Latest posts

АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 12:51
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) оид ба амалҳо дар самти «Солимии ягона» дар низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода иштирок намуданд. Дар конфронси сатҳи баланд масъалаҳои муҳими татбиқи амалии равиши «Солимии ягона» дар низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ, таҳкими ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, пешгирии хавфҳои ба саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист таъсиррасонанда ва муайян намудани роҳҳои таъмини истеҳсолоти бехатару устувори озуқаворӣ баррасӣ шуданд.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 12:47
Делегация Таджикистана ознакомилась с научно-образовательными возможностями Ланьчжоуского технологического университета Сентябрь 22, 2026 17:40 ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /НИАТ «Ховар»/. Делегация Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан во главе с ректором Давроном Сафарзода посетила ряд научно-образовательных подразделений Ланьчжоуского технологического университета Китайской Народной Республики, сообщили в Академии. Делегация посетила Музей истории университета, Институт инноваций и предпринимательства (Институт «Хунлю»), учебные корпуса Института литературы, Центр MBA Института экономики и управления, а также Комплексную платформу моделирования юридической практики Института права.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 12:42edited
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ» маҳфили навбатии «Тоҷикшиносӣ» барои таҳияи Консепсияи Конуни тамаддуни ориёӣ доир шуд. Дар маҳфил иштирокчиён доир ба арзиши омӯзиши таърихи бостонии миллати тоҷик, эҳёи хотираи таърихӣ, ҳифзи мероси фарҳангии ниёгон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии мероси тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуданд. Инчунин ба масъалаҳои таърихи тамаддуни ориёӣ, аҳамияти омӯзиши сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар самти таҳкими худшиносии таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 12:34
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар миллат чеҳраҳое ҳастанд, ки номи онҳо аз ҳудуди як давру замон берун рафта, ба ҷузъи хотираи маънавии халқ табдил меёбад. Барои миллати тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷумлаи чунин бузургон аст. Ӯ на танҳо поягузори адабиёти классикии тоҷику форс, балки яке аз бузургтарин парчамбардорони сухани инсонпарварона, хирадгароёна ва ахлоқии адабиёти мост.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 12:32
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳамбург бо ташаббуси Консулгарии ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федералии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ таҷлил гардид. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов оид ба дастовардҳо дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва имконияти афзояндаи кишвар дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика ва захираҳои маъданӣ сухан гуфт. Ҳамзамон ба таъриху фарҳанги ғанӣ ва мероси адабии халқи тоҷик ҳамчун ҷузъи муҳими ҳувияти миллии он таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 12:30
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлол – ганҷи миллат, бақои давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик ҳамчун арзиши муқаддасу сарнавиштсоз заминаи устувори бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам овардааст.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 12:24
Директор театра кукол города Душанбе принимает участие в Международной научно-практической конференции в Бишкеке ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /НИАТ «Ховар»/. Директор Государственного республиканского театра кукол города Душанбе Наргис Розикзода принимает участие в Международной научно-практической конференции, которая проходит в Бишкеке (Кыргызстан), сообщили в театре. Конференция проходит с 19 по 23 сентября и посвящена роли классика детской драматургии Виктора Швембергера — основателя профессиональных театров кукол в истории и культуре стран СНГ.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 12:01
Предприниматели Китая посетили СЭЗ «Сугд» ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /НИАТ «Ховар»/. Заместитель председателя Согдийской области Анвар Яъкуби 21 сентября обсудил возможности сотрудничества с предпринимателями Китая, которые посетили Свободную экономическую зону «Сугд». Гостям была предоставлена информация о льготах и возможностях для предпринимательской деятельности в Таджикистане.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 11:46
В Казахстане презентовали опыт Таджикистана в области цифрового здравоохранения ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /НИАТ «Ховар»/. Опыт Таджикистана в области цифрового здравоохранения на региональном уровне презентовали в Алматы (Республика Казахстан), сообщает пресс-центр Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан. Презентация состоялась в рамках регионального мероприятия CARINFONET с участием представителей стран Центральной Азии и Всемирной организации здравоохранения.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 11:45
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он 157 нафар барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд. Даври шаҳрии озмун аз 14 то 17 сентябр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои «Математика», «Физика ва астрономия», «Химия», «Биология», «География», «Технологияҳои иттилоотӣ», «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ва «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» донишу малака ва қобилият санҷиданд.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 11:38
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар вақте аз мо мепурсанд, ки Истиқлоли давлатӣ ба мо, мардуми тоҷик чӣ дод, аввалин посухе, ки ба забонам меояд, ин аст, ки истиқлол аввалан ба мо худи моро дод, Ватанамонро дод, таърихамонро дод. Мо, пеш аз ҳама, худро шинохтем, соҳиби номи худ, таърихи худ, ҳувияти худ, озодии худ гардидем. Ва ин кам чизе нест барои як халқ, як миллат. Бисёр қавмҳое ҳастанд, ки ин армони миллиро асрҳо боз мепарваранду ба он намерасанд. Аммо расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ҳанӯз оғози кор буд, мо бояд ба ҷаҳониён нишон медодем, ки миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо бо дастовардҳои беназири таърихияш сазовори ин озодист. Ин озодиро дар қӯраи ҷони худ, дар фурӯғи дидагони худ парваридааст. Миллате, ки бо гуфтори нек, пиндори нек ва кирдои нек танҳо ба
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 11:29
Стартовал третий тур Республиканского конкурса «Шохномахони» ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /НИАТ «Ховар»/. В Душанбе, Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областях, Гиссаре и Раште стартовал третий тур Республиканского конкурса «Шохномахони». Об этом НИАТ «Ховар» сообщило Республиканское учреждение дополнительного образования. Во втором туре конкурса приняли участие 68 360 претендентов из всех городов и районов республики, в третий тур прошли 1 744 человека. В частности, 169 человек представляют Горно-Бадахшанскую автономную область, 629 — Хатлонскую область, 469 — Согдийскую область, 137 — город Душанбе и 340 — города и районы республиканского подчинения.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 11:14
Дар Конфронси генералии АБНА таҷрибаи Тоҷикистон доир ба барқарорсозии иншооти мероси уранӣ муаррифӣ карда шуд ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА), ки аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд, чорабинии махсуси Тоҷикистон таҳти унвони «Барқарорсозии иншооти мероси уранӣ дар Тоҷикистон: пешрафт, мушкилот ва афзалият» доир гардид. Дар чорабинӣ доир ба такмили низоми мониторинг баъди барқарорсозӣ, идоракунии ҷараёнҳои обӣ ва дигар роҳҳои паҳншавии моддаҳои ифлоскунанда, назорати чанг ва радон, таҳкими заминаи озмоишгоҳӣ ва омодасозии минбаъдаи мутахассисони миллӣ табодули афкор карда шуд.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 11:10
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз варзишгарони тоҷик Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро барои Тоҷикистон соҳиб шуданд. Бояд гуфт, ки Мирзобек Умаров дар мусобиқаи санъати муҳорибаҳои омехтаи Modern дар вазни то 60 кг баромад карда, дар рақобати ниҳоӣ бар варзишгари Узбекистон Фирдавс Атамуратов бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 11:03
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус ва Русия дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба таври маҷозӣ баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба идоракунии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, рушди фарҳанги экологӣ ва тарзи ҳаёти экологиро баррасӣ намуданд. Иштирокдорони ҷаласа инчунин мавзуъҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз» ва даврӣ, нобудсозии бехатари пеститсидҳои кӯҳна ва масъалаҳои дигари мубрами экологиро баррасӣ намуданд.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 11:03
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ашт якчанд иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шуданд. Дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳия Маркази хизматрасонии «Дилёр» ба истифода дода шуд. Маркази хизматрасонӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Абдухалилов сохта шудааст.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 11:03
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ба намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд. Вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми арзишманд дар таҳкими ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мудири иҷроияи амалиёти Бонки ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани мукофоти давлатии Ордени «Дӯстӣ» тақдим намуд.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 11:03
Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #Sughd
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 10:26
Академия государственного управления Таджикистана и Ланьчжоуский технологический университет подписали Меморандум ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /НИАТ «Ховар»/. Делегация Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан во главе с ректором Давроном Сафарзода и руководство Ланьчжоуского технологического университета 21 сентября в Ланьчжоу Китайской Народной Республики подписали Меморандум о взаимопонимании и сотрудничестве, сообщили в Академии. Подписанный Меморандум создаёт основу для развития сотрудничества в сферах образования, научных исследований, академического обмена и международных связей.
АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»
22 Sept, 09:58
В Таджикистане готовятся к проведению Международной специализированной выставки «Транспорт и логистика ШОС» ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /НИАТ «Ховар»/. Комплекс отраслевых вопросов, связанных с развитием торгово-инвестиционных связей частного сектора и диверсификацией внешней торговли, 21 сентября обсудили в ходе встречи Председатель Торгово-промышленной палаты Республики Таджикистан Фарходшох Рахмонализода и Советник по торгово-экономическим вопросам Посольства Китайской Народной Республики в Республике Таджикистан Сун Хэ. Основной частью встречи стало обсуждение вопросов проведения Международной специализированной выставки «Транспорт и логистика Шанхайской организации сотрудничества (ШОС)» и заседания Рабочей группы Делового совета ШОС по вопросам транспорта и логистики, которые состоятся 19-21 октября в Душанбе.
Related Channels
Other channels in the same section of the catalogue.
