gram news
САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане) channel avatar

САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

@fingramtj

🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦. 🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамо

ProjectsTG

462subscribers

Open the Channel

Latest posts

  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    21 Sept, 05:22

    Дӯстони арҷманд!Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар доираи фестивали "Саводнокии молиявӣ" дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ намоиши хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ баргузор карда мешавад. Намоиши мазкур 24-уми сентябри соли ҷорӣ дар назди бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод доир гардида, аз соати 09:00 то 14:00 идома хоҳад ёфт.Биёед ва дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ маълумот пайдо намуда, оид ба тарофа ва дигар шартҳои асосии онҳо аз мутахассисон маслиҳату машваратҳои ройгон гиред. Фурсати муносибро барои ба даст овардани маълумоти муфиди молиявӣ аз даст надиҳед!Даромад ройгон аст!
    9241Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    18 Sept, 02:16

    Дӯстони азиз!Ба Шумо маълумот дар бораи баромадкунандагони форуми саводнокии молиявӣ ва мавзуъҳое, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, манзур менамоем.Мансуров Шаҳбоз - сармутахассиси департаменти низоми пардохти БМТ Мавзуи баррасишаванда:“Пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи бехатари онҳо”Мирзоев Фаридун - сармутахассиси идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии БМТ Мавзуи баррасишаванда: “Қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он”Ҳамроев Шуҳрат – мутахассиси пешбари идораи назорати суғуртавии БМТ Мавзуи баррасишаванда: “Суғуртаи саломатӣ ва ҳаёт”Ибодов Нурали – сардори идораи стратегия, таҳлил ва ҷамъбасти департаменти рушд ва омори бонкии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Мавзуи баррасишаванда: “Банақшагирии буҷети оила ва муҳиммияти пасандозгузорӣ”Биёед, 24 сентябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод аз соати 09:00 мо Шуморо мунтазирем!Даромад
    186721Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    16 Sept, 11:31

    Дӯстони гиромӣ!Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки 24 сентябри соли ҷорӣ аз соати 09:00 то 14:00 дар доираи фестивали "Саводнокии молиявӣ" дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод "Форуми саводнокии молиявӣ" баргузор мегардад, ки дар он намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ дар мавзуъҳои муҳим ва мубрами низоми молиявӣ бо рӯнамо баромад менамоянд!Даромад ройгон аст!
    21471Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    13 Sept, 06:56

    Дӯстони азиз!Бо хушнудӣ хабар медиҳем, ки 24-уми сентябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор мегардад!Ҳатман дар чорабинии мазкур иштирок намуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
    287video71Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    11 Sept, 11:56

    Ташаккули одати пасандозгузорӣУстувории молиявӣ аз одатҳои дуруст оғоз меёбад. Новобаста аз ҳаҷми даромад ё маблағи интиқоли пулии гирифташуда, банақшагирии даромаду хароҷот ва риояи интизоми молиявӣ барои самаранок идора кардани маблағҳои шахсӣ ва оилавӣ мусоидат мекунад.Дар ин ҷо 5 одате, ки ба ташаккули пасандозгузорӣ мусоидат менамоянд, номбар мекунем:1. Мунтазам маблағро пасандоз кунедПас аз гирифтани даромад ё интиқоли пулӣ аввал маблағеро муайян кунед, ки метавонед ба пасандоз равона намоед. Одатан, ин аз 5 то 10% даромадро ташкил медиҳад. Ҳатто пасандозҳои хурд, вале мунтазам, бо гузашти вақт натиҷаи хуб медиҳанд.2. Буҷети оилавиро ба нақша гиредДаромадро байни хароҷоти ҳатмӣ, эҳтиёҷоти ҳаррӯза ва пасандозҳо тақсим кунед. Банақшагирӣ барои пешгирии хароҷоти пешбининашуда ва назорати маблағҳои оилавӣ мусоидат мекунад.3. Маблағҳои интиқоли пулиро фавран харҷ накунед
    182541Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    10 Sept, 11:42

    Интиқоли дурусти маблағҳои муҳоҷиронМуҳоҷирони меҳнатӣ қисме аз даромади худро бо мақсадҳои гуногун (харидани маҳсулоти хӯрокворӣ, либос, маводи зарурии рӯзгор, манзил, таъмини таҳсили фарзандон, оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра) ба аъзои оилаашон мефиристанд. Айни ҳол, муҳоҷирон имконият доранд, ки бо истифода аз низомҳои байналмилалии интиқоли пул ва хизматрасониҳои ташкилотҳои молиявии ватаниву хориҷӣ маблағҳои худро зуд, бехатар ва бо хароҷоти нисбатан кам ба аъзои оилаи худ расонанд.Роҳҳои маъмулии интиқоли маблағи муҳоҷирон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон1.Интиқоли пул аз корт ба корт. Интиқоли мустақими маблағи муҳоҷирон аз корти бонки хориҷӣ ба кортҳои бонкҳои Тоҷикистон тавассути барномаҳои мобилии ҳарду бонк (аз ҷумла, кортҳои байналмилалии Виза (Visa) ё Мастеркард (Mastercard), замимабарномаҳои мобилӣ ва ғайра).2.Низомҳои байналмилалии интиқоли маблағ. Интиқоли маблағ
    192621Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    9 Sept, 05:31

    Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
    231762Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    4 Sept, 10:23

    Муҳиммияти саводнокии молиявӣ барои муҳоҷиронДар ҷаҳони муосир, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии байни давлатҳо пайваста густариш меёбанд, бозори меҳнат низ хусусияти байналмилалӣ касб намуда истодааст. Ин раванд боиси афзоиши ҳаракати қувваи корӣ байни давлатҳо гардидааст ва шаҳрвандон бо мақсади дарёфти ҷойи кори муносиб, гирифтани музди меҳнати баланд ва афзоиши даромади худ ба давлатҳои дигар сафар менамоянд. Бо назардошти он ки яке аз ҳадафҳои асосии муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ ва аъзои оилаашон мебошад, дар баробари донистани қонунгузорӣ, забон ва фарҳанги давлати қабулкунанда, барои онҳо доштани донишу малакаҳои молиявӣ низ аҳамияти муҳим дорад.Саводнокии молиявӣ ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки:1. Даромад ва маблағҳои худро самаранок идора намоянд. Муҳоҷирони меҳнатӣ одатан қисми муайяни даромади худро
    258621Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    1 Sept, 11:19

    304video421Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    31 Aug, 04:38

    Сокинони ноҳияи Тоҷикобод, диққат!Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ба наздикӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҷалби ташкилотҳои молиявӣ чорабинии бошукӯҳ барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ аҳолӣ баргузор мегардад. Ин имконияти хуб барои рушд додани донишҳои молиявӣ, шинос шудан бо хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва суғуртаи мамлакат ва муқоисаву интихоби хизматрасонии барои худ мувофиқу муфид мебошад.Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед ва аз тадбирҳое, ки дар доираи Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ мегарданд, огоҳ бошед.
    271951Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    25 Aug, 12:34

    Агар кортатон дар банкомат дар монад, қадамҳои зеринро иҷро кунед: • Ором бошед – ин ҳолат бисёр вақт рӯй медиҳад ва роҳи ҳал дорад. • Интизор шавед – баъзан банкомат худ кортро пас аз чанд сония бармегардонад. • Ба рақами маркази тамоси бонк занг занед – рақами телефон одатан дар худи банкомат навишта шудааст. • Кортро фавран масдуд (блок) кунед – то ин ки каси дигар онро истифода набарад. Инро тавассути занг задан ба бонк ё замимабарномаи мобилии он анҷом додан мумкин аст. • Ба филиали наздиктарини бонк равед – бо шиноснома ва аризаи расмӣ кортро барқарор кунед. • Маълумот диҳед – сана, вақт ва ҷойи ҳодисаро ба корманди бонк бигӯед. • Агар банкомат шубҳанок ба назар расад (масалан, дастгоҳҳои иловагӣ насб шудаанд), аз истифодаи он худдорӣ намоед.Дар хотир дошта бошед: Барои бехатарӣ аз банкоматҳое истифода баред, ки дар дохили бонк ё ҷойи назоратшаванда ҷойгир карда шудаанд. Агар
    353611Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    21 Aug, 10:37

    Истифодаи дурусти банкоматҳоБанкомат — дастгоҳи автоматии бонкӣ мебошад, ки ба муштариён имкон медиҳад бидуни иштироки корманди бонк амалиёти гуногуни молиявиро анҷом диҳанд, аз ҷумла гирифтани пули нақд, ворид кардани маблағ, санҷиши бақияи суратҳисоб ва анҷом додани пардохтҳо.Қоидаҳои истифодаи бехатари банкомат 1. Пеш аз истифода атрофро бодиққат санҷед. Агар шахси шубҳанок дар наздикии банкомат қарор дошта бошад, беҳтараш каме интизор шавед ё аз банкомати дигар истифода баред. 2. Корти худро танҳо ба ҷойи махсус ворид кунед. Агар дар банкомат ягон дастгоҳ, таҷҳизот ё ашёи ғайриоддӣ ва шубҳанокро мушоҳида кунед, аз истифодаи он худдорӣ намоед. 3. Рамзи махфии худро (PIN-код) танҳо худатон ворид кунед. Ҳангоми ворид кардани PIN-код клавиатураро бо даст пӯшонед, то дигарон онро набинанд. 4. PIN-кодро ба ҳеҷ кас нагӯед. Кормандони бонк низ ҳақ надоранд PIN-коди шуморо талаб кунанд. 5
    352721Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    19 Aug, 11:04

    Пардохтҳои рақамӣ тавассути технологияи NFC акнун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон!
    262video621Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    14 Aug, 09:20

    Интиқолҳои фаромарзӣИмрӯз барои аз як кишвар ба кишвари дигар интиқол додани маблағ якчанд имконият вуҷуд дорад. Масалан, маблағро метавон тавассути системаҳои интиқоли маблағ, аз корт ба корт ё тавассути интиқоли байнибонкӣ ба дигар кишвар интиқол дод. Ин воситаҳо аз ҳамдигар чӣ фарқият доранд?1️⃣ Системаҳои интиқоли маблағ: Принсипи кор одӣ аст: интиқолдиҳанда маблағро тавассути системаи интиқол месупорад, система онро ба кишвари дигар мефиристад ва қабулкунанда метавонад онро тибқи шартҳои система, масалан, дар нуқтаи хизматрасонии бонкӣ қабул кунад. Дар ин ҳолат кушодани суратҳисоб зарур нест. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон системаҳои «ЮНИСТРИМ», «CONTACT» ва «Вестерн Юнион» ҳамчун системаҳои дорои ҳуқуқи анҷом додани амалиёти интиқоли маблағ нишон дода шудаанд. Одатан интиқолдиҳанда бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, маълумоти
    365622Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    13 Aug, 10:32

    Чорабинии маърифатӣ оид ба саводнокии молиявӣ барои наврасон баргузор гардид12 августи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» аз ҷониби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» чорабинии маърифатӣ дар мавзуи «Муҳиммияти саводнокии молиявӣ барои наврасон» баргузор гардид.Дар чорабинӣ 155 нафар хонандагони болаёқати синфҳои 5–11 аз 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.Зимни чорабинӣ ба иштирокчиён оид ба мафҳуми пул ва нақши он, аҳаммияти пасандозгузорӣ, тартиб додан ва идора намудани буҷети оилавӣ, роҳҳои ҳимоя аз қаллобии молиявӣ ва дигар донишҳои заминавии молиявӣ, ки барои наврасон муҳим мебошанд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.Дар бахши интерактивии чорабинӣ хонандагон ба саволҳои худ вобаста ба низоми бонкии кишвар,
    247711Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    11 Aug, 08:58

    Тартиби амалишавии пардохти суғуртавӣТибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” пардохти суғуртавӣ аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ дар муддати 5 (панҷ) рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.Дар ҳолати фавти ҷабрдида ва дар асоси аризаи аз ҷониби фоидагиранда воридгардида дар бораи пардохти суғуртавӣ ва маълумотномаи муассисаи тиббӣ доир ба ҳодисаи мазкур, суғуртакунанда уҳдадор аст, ки панҷоҳ фоизи маблағи пардохти суғуртавиро дар муҳлати як рӯзи корӣ пардохт намояд. Маблағи боқимондаи пардохти суғуртавӣ пас аз пешниҳод намудани шаҳодатномаи вафот дар муҳлати як рӯзи корӣ пардохт карда мешавад.Ҳангоми дар муҳлати муқарраргардида амалӣ накардани пардохти суғуртавӣ суғуртакунанда уҳдадор аст ба ҷабрдида (фоидагиранда) барои ҳар рӯзи батаъхиргузошташуда ба андозаи 0,5 фоизи
    225921Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    7 Aug, 05:08

    Барои гирифтани пардохти суғуртавӣ чӣ ҳуҷҷат лозим аст?Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” ширкати суғуртавӣ пардохти суғуртавиро ба ҷабрдида (фоидагиранда) дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ менамояд: - полиси суғуртавӣ (нусхаи он); - нусхаи маълумотномаи тасдиқкунандаи ҳодисаи роҳу нақлиёт, ки аз тарафи бозрасии давлатии автомобили дода шудааст; - нусхаи шиносномаи суғурташаванда; - ваколатномаи аз тарафи соҳиби воситаи нақлиёт додашуда (агар воситаи нақлиёт дар асоси ваколатнома идора гардида бошад); - нусхаи шаҳодатномаи ронандагӣ; - нусхаи шаҳодатномаи техникии воситаи нақлиёт; - маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба корношоямии муваққатӣ ё худ маълумотнома дар бораи муқаррар кардани гурӯҳи маъюбӣ дар ҳолати расонидани зарар ба саломатии ҷабрдида; - нусхаи шаҳодатномаи вафоти мусофир, пиёдагард ё шахси
    283531Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    4 Aug, 11:03

    Муҳиммияти суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётСуғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва дар асоси шартномаи байни суғуртакунанда ва суғурташаванда амалӣ гардида, ҳангоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибони воситаҳои нақлиётро таъмин менамояд.Дар хотир дошта бошед, ки: - дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар шаклҳои ҳатмӣ ва ихтиёрӣ сурат мегирад; - бастани шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ соҳиби воситаи нақлиётро аз уҳдадории бастани шартномаи суғуртаи ҳатмӣ озод намекунад; - агар Шумо сабабгори ҳодисаи роҳу нақлиёт бошед, ташкилоти суғуртавӣ аз ҳисоби полиси суғуртавии Шумо зарари ба шахси сеюм ё амволи ӯ расидаро ҷуброн
    276431Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    31 Jul, 09:11

    Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётСуғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт - намуди суғуртаи ҳатмие, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба ухдадориҳои ӯ оид ба ҷуброни зарари ба шахсони сеюм, бинобар аз ҷониби ӯ истифода бурдани воситаи нақлиёт, аз ҷумла ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии интиқолдиҳанда расонда шудааст, пешбинӣ менамояд.Ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт чист? Ин уҳдадории соҳибони воситаҳои нақлиёт барои ҷуброни зарари расонидашуда ба ҳаёт, саломатӣ (маъюбӣ, марг) ва (ё) молу мулки (воситаи наклиет, бино ва ғайра) шахсони зарардида мебошад, ки дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт ҳангоми истифодабарии воситаи нақлиёт ба вуқуъ пайвастааст.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:-ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони
    310441Open in Telegram
  • САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

    28 Jul, 04:41

    QR-рамзи ягона ва бартариятҳои онQR-рамзи ягона — ин рамзи стандартизатсияшудаи электронӣ мебошад, ки барои пардохтҳои ғайринақдӣ истифода бурда мешавад. QR (Quick Response) маънои “посухи зуд” дошта, имконият медиҳад, ки пардохт дар чанд сония тавассути скан кардани рамз анҷом дода шавад. QR-рамзи ягона бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шуда, ҳамаи QR-рамзҳои хусусии бонкҳо ва муассисаҳои молиявиро ба як шаблони умумӣ муттаҳид менамояд.Бартариятҳои асосии QR-рамзи ягона: - пардохт осон ва зуд аст - танҳо бо як скан пардохт анҷом дода мешавад; - замимабарнома ё ҳамёни электронии дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявиро истифода бурда метавонед; - барои муштарӣ бе комиссия аст, яъне ҳаққи хизматрасонӣ ситонида намешавад; - барои соҳибкорон - воситаи муассири афзоиши фурӯш аст ва аз муштариёни ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ пардохти ҳаққи молу хизматрасониро бе мушкилӣ қабул карда
    276611Open in Telegram
Download the series as CSV
A feedback bot for your channel — free

Followers write to the bot, you answer by reply, your account stays hidden. Created in one tap.

How it works →
Create the bot