Latest posts

ТАФАККУР
19 Sept, 03:52
Уммат дар замони мо#тафаккур Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
18 Sept, 07:57edited
Аз забони хонандаи синфи якДар дилам зад ҳамин мактабашам. То нисфирӯза гуфта будан, аммо ин ҳама рӯз будааст.#хандареза Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
11 Sept, 16:05
forwarded from @hasansulaymoni
Эй талъати хушат нуре ду дидаро, Боре тараҳҳуме ин ғамкашидаро.Ҷомадаридаро дарзӣ бувад ҳазор, Аммо куҷо барам рӯҳи даридаро?Чашми туфанг агар боз аст ҳар куҷо, Бими хатар бувад мурғи паридаро.Аз тири ишқи ту афтод мурғи дил, Раҳме кабӯтари бар хун тапидаро.Сад новаке ба дил дорам зи ишқи ту, Аз по чӣ мекашам хори халидаро?Тифли нишоти ман серӯза шуд талаф, Бар хок мениҳам ин норасидаро.Эй ёри дар сафар, дар хонаи Ҳасан Боз аст як даре, ҳар гаҳ расӣ, даро.
ТАФАККУР
1 Sept, 01:21
Донӣ, ки сапедадам хурӯси саҳарӣ, Ҳар лаҳза чаро ҳамекунад навҳагарӣ? Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ, К-аз умр шабе гузашту ту бехабарӣ.©Умари Хайём#рубоӣ Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
27 Aug, 09:22edited
Фарқаст миёни он, ки ёраш дар бар Бо он, ки ду чашм интизораш бар дар.©Саъдии Шерозӣ#шоҳ_байт Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
26 Aug, 15:29
Лаҳзае табассум#навор Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
26 Aug, 01:49
Фаина Раневская дӯстонашро ба меҳмонӣ даъват намуда мегӯяд: — Гуфта монам, зангулаи дари хонаи ман вайрон аст. Аз ин рӯ вақте рафтед дарро бо пойҳоятон кӯбед. — Барои чӣ бо по, Фаина Георгиевна? — Бо хонаи ман ба дасти холӣ намеод-ку.#хандареза Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
24 Aug, 07:30
Рӯзе, ки ту омади ба дунё урён Ҷамъе ба ту хандон ту буди гирён Коре бикун, эй дӯст, ки вақти мурдан, Ҷамъе ба ту гирёну ту боши хандонМавлоно Ҷалолиддин Балхӣ#рубоӣ Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
22 Aug, 18:09edited
ҒАМИ ДУНЁ МАХӮР ЭЙ ДИЛ, ҒАМИ ДУНЁ ГУЗАР ДОРАД. ЗИ БЕСАБРӢ МАКАШ ТАШВИШ, ШАБИ ДУНЁ САҲАР ДОРАД. БАРОИ НОКАСЕ ЭЙ ДИЛ, ҶАВОНИРО МАКУН ҚУРБОН. МИСОЛИ ОДАМИ ДАР РОҲ,ҶАВОНӢ ҲАМ ГУЗАР ДОРАД.#шеър Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
20 Aug, 14:12edited
Духтур: — Ба шумо гуфтам, ки доруҳоро аз он дорухона гиред, шумо бошед аз ин дорухона гирифтед... Бо ин рафторатон умуман сиҳат намешавед!.. Бемор: — Не-ку, фикр кардам, ки ин дорухона наздиктар аст... К-к-узр...#киноя Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
16 Aug, 17:04
Қиссаи табиб ва қассоб#навор Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
15 Aug, 04:51edited
Беҳуда хорам мекунӣ ман худ намедонам чаро, Бо ин ҳама бераҳмият ман дӯст медорам туро.#шоҳ_байт Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
10 Aug, 10:41
Осонтарин роҳе, ки инсонро ба ҷаннат мерасонад — илм аст.©Муҳаммад (с.а.в)#ҳадис Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
9 Aug, 10:35
Сабр — калиди ҷаннат аст.©Холид ибни Валид#гуфтори_бузургон Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
5 Aug, 11:01
Таваккал бар Худоят кун, кифоят мекунад ҳатман, Агар холис шавӣ бо Ӯ, садоят мекунад ҳатман. Агар беҳуда ранҷидӣ аз ин дунёи бераҳмӣ, Ба даргоҳаш қаноат кун, иноят мекунад ҳатман. Дилат дармонда мемирад, агар ғофил шавӣ аз Ӯ, Ба ҳар вақте садояш кун, ҳимоят мекунад ҳатман.#шеър Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
2 Aug, 13:05edited
Зи рӯзи гузар кардан андеша кун, Парастидани Додгар пеша кун. Ба некӣ гарою маёзор кас, Раҳи растгорӣ ҳамин асту бас.© Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ#шеър Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
31 Jul, 11:07edited
Агар Ҷомусу Луқмонӣ, агар ту шоҳи Кирмонӣ, Агар хони Бадахшонӣ, ба вақти марг дармонӣ. Агар заррин камар дорӣ ва гар симин сипар дорӣ, Ба ин манзил гузар дорӣ, ба вақти марг дармонӣ. Агар дар кӯҳ чӯпонӣ, агар Маҳмуди султонӣ, Агар мири Хуросонӣ, ба вақти марг дармонӣ. Агар шоҳӣ, агар мирӣ, агар барнову гар пирӣ, Яқин донӣ, ки мемирӣ, ба вақти марг дармонӣ. Агар зиштиву зебоӣ, агарчи моҳи яктоӣ, Агар ту мири дунёӣ, ба вақти марг дармонӣ. Қабои нах ҳамепӯшӣ, шароби сурх менӯшӣ, Аҷал карда фаромӯшӣ, ба вақти марг дармонӣ. Чу Шамсиддини Табрезӣ надидиву надидастӣ, Агар муфтиву мавлоӣ, ба вақти марг дармонӣ.©Ҷалолиддин Румӣ#ғазал Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇
ТАФАККУР
29 Jul, 04:42
Биҳишт аз дасти одам рафт аз он рӯзе, ки гандум хӯрд. Чӣ бошад ҳоли он кас, ки басе аз ҳаққи мардум хӯрд.#шоҳ_байт Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
27 Jul, 16:46
Тӯҳмат — интиқоми буздилон аст. Касеро, ки бо шамшер шикаст дода наметавонанд, талош мекунанд то бо овозаҳо мағлуб созанд.#ҳикмат Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
ТАФАККУР
24 Jul, 10:15
Дарахте, ки талх аст ӯро сиришт, Г-араш барнишони ба боғи биҳишт. В-ар аз ҷӯи хулдаш ба ҳангоми об, Ба бех ангубин резию шаҳду ноб. Саранҷом гавҳар ба кор н-оварад, Ҳамон меваи талх ба бор овараб.#шеър Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
Followers write to the bot, you answer by reply, your account stays hidden. Created in one tap.
How it works →Related Channels
Other channels in the same section of the catalogue.
