gram news
Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon channel avatar

Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

@emomalirahmontjk

Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад. Сайт: http://www.president.tj Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk

ProjectsKKPoliticsVerified by Telegram

25,900subscribers

Open the Channel

Latest posts

  • Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

    23 Sept, 07:51

    23 сентябр дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Дар оғози сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони заҳматқарину ватандӯсти вилояти Суғдро ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфтанд. Президенти кишвар изҳор доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва навсозӣ гардид. Зикр карда шуд, ки танҳо дар се рӯзи охир дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 иншооти навбунёди истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои бузурги саноатӣ дар шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, даҳҳо муассисаи таълимиву тиббӣ ва иншооти хизматрасонӣ бо беҳтарин шароиту таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо ҳазорҳо ҷойи кории нав муҳайё гардид. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #SughdPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
    Image from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
  • Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

    22 Sept, 09:40

    Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #SughdPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
  • Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

    22 Sept, 09:22

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин дар робита ба бомуваффақият баргузор гардидани интихобот ба Думаи давлатии Федератсияи Русия, барқияи табрикӣ ирсол намуданд.22 сентября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил поздравительную телеграмму Президенту Российской Федерации уважаемому Владимиру Путину, в связи с успешным проведением выборов в Государственную думу.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #SughdPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
    Image from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
  • Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

    22 Sept, 08:47

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ пурра таъмиру навсозӣ гардид, дидан намуданд.Сипас дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд тавассути 4 ҳавз ба дарёи Сир 1 миллион моҳича сар доданд. Моҳичаҳо аз зотҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ мебошанд, ки дар коргоҳҳои моҳичапарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят парвариш ёфтаанд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #SughdPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
    Image from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
  • Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

    22 Sept, 08:11

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти нав ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳо, таъмини сифати баланди маҳсулоту хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият дастуру тавсияҳо доданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #SughdPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
    Image from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
  • Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

    22 Sept, 08:03

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони хусусии Хуршеди Истиқлолро ба истифода доданд. Муассисаи нави томактабӣ дар масоҳати 1300 метри мураббаъ бунёд гардида, барои 600 кӯдак пешбинӣ шудааст. Кӯдакистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳим Раҷабзода дар заминаи дастгирӣ аз иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бо шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардидааст. Кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, дорои 36 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Ҳамаи утоқҳои муассиса бо шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардида, мутобиқ ба талаботи имрӯза ҷиҳозонида шудаанд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon
    Image from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
  • Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

    22 Sept, 06:18

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Мактаби замонавӣ чорошёна буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф сохта шуда, барои 4 ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Муассисаи нав дорои 73 синфхона буда, аз ин шумора 15-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ мебошанд. #ЭмомалӣРаҳмон
    Image from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
  • Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

    22 Sept, 04:41

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷандро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд бо номи Навниҳоли Ватан ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии махсуси табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд қомат афрохтааст. Дар бинои нави муассиса ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, утоқҳои алоҳида барои гурӯҳҳои доимӣ ва кӯтоҳмуддат, шуъбаи модару кӯдак, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҷойҳои ёрирасон бо шароиту имкониятҳои васеъи хизматрасониву тавонбахшӣ ба кӯдакон фароҳам гардидааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Маркази дастгирии оила ва кӯдаки
    Image from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
  • Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

    12 Sept, 05:13

    12 сентябр пас аз анҷоми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар фурӯдгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро фаъолон ва роҳбарияти ноҳия бо самимияти баланд гусел намуданд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ дар фурӯдгоҳ аз нақши соҳибкорон дар дастгирии иқдомҳои Ҳукумати кишвар, саҳмгузории онҳо дар корҳои ободонӣ ва таъсиси иншооти истеҳсолию хизматрасонӣ ёдовар шуда, пешрафти тадриҷии иқтисодиёт ва беҳшавии зиндагии мардумро самараи Истиқлоли давлатӣ ва оромии Ватан арзёбӣ карданд. Намояндагони бахши хусусӣ ва роҳбарияти ноҳия барои истифодаи ҳарчи бештари имкониятҳои мавҷуда бобати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълим, омода кардани мутахассисони баландихтисос, афзалият додан ба талаботи муосири шаҳрсозӣ ҳангоми бунёди иншооти нав, дастгирии деҳқонон, афзалият додан ба таҷрибаи муосири парвариши зироату ҷамъоварии ҳосил, истифодаи имкониятҳои фаровони табиӣ ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор карданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Рашт #RashtPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
    Image from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
  • Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

    11 Sept, 18:27

    Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукуҳу рангини консертӣ баргузор гардид. Устодони санъат ва ҳунармандони водии Рашт аз эҷодиёти шоирон ва оҳангҳои композиторони шинохта дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолу Ваҳдат ва Пешвои раҳнамунсоз сурудҳои дилнишин пешкаши меҳмонон намуданд. Барномаи консертии идона ба ифтихори ҷашни умумимиллии кишвар бисёр пуршукуҳу хотирмон ҷараён гирифт. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Рашт #RashtPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
    Image from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali RahmonImage from a post by Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon