gram news
Донишкадаи политехникии Хуҷанд (ДПДТТХ | ХПИТТУ | KPITTU) channel avatar

Донишкадаи политехникии Хуҷанд (ДПДТТХ | ХПИТТУ | KPITTU)

@polytechtj

You can view and join @polytechtj right away.

ProjectsTG

668subscribers

Open the Channel

Latest posts

  • Донишкадаи политехникии Хуҷанд (ДПДТТХ | ХПИТТУ | KPITTU)

    21 Sept, 05:34

    ИФТИХОРИ МО: МЕДАЛИ ТИЛЛОИИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ОХУНҶОН ОХУНОВБоиси ифтихору сарфарозист, ки донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси хизматрасонии автомобилии донишкада Охунҷон Охунов дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо байни ҷавонон иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.Ин дастоварди арзишманд нишонаи маҳорати баланди варзишӣ, иродаи қавӣ, заҳмату талош ва рӯҳияи ватандӯстии донишҷӯи мо мебошад. Ғолибияти Охунҷонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек дониста, онро дастоварди арзанда ва мояи ифтихори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд меҳисобем.Раёсати донишкада бо самимияти зиёд Охунҷон Охуновро ба муносибати ин пирӯзии арзанда табрик гуфта, барояш саломатии бардавом, нерӯи тоза, муваффақиятҳои нав ва музаффариятҳои пайдарпай дар мусобиқаҳои
    20721Open in Telegram
  • Донишкадаи политехникии Хуҷанд (ДПДТТХ | ХПИТТУ | KPITTU)

    12 Sept, 16:07

    БАРГУЗОРИИ ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ДАР ДОНИШКАДАИмрӯз чун анъана бо иштироки устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада шанбегии дастаҷамъона барои ободу зебо гардонидани Донишкада, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуд, роҳравҳо, саҳн ва атрофи он баргузор гардид.Дар шанбегӣ аз ҷониби ҳайати коллективи Донишкада корҳои ободонӣ, тозакорӣ ва батартибдарории дарахту ниҳолҳои ороишии саҳн ва атрофи биноҳои Донишкада анҷом дода шуданд.Ҳамчунин корҳои зеббахшӣ ва таъмиру таҷдиди биноҳои таълимию хобгоҳи донишкада анҷом дода шуд.Чунин чорабиниҳо ҳар ҳафта баҳри ободониву тозакорӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз тарафи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён, ҷиҳати ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани дохил, саҳн ва атрофи бинои донишкада ба таври доимӣ роҳандозӣ карда мешавад.Шуъбаи кор бо ВАОМаълумоти муфассал: https://www.facebook.com/share/19N6wS6KrJ/
    42621Open in Telegram
  • Донишкадаи политехникии Хуҷанд (ДПДТТХ | ХПИТТУ | KPITTU)

    8 Sept, 12:32

    КОНФРОНС: ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ МИЛЛӢ: ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ТОҶИКИСТОНСанаи 8 сентябри соли 2026 дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-назариявии донишкадавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ: дастовардҳо ва дурнамои рушди Тоҷикистон» баргузор гардид.Дар конференсия роҳбарияти донишкада, намояндагони сохторҳои ҷамъиятӣ, олимону устодон, кормандони донишкада ва донишҷӯён иштирок намуданд.Дар оғози конференсия маърӯзаи директори донишкада Хурсанд Содиқзода аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои илмӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлоли давлатӣ – заминаи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» расонида шуд.Маълумоти муфассал: https://www.facebook.co
    54721Open in Telegram
  • Донишкадаи политехникии Хуҷанд (ДПДТТХ | ХПИТТУ | KPITTU)

    8 Sept, 06:15

    Иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар раҳпаймоии идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд. 05.09.2026.
    638video3Open in Telegram
  • Донишкадаи политехникии Хуҷанд (ДПДТТХ | ХПИТТУ | KPITTU)

    8 Sept, 03:39

    ИФТИХОРИ МО: САРФАРОЗИИ УСТОДОНИ ДОНИШКАДА БО МЕДАЛИ “ХИЗМАТИ ШОИСТА"Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар маросим муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, ба як қатор намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мукофотҳои давлатиро супориданд.Аз ҷумла, Икром Салимов, мудири кафедраи автомобил ва идоракунӣ дар нақлиёт, Хуршед Мақсудов, дотсенти кафедраи иқтисоди рақамӣ, Наим Рашидов, мудири кафедраи агротехнология ва экологияи саноатӣ, Хуршед Худойбердиев, доктори илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии донишкада бо медали «Хизмати шоиста» қадршиносӣ шуданд.Маълумоти муфассал: https://www.facebook.com/share/p/19LLKe9doy/
  • Донишкадаи политехникии Хуҷанд (ДПДТТХ | ХПИТТУ | KPITTU)

    7 Sept, 13:45

    ИШТИРОКИ НАЗДИК 900 НАФАР УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢСубҳи имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он наздик 900 нафар устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуда, чун захираҳои сафарбарӣ аз майдони ҷашнӣ сарбаландона гузаштанд.Дар чорабинии тантанавӣ Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.Маълумоти муфассал: https://www.facebook.com/share/1JdeNJj35Z/
    344421Open in Telegram
  • Донишкадаи политехникии Хуҷанд (ДПДТТХ | ХПИТТУ | KPITTU)

    6 Sept, 01:26

    Иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар роҳпаймоии идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд. 05.09.2026.Тасвиргузориш аз ҷараёни чорабинии идона
    39054Open in Telegram
  • Донишкадаи политехникии Хуҷанд (ДПДТТХ | ХПИТТУ | KPITTU)

    6 Sept, 01:18

    Иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар роҳпаймоии идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд. 05.09.2026.
Download the series as CSV
A feedback bot for your channel — free

Followers write to the bot, you answer by reply, your account stays hidden. Created in one tap.

How it works →
Create the bot