Latest posts

ЛОИК ШЕРАЛИ
30 Jun, 12:46
Ҷавонмардони ту бас ноҷавонанд, Тавонмандони ту бас нотавонанд. Ало миллат чи сон ёбӣ раҳи рост, Ки бархе ҳаҷравонат каҷравонанд...#аксҳо #дубайтиҳо #loiqsherali #лоикшерали Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |


ЛОИК ШЕРАЛИ
23 May, 09:32
#loiqsherali #лоикшерали
ЛОИК ШЕРАЛИ
22 May, 14:35edited
Сӯҳбатҳои Гулрухсори Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон дар маҳфили бузургдошти устоди раводшод Лоиқ Шералӣ дар Кохи Лоиқ#наворҳо #loiqsherali #лоикшерали Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
ЛОИК ШЕРАЛИ
20 May, 17:56
forwarded from @loiqsherali
#овозиустод Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
ЛОИК ШЕРАЛИ
19 May, 21:05
Абдунабӣ Сатторзода, профессор: “Лоиқ касест, ки шеъри муосири тоҷикиро ба асолати азалияш баргардонд. Вай дар ин роҳ кӯшишҳои нотамоми устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзодаро тамомӣ бахшид. Миёни шеъри кунунии тоҷикӣ ва осори мондагори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлавӣ, Соиб, Калими Кошонӣ ва Бедил пуле эҷод кард, миёнҷӣ шуд. Шоирони имрӯзаи тоҷик бо осори саромадони худ ошноӣ доштанд ва гоҳ-гоҳ аз он истифода ҳам мекарданд. Лекин Лоиқ нахустин фардест аз миёни эшон, ки ҷавҳари шеъри пешиниёнро барои муосиронаш кашф намуда, суннатҳои адабии онҳоро аз нав зинда гардонид – бо пайравиҳояш, бо илҳом гирифтанҳояш, бо офаридани «Ҷоми Хайём», «Илҳом аз «Шоҳнома», «Дафтари ғазалиёт», «Резаборон», бо забони тоҷикии ширадораш, бо ҳунари расои маъниофаринӣ ва тасвиргарияш. Вай дар воқеъ тавонист, ки «шеърҳои гуфтаву ногуфта»-и
ЛОИК ШЕРАЛИ
19 May, 21:01
Имрӯз устоди сухан, шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ зодрӯз дорад, ки дуруст ҳазор сол пас аз даргузашти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба дунё омадааст.Ман баъди ҳама завол меоям боз, Чун мурғи хуҷастафол меоям боз. Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед, Аз баъди ҳазор сол меоям боз.Наворҳо: 1.Ифтихор 2.Устод Лоиқ Шералӣ дар бораи китобу китобхонӣ 3.Устод Лоиқ Шералӣ дар васфи Гулрухсор Сафиева. ш. Душанбе, соли 1997


ЛОИК ШЕРАЛИ
19 May, 13:12
forwarded from @loiqsherali
Дар ин замона ба ҳар баҳона...#наворҳо Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
ЛОИК ШЕРАЛИ
19 May, 10:18edited
ЗИНДАГӢ (4)Зиндагӣ хуршед дар боми ман аст, Зиндагӣ маҳтоб дар шоми ман аст. Зиндагӣ ёри гуландоми ман аст, Зиндагӣ Хайёми айёми ман аст.Гар набошад номам аз номи Ватан, Гар набошад хилқати ман сохтан, Гар насӯзам дар ғами шеъру сухан, Зиндагӣ андешаи хоми ман аст.Эй умеди зиндаи дил, зинда бош! Эй гули ишқи ҷавон, пурханда бош! Дар мани миранда сад оянда бош! Зиндагӣ парвози пайғоми ман аст.Гар набошад ишқи ту дар синаам, Гар набошад ёди ту ганҷинаам, Гар набошад чашми ту ойинаам,
ЛОИК ШЕРАЛИ
18 May, 19:56
Ман ӯро мешиносам. Китоби ҳастии ӯро нахонда, Ба ҳаққи ӯ чӣ мебофед тӯҳматҳою бӯҳтонҳо? Агар донед, к-ӯ ҳам Як дили пурорзу дорад, Ҳамеша ҷустуҷӯ дорад, Намехондед ҳазёнҳо!Ман ӯро мешиносам. Ба назди мардум аз мардӣ Ҳамехандад ҳамеша, гар сарафроз асту гар сарпаст. Вале дар хилвати шабҳо, Миёни оташи табҳо, Газида аз ғазаб лабҳо Чӣ кӯдаквор мегиряд. Агар донад, ки мебинад касе Намегиряд, ки ин айб аст.Гуноҳи худ, бади худро
ЛОИК ШЕРАЛИ
9 May, 19:31
ДУХТАРИ РУСТОӢНарафтӣ ҷанг мисли духтари рус, Набастӣ захмҳои аскаронро. Накардӣ сила бо дастони нармат Сари аз тир маҷрӯҳи ҷавонро.Валекин андаруни номаи худ Фиристодӣ ба ӯ рӯмоли алвон, Ки дар рӯзи зафар бошад ба дасташ Ба мисли парчами сурхе парафшон.Тасалло додӣ, дилбардорӣ додӣ Варо дар номаҳои маҳрамона. Варо дар номаи худ бӯса кардӣ Ба он лабҳои пазмон ғоибона.Ба ҳангоми дарав шаббош рафтӣ, Ба хирманҷойҳо бедор хуфтӣ. Ба мисли гандуми пухта сари хам
ЛОИК ШЕРАЛИ
1 May, 18:11edited
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх, Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш. Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он чӣ ҳасту нест, Шукр гӯям бахтро бо омаду ноомадаш.Шукр гӯям ҳар дарахтеро, ки бошад дубара, Шукр гӯям ҳар ниҳолеро, ки навгонӣ диҳад. Шукр гӯям ҳар сабоҳеро, ки хуршед аз уфуқ Пайки рӯзи нав зи бахши умри инсонӣ диҳад.Шукр гӯям ҳар нафасро ҳамчу нақди зиндагӣ, Ки бувад пайваста бо халқу Ватан чун ҷону тан. Ин Ватан бе ман тавонад буд ҷовидон, вале Ман натонам як нафас ҳам зинда бошам бе Ватан.Шукр гӯям хилқати худро, ки тӯфонзода аст, Ҳеҷ напсандад ҳуҷуми нокасу ночизҳо. Шиквае аз кас? Фақат аз хештан дорам гила То намонад шеъри ман чун лошаи полезҳо.
ЛОИК ШЕРАЛИ
29 Apr, 09:55
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам, Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.Бар сари зонуи модар боз биншинам даме, Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд ҳаме.Боз гултоқӣ бибофам аз гули худрӯи кӯҳ, Аз гули наврӯзу аз қоқую аз ҳулбӯи кӯҳ.Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам, Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам.Боз бо ҳамсолҳоям ҷангбозиҳо кунам, «Қаҳрамон»-и ҷанг бошам, сарфарозиҳо кунам.Ошиқе зорӣ кунад бар ман, чу ояд бовараш, Хат барам аз ӯву хат орам – ҷавоб аз дилбараш.То таги тори арӯс андар шаби сури висол Ноаён оям, бибинам чеҳраашро бемалол.
ЛОИК ШЕРАЛИ
7 Apr, 13:37
Гӯянд ба навъе гузарад умри дурӯза, Умре, ки ба навъе гузарад, ном нагирам.#байтҳо #loiqshetali #лоикшерали Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |


ЛОИК ШЕРАЛИ
2 Mar, 16:00
Мулк сангистону мо бесангарем, Сар ба сар сардору мо бесарварем. Соҳиби сарчашмаему ташнаем, Соҳиби ганҷинаему абтарем! Нур не дар хонаи дилҳои халқ, Гарчи мо як кишвари нурофарем. Тоҷику эрониву афғон чаро? Мо дар ин дунё, ки аз як модарем!
ЛОИК ШЕРАЛИ
25 Dec 2025, 06:19
Шоире аз Панҷакент. Сӯҳбат бо Меҳди Ҷомӣ (Лондон, соли 1997). Қисми 1.#овозиустод Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
ЛОИК ШЕРАЛИ
10 Dec 2025, 17:15edited
Агар бишкаст оҳан ё ки фӯлод, Нагӯям эй дареғ, эй вой, эй дод! Валекин аз хиёнатҳои ёрон Диле чун бишканад, фарёду фарёд!#рубоиёт #ҷомихайём #лоикшерали #loiqsherali Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
ЛОИК ШЕРАЛИ
5 Dec 2025, 02:35
Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз, Сад боғ мева чидаму беҳосилам ҳанӯз.Сад бандро кушодаму растам зи сад бало, Накшодааст уқдаи банди дилам ҳанӯз.Сад марг пушти сар шуду сад дард зери по, Дар ҳифзи хеш он қадар ноқобилам ҳанӯз.Бишнида асрҳои аср андарзи шоирон, Касби камол кардаву нокомилам ҳанӯз.Як умр роҳ ҷуставу як ҷо ситодаам, То осмон паридаву по дар гилам ҳанӯз.[1979] #ғазалҳо #лоикшерали #loiqsherali Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
ЛОИК ШЕРАЛИ
23 Aug 2025, 18:51edited
#наворҳо #лоикшерали #loiqsherali Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
ЛОИК ШЕРАЛИ
16 Aug 2025, 22:23edited
Изҳори муҳаббат ба Лоиқ Шералӣ аз духтари Хатлонзамин#наворҳо #лоикшерали #loiqsherali Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
ЛОИК ШЕРАЛИ
15 Aug 2025, 19:22edited
#наворҳо #лоикшерали #loiqsherali Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
Links
Related Channels
Other channels in the same section of the catalogue.
