Latest posts

Равзан
22 Sept, 12:02
15.09
Равзан
21 Sept, 12:47
14.09
Равзан
21 Sept, 03:07

Равзан
21 Sept, 02:11
Масали «ШУБҲАҲО»Як одами камбизоат бо гадои рӯз мегузаронид, ангушт ба дари сокинони шаҳр зада, садақа металабид. Боре ба чашмаш фойтуни заррин афтод, ки вориди шаҳр мешуд. Дар тахти фойтун подшоҳи бузург нишаста, бо табассуми дилкашаш атрофро нурафшон менамуд.Марди гадо зери лаб гуфт: «Азобу укубатҳоят анчом ёфт! Ин подшоҳ чеҳракушод ба хотири ман ба шаҳр омад, ман медонам, ки ӯ ба ман ҳадяҳои қиматбаҳо туҳфа мекунад ва ман минбаъд осудаҳолона ҳаёт ба сар мебарам».Гӯё баром тасдиқи андешааш ӯ бо амри подшоҳ фойтун дар наздаш қарор гирифт. Шахси камбағал, ки баробари дидани фойтун худро рӯ ба замин партофта буд, ба пой рост ва аз баробари қораш дилпур шуда, ба рӯи подшоҳ нигоҳ кард.Подшоҳ дасташро ҷониби камбағал дароз карда, пурсид:— Дар бисотат чизе дорӣ, ки ба ман диҳӣ?Марди бенаво аз суханони подшоҳ ҳайратзада ва гаранг шуда, чӣ ҷавоб доданашро намедонист. «Подшоҳ як
Равзан
20 Sept, 13:04edited
13.09
Равзан
20 Sept, 09:44
Агар ҳар рӯз Шумо аз пулатон ҳар рӯз 1 доллари бо 8 фоизи солонааш пасандоз кунед, он дар 30 сол тақрибан 1,800–2 миллион доллар мешавад.Шумо чи фикр доред?
Равзан
19 Sept, 11:16
12.09
Равзан
19 Sept, 05:24
🌊 Ситораҳои баҳрӣРӯзе дар осоишгоҳи канори баҳр истироҳаткунандае гаштугузор дошт. Баҳр, реги намнок, ғуруби офтоб... Олами зебою дилпазир! Аз дур сурати одамеро дид, ки хам шуда, аз замин чизеро ба даст гирифта, ба об мепартофт ва боз хам мешуд... Вақте мард ба ӯ наздиктар омад, дид, ки он шахс ситораҳои баҳриро, ки дар натиҷаи баланд шудани мавҷи баҳр оби баҳр ба соҳил меафтоданд, гирифта ба баҳр мепартофт. Аз ин кирдори мард ӯ ҳайрон шуда пурсид: — Ассалому алайкум! Бигӯед, чӣ кор карда истодаед? — Ситораҳои баҳриро ба макони зисташон бармегардондам. Онҳоро баҳр ба соҳил партофтааст. Агар онҳоро ба об напартоем, ҳамашон нобуд мешаванд...Давомаш дар коментария
Равзан
18 Sept, 13:09
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор. Абдураҳмони Ҷомӣ
Равзан
16 Sept, 16:24
Ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмӣ муборак бошад бародари азиз Раҳматуллоҳзода Файзуллоҳ Раҳматулло (Исматов Файзулло Раҳматуллоевич).
Равзан
15 Sept, 06:19
forwarded from @tj_chakida

Равзан
15 Sept, 03:21
Ба мо зарур аст, ки аз рӯи тартиботи муайяншудаи зиндагӣ кунем, то тавонем аз байни камбудиҳои бешумори шаҳвари худ сифатҳои беҳтаринашро дида тавонем. Ба мо айнаки дурусте лозим аст, то ки аз байни камбудиҳои завҷаи худ дар симои ӯ олиҳаеро дарёбем, ки як умр орзуяшро дар дил мепарваридем. Ба мо айнаки дурусте лозим аст, ки тавассути он масъалаҳои зарурии зиндагиямонро бе душворӣ дида тавонем. Баъзан моҳият дар ботини ашёи комилан бегона пинҳон аст.
Равзан
15 Sept, 03:17
Баҳона ҳамеша пайдо мешавад. Оё ба Шумо ҳамеша дар ҳолати баҳонаҷӯӣ қарор доштан маъқул аст?Охир, он баҳона чӣ натиҷаеро гирифта наметавонад. Магар ҳамаро тағйир додан, ба мақсад расидан ва амалӣ сохтани ниятҳоятон хубтар нест? Баъзан роҳи ҳалли масъала на дар он чизест, ки мо дар назар дорем. Ҳолатҳои зоҳирӣ метавонанд фиребанда бошанд. Машғулии даву тозӣ рӯзҳои якрангу оддӣ шуда, бештар вақт мо чизҳои асосиро аз мадди назар дур мекунем.
Равзан
14 Sept, 12:45
11.09
Равзан
14 Sept, 03:11edited
🌱 Масали «АНДЕШАИ ШАХСИЯТӢ» Боре ҷавоне аз чашмае об нӯшид ва аз марди пире, ки дар наздикии он қарор дошт, пурсид:— Дар ин маҳал чӣ гуна одамон зиндагӣ мекунанд?Марди пир аз ҷавон савол кард:— Дар маҳале, ки ту аз он омадаӣ, чӣ гуна одамон зиндагӣ мекунанд?Ҷавон ҷавоб дод:— Одамони бадхӯ, фиребгар ва меҳмондӯстнабударо дидаам. Аз онҳо истодагарӣ кардан душвор буд ва аз дидани онҳо хурсанд намешудам.Марди пир гуфт:— Дар ин маҳал ҳам ту чунин одамонро хоҳӣ ёфт.Ҳамин тавр, баъд аз чанде ҷавони дигаре ба назди чашма омад. Ӯ низ аз марди пир пурсид:— Дар ин маҳал чӣ гуна одамон зиндагӣ мекунанд?
Равзан
13 Sept, 14:18

Равзан
13 Sept, 12:45
10.09
Равзан
12 Sept, 12:48
9.09
Равзан
12 Sept, 05:10edited
Масал дар бораи филПисарбача намоишҳои рангорангу хурсандибахшро хеле дӯст медошт. Боре ба шаҳри онҳо сирки ҳайвонотро оварданд ва писарбача аз падараш хоҳиш намуд, ки ӯро ба тамошои он барад. Дар сирк ба писарбача фил бештар писанд афтод.Ин ҷонвари бузургҷусса бо пойҳои пасаш дар саҳна рост истода, ҳар гуна ҳунарҳои аҷиб нишон медод. Баъд аз намоиш писарбача тасмим гирифт, ки филро аз наздик бинад. Бо ҳамин ният падарашро розӣ кунонд, то ӯро назди қафасе барад. Писарбача дар қафас филро дид, ки аз як пояш бо занҷире ба мехи на он қадар калон баста буданд.Дар назари писарбача намуд, ки барои фили бузург ин занҷир бояд хеле заиф бошад. Ӯ ба падараш гуфт:— Падар, чаро ин фили боқувват қафаси занҷиррр канда, ба чангал намеравад, охир барои ӯ озод кардани худ кори саҳл аст-ку? — пурсид писарбача.Давомаш дар коментария
Равзан
11 Sept, 12:45
8.09
Followers write to the bot, you answer by reply, your account stays hidden. Created in one tap.
How it works →Related Channels
Other channels in the same section of the catalogue.
