Latest posts

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
10 Sept, 13:20
— Вақте маош мегирам, хандаам меояд. — Хуб аст. Ханда умрро дароз мекунад. — Яъне, то ба нафақа мерасам? — Албатта! Ва он ҷо боз ҳам хандаовартар мешавад. 😄
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
10 Sept, 08:29
Ҷвоне канори дарёча нишаста буд ва ғамгину афсурда ба сатҳи об нигоҳ мекард. Пири дунёдидае аз он ҷо мегузашт. Чун пир ҷавонро афсурдаву ғамгин дид, канораш нишаст.Ҷавон вақте пирро канораш дид, беихтиёр гуфт: Аҷаб ошуфтаам ва ҳама зиндагиам ба ҳам рехта аст. Ба шиддат ниёзманди оромиш ҳастам ва намедонам, ки ин оромишро аз куҷо пайдо кунам.Ҳамон гуна, ки пири дунёдида канори ҷавон нишаста буд, баргеро, ки аз шохаи дарахт ба замин афтода буд, ба дарё партофт ва гуфт: Ба ин барг нигоҳ кун. Вақте он дохили об меафтад, худро ба ҷараёни об месупорад ва бо он меравад.Сипас пир сангеро аз канори дарёча бардошт ва дохили он партофт. Санг аз сабаби вазнин буданаш, ба қаъри об фурӯ рафт ва он ҷо канори дигар сангҳо қарор гирифт.Ва баъд пири доно гуфт: Ин сангро низ дидӣ? Ӯ ба хотири сангин буданаш, тавонист, ки ба неруи ҷараёни об ғалаба кунад ва дар умқи об қарор гирад. Ҳоло ту ба ман
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
10 Sept, 04:15
Агар ҳама таъйидат мекунанду бо ту мувофиқанд: Ё пулат зиёд аст Ё зурат зиёд аст Ё баҳс кардан бо ту фоидае надорад. )
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
9 Sept, 06:29
Ҷашни Истиқлол муборак! 🇹🇯Бигзор Тоҷикистони азиз ҳамеша ободу осуда ва сарбаланд бошад. Ба ҳар як хонадон сулҳу хушбахтӣ ва файзу баракат орзумандем!
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
9 Sept, 05:03
:) Лабханд бизан! Чун мо соҳиби дине ҳастем, ки бо як лабханд задан ҳам бароямон савоб навишта мешавад.
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
9 Sept, 04:30
— Чанд забонро медонед? — Се забон: фаронсавӣ, англисӣ, чинӣ. — Чизе ба забони англисӣ бигӯед. — Guten Tag. — Ин олмонӣ аст. — Аҳа, пас чорто. 😄
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
8 Sept, 16:07

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
8 Sept, 09:08
Калимаҳо неру доранд. Дар сухани ту қудрати бузург ниҳон аст. Агар қарор кардаӣ, ки зиндагии худро тағйир диҳӣ, пас ин тағйирро аз суханони худ оғоз кун.Монеаҳои даруни дилатро раҳо кун ва бо ҷасорат бигӯ:«Ман метавонам тағйир ёбам ва ин тағйир маро ба сӯи саодат мебарад. Худои ман аз ҳар чизе дар ин ҷаҳон бузургтар аст. Ман аз рӯҳи Худо ҳастам, пас дар вуҷуди ман низ бузургӣ, қудрат ва нур вуҷуд дорад.»Вақте дарк мекунӣ, ки чӣ қадар арзишманд ҳастӣ, неруи даруниат бедор мешавад. Боварӣ ба худат бештар мегардад ва ту бо рӯҳияи мусбат ба сӯи пирӯзиҳо қадам мегузорӣ. Гӯё масири зиндагият тағйир меёбад ва ту ба роҳи нави рушд ва пешрафт ворид мешавӣ.Ба камбудиҳо зиёд фикр накун. Ҳар чизе, ки пайваста ба он диққат медиҳӣ, дар зеҳну эҳсосоти ту ҷойи бештар мегирад. Пас нигоҳатро ба фаровонӣ, имкониятҳо, баракат ва неъматҳои зиндагӣ равона кун.Эҳсос кун, ки зиндагият пур аз баракат,
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
8 Sept, 03:09
Баъд аз он, ки Шайтон муваффақ шуд моро олуда ба гуноҳ кунад, шурӯъ мекунад ба талқини ин ки:Дигар ту як гунаҳкорӣ Дигар Худо туро намебахшад Дигар ҷузъи бандаҳои хубаш нестӣ Дигар Худо дӯстат намедорад Ва талқин мекунад, ки фалон гуноҳро анҷом додӣ, дигар бахшида намешавӣ, пас ин гуноҳ чизе нест, анҷомаш бидеҳ!❗Аммо ёдамон бошад, ки ноумед шудан аз раҳмати Худо, бамаротиб хатарноктар аз худи гуноҳ аст, ки анҷом дода шудааст.📖 Худованд дар Қуръони карим мефармояд: " Ва аз раҳмати Худо маъюс нашавед, ки танҳо гурӯҳи кофирон аз раҳмати Худо ноумед мешаванд". (Юсуф - 87)📖 Ва ҳамчунин фармудааст: "Бигу, эй бандагоне, ки бар худ исроф ва ситам кардаед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед, ки Худо ҳамаи гуноҳонро меомӯрзад, зеро Ӯ бисёр Омӯрзанда ва Меҳрубон аст. (Зумар - 53)❗Фаомӯш накунем, ки Худованд аз модар ҳам ба мо меҳрубонтар аст ва тавба зеботарин ва оромбахштарин иртибот
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
7 Sept, 03:13edited
Рӯзе ҳокими вақт киссаи пур аз зарро бо як ғулом назди Абӯзар фиристод.Ҳоким ба ғулом гуфт: Агар Абӯзар ин кисаро аз ту қабул кунад, ту озод хоҳӣ шуд.Ғулом кисаро назди Абӯзар бурд ва бо исрори зиёд аз ӯ хоҳиш кард, ки онро қабул намояд. Аммо Абӯзар напазируфт.Ғулом гуфт: Инро бипазир, зеро озодии ман дар ҳамин аст.Абӯзар посух дод: Бале, аммо бандагии ман дар ҳамин аст. ----------------- Гоҳе инсон гумон мекунад, ки бо ба даст овардани сарвати зиёд озодтар мешавад, дар ҳоле ки ҳамон сарват метавонад ӯро ба ғуломи худ табдил диҳад ва аз бандагии Холиқ дур созад. Сарват агар дар даст бошад, неъмат аст, аммо агар дар дил ҷой гирад, метавонад зарар бошад.t.me/azharzoveya
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
6 Sept, 13:02
— Духтур, поям хеле дард мекунад.— Бибиҷон, охир шумо 80-сола ҳастед...— Пои дигарам ҳам 80-сола аст, аммо он дард намекунад! 😄
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
6 Sept, 06:48

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
5 Sept, 10:31
📔 "Қонуни ҷазб" - Ронда Берн:Дунё мисли оина аст. Ҳар чӣ фикр кунӣ, ҳамонро ба сӯи худ ҷалб мекунӣ. Агар ҳамеша фикр кунӣ, ки ҳама чиз бар зидди туст, воқеан ҳамин тавр мешавад. Аммо агар қавӣ бошӣ, мусбат фикр кунӣ ва воқеан хоҳиш дошта бошӣ, дунё барои ту роҳе пайдо мекунад.Муаллиф мегӯяд, ки ту бо зеҳнат ояндаи худро месозӣ. Фақат кофист бидонӣ чӣ мехоҳӣ, хуб фикр кунӣ ва худро хушбахт тасаввур намоӣ. Вақте ба чизе бовар кардӣ, он вақт дунё ба кор шурӯъ мекунад, то онро барои ту таъмин кунад.Дар маҷмӯъ, ин китоб мегӯяд: «Агар зеҳнатро дуруст танзим кунӣ, ҳама чиз тағйир меёбад.»#китоб
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
4 Sept, 18:20

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
4 Sept, 04:50
Вақте як тарафи болишт гарм мешавад, онро мегардонӣ, то ба тарафи дигари хунукаш хоб равӣ…Имсол саёҳати тобистонаи ман ҳамин буд. )
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
4 Sept, 04:27
Соли аввали издивоҷОдатан, дар соли аввали издивоҷ миёни зану шавҳар ихтилофҳо зиёд мешаванд. Аммо ин на ба маънои нокомии издивоҷ аст ва на ҳатман ба маънои нодуруст будани интихоби ҳамсар. Балки сабаб дар он аст, ки ҳар кадом бо хислат, таҷриба, тасаввурот ва интизориҳои хоси худ ба зиндагии муштарак ворид мешавад, вале ногаҳон дармеёбад, ки воқеият аз он чи дар хаёлаш тасаввур мекард, васеътар, вазнинтар ва бисёр фарқкунанда аст.Издивоҷ он чизе нест, ки шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд - ҷое ки танҳо зеботарин лаҳзаҳо ба намоиш гузошта мешаванд ва ҷузъиёти хастагиву душвориҳо пинҳон мемонанд. Издивоҷ на он чизест, ки духтар пеш аз издивоҷ дар суҳбат бо дӯстонаш тасаввур мекунад ва на он чизест, ки писар гумон мекунад, ки пас аз издивоҷ бидуни ҳеҷ камбудӣ, заҳмат ё ихтилоф ба ҳамаи орзуҳояш мерасад.Зиндагии оилавӣ як зиндагии инсонӣ аст, омехта бо шодиву ғам, қаноатмандиву хашм,
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
3 Sept, 16:40edited
«Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ, К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.»— ҲофизҲатто дар вақти тангдастӣ рӯҳафтода нашав, хуш зиндагӣ кун ва умедатро аз даст надеҳ. Зеро ин «кимиё» метавонад гадоро ба Қорун (рамзи шахси бисёр сарватманд) табдил диҳад. Яъне душвории имрӯза метавонад абадӣ набошад. Умед, рӯҳияи хуб ва қаноат инсонро аз ноумедӣ наҷот медиҳанд.#ғазал
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
2 Sept, 07:14edited
Нони суфраато бо ишқ бихӯр, ҳатто агар андаке бошад. Мо дар ҷустуҷӯи қуллаҳои дурдаст зебоии даштҳои зери поямонро аз даст медиҳем. Зиндагӣ ҳамин аст: Ҳамин бӯи нони гарм, ҳамин садои хандаи кӯдакони кӯча, ҳамин фурсатҳои кӯтоҳе, ки барои нигоҳ кардан ба чашмони азизонамон дорем. Хушбахтӣ дар бузургии воқеаҳо нест, балки дар умқи нигоҳи мост ба содагиҳост.— Маҳмуд Давлатободӣ
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
31 Aug, 10:02
Бо фазли Худованд ва бо кӯмаки дӯстони саховатпеша, дар моҳи сипаришуда ба 60 нафар мактаббачаи ятим ва аз оилаҳои камбизоат сару либоси мактабӣ ва ашёи хониш харидорӣ намуда, тақдим кардем.Солҳои қабл низ чунин иқдомҳоро анҷом медодем, аммо бидуни расонаӣ кардан ва нашри аксҳо. Дар алоҳидагӣ ба дӯстон пешниҳод мекардем. Имсол бошад тасмим гирифтем, ки ин иқдомро бештар расонаӣ кунем, то дигарон низ ташвиқ шаванд ва шумораи бештари кӯдакони ниёзманд аз ин кӯмак баҳравар гарданд.Худоро шукр, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди ҳар як пост хайрхоҳи дигаре пайдо мешуд: яке барои як нафар, дигаре барои ду нафар, нафаре барои чор кӯдак ва дар ниҳоят як ҷавонмарди саховатпеша якбора барои 35 нафар сару либоси мактабӣ хариду тақдим намуд.Яъне, ҳадафи мо аз гузоштани аксҳо ва расонаӣ кардани ин иқдом пеш аз ҳама ҷалб намудани хайрхоҳони бештар ва расонидани дасти ёрӣ ба кӯдакони бештар буд.Умед
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
30 Aug, 12:09
Нафаре бори аввал карам дид. Бо худ гуфт: Ҳатман мевае даруни ин баргҳо қарор дорад. Аввалин баргро канд то ба мева расад, аммо боз барги дигаре падид омад ва зери он барг, барги дигаре... Боз бо худ гуфт: Ҳатман меваи арзишмандест, ки даруни ин қадар баргҳо пинҳон аст. Бештар ҳарис шуд ва бо суръати зиёдтар баргҳоро меканад ва канор мегузошт. Вақте баргҳо тамом шуданд, мутаваҷҷеҳ шуд, ки мевае мавҷуд нест. Он гоҳ донист, ки карам, маҷмуае аз ҳамин баргҳост. -------------- Мо низ рӯзҳои зиндагиро тунд - тунд варақ мезанем ва фикр мекунем, ки чизе аз пеш пинҳон шудааст, ки бояд зуд ба он бирасем, дар ҳоле, ки ҳамин рӯзҳо, он чизе аст, ки бояд дарёбем ва аз он баҳра барем. Зиндагӣ ҳамин рӯзҳое аст, ки мунтазири гузаштанаш ҳастем. Бинобар ин, қадри ҳар як лаҳзаи онро бидонем.t.me/azharzoveya
Related Channels
Other channels in the same section of the catalogue.
