Latest posts

Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
22 Sept, 04:03edited
✍️ИБРОҲИМ ПИРМУҲАММАДЗОДА. “ШОҲКОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛАТ” ✅Ин китоб бо сарсухани номзади илмҳои сиёсӣ Асадулло Раҳмон соли 2021 дар нашриёти “Эр-граф” чоп шудааст. Ва чун китоб ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида шуда буд, муаллиф ҳам талош кардааст сари 30 шоҳкори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ кунад. Тасмим гирифтем бахшҳое аз ин китоби хубро мунташир кунем. 📚Хоҳишмандони китоби “ШОҲКОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛАТ”-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
21 Sept, 09:22edited
✍️ С. ФРЕДЕРИК СТАРР: “МАЪРИФАТИ ГУМШУДА” ✅ Китоби олими шинохтаи амрикоӣ Фредерик Старр “Маърифати гумшуда” бо сарсухани хеле ҷолиби донишмандони маъруфи кишвар Мамадшо Илолов ва Акбар Турсунов соли 2018 чоп шуда буд. Онро аз англисӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусалом Мамадназаров тарҷума кардааст. Яъне, асар мустақим аз забони асл ба тоҷикӣ баргардон шудааст. 📚Хонандагон китоби С. Фредерик Старр «Маърифати гумшуда»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
17 Sept, 05:36edited
✍️Муҳибуллоҳ Қурбон: “Ҳаёти ибратбахш" ✅Ин китоб ҳикоятҳост аз ҳаёти ибратбахши чекист, дипломат Аҳмадxон Сатторов, ки дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ зиёда аз шаст сол фаъолияти пурмасъулият, пурсамар ва пурбаракат намуда, барои мустаҳакам гардидани амният ва пешрафти сиёсати хориҷии кишвар саҳм гузоштааст. 📚Хоҳишмандони китоби “Ҳаёти ибратбахш” метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
17 Sept, 04:41edited
✍️ Манонзода Абубакр Манон “Достони “Рамаяна” ва тарҷумаҳои форсии тоҷикии он"✅ Таҳқиқу баррасии равобити адабиёти форсии тоҷикӣ бо осори адабии халқҳои гуногуни олам дар адабиётшиносии тоҷик пешинаи назаррасе дорад. Пажӯҳишҳо дар ин самт дар даврони истиқлоли давлатӣ густариши бештар пайдо карда, дар замина корҳои таҳқиқии ҷолиб ва монданӣ нигошта шудаанд. Роҷеъ ба робитаҳо ва таҳқиқи адабиёти форсии шибҳи қорраи Ҳинд пажӯҳиш ва таҳқиқоти арзишманде дар адабиётшиносии тоҷик ба вуҷуд омадаст. Бо он ҳама таҳқиқу омӯзиш дар ин самт паҳлуҳо ва гӯшаҳои ноомӯхта ва ба таҳқиқ нарасида низ ҳастанд, ки интизори муҳақиқону пажӯҳишгарон мебошанд. 📚Хоҳишмандон китоби Манонзода Абубакр Манон “Достони “Рамаяна” ва ҷумаҳои форсии тоҷикии он" метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
16 Sept, 04:32edited
✍️ БАҲРОМ РАҲМАТОВ: “БИСТ МАҚОЛА” ✅ Китоби Баҳром Раҳматов “Бист мақола”, ки куллан ба мавзуи камолшиносӣ бахшида шудааст, соли 2023 дар нашриёти “Нодир”-и шаҳри Хуҷанд рӯи чоп омадааст. Мақолаҳои шомили ин китоб асосан ба панҷ самти таҳқиқ равона шуда, аз баррасии рӯзгор сар карда, то масоили шинохти ҷаҳони андешаи шоир, баъзе вижагиҳои поэтикаи шеър, масъалаҳои матншиносӣ ва шарҳнигориро фаро мегирад. 📚Шумо китоби мазкурро аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас ва мутолеа карда метавонед.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
16 Sept, 04:29edited
✍️ Рамазон Раҳимзода Рамазон: “Афғонистон: воқеият ва таҳлилҳо” ✅ Дар монографияи мазкур, ки соли 2022 дар шакли китоб чоп шудааст, вазъи сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар заминаи ихтилофу зиддиятҳо ва низоу муноқишаҳои қавмию мазҳабӣ, ҳамзамон сиёсати давлатҳои абарқудрат, ки дар ин минтақа ҳузури худро таъмин кардан мехоҳанд, мавриди таҳлил ва тадқиқ қарор гирифтааст. Муаллиф таҳқиқоти худро барои муҳаққиқон, докторантон, аспирантон, унвонҷўён ва умуман доираи васеи хонандагон тавсия кардааст. 📚 Хонандагон ҳоло имкон доранд бо китоби Рамазон Раҳимзода Рамазон: “Афғонистон: воқеият ва таҳлилҳо” дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
16 Sept, 04:19
✍“Эмомалӣ Раҳмон: абармардии сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат” ✅ Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводди Конфронси байналмилалии “Эмомалӣ Раҳмон: абармардии сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат”-ро, ки 12-уми августи соли равон баргузор шуда буд, дар шакли китоби алоҳида чоп кард. Мураттиби китоб Шариф Комилзода буда, он зери назари профессор Лутфия Абдулхолиқзода нашр шудааст. 📚 Хонандагон ҳоло имкон доранд бо китоби “Эмомалӣ Раҳмон: абармардии сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат” дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
16 Sept, 04:11
✍ Абутоҳири Тарсусӣ: “Доробнома” ✅Ҷилди аввали асари Абутоҳири Тарсусӣ “Доробнома”, ки аз куҳантарин достонҳои омиёнаи тоҷикии форсӣ маҳсуб меёбад, соли ҷорӣ дар таҳия ва пешгуфтори Рухшона Қурбонзода ва Фурӯғ Тоҷиева чоп шудааст. 📚Хоҳишмандони китоби “Доробнома”-ро дар Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолиа кунанд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
14 Sept, 07:48
✍️ Ф. Старр "Нобиғагони даврони хеш: Ибни Сино ва Берунӣ”📌 Китобе, ки хонандаи мӯҳтарам бо унвони “Нобиғагони даврони хеш: Ибни Сино ва Берунӣ” (The Genius of Their Age: Ibn Sina, Beruni and the Lost Enlightment) дар даст дорад, ба қалами муаррих ва фарҳангшиноси маъруфи америкоӣ Стивен Фредерик Старр тааллуқ дорад. Ин китоби дуюми доктор Ф. Старр мебошад, ки бо забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Китоби аввал таҳти унвони “Маърифати гумшуда. Асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг” (Lost Enlightment. Central Asia s Golden age From the Arab Conquest to Tamerlane) ҳанӯз соли 2016 тарҷума шуда се маротиба (солҳои 2016, 2017 ва 2023) бо теъдоди калон интишор шудааст.📚 Хонандагон ҳоло имкон доранд бо китоби "Нобиғагони даврони хеш: Ибни Сино ва Берунӣ" дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
14 Sept, 04:42edited
✍️ ХУШОМАДИ АЛИДОД : «СУУДИ КӮҲ”✅ “Сууди кӯҳ” маҷмуаи чаҳоруми шоир , узви ИНТ дар Бадахшон Хушомади Алидод аст, ки аз мавзуъҳои гуногуни зиндагӣ, ватан, манзараҳои табиати зебои куҳистон, ишқ ҷавонӣ ва ғайра иборат буда, бо диду эҳсоси нозуки шоирона эҷод шудаанд. 📚Хоҳишмандон китоби Хушомади Алидод «Сууди кӯҳ»-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
14 Sept, 04:12
✍️ НАРЗУЛЛО ТИЛЛОЗОДА: “ХОТИРАҲОИ МУФАТТИШ”✅ Муаллифи китоб нависандаи моҷаронавис – полковники мустаъфии милиса, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нарзулло Тиллозода,аз таҷрибаи зиёда аз сисолааш дар мақомоти тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и ҷумҳурии азизамон босамимияти хос ҳикоят мекунад, ки мутоилаи он аз фойида холӣ нест.📌 Дар китоби Нарзулло Тиллозода «Хотираҳои муфаттиш» ҳаёт ва фаъолияти зиёда аз 100 нафар кормандон – афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан мақомоти тафтишотӣ, инчунин дар бораи роҳбарони воломақоми ВКД, Раёсати тафтишотии он, кормандони прокуратура, суд ва дигарон ба қалам дода шудааст.📚 Хоҳишмандони китоби “ХОТИРАҲОИ МУФАТТИШ” дар Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолиа кунанд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
14 Sept, 04:06edited
✍️ "Эмомалӣ Раҳмон муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон" ✅ Дар китоб таъкид шудааст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин ва сарнавиштсозтарин дастоварди таърихи навини миллати тоҷик ба шумор меравад📌 Маводи маҷмуа барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва доираи васеи хонандагон, ки ба омӯзиши таърихи навини Тоҷикистон ва масъалаҳои давлатсозии миллӣ таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.📚 Хоҳишмандон китоби "Эмомалӣ Раҳмон муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон" дар Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолиа кунанд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
14 Sept, 03:49edited
✍️" Соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ" М. Ҷӯраев.📌 Китоб аз маҷмуаи мақолаҳо иборат буда, натиҷаи пажуҳиши ходимони илмии Пажуҳишгоҳро, ки дар партави лоиҳаи «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» ҷамъоварӣ намудаанд, фарогир аст.✅Маводи маҷмуаи мазкур таҳаввул ва ташаккули фарҳанги миллӣ ва вазъу ҳолати кунунӣ ва дурнамои муассисаҳои фарҳангии кишвар, аз ҷумла китобхонаҳоро дар бар гирифта, барои кормандони соҳаи фарҳанг, олимону донишмандон, донишҷуён ва умуман доираи васеи хонандагон тавсия гардидааст.📚 Хонандагон ҳоло имкон доранд бо китоби "Соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ" дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
26 Aug, 09:01
✍ Паймон. “Осори баргузида”, Ҷилди 1.✅ Шоири маъруфи тоҷик, Паймон ба муносибати 70-умин солгарди умр фаъолияти 50-солагии адабии хешро як навъ ҷамъбаст карда, асарҳояшро таҳти унвони “ОСОРИ БАРГУЗИДА” дар панҷ ҷилд мураттаб намудааст.📌 Ҷилди нахустини ин панҷгона аз шеърҳои тӯли солҳои гуногун навиштаи шоирро дар бар мегирад. Паймон дар ашъори худ ишқи илоҳӣ, меҳри модар, ҳусни ёру табиати мафтункунандаи диёр, муҳаббату садоқат ба олами атроф, бузургони халқу милат ва мавзӯи азаливу абадии банӣ башар ва дӯстиву ростиро тараннум менамояд.📚 Хоҳишмандон ҷилди аввали “Осори баргузида”-и Паймонро дар Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолиа кунанд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
26 Aug, 06:39
✍ Наргис (Қурбоной Давлатзода). “Забони об”📌 “Забони об”-и Наргис ба муносибати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2025 ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, ашъори ахиран сурудаи муаллифро дар бар мегирад.📚 Хонандагон ҳоло имкон доранд бо китоби нави Наргис “Забони об” дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
26 Aug, 06:29
✍ “Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар замони муосир”📌 “Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар замони муосир” - дастури нави библиографиест, ки ба тозагӣ зери назари доктори илмҳои педагогӣ Лутфия Абдухолиқзода дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст.✅ Дастур бо мақсади нишон додани дӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан дар самтҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба даст овардани сулҳу субот, истиқлолияти ду кишвар ва робитаҳои дӯстию бародарӣ таҳия гардидааст.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
19 Aug, 11:40
✍ Муҳаммадуллоҳ Табарӣ: “Драмаи муосири тоҷик”📌 Китоби нави театршинос ва мунаққиди шинохтаи театр М.Табарӣ ба масъалаҳои муҳимтарини драматургияи миллӣ бахшида шудааст. Муҳаққиқ бо такя ба таърихи пурифтихори драматургияи тоҷик вазъи кунунии онро мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор додааст. Дар очеркҳои ҷилди якуми китоб бурду бохти ин навъи муҳими адабӣ ҳамвора бо равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии охири асри XX ва оғози асри XXI ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд.✅ Китоби “Драмаи муосири тоҷик” барои муҳаққиқони соҳаҳои адабиёт ва ҳунар, донишҷўёни риштаҳои адабиву ҳунарӣ, журналистон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.📚 Хоҳишмандон китоби “Драмаи муосири тоҷик”-и Муҳаммадуллоҳ Табариро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
19 Aug, 11:33edited
✍ Манижа Саидисломзода. “Оворагард”📌 Романи "Оворагард"-и Манижа Саидисломзода асари хеле ҷолибу хонданбоб аст. Банду баст, шеваи баён, руҷуъҳои равоншинохтӣ ва андешарониҳои мутафаккирона, ки аз камоли истеъдод ва рушди зеҳнии нависандаи ҷавон шаҳодат медиҳанд, ҳама дилчаспу дилнишинанд.✅ "Оворагард" на танҳо достони як фард, балки инъикоси зиндагии воқей, шинохти арзишҳои инсонӣ ва ҷустуҷўйи маънии зиндагӣ аст. Муаллиф бо ҳассосияти баланд муносибати инсон бо муҳит,ҷомеа ва худи ўро дар зеҳни хонанда ба тарзи хеле таъсирбахш ва фаромўшнопазир наққошӣ мекунад…📚 Хоҳишмандон романи Манижа Саидисломзода “Оворагард”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
7 Aug, 12:42
✍ Муҳаммадюсуф Имомзода, Замирахон Ӯлмасова. "Таърихи адабиёти тоҷик"📌 Китоби дарсии "Таърихи адабиёти тоҷик" (давраи нав) ба сифати китоби таълимии таърихи адабиёти тоҷик аз охири асри XIX то аввали қарни XXI пешниҳод шуда, барои донишҷӯён, магистрантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорони фанни адабиёт ва соири алоқамандони каломи бадеъ тавсия гардидааст.✅ Дар китоб даврабандии адабиёти муосири тоҷик ва махсусиятҳои он, масъалаҳои равишу тамоюлҳои инкишофи адабиёти нави тоҷик, заминаҳои ташаккули равияҳои маорифпарварӣ, ҷадидӣ, намояндагони онҳо, ҷараёни рӯзгор ва осори шоирону нависандагон, вижагиҳои осори адибони асри XX ва сиву панҷ соли Истиқлоли давлатӣ, намунаҳои арзишманди адабиёти ин давра бо диди нав баррасӣ шудааст.📚Хоҳишмандон китоби Муҳаммадюсуф Имомзода ва Замирахон Ӯлмасова «Таърихи адабиёти тоҷик» -ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.


Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
7 Aug, 12:34
✍ Иоҳан Гёте. "ФАУСТ"📌 Ин нусхаи аслии «Фауст», соли 1899 ба табъ расидааст. Достон аз ҷониби шоири машҳури рус Александр Фет аз забони олмонӣ ба русӣ тарҷума шудааст. Ду қисми ин шоҳкории Гёте дар як ҷилди бузург ҷо дода шудааст.✅ Китоб бо андозаи азим ва тарҳи нотакрораш аз дигар китобҳои фонд ба кулли фарқ мекунад. Вазни он тақрибан 10 килограмм буда, ҳар як саҳифааш намунаи баланди санъати китобороии охири асри XIX-ро муаррифӣ мекунад.📚 Шоҳкори безаволи Иоҳан Волфанг фон Гёте - яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти классикии Олмон "Фауст" дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад.


Related Channels
Other channels in the same section of the catalogue.
