Latest posts

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 Aug, 18:16
«ТАШАККУЛИ СИЁСАТИ ЗИДДИКАРРУПСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ”Таҳти чунин унвон 28 августи соли 2026 дар Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он дар қатори намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва институтҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ректори Академия ва кормандону устодони ин муассисаи олии касбӣ иштирок намуданд.Дар конфронси илмӣ- амалӣ маърӯзаи ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон доир ба мавзуи “Такмили низоми идоракунии давлатӣ ҳамчун воситаи муҳимми муқовимат ба корупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 Aug, 11:30
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ: ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМОИ РУШДИ УСТУВОРДар доираи тадбирҳои бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: дастовардҳо ва рушди устувор» баргузор гардид.Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷӣ ташкил гардида, ба таҳлили дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва дурнамои рушди устувори кишвар бахшида шуд.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
27 Aug, 04:59edited
Баромади сардори шуъбаи таҳрир ва табъу нашри Академия Хуррамзода Муминшо Хуррам дар барномаи “Фарҳангӣ рӯз” дар радиои “Фарҳанг”
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 Aug, 14:53
ХУШХАБАР!25 августи соли 2026 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-063 назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Азиззода Маҳваш Абдулҳаким – муаллими калони кафедраи идораи молияи давлатӣ ва иқтисоди рақамии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Идоракунии фаъолияти маркетингӣ дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2. Иқтисодиёт (5.2.26. Маркетинг) таҳти роҳбарии Одиназода Шоҳин Талбак - доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 Aug, 14:50
ИМЗОИ НАҚША-ЧОРАБИНИҲОИ МУШТАРАКИмрӯз, 25 августи соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судманд ва тавсеаи шарикӣ дар самтҳои идоракунии муносиб, муқовимат ба коррупсия ва пешгирии зуроварӣ дар оила, маросими имзои Нақша-чорабиниҳои муштараки солона бо Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе, баргузор гардид.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 Aug, 14:47
УСТОДОНИ АКАДЕМИЯ БО УНВОНИ «КОРМАНДИ ШОИСТА» САРФАРОЗ ГАРДИДАНДБа ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ кормандони соҳаҳои гуногун барои хизматҳои арзанда дар назди давлату миллат бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.Дар ин қатори ифтихорӣ ду нафар устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ноиби ректори Академия оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа, н.и.п., дотсент Аҳмадзода Зулфия Кабир ва ходими пешбари илмӣ, дотсенти Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ, н.и.п. Сайдаҳмадзода Дилором бо унвони фахрии «Корманди шоиста» қадрдонӣ шуданд.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 Aug, 19:30
СУРАТГУЗОРИШаз рафти чорабинии фарҳангию фароғатӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо" таҳти унвони “Ҷилои Истиқлол”.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 Aug, 19:29
ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ БО ОБОДОНӢБа истиқболи 35-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид. Дар доираи шанбегӣ кормандони Академия бо мақсади тозаю озода ва ободу зебо намудани муҳити муассиса корҳои созандагию ободониро ба анҷом расониданд.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 May, 08:11
ХУШХАБАР! УСТОДИ АКАДЕМИЯ АЛИЗОДА ТОҲИР НАЗИРМАД БА ДАРАҶАИ ИЛМӢ МУШАРРАФ ГАРДИД
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 May, 07:28
МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР АКАДЕМИЯТавре иттилоъ дода будем, рӯзҳои 7-8-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишвар таҳти унвони “Тавоно бувад, ҳарики доно бувад” баргузор гардид, ки дар олимпиада як гурӯҳ донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 May, 15:29
ХУШХАБАР! ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶУЁНИ АКАДЕМИЯ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢДар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишвар таҳти унвони “Тавоно бувад, ҳарики доно бувад”, ки аз 7-8-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид, якчанд донишҷӯёни Академия иштирок доштанд.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 May, 15:24
СУРАТГУЗОРИШаз ҷараёни аксия бахшида ба эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияти таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ”
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 May, 15:23
ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА “МОҲВОРАИ ҶАВОНОН” ДАР АКАДЕМИЯДар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бахшида ба “Моҳвораи ҷавонон” дар байни донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот доир гардид.Дар чорабинӣ, донишҷӯён бо рӯҳияи баланди рақобатпазирӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи асосии мусобиқа ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва тақвияти дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни донишҷӯён мебошад.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6 May, 04:15
ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИДДар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” барои соли 2026 баргузор гардид. Ҳадафи озмун, мутолиаи асарҳои Пешвои миллат мебошад. Озмуни мазкур имкон медиҳад, ки ҳар як фарди худогоҳи миллӣ тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда пайванд созад.Ҳамин тариқ, дар асоси хулосаи ҳайати комиссия иштирокдорон ба ҷойҳои зерин сазовор дорниста шуда, ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд:Маҳмадализода Хайрандеш Диловар - донишҷӯйи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ (ҷойи якум);Миралиён Шаҳло - магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” (ҷойи дуюм);Ҷураева Зебонисо - донишҷӯйи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ (ҷойи сеюм).
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 May, 11:53
“НАҚШИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ ДАР ТАТБИҚИ САНОАТИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ”Таҳти чунин унвон, 5-уми майи соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ- амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он олимону муҳаққиқон, инчунин, олимони хориҷӣ тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.Конференсияро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев К.Н. оғоз намуда, мафҳум ва моҳияти баргузории конференсияро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 May, 10:46
ГУЗОРИШИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 May, 09:39
ИФТИТОҲИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ ЗАНОНИ РОҲБАР ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНӢ4-уми майи соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз рӯи барномаи “Мактаби сарварӣ” баргузор гардид.Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур, ноиби якуми ректори Академия оид ба таълим, н.и.и., дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил, сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кенҷазода Мирзо Анвар ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ҳамидзода Шоҳрух Бозор иштирок ва суханронӣ карданд.
Followers write to the bot, you answer by reply, your account stays hidden. Created in one tap.
How it works →Related Channels
Other channels in the same section of the catalogue.
