳӣ, ки доно шавӣ, Зӯру тавоно шавӣ, Аз таҳи дил хон китоб, Ҳикмати ӯ беҳисоб.Он ки китобе нахонд, Дур зи дониш бимонд, Чун нафаси навбаҳор, Тоза нигоҳаш бидор.Сатри варо хат мазан, Як варақ аз ӯ макан. Ӯ чу муаллим ба мо, Ҳар суханаш раҳнамо.Минбари дониш китоб, Раҳбари хониш китоб. Раҳбари дилсӯзи мост, Маърифатомӯзи мост.


Китобхон - کتابخوان
3 Sept, 13:29
ДАРСҲОЕ АЗ ТАЪРИХСАЙФУЛЛОҲ МУЛЛОҶОНТАҲИЯИ ДАЛЕР ШАРИФ
Китобхон - کتابخوان
2 Sept, 13:42
БАРРАСИИ КИТОБИ НАВ“Тамоми миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ, хусусан тоҷикон дар ин даҳа сангинтарин фоҷеаро аз сар гузарониданд. Боди сарди таъқибу фишорҳои сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон бештар эҳсос мешуд……Дар раванди ин маъракаи шадиди сиёсӣ дар қатори ходимони ҳизбию давлатӣ ва қатли бесобиқаи рӯшанфикрон арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва мазҳабӣ зери хатари нестшавӣ монда буданд” (Таъқибу фишорҳои сиёсии ходимони ҳизбию давлатии Тоҷикистони Шуравӣ, Беҳрӯзҷон Неъмонов, саҳифаи 117).Бо Абдулазизи Восеъ китоби номзади илмҳои таърих Беҳрӯзҷон Неъмоновро ба баррасӣ гирифтем. Хулоса ин шуд, ки бо муаллифи китоб як суҳбати муфассал баргузор кунем.



Китобхон - کتابخوان
1 Sept, 14:51
Чӣ гуна як ҷавони равшандил ба самти китобу илму дониш рафт?"Дар сесолагӣ аз чашмҳоям маҳрум шудам, аммо як лаҳза ноумед нестам"Аз "Муқаддима"-и Ибни Халдун то сохтани барномаи "Mahmudbooks" дар суҳбати Равшани Иброҳимhttps://youtu.be/_lzrwK5ha5cYouTubeАз "Муқаддима"-и Ибни Халдун то сохтани барномаи "Mahmudbooks" дар суҳбати Равшани Иброҳим"Дар сесолагӣ аз чашмҳоям маҳрум шудам, аммо як лаҳза ноумед нестам" Чӣ гуна як ҷавони равшандил ба самти китобу илму дониш рафт?
Китобхон - کتابخوان
31 Aug, 08:21
ЯК ДАРС АЗ АБДУҚОДИР РУСТАМБА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШКИТОБ ХОНДАН ИНСОНТАР ШУДАН АСТ
Китобхон - کتابخوان
31 Aug, 07:14
forwarded from @kudakoni_kitobkhon
ТО ДАР ДУ ҶАҲОН АЗИЗ БОШӢЭй монда қадам ба роҳи мактаб, Олист мақому ҷоҳи мактаб.Мактаб сабаби ҳаёт бошад, Мактаб сабаби наҷот бошад.Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад, Мактаб ба ту шаҳду нӯш бахшад.Мактаб ба ту дод илму одоб, Мактаб ба ту дод дурри ноёб.Мактаб ба ту раҳбари яқин аст, Мактаб устоди илму дин аст.Бархезу гузор хоби худро, Баргир ба каф китоби худро.


Китобхон - کتابخوان
30 Aug, 15:03edited
"Дар сесолагӣ аз чашмҳоям маҳрум шудам, аммо як лаҳза ноумед нестам"Аз "Муқаддима"-и Ибни Халдун то сохтани барномаи "Mahmudbooks" дар суҳбати Равшани ИброҳимЧӣ гуна як ҷавони равшандил ба самти китобу илму дониш рафт?Муфассал рӯзи Якуми сентябр дар саҳифаи ютубии "Китобхон" тамошо кунед.
Китобхон - کتابخوان
30 Aug, 05:09
📌БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم! ДАРСИ ПАНҶУМ Омӯзиши хатти порсӣ درس پنجم آموزش خط پارسی Ҳарфҳои ' ط то ظ зо ع ъайн غ ғайн Ин чор ҳарфи алифбои форсӣ аз ҳар ду тараф




Китобхон - کتابخوان
27 Aug, 15:37edited
Related Channels
Other channels in the same section of the catalogue.
