gram news
Предминтруда РТ в РФ channel avatar

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

ProjectsKK

817subscribers

Open the Channel

Latest posts

  • Предминтруда РТ в РФ

    22 Sept, 17:03

    ТАБРИКНОМАҲамватанони азиз!Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират шуморо ба муносибати Рӯзи бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, одамушшуаро, султони шоирон самимона табрик ва муборакбод менамояд.Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи эҳтироми хос ба ашъор, ҳикмат ва мероси адабии бузурги миллати тоҷик мебошад.Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо асосгузори адабиёти классикӣ, балки рамзи ҳувияти миллӣ, сарчашмаи маърифат, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва бузургии сухани тоҷикӣ аст. Осори ӯ дар тӯли ҳазорсолаҳо дилҳоро равшанӣ мебахшад, забон ва фарҳанги моро эҳё мекунад ва наслҳоро ба эҳтироми таърих, адаб ва анъанаҳои неки миллӣ пайванд месозад.Боиси ифтихор аст, ки ҳамватанони мо дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, бо нигоҳ доштани забон, фарҳанг ва
  • Предминтруда РТ в РФ

    22 Sept, 11:57

    Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 22.09.2026 https://president.tj/event/news/5736122 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:«Муҳтарам Владимир Владимирович,Шуморо ба муносибати бомуваффақият баргузор гардидани интихобот ба Думаи давлатии Федератсияи Русия — рӯйдоди муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар сидқан табрик менамоям!Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар овоздиҳӣ ва натиҷаҳои он бозгӯи пуштибонии васеи ҷомеа аз сиёсати давлатии пешгирифтаи Шумо мебошад, ки ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Федератсияи Русия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми он нигаронида шудааст.Бо истифода аз фурсат, бори дигар азми тағйирнопазири инҷонибро ҷиҳати минбаъд низ нигоҳ доштани сатҳи баланди рушди
  • Предминтруда РТ в РФ

    22 Sept, 04:04

    АЗ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ БА КОРТҲО Ё СУРАТҲИСОБҲОИ ШАХСОНИ НОМАЪЛУМ ХУДДОРӢ НАМОЕДНамояндагӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳангоми анҷом додани интиқоли маблағ эҳтиёткор буда, ба суратҳисобҳои шахсони номаълум, фондҳои ношинос ва ё кортҳои шахсони бегона худдорӣ намоед.Хотиррасон менамоем, ки гуруҳҳои манфиатҷӯ, фондҳои қалбакӣ ва шахсони ношинос бо мақсади ба даст овардани маблағҳои муфт, наворҳои сохта, аксҳои тавассути барномаҳои муосир сохташударо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва нашр намуда, аз мардум маблағҳои муфтро гирдоварӣ менамоянд.Дар ин замина ёдовар бояд шуд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи ифротгароӣ ва экстремистӣ бо баҳонаи расонидани кӯмаки хайриявӣ, ёрӣ ба шахсони ниёзманд, зарардидагон ва ё бо дигар мақсадҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандон интиқоли маблағро дархост намуда, дар ин асно фаъолияти ба зоҳир хайриявӣ метавонад аз ҷониби шахсон ё ташкилотҳое амалӣ гардад, ки барои
    27143Open in Telegram
  • Предминтруда РТ в РФ

    21 Sept, 06:15edited

    Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ!Намояндагӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми будубош ва фаъолияти меҳнатӣ ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро риоя намоед.Имрӯзҳо баъзе гурӯҳҳо ва созмонҳои мамнуъ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва дигар воситаҳои иртиботӣ кӯшиш мекунанд шаҳрвандонро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб намоянд. Дар чунин ҳолатҳо онҳо метавонанд пешниҳодҳои гуногун, ваъдаҳои бардурӯғ ё дархостҳои интиқоли маблағ ва расонидани кӯмак пешниҳод намоянд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад: бо шахсони ношинос ва гурӯҳҳои шубҳанок робита барқарор накунанд; ба даъватҳо барои иштирок дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ посух надиҳанд; маблағро ба шахсон ё созмонҳои номаълум интиқол надиҳанд; аз паҳн намудани мавод ё маълумоти дорои хусусияти экстремистӣ ё террористӣ қатъиян худдорӣ намоянд; талаботи қонунгузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии
  • Предминтруда РТ в РФ

    18 Sept, 19:41

    ДАР АСТРАХАН БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ РАСОНИДА ШУДИмрӯз масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати сохтмонии ҶДММ “ Центральный”, ки дар шаҳри Астрахани Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, вохӯрӣ намуда, масъалаҳои муҳими муҳоҷиратиро фаҳмонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ расониданд. Нахуст масъулини Намояндагӣ бо роҳбарияти ширкати мазкур вохӯрӣ намуда, оид ба вазъи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон шуда, масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои онҳо, пардохти саривақтии музди меҳнат ва шароити корӣ дар истеҳсолотро муҳокма намуданд. Зимни суҳбат бо муҳоҷирони меҳнатӣ талаботҳои нави қонунгузории Федератсияи Россия дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва фаъолияти меҳнатии онҳо фаҳмонида шуда, тавсия дода шуд, ки ҷиҳати такмили дониш ва малакаҳои касбӣ ба омӯзиш машғул шуда, имкониятҳои муосирри кориро истифода
    468161Open in Telegram
  • Предминтруда РТ в РФ

    18 Sept, 06:28

  • Предминтруда РТ в РФ

    18 Sept, 06:28

    МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ДИАСПОРАҲО ВА ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢДар идомаи вохӯрию мулоқотҳо бо диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар Конференсияи миллӣ, ки дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe» баргузор гардид, санаи 17 сентябри соли 2026 дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазир бо намояндагони диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзии муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Аморати Муттаҳидаи Араб ва Австрия баргузор гардид.Зимни вохурӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳо миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диаспораҳо (ҷамъятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷониби намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон як қатор пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.Дар хотима намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон барои саҳми арзанда дар таҳкими робитаҳои ҳамватанони
  • Предминтруда РТ в РФ

    17 Sept, 13:04

    МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ МУСАЛМОНОНИ ВИЛОЯТИ ТВЕР Масъулини Намояндагӣ дар шаҳри Твери Федератсияи Россия бо Муфтии мусалмонони вилояти Твер Сайфудинов Тоир Бариевич оид ба таҳкими ҳамкориҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии муҳоҷирони меҳнатӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ, гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ оид ба талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мулоқот намуд. Зимни мулоқот муфтии мусалмонони вилояти Твер фаъолнокии тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро дар корҳоои ободониву созандагӣ ва корҳои ҷамъиятӣ иброз намуда, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт. Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ ва паст намудудани ҳолатҳои ҷиноӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути
  • Предминтруда РТ в РФ

    15 Sept, 23:31

    ҶОЙИ КОРИ МУВОФИҚ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШИРКАТИ «Управстройбизнес»Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки ҶДММ «Управстройбизнес» барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии биноҳои истиқоматӣ коргар меҷӯяд. Барои шаҳрвандон ширкати мазкур дар минтақаҳои зерин ҷойи кори муносибро пешниҳод менамояд: 1. Вилояти Маскав, шаҳри Одинтсово, посёлкаи Кобяково; 2. Вилояти Маскав, шаҳри Луховитси, кӯчаи Жуковский хонаи 7; Фаъолият дар ширкати болозикр тибқи реҷаи – 6/1 ( 8 соати корӣ) буда, музди меҳнат аз 80 000 то 130 000 рубл пешбинӣ гардидааст. Инчунин дар ҳолати иҷрои нақшаи муайянгардида дар муҳлати пешбинишуда, мукофотпулӣ ба кормандон пардохт карда мешавад. Номгуи вазифаҳои холӣ бо музди меҳнат ва мукофотпулӣ: 1. Боргирӣ, тозакунӣ, кандан, интиқоли масолеҳ, 15 нафар музди маош аз 48 000 - 90 000 рубл то 30 000 рубл
    27991Open in Telegram
  • Предминтруда РТ в РФ

    15 Sept, 12:35

    24774Open in Telegram
  • Предминтруда РТ в РФ

    15 Sept, 12:35

    242102Open in Telegram
  • Предминтруда РТ в РФ

    15 Sept, 12:35

    КОНФЕРЕНСИЯИ МИЛЛӢ ДАР МАВЗӮИ «ҶАЛБИ ДИАСПОРАҲОИ ТОҶИКОН ВА ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ ҲАМЧУН ШАРИКОНИ РУШДИ КИШВАР»https://ehukumat.tj/site/mehnat-tjk/press/news/details/8847?lang=tgСанаи 15 сентябри соли 2026 дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и шаҳри Душанбе Конференсияи миллӣ бо дастгирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» баргузор гардид.Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, диаспораҳои тоҷикон, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, соҳибкорон, олимон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок ва суханронӣ намуданд.Ҳамзамон, дар чорабинӣ намояндагони диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии
    27172Open in Telegram