gram news
Бонки миллии Тоҷикистон channel avatar

Бонки миллии Тоҷикистон

@nbt_tj

Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ProjectsTG

1,032subscribers

Open the Channel

Latest posts

  • Бонки миллии Тоҷикистон

    22 Sept, 03:16

  • Бонки миллии Тоҷикистон

    17 Sept, 06:47

    Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, дар шаҳри Сеул аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум миёни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея (KoFIU) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ ба имзо расид. Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/643819/
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    9 Sept, 00:38

    1,1801162Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    8 Sept, 19:33

    7 сентябри соли 2026 ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон «Маҷмаи Хуталон» бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс, муовинони раис Шарифзода Фирӯз, Икромӣ Сироҷиддин, Назири Гулбаҳор, Муродализода Далер ва Ғуломзода Зиёратшо, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, кормандон ва собиқадорони низоми бонкӣ ҷаласаи бошукӯҳи идона баргузор гардид. Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/643186/
    1,16074Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    4 Sept, 14:51

    1,150151Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    3 Sept, 11:43edited

    28 августи соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ семинари омӯзишӣ оид ба тартиби таҳияи супоришномаҳои пардохтӣ ҳангоми пардохти маблағҳои буҷетӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ баргузор гардид... https://nbt.tj/tj/news/642801/
    1,22071Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    3 Sept, 06:45

    2 сентябри соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири фавқулода ва мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ мулоқот анҷом дод... https://nbt.tj/tj/news/642756/
    83653Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    2 Sept, 12:26

    2 сентябри соли 2026 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода бо муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Эри Двидеди мулоқот намуд... https://nbt.tj/tj/news/642691/
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    2 Sept, 11:31

    Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро ба муомилот баровард... https://nbt.tj/tj/news/642689/
    93019421Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    29 Aug, 07:23edited

    📢 Шарҳи раванди лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти андоз ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ корҳои ташкилӣ ва техникии татбиқи лоиҳаи озмоиширо идома медиҳад. 🎯 Ҳадафи лоиҳа — содагардонии расмиёти андозбандӣ, коҳиш додани сарбории маъмурӣ, рақамикунонӣ ва таъмини шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо мебошад. 💻 Марҳилаи озмоишӣ. Аз моҳи сентябри соли 2026 платформаи рақамӣ ба муҳлати се моҳ дар муҳити техникии озмоишӣ мавриди истифода қарор мегирад. 🧪 Ин марҳила барои санҷиши фаъолияти низом, мубодилаи маълумот ва устувории ҳамгироӣ бо низомҳои дахлдор пешбинӣ шудааст. 📊 Пас аз анҷоми озмоиш натиҷаҳо арзёбӣ гардида, масъалаи гузариш ба татбиқи пурраи лоиҳа тибқи тартиби муқарраргардида ҳал карда мешавад. Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/642372
    1,13082Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    26 Aug, 12:26

    Бонки миллии Тоҷикистон иттилои дар Telegram-канали «Голос Ирана» паҳншуда, дар бораи гӯё ҷойгир намудани тасвири Абуалӣ ибни Сино дар пули коғазии 200 сомонӣ дар баробари пули коғазии 20 сомониро, расман рад менамояд.Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/642053/
    1,39082Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    21 Aug, 08:24edited

    20 августи соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши бонкӣ, аз ҷумла рушди низомҳои пардохт, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, фарогирии молиявӣ, назорати бонкӣ ва суғуртавӣ, инчунин табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ бо Бонки захиравии Ҳиндустонро баррасӣ карданд... https://nbt.tj/tj/news/641707/
    1,410111Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    20 Aug, 09:45edited

    19 августи соли 2026 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода бо коршиноси мустақили Созмони Милали Муттаҳид оид ба қарзи хориҷӣ ва ҳуқуқи инсон хонум Аттия Варис мулоқот намуд. Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/641620/
    1,15010Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    20 Aug, 06:13edited

    19 августи соли 2026 ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва иштироки намояндагони мақомоти дахлдор баргузор гардид. Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/641595/
    1,24091Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    15 Aug, 02:58edited

    14 августи соли 2026 Агентии байналмилалии рейтингии “S&P Global Ratings” рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дараҷаи «B/B» бо дурнамои «мусбат» ба дараҷаи «B+/B» бо дурнамои «устувор» баланд бардошт. Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/641251/
    1,250134Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    5 Aug, 06:06edited

    4 августи соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки директори минтақавии ХБА барои Осиё ва Уқёнуси Ором - Такаши Нагаока, мудири Барномаи JISPA - Сайка Кин, муовини раиси БМТ - Гулбаҳор Назирӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои иқтисодии кишвар барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми молиявии кишвар вобаста ба барномаи JISPA ҳамоиши иттилоотӣ баргузор гардид... https://nbt.tj/tj/news/640360/
    1,89092Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    5 Aug, 06:05edited

    Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Барномаи муштараки стипендиявии Ҷопон ва Бонки Ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ, ки санаи 4 августи соли 2026 доир гардид, масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва рушди иқтидори касбии мутахассисони низоми бонкии кишвар баррасӣ гардид... https://nbt.tj/tj/news/640359/
    1,39082Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    29 Jul, 04:03

    28 июли соли 2026 зимни вохӯрии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ғуломзода Зиёратшо бо намояндагони низоми байналмилалии пардохтии VISA, ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСП «Ҳумо Бонк» ва ҶСК «Алиф Бонк» масъалаи оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар рафти вохӯрӣ намояндагони низоми пардохтии байналмилалии VISA ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ омодагии худро ҷиҳати татбиқи хизматрасонии мазкур изҳор намуданд. Муфассал: https://www.nbt.tj/tj/news/639494/
    1,66012Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    21 Jul, 10:13edited

    20 июли соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони Институти глобалии рушди сабз (Global Green Growth Institute - GGGI) мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои рушди маблағгузории устувор, таҳкими низоми молиявии сабз, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои экологӣ ва густариши ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуданд. Муфассал: https://www.nbt.tj/tj/news/639050/
    1,76094Open in Telegram
  • Бонки миллии Тоҷикистон

    20 Jul, 09:58edited

    20 июли соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки раиси бонк Толибзода Фирдавс, муовини якуми раис Шарифзода Фируз, муовинони раис Назирӣ Гулбаҳор, Муродализода Далер, Ғуломзода Зиёратшо, инчунин муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Нуралӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид. Муфассал: https://www.nbt.tj/tj/news/639007/
    1,39083Open in Telegram
Download the series as CSV
A feedback bot for your channel — free

Followers write to the bot, you answer by reply, your account stays hidden. Created in one tap.

How it works →
Create the bot