Latest posts

dushanbepolice 🇹🇯
22 Sept, 13:17
Аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, бо мусоидати масъулини МТМУ №128-и ноҳияи мазкур, муноқишаи гурӯҳии байни ноболиғон пешгирӣ карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки ноболиғон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо сабабҳои ночиз бо ҳамдигар баҳс намуда, баъд аз дарс мехостанд бо якдигар муноқиша кунанд. Бо ин мақсад, яке аз ноболиғон аз манзили истиқоматиаш бо худ як адад корд гирифта, ба мактаб бурдааст. Ҳангоми кофтуков аз ҷониби кормандони милитсия корди мазкур аз ноболиғ пайдо карда шуд. Вобаста ба ин, нисбати волидайни ноболиғон тибқи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон, қатъиян даъват карда мешавад, ки фарзандони худро ҳеҷ гоҳ бе назорат нагузоранд.Сотрудниками направления по работе с
dushanbepolice 🇹🇯
22 Sept, 09:59
Раҳмонов Баҳодур, сокини 39-солаи ноҳияи Шоҳмансур, дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад. Гарчанде номбурда қаблан 4 маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, аммо аз чунин кирдори ғайриқонунӣ даст накашидааст. Аз ҷумла, санаи 16 сентябри соли ҷорӣ, дар дохили беморхонаи «Шаҳраки Шифобахш» (Қарияи Боло), аз дохили ҷузвдони як нафар шаҳрванд як адад телефони мобилиашро рабудааст. Оид ба кирдори ҷиноятии Раҳмонов Б. дар ШВКД-2 дар ноҳияи Сино маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад. Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва «Телеграм» бо рақами (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.Рахмонов Баходур, 39-летний житель района Шохмансур, подозревается в совершении преступления кражи. Несмотря на то, что ранее он четыре раза был судим за совершение краж, но не отказался от своих
dushanbepolice 🇹🇯
22 Sept, 08:54
Санаи 21 августи соли ҷорӣ, тақрибан соати 10:20 дақиқа, дар кӯчаи Фирдавсӣ садамаи марговари нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Самадов Муҳаммадшуҷоъ, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «WULING LZW», рақами қайди давлатиаш 714LL01, ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи мазкур, дар болои гузаргоҳи пиёдагард ноболиғ Азимова С., сокини 13-солаи ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расидааст. Оид ба ҳодисаи мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.21 августа текущего года, примерно в 10:20, на улице Фирдавси зарегистрировано дорожно-транспортное происшествие со смертельным исходом. Самадов Мухаммадшуджо, водитель транспортного средства марки «WULING LZW», государственный номер 714LL01, во время движения по данной улице совершил наезд на несовершеннолетнюю Азимову С.,
dushanbepolice 🇹🇯
22 Sept, 05:46
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ба хотири гиромидошти номи сардафтари адабиёти тоҷику форс — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии ӯ, 22 сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳангу адабиёти тоҷик ҷойгоҳи нотакрор дорад. Осори ӯ саршор аз андешаҳои инсонпарварона, ҳикмату маърифат, эҳтиром ба илму дониш ва некиву накӯкорӣ буда, дорои арзиши ҷовидонӣ мебошад. Номи Рӯдакӣ ҳамчун рамзи қудрати сухан, худшиносӣ ва эҳтиром ба забону фарҳанги миллӣ дар қалби мардум ҷойгоҳи хос дорад. Мероси гаронбаҳои ӯ барои наслҳои имрӯз ва фардо сарчашмаи маърифат ва ифтихори миллӣ мебошад. Рӯзи Рӯдакӣ ба тамоми мардуми фарҳангдӯсту адабпарвари Тоҷикистон муборак бошад!На основании Закона Республики Таджикистан «О праздничных днях», в целях почитания имени основоположника таджикско-персидской литературы Абуабдулло
dushanbepolice 🇹🇯
22 Sept, 02:01
Субҳ ба хайр, Душанбе!!! Доброе утро, Душанбе!!! @dushanbe_police_tj
dushanbepolice 🇹🇯
21 Sept, 13:50
Имрӯз дар ШВКД-1 дар ноҳияи Сино вохӯрии роҳбарияти милитсия бо ҷавонони фаъол баргузор гардид. Дар рафти мулоқот масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва риояи қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, ба масъалаҳои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани наврасон, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму дониш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардиданд.Сегодня в ОМВД-1 по району Сино состоялась встреча руководства милиции с активной молодёжью. В ходе встречи были обсуждены вопросы предотвращения правонарушений и преступности среди несовершеннолетних и молодёжи, а также повышения их правовой грамотности и соблюдения законодательства. Особое внимание также было уделено вопросам воспитания подрастающего поколения в духе
dushanbepolice 🇹🇯
21 Sept, 09:28
Назарзода Шоҳрух, сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки қаблан барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шудааст, дубора бо ҳамин ҷурм аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур дастгир карда шуд. Номбурда пинҳонӣ вориди мағозаҳо ва дорухонаҳои шаҳрвандон гардида, аз он ҷо маблағҳои гуногуни пулӣ дуздидааст. Ҳамзамон, дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки гумонбаршуда чунин кирдорҳои ҷиноятиро дар ҳудуди ноҳияи Сино, шаҳри Бӯстон, ноҳияи Варзоб ва ноҳияи Хуросон низ содир намудааст. Вобаста ба кирдорҳои ҷиноятии Назарзода Ш. бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва «Телеграм» бо рақами (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.Назарзода Шохрух, 23-летний житель района Рудаки, ранее судимый за
dushanbepolice 🇹🇯
21 Sept, 05:58
Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ шаҳрванд Кароматуллои Исматулло, сокини 37-солаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд. Дар рафти тафтиши пешакӣ муайян гардид, ки номбурда бо ваъдаи бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан, аз шаҳрвандон бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст. Айни замон 4 ҳолати қаллобии гумонбаршуда ошкор карда шудааст, ки зарари ба шаҳрвандон расонидаи номбурда дар умум 5 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Нисбати гумонбаршуда Кароматуллои И. бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва «Телеграм» бо рақами (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт
dushanbepolice 🇹🇯
21 Sept, 02:00
Субҳ ба хайр, Душанбе!!! Доброе утро, Душанбе!!! @dushanbe_police_tj
dushanbepolice 🇹🇯
20 Sept, 13:39
Тибқи талаботи моддаи 276 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби рекламадиҳанда дидаю дониста додани маълумоти бардурӯғ оид ба мол, кор ё хизматрасонӣ, инчунин таҳиякунандагон ё фурӯшандагони онҳо, ки бо нияти ғараз содир шудааст, ҳамчун ҷиноят эътироф карда шуда, барои чунин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ аз ҷарима то маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ карда шудааст. Аз ин хотир, аз шаҳрвандон тақозо карда мешавад, ки ҳангоми дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба намоиш гузоштан ё реклама кардани молу маҳсулот ва дигар хизматрасониҳо ҳатман маълумоти дуруст ва саҳеҳ пешниҳод намоянд.В соответствии с требованиями статьи 276 Уголовного кодекса Республики Таджикистан умышленное предоставление рекламодателем ложной информации о товаре, работе или услуге, а также об их производителях или продавцах, совершённое из корыстных побуждений, признаётся
dushanbepolice 🇹🇯
20 Sept, 07:16
Назаров Денис, сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки қаблан бо моддаҳои 244 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дубора ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Номбурда бо ваъдаи аз Ҷумҳурии Мардумии Чин овардани воситаҳои нақлиёти гуногун аз шаҳрвандон маблағҳои калони пулӣ ва молу ашёи арзишманд гирифта, аммо ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои аз ин ҳисоб ба даст овардаашро ба манфиати худ сарф намудааст. Айни замон беш аз 20 далели ҷиноятҳои қаллобии номбурда ошкор карда шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ зиёда аз як миллион сомониро дар бар мегирад. Нисбати Назаров Д. бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва
dushanbepolice 🇹🇯
20 Sept, 02:01
Субҳ ба хайр, Душанбе!!! Доброе утро, Душанбе!!! @dushanbe_police_tj
dushanbepolice 🇹🇯
19 Sept, 12:18
Саривақт интиқол додани партовҳои маишӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф яке аз масъалаҳои муҳими одоби шаҳрнишинӣ ба шумор меравад. Мутаассифона, баъзе шаҳрвандон партовҳоро дар ҷойҳои номуайяншуда мепартоянд. Ҳамзамон, баъзе масъулони коммуналӣ низ дар масъалаи саривақт интиқол додани партовҳо саҳлангорӣ менамоянд. Чунин муносибат на танҳо ба ободии шаҳр таъсири манфӣ мерасонад, балки боиси ифлосшавии муҳити зист ва халалдор шудани симои зебои пойтахт мегардад. Дар ин замина, кормандони Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо кормандони сохторҳои коммуналӣ, бо истифода аз воситаҳои нақлиёти махсус, барои саривақт ҷамъоварӣ ва интиқол додани партовҳо чораҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҳамаи шаҳрвандон ва масъулони муассисаҳои коммуналӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф бетараф набошанд. Тозагии шаҳр — масъулияти
dushanbepolice 🇹🇯
19 Sept, 09:47
Кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор машғул буданд, муайян ва дастгир намуданд. Нисбати гумонбарон тибқи талаботи моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Тафсилот дар видео-гузориш.Сотрудники ОМВД по району И. Сомони выявили и задержали организованную преступную группу, занимавшуюся незаконным оборотом наркотических средств. В отношении подозреваемых в соответствии с требованиями статьи 200 Уголовного кодекса Республики Таджикистан возбуждено уголовное дело, по которому проводится предварительное расследование. Подробности — в видеорепортаже. @dushanbe_police_tj
dushanbepolice 🇹🇯
19 Sept, 02:00
Субҳ ба хайр, Душанбе!!! Доброе утро, Душанбе!!! @dushanbe_police_tj
dushanbepolice 🇹🇯
18 Sept, 13:56
Баъзе аз ронандагон, дидаю дониста дар воситаи нақлиёти худ ҳар гуна навиштаҷот, ҳатто калимоти дорои алфози қабеҳ насб мекунанд, ки ин бар хилофи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аст. Аз ҷумла, шаҳрванд Ҳоҷиев Шарафҷон — ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Changan», рақами қайди давлатияш 1478TT10, ки ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул аст, дар қисмати тирезаи қафои воситаи нақлиёти худ бо истифода аз таҷҳизоти равшанидиҳанда алфози қабеҳ навиштааст. Нисбати Ҳоҷиев Ш. протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин карда шуд. Бори дигар аз кулли ронандагон талаб карда мешавад, ки Қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намуда, нисбат ба ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон эҳтиром гузоранд.Некоторые водители, умышленно размещая на своих транспортных средствах различные надписи, в том числе содержащие нецензурные выражения, нарушают
dushanbepolice 🇹🇯
18 Sept, 11:21
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як ҷинояти махсусан вазнини роҳзанӣ ошкор карда шуд. Нисбати гумонбарон тибқи талаботи моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Тафсилот дар видео-гузориш.Сотрудниками Отдела уголовного розыска Управления МВД по городу Душанбе раскрыто особо тяжкое преступления разбоя. В отношении подозреваемых в соответствии с требованиями статьи 249 Уголовного кодекса Республики Таджикистан возбуждено уголовное дело, по которому проводится предварительное расследование. Подробности — в видеорепортаже. @dushanbe_police_tj
dushanbepolice 🇹🇯
18 Sept, 07:05
Тоҳирзода Тимур, сокини 41-солаи шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Номбурда мунтазам ба истеъмоли воситаҳои нашъадор ва машрубот машғул шуда, тартиботу оромии шаҳрвандонро халалдор месохт. Ҳамзамон, зимни дастгиркунӣ ба кормандони милитсия низ итоат накарда, талаботи қонунро вайрон намудааст. Айни замон, нисбати Тоҳирзода Т. бо моддаи 479 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд. Инчунин дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқии номбурда мавриди санҷиш қарор дорад.Тохирзода Тимур, 41-летний житель города Душанбе, был задержан сотрудниками Отдела по борьбе с незаконным оборотом наркотиков Управления МВД по городу Душанбе. Вышеуказанный регулярно употреблял наркотические
dushanbepolice 🇹🇯
18 Sept, 02:00
Субҳ ба хайр, Душанбе!!! Доброе утро, Душанбе!!! @dushanbe_police_tj
dushanbepolice 🇹🇯
17 Sept, 09:50
Аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани якчанд далели ғайриқонунӣ идора карда бурдани воситаи нақлиёт ошкор карда шуд. Ҳамчун гумонбар ноболиғ Сатторов Ҷ., сокини 16-солаи ноҳияи Восеъ, дастгир карда шуд. Зимни санҷиши пешакӣ муайян гардид, ки номбурда санаи 14-уми сентябри соли ҷорӣ, аз кӯчаи Нахимова воситаи нақлиёти тамғаи «Опел»-ро гирифта, ба самти номаълум идора карда бурдааст. Инчунин, санаи 15-уми сентябр низ аз кӯчаи Ҷомӣ воситаи нақлиёти тамғаи «БМВ»-ро, ки ба шаҳрванд Самандаров Назрулло тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ идора карда бурдааст. Пас аз дастгир гардидан воситаҳои нақлиёти рабудашуда, ҳамчун далели шайъӣ пайдо карда шуда, ба соҳибонаш баргардонида шуданд. Вобаста ба кирдорҳои ҷиноятии ноболиғ Сатторов Ҷ. тибқи талаботи моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ
Followers write to the bot, you answer by reply, your account stays hidden. Created in one tap.
How it works →Related Channels
Other channels in the same section of the catalogue.
