gram news
𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍 channel avatar

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

@adabiyoti_klassiki

¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классик ва ирфон)

ProjectsKKOther

1,170subscribers

Open the Channel

Latest posts

  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    22 Sept, 07:40

    Ҳар як чизро сабабе мешавад, то нест гардад, сабаби ҳалоки нури қалб шикамсерист#АБУСУЛАЙМОНИ_ДОРОНӢ
    99111Open in Telegram
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    19 Sept, 06:48

    ━━━━━━。゜❀.❀゜。━━━━━━ Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд, Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд. Аз фиреби ваъдаҳои ӯ шудам рози ба марг, Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд. Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам, Ҳастрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд. Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд, Сухтам чу мазраи беҳосилам омад ба ёд. Сайидо дидам ба хок афтода барои лоларо, Теғи ноҳақхурда сайди бисмиллам омад ба ёд. #Сайидои_Насафӣ
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    17 Sept, 04:00edited

    Чун бигирёнам, биҷўшад раҳматам, Он хурўшанда бинўшад раҳматам.Гар нахоҳам дод, худ нанмоямаш, Чун-ш кардам баста, дил бигшоямаш.Раҳматам мавқуфи он хуш гиряҳост, Чун гирист, аз баҳри раҳмат мавҷҳост. #МАВЛОНО
    34651Open in Telegram
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    17 Sept, 03:56edited

    ━━━━━━。゜❀.❀゜。━━━━━━ Эй боди насим ёр дорӣ Зон нафҳаи мушкбор дорӣ, Зинҳор макун дароздастти Ба турраи ӯ чи кор дорӣ. Эй гул ту куҷову рӯхи зебош, Ӯ мушку ту хор бор дорӣ. Райҳон ту куҷову Хати сабзаш, Ӯ тозаву ту ғубор дорӣ. Наргис ту куҷову чашми масташ, Ӯ сархушу ту хумор дорӣ. Эй сарв ту бо қади баландат, Дар боғ чӣ эътибор дорӣ. Эй ақл ту бо вуҷуди ишқаш, Дар даст чи ихтиёр дорӣ. Рӯзе бираси ба васл Ҳофиз, Гар тоқати интизор дорӣ.#Ҳофизи_Шерозӣ
    242211Open in Telegram
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    16 Sept, 17:08edited

    ━━━━━━。゜❀.❀゜。━━━━━━ Ватан зи гӯшаи имони мост, медонам, Хати муқаддаси армони мост, медонам, Агар бидуни Ватан ёди роҳат аст маро, Чу лолаҳо сабаде аз хиҷолат аст маро. Дуруст ин ки биҳишт аст Тоҷикистонам, Диёри ҳуру фариштаст Тоҷикистонам. Фаришта ҳам зи ҷамолаш ба чарх ҳайрон аст. Ба рӯи сафҳаи маҳ тарҳи Тоҷикистон аст.#Озар_Салим
    26821Open in Telegram
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    16 Sept, 08:04edited

    ━━━━━━。゜❀.❀゜。━━━━━━ Шабе, ки моҳ набошад, ситорагон чи зананд?! Чу мурғро набувад сар, ду пар чи суд кунад?! Чу зӯру заҳра набошад, салоҳу асп чи суд?! Чу дил дилӣ нанамояд, ҷигар чи суд кунад?! Ҷаҳон мисоли дарахт аст, баргу мева зи туст, Чу баргу мева набошад, °шаҷар чи суд кунад?! Гузар кун аз башарият, фаришта бош, дило, Фариштагӣ чу набошад, башар чи суд кунад?!°Шаҷар - дарахт#МАВЛОНО_РУМӢ
    265221Open in Telegram
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    16 Sept, 06:25edited

    ━━━━━━。゜❀.❀゜。━━━━━━ Магрез зи ранҷи мо, ки ҳар ҷо Ранҷест, разе бувад даворо. Нагрехт касе зи ранҷ, илло Омад бартараш пайи ҷазоро. #МАВЛОНО_РУМӢ
    25142Open in Telegram
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    16 Sept, 02:29

    Як шеър аз #Ҳабибуллоҳ_Шамсӣ , тақдим ба дустоне ки мунтазири шуруъ кардан, ба як фурсати тиллои барои фаъолият , барномаҳо ва ҳадафҳояшон ҳастанд.Мунтазир ҳаргиз набошӣ, фурсате даркор нест, Даст рӯи даст, расми одами ҳушёр нест.Мунтазир будан шабеҳи мурдани тадриҷи аст, Рузи рафта дар китоби зиндаги такрор нест.Пиллаҳоро як ба як , бояд нафас зад то расид, Ҳеҷ роҳе бе таҳаммул соддаву ҳамвор нест.Ҳар касе аз нуқтаи кӯчак қадам оғоз кард, Ҳар нависанда аз аввал соҳиби осор нест.Дар масири зиндаги такя ба ину он макун, Кас намесӯзад дилаш , бар ҳоли кас , ғамхор нест.Ишқу кӯшиш , сабру имон рамзи фатҳи зиндагист, Зиндаги талх асту ширин , доиман ҳамвор нест...
    30832Open in Telegram
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    15 Sept, 04:43edited

    Як ҳикмати аҷибе ки имруз хондам, бояд дастуруламали талоши ҳарруза бошад:Чун теша мабошу ҷумла бар худ матарош,Чун ранда зи кори хеш бе баҳра мабош.Таълим зи арра гир дар илми маош,Чизе сўи худ мекашу чизе мепош.
    389431Open in Telegram
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    7 Sept, 04:37

    Агар рӯзи ба дониш дарфузудӣ, Зи нодонон тангрӯзитар набудӣ. #Саъдӣ
    47032Open in Telegram
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    5 Sept, 11:51edited

    Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав, Гар нахоҳӣ кибрро, рав, бе такаббур хок шав!Хашм ҳаргиз барнахезад ҷуз зи кибру мову ман, Ҳар дуро чун нардбон зер ору бар афлок шав!Ҳар куҷо ту хашм дидӣ, кибрро дар хашм ҷӯ, Гар хушӣ бо ин ду морат, худ бирав, Заҳҳок шав!Гар зи кибру хашм безорӣ, бирав кунҷе бихусб, В-ар зи кибру хашм дилшодӣ, бирав, ғамнок шав!Хашми сагсорон раҳо кун, хашм аз шерон бибин, Хашм аз шерон чу дидӣ, сар биниҳ, шишок шав!Луқмаи ширин, ки аз вай хашм ангезад, махур, Луқма аз лавлок гиру бандаи лавлок шав!Рав, ту қассоби ҳаво шав, кибру кинро хун бирез, Чанд бошӣ хуфта зери ин ду саг?! Чолок шав!
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    30 Aug, 04:51

    https://youtu.be/4h48dN4Wwf0?si=OrzgePsQ-Zp7RUA_
    YouTube35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муборак!🇹🇯 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак! Суруди нави ватандӯстӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин суруд дар васфи Ватани азиз, сулҳу ваҳдат, таъриху фарҳанги тоҷикон, заҳмати созандаи мардум ва…
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    20 Aug, 12:18

    Бигзор гадо бошам , дар хоки Ватан бошам, Дар банди ҷафо бошам, дар хоки Ватан бошам.Бигзор ки ғам бинам, сад дарду алам бинам, Аз ҳаҷр адо бошам, дар хоки Ватан бошам.Гар ёр шавад душман, меҳраш биканад аз ман, Маҳруми вафо бошам, дар хоки Ватан бошам.Парво накунам аз дард, рангам ҳама гардад зард, Мӯҳтоҷи даво бошам, дар хоки Ватан бошам.Бо қомати хамхурда , бор ҳам натавон бурдан, Дар даст асо бошам , дар хоки Ватан бошам.Ҳарчанд кашам хорӣ, рафтам ба раҳи зорӣ, Розӣ зӣ Худо бошам, дар хоки Ватан бошам..... #Устод_Халилӣ
    75043Open in Telegram
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    19 Aug, 16:15

    Аз шабнами ишқ хоки одам гил шуд,Сад фитнаву шӯр дар ҷаҳон ҳосил шуд.Сари наштари ишқ бар раги руҳ заданд,Як қатра аз он чакиду номаш дил шуд....
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    19 Aug, 16:08

    Ҳар чи гул дидам канораш хор буд,Сарву раъно шохааш бебор буд.Кас намедонад ба ҷуз наққоши ишқ,Ки чи розе дар дили паргор буд...
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    16 Aug, 11:19

    forwarded from @charoghi_marifat

    Шайтон 2 вазифа дорад!Қабл аз гуноҳ ва баъд аз гуноҳ:Қабл аз гуноҳ: Гуноҳро дар назарат кучак ҷилва медиҳад Ва раҳмати Парвардигорро бузург ҷилва медиҳадБаъд аз гуноҳ: Гуноҳро дар назарат бузург ҷилва медиҳад Ва раҳмати Парвардигорро кучак ҷилва медиҳадhttps://t.me/charoghi_marifat
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    13 Aug, 14:11

    forwarded from @charoghi_marifat

    Ба Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ) гуфта шуд: Фалонӣ Қуръонро ҳифз мекунад. Гуфт: балки Қуръон уро ҳифз мекунад...https://t.me/charoghi_marifat
    58243Open in Telegram
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    11 Aug, 06:22

    Гоҳе гумон намекунӣ, вале хуб мешавад, Гоҳе намешавад, ки намешавад, ки намешавад,Гоҳе бисоти ишқ худаш ҷӯр мешавад, Гоҳи дигар таҳия ба дастур мешавад.Гаҳ ҷӯр мешавад худи он бе муқаддима Гаҳ бо дусад муқаддима ноҷӯр мешавадГоҳе ҳазор давра дуо беиҷобат аст, Гоҳе нагуфта қуръа ба номи ту мешавад.Гоҳе гадои гадоӣ, бахт ба ту ёр нест Гаҳ тамоми шаҳр гадои ту мешавад.Гоҳе барои ханда дилам танг мешавад, Гоҳе дилам тарошаи аз санг мешавад.Гоҳе тамоми обии ин осмони мо Якбора тира гаштаву беранг мешавад.
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    4 Aug, 14:43edited

    📚#Сеҳри_сухан ✍#Сиддиқ_Қутбӣ Калом ханҷаре нест, набояд бошад. Калом ва забон, сарпаноҳе аст дар баробари танҳои ва марг. Вожаҳо шӯълаҳои хурде ҳастанд, то ба ёрии онҳо фосилаҳои ҳавлнок ва равобити яхбастаро чорае кунем. Аз калом ханҷар насозем. Ин чи ҳунаре ва маҳорати беқадре аст, ки мавҳибат волои каломро дастмояе барои таън ва таъарруз, тарду хордошт, хастан ва захми кардану талхкомии ҳамдигар созем? Вожаҳо омодаанд то чароғи дӯстӣ барафрӯзанд, ниҳоли меҳр биншонанд, андуҳи одамиро таскин бошанд. Вожаҳоро чӯби оташфурӯзиҳои дилозор насозем . Мавҳибат арҷманди забонро дар пои дӯсти ва ошнои харҷ кунем. Ба савдоҳои тиҳимоя ки ба номи ҳақиқатанду ба коми иноният , забонро табоҳ накунем. Гуфтугуе ки моро ба зиндагии матбӯътар мерасонад, аз ҷодаи вожаҳои убус намегузарад. Рухсораи вожаҳо дар овори хашму дуруштии мо , зишту торик мешавад.мавҳибат- ато ва бахшишҳо, эҳсонҳо таън ва
  • 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍

    2 Aug, 17:59edited

    Нисбати ишқ ба ман, нисбати ҷон аст ба тан, Ту бигу ман ба ту муштоқтарам, ё ту ба ман?Зиндаам бе ту, ҳаминқадр ки дорам нафасе, Дар ҷудоӣ натавон гуфт, ба ҷуз оҳ сухан.Баъд аз ин дар дили ман, шавқи раҳоӣ ҳам нест Ин ҳам оқибати аз қафас озод шудан...Боз бо гиря ба оғӯши ту бармегардам Чу ғарибе ки худашро бар бигардонад ба ватан.Ту агар Юсуфи худро нашиносӣ, аҷаб аст, Эй кӣ чашми ту бино шуда ба як пераҳан.
    61252Open in Telegram