gram news
Сунан ат-Тирмизӣ channel avatar

Сунан ат-Тирмизӣ

@sunanattirmizi

Тарҷумаи китоби «Сунан». Муаллиф: Абу Исо Муҳаммад ибн Исо ибн Савро (Суро) ат-Тирмизӣ (279с.ҳ) Саҳифаи асосии мо: https://t.me/amrulavvaltj

ProjectsTG

12subscribers

Open the Channel

Latest posts

  • Сунан ат-Тирмизӣ

    27 Oct 2025, 18:21

    19. Боб дар бораи он, ки агар касе аз шумо аз хоб бедор шавад, дасташро дар зарф нағутонад, то онро нашӯяд24 – …Аз Абу Ҳурайра аз паёмбар ﷺ ки гуфт: «Вақте яке аз шумо шабона аз хоб бедор мешавад, дасташро дар зарф надарорад, то онро ду ё се бор нашӯяд, чун намедонад, ки дасташ шабона дар куҷо буд».Абу Исо гуфт: Ин ҳадис ҳасан ва саҳеҳ аст. Аш-Шофеъӣ гуфт: «Ман маҳбуб мебинам, ки вақте ҳар яке аз хоб бедор мешавад, хоҳ шабона бошад ё ғайра, дасташро дар оби вузӯ қабл аз шустан нагузорад. Агар дасташро пеш аз шустан гузорад, ман инро макруҳ медонам, аммо агар дар дасташ наҷосат набошад, ин обро фосид намекунад». Аҳмад ибн Ҳанбал гуфт: «Агар касе шабона аз хоб бедор шавад ва дасташро пеш аз шустан дар оби вузӯ гузорад, ба назари ман беҳтар аст, ки он обро резад». Исҳоқ гуфт: «Агар касе аз хоби шабона ё рӯзона бедор шавад, пас дасташро дар оби вузӯ, то онро нашӯяд, нагузорад».
  • Сунан ат-Тирмизӣ

    27 Oct 2025, 18:21

  • Сунан ат-Тирмизӣ

    27 Oct 2025, 18:21edited

    18. Боб дар бораи он чизе, ки дар мавриди сивок (мисвок) омадааст22 – …Аз Абу Ҳурайра ривоят мешавад, ки гуфт: Расулуллоҳ ﷺ гуфт: «Агар ман аз душворӣ будан барои умматам наметарсидам, ба онҳо амр мекардам, ки пеш аз ҳар намоз мисвок истифода баранд».Абу Исо гуфт: Ин ҳадисро низ Муҳаммад ибн Исҳоқ аз Муҳаммад ибн Иброҳим, аз Абу Салама, аз Зайд ибн Холид, аз паёмбар ﷺ ривоят кардааст. Ҳадиси Абу Салама аз Абу Ҳурайра ва Зайд ибн Холид, аз паёмбар ҳардуяшон дар назди ман саҳиҳанд, чун ин ҳадис аз Абу Ҳурайра, аз паёмбар ﷺ аз чанд ваҷҳ ривоят шудааст.…23 – …Аз Абу Салама, аз Зайд ибн Холид ал-Ҷуҳанӣ ривоят мешавад, ки гуфт: Ман шунидам, ки расулуллоҳ ﷺ гуфт: «Агар ман аз душворӣ будан барои умматам наметарсидам, ба онҳо амр мекардам, ки пеш аз ҳар намоз мисвок истифода баранд ва намози ишо (хуфтанро)-ро то сеяки шаб ба таъхир меандохтам». Гуфт: «Зайд ибн Холид ба намозҳои масҷид
  • Сунан ат-Тирмизӣ

    27 Oct 2025, 18:21

  • Сунан ат-Тирмизӣ

    27 Oct 2025, 18:20

    17. Боб дар бораи макруҳ будани пешоб кардан дар ҷои ғусл21 – …Абдуллоҳ ибн Муғффал ривоят мекунад, ки паёмбар ﷺ мардеро аз пешоб кардан дар ҷои ғусл манъ кард ва гуфт: «Аксари васвасаҳо аз он аст».Абу Исо гуфт: Ин ҳадис ғариб аст ва мо онро танҳо аз ҳадиси Ашъас ибн Абдуллоҳ марфуъ медонем. Ҳамчунин ӯро Ашъас ал-Аъма меноманд. Баъзе аз аҳли илм пешоб кардан дар ҷои ғуслро макруҳ донистанд ва гуфтанд: «Аксари васвасаҳо аз он аст». Аммо баъзе аз аҳли илм, аз ҷумла Ибн Сирин, инро иҷозат доданд. Вақте ба ӯ гуфтанд: «Мегӯянд, аксари васвасаҳо аз он аст», ӯ ҷавоб дод: «Парвардигори мо Аллоҳ аст, ки шарике надорад». Ибн ал-Муборак гуфт: «Пешоб кардан дар ҷои ғусл ҷоиз аст, агар об дар он ҷорӣ бошад». Абу Исо гуфт: Ба мо инро Аҳмад ибн Абдата ал-Амулӣ, аз Ҳиббон, аз Абдуллоҳ ибн ал-Муборак ривояо кард.
  • Сунан ат-Тирмизӣ

    27 Oct 2025, 18:20

  • Сунан ат-Тирмизӣ

    27 Oct 2025, 18:20

    16. Боб дар бораи он, ки вақте паёмбар ﷺ мехост ҳоҷат кунад, дур мерафт20 – …Аз Муғийра ибн Шуъба ривоят мешавад, ки гуфт: «Ман бо паёмбар ﷺ дар сафар будам, сипас паёмбар барои ҳоҷаташ рафт ва дур рафт».Абу Исо гуфт: Ин ҳадис ҳасан ва саҳеҳ аст. Аз паёмбар ﷺ ривоят шудааст, ки ӯ барои пешоб кардан, ҷои мувофиқеро интихоб мекард, ҳамон тавр ки барои хона ҷои муносибро интихоб мекард.
  • Сунан ат-Тирмизӣ

    27 Oct 2025, 18:20

  • Сунан ат-Тирмизӣ

    27 Oct 2025, 18:20edited

    15. Боб дар бораи истинҷо бо об19 – …Аз Муоза аз Оиша ривоят мешавад, ки гуфт: «Ба шавҳаронатон бигӯед, ки бо об истинҷо кунанд, чун ман аз гуфтани ин ба онҳо шарм медорам. Зеро расулуллоҳ ﷺ чунин мекард».Абу Исо гуфт: Ин ҳадис ҳасан ва саҳеҳ аст. Аҳли илм бар он амал кардаанд. Онҳо истинҷо бо обро афзал медонистанд, агарчи истинҷо бо сангҳо бошад ҳам, ин дар наздашон кофӣ буд, аммо истинҷо бо обро беҳтар ва афзал мешуморанд. Инро Суфён ас-Саврӣ, Ибн ал-Муборак, аш-Шофеъӣ, Аҳмад ва Исҳоқ гуфтаанд.
  • Сунан ат-Тирмизӣ

    27 Oct 2025, 18:20

  • Сунан ат-Тирмизӣ

    23 Oct 2025, 19:24

    14. Боб дар бораи он чизе, ки бо он истинҷо кардан макруҳ аст.18 – …Аз Абдуллоҳ ибн Масъуд, ки гуфт: Расулуллоҳ ﷺ гуфт: «Бо пору ва устухон истинҷо накунед, зеро он ғизои бародаратон аз ҷинҳо аст».Абу Исо гуфт: Ин ҳадисро Исмоил ибн Иброҳим ва дигарон аз Довуд ибн Аби Ҳинд, аз аш-Шаъбӣ, аз Алқома, аз Абдуллоҳ ривоят кардаанд: ки ӯ бо паёмбар ﷺ дар шаби ҷинҳо буд… [сипас ҳадисро бо дарозиаш (зикр кард)]. Ва аш-Шаъбӣ гуфт: «Ба дурустӣ расулуллоҳ ﷺ гуфт: «Бо пору ва устухон истинҷо накунед, зеро он ғизои бародаратон аз ҷинҳо аст». Ба назар мерасад, ки ривояти Исмоил аз ривояти Ҳафс ибн Ғиёс саҳеҳтар аст. Ва аҳли илм ин ҳадисро амал кардаанд».
  • Сунан ат-Тирмизӣ

    23 Oct 2025, 19:24

  • Сунан ат-Тирмизӣ

    23 Oct 2025, 19:12

    13. Боб дар бораи истинҷо бо ду санг17 – …Аз Абу Исҳоқ, аз Абу Убайда, аз Абдуллоҳ ривоят мешавад, ки гуфт: «Паёмбар ﷺ барои қазои ҳоҷат баромад ва гуфт: «Бароям се санг биёр». Ман ба ӯ ду санг ва як пора пору овардам, ӯ ду сангро гирифт ва поруро партофт ва гуфт: «Ин рикс (наҷосат) аст».Абу Исо гуфт: «…Ин ҳадис дар он норавшанӣ мавҷуд аст.Ҳамчунин, Абу Исо гуфт: Ман аз Абдуллоҳ ибн Абдурраҳмон пурсидам: «Кадоме аз ривоятҳо дар ин [ҳадис] аз Абу Исҳоқ саҳеҳтар аст?» Ӯ (шунид), аммо дар борааш ҳукм надод. Ман аз Муҳаммад дар борааш пурсидам, ва ӯ ҳам ҳукм надод. Ба назар мерасад, ки ӯ ҳадиси Зуҳайрро аз Абу Исҳоқ, аз Абдурраҳмон ибн Асвад, аз падараш, аз Абдуллоҳ наздиктарин дониста онро дар «ал-Ҷамиъ» ҳамчун саҳеҳ ҷой кардааст. Дар назди ман саҳеҳтар ҳадис дар ин бора, ин ҳадисҳи Исроил ва Қайс, аз Абу Исҳоқ, аз Абу Убайда, аз Абдуллоҳ мебошад. Зеро Исроил дар ҳадисҳои Абу Исҳоқ
  • Сунан ат-Тирмизӣ

    23 Oct 2025, 19:12

  • Сунан ат-Тирмизӣ

    23 Oct 2025, 19:12

    12. Боб дар бораи истинҷо бо сангҳо16 – …Аз Абдурраҳмон ибн Язид, ки гуфт: Ба Салмон гуфта шуд: «Паёмбари шумо ба шумо ҳама чизро омӯхт, ҳатто чи тавр қазои ҳоҷат карданро?» Салмон ҷавоб дод: «Бале, ӯ моро аз рӯ ба қибла пешоб ё қазои ҳоҷат кардан манъ кард, ё бо дасти рост истинҷо карданро, ё бо камтар аз се санг истинҷо карданро, ё бо пору, ё устухон истиҷо карданро».Абу Исо гуфт: Ҳадиси Салмон [дар ин боб] ҳасан ва саҳиҳ аст. Ин назари аксари аҳли илм аз саҳобагони паёмбар ва касоне, ки баъд аз онҳо буданд, мебошад. Онҳо чунин меҳисобиданд, ки истинҷо бо сангҳо кофист, агар наҷосат пурра пок шавад, ҳатто агар об истифода нашавад. Инро ас-Саврӣ, Ибн ал-Муборак, аш-Шофиъӣ, Аҳмад ва Исҳоқ гуфтаанд.
  • Сунан ат-Тирмизӣ

    23 Oct 2025, 19:12

  • Сунан ат-Тирмизӣ

    23 Oct 2025, 19:12

    11. Боб дар бораи макруҳ будани истифодаи дасти рост барои истинҷо (худро аз наҷосат ва палидӣ пок кардан).15 – ...Аз Абдуллоҳ ибн Аби Қотада, аз падараш, ки паёмбар ﷺ манъ кард, ки шахс узви ҷинсии худро бо дасти рост ламс кунад.Абу Исо гуфт: «Ин ҳадис ҳасан ва саҳеҳ аст. Абу Қотада, ин ал-Ҳорис ибн Рибъӣ аст. Ва аксари аҳли илм ин (ҳадис)-ро амал кардаанд: Онҳо истифодаи дасти рост барои истинҷоро макруҳ медонистанд.
  • Сунан ат-Тирмизӣ

    23 Oct 2025, 19:12

  • Сунан ат-Тирмизӣ

    14 Oct 2025, 20:38

    10. Боб дар бораи худро пӯшонидан ҳангоми қазои ҳоҷат.14 – ...Аз Анас ривоят мешавад, ки гуфт: «Паёмбар ﷺ вақте мехост қазои ҳоҷат кунад, то наздик шудан ба замин либосашро боло намебардошт».Абу Исо гуфт: «Ҳамин тавр низ Муҳаммад ибн Робиъа аз ал-Аъмаш, аз Анас ин ҳадисро ривоят кардааст. Вакиъ ва ал-Ҳиммонӣ аз ал-Аъмаш ривоят кардаанд, ки Ибн Умар гуфт: «Вақте паёмбар ﷺ мехост қазои ҳоҷат кунад, то наздик шудан ба замин либосашро боло намебардошт». Ҳар ду ҳадис мурсаланд ва гуфта мешавад, ки ал-Аъмаш на аз Анас шунидааст, ва на аз ягон саҳобаи паёмбар ﷺ. Аммо ӯ Анас ибн Моликро дидааст ва гуфтааст: «Ман дидам, ки ӯ намоз мехонд», ва дар бораи намоз аз ӯ ҳикояте зикр кардааст. Ал-Аъмаш, ин Сулаймон ибн Миҳрон Абу Муҳаммади ал-Каҳилӣ аст, ки вай мавлои онҳо буд. Ал-Аъмаш гуфт: «Падарам ҳомил буд», ва ӯ инро мерос гирифтааст.
  • Сунан ат-Тирмизӣ

    14 Oct 2025, 20:38

A feedback bot for your channel — free

Followers write to the bot, you answer by reply, your account stays hidden. Created in one tap.

How it works →
Create the bot