gram news
عمدة المرأة channel avatar

عمدة المرأة

@umdat_almara

✨🕌 عمدة المرأة 🕌✨ Оё мехоҳӣ зане бошӣ ки динашро медонад💎 Дар ин ҷо ҳама чизи заруриро меёбӣ 🌹 🔥 Таҳорат 💫 Намоз 👑 Оила 🌸 Ҳиҷоб Барои зане ки мехоҳад бо илм, оромӣ ва эътимод зиндагӣ кунад 🦋 Обуна шав — чунки ту лоиқи ин ҳастӣ 💎✨

ProjectsTG

27subscribers

Open the Channel

Latest posts

  • عمدة المرأة

    17 Sept, 04:25

    Ибтило низ раҳмати Аллоҳ астБалоҳо ва сахтиҳое, ки инсон ба онҳо гирифтор мешавад, метавонанд раҳмате аз ҷониби Аллоҳ бошанд.Аз раҳмати Аллоҳ аст, ки баъзан зиндагиро бар бандааш танг мекунад ва ӯро бо сахтӣ, мушкилӣ ва маҳрумият меозмояд.Ҳикмати ин метавонад он бошад, ки дили банда ба дунё сахт набандад, ба он дилбастагӣ пайдо накунад ва дунёро хонаи ҳамешагии худ надонад.Балки ин сахтиҳо ӯро ба сӯи неъматҳои ҷовидонаи охират шавқмандтар мекунанд; неъматҳое, ки дар назди Парвардигораш ҳастанд ва бузургиву зебоии онҳоро бо сухан баён кардан мумкин нест.Пас, ҳар сахтӣ ҳатман бадӣ нест; баъзан сахтӣ сабаби наздик шудани банда ба Аллоҳ ва рӯ овардани ӯ ба охират мегардад.
  • عمدة المرأة

    10 Sept, 06:16

    Баъзан вақт на гиря оромат мекунад ва на ханда, на фарёд оромат мекунад ва на сукут. Он ҷост, ки бо чашмони тар даст ба осмон мебардори ва мегуйи. "Ё Аллоҳ ман ҷуз Ту касе надорам". 🥺🫀
    36file1Open in Telegram
  • عمدة المرأة

    3 Sept, 03:40

    ✅Нозукии аҷиби баёни ҚуръонАллоҳ таъоло мефармояд:﴿قَالَ يَا بُنَيَّ لَا تَقْصُصْ رُؤْيَاكَ عَلَىٰ إِخْوَتِكَ فَيَكِيدُوا لَكَ كَيْدًا ۖ إِنَّ الشَّيْطَانَ لِلْإِنسَانِ عَدُوٌّ مُّبِينٌ﴾«Гуфт: Эй писаракам! Хобатро барои бародаронат нақл накун, зеро онҳо бар зидди ту нақшае хоҳанд кашид. Ҳақиқатан, шайтон душмани ошкори инсон аст».✍️ Ба дақиқии аҷиби баёни Қуръон диққат кун: Аллоҳ таъоло «найранг ва нақша»-ро ба бародарон нисбат медиҳад, аммо «душманӣ»-ро ба шайтон нисбат медиҳад.Ҳамчунин ба сухани Юсуф алайҳиссалом диққат кун:﴿مِنْ بَعْدِ أَنْ نَزَغَ الشَّيْطَانُ بَيْنِي وَبَيْنَ إِخْوَتِي﴾«Пас аз он ки шайтон миёни ман ва бародаронам фитна андохт».⚠️ Ин барои ҳар гуна ихтилофу душманӣ миёни мусулмонон дарси бузург аст:Асли масъала ин нест, ки бародарат душмани туст ё
  • عمدة المرأة

    27 Aug, 07:07

    قال الإمام الشافعي رحمه الله:إذا كان لك صديقٌ يُعينك على طاعة الله فاحرص على توثيق صلتك به، فإن اختيار الصديق أمرٌ شاقّ، وفراقه أمرٌ يسير.Имом Шофеъӣтرحمه الله мегӯяд:Агар дӯсте дорӣ, ки туро дар тоъати Аллоҳ ёрӣ медиҳад, пас иртиботи худро бо ӯ муҳкам кун, зеро интихоби дӯст сахт ва амо ҷудо шудан аз вай осон аст!حلية الأولياء ٩/ص ١٢١
  • عمدة المرأة

    27 Aug, 06:54

  • عمدة المرأة

    26 Aug, 08:10edited

    БА АЛЛОҲ УМЕДВОР БОШ...لا تَيْأَسْ، إِنَّ اللهَ مَعَكَ Ноумед машав, зеро Аллоҳ бо туст.لا تَحْزَنْ، إِنَّ مَعَ الْعُسْرِ يُسْرًا Ғамгин машав, зеро ҳамроҳи сахтӣ осонӣ ҳаст.لا تَقْلَقْ، فَالأَرْزَاقُ بِيَدِ اللهِ Нигарон машав, зеро ризқу рӯзӣ дар дасти Аллоҳ аст.لَنْ يَخْذُلَ اللهُ قَلْبًا ظَنَّ بِهِ خَيْرًا Аллоҳ дилеро, ки ба Ӯ некгумон аст, ноумед намекунад.تَفَاءَلْ، فَالْخَيْرُ قَادِمٌ بِإِذْنِ اللهِ Умедвор бош, зеро ба изни Аллоҳ некӣ дар пеш аст.فَمَا ضَاقَتْ إِلَّا لِيُفَرِّجَهَا اللهُ عَلَيْكَ Ҳар гоҳ мушкилӣ сахт шуд, бидон, ки Аллоҳ метавонад онро барои ту осон созад.
    60111Open in Telegram
  • عمدة المرأة

    18 Aug, 18:25

    Фоидаҳои ин ҳадис 📜1) Зараровартарин фитна барои мард — зан аст.2) Огоҳӣ аз наздик шудан ба фитнаи зан.3) Зарари фитнаи зан ҳам дар дин ва ҳам дар дунёи мард аст.4) Зан бояд аз он ки сабаби фитнаи мардон шавад — сахт парҳез кунад.5) Фитна метавонад аз зани худаш бошад — мисли ҳамсар — ва аз занони дигаре ки бар ӯ ҳаром аст.6) Табиати мард ба майл ба занон аст — ва ҳамин сабаб шуд ки фитнаи занон аз ҳама фитнаҳо бузургтар бошад.7) Фитнаи мард ба занон синну сол надорад — балки дар ҳамаи мардон бо ҳамаи занон умумист.8) Зан зараровартарин фитна барои мард аст — зеро ӯро дар динаш зарар мерасонад.9) Бузургтарин гуноҳе ки ба зан мерасад аз ин фитна — он аст ки сабаб мешавад занон бештарин аҳли дӯзах бошанд.
  • عمدة المرأة

    18 Aug, 18:25

  • عمدة المرأة

    18 Aug, 17:57edited

    Ҳадис №8 ✨🌸 «Сабаби гуноҳи мардон машав» ━━━━━━━━━━━━━━━عَنْ أُسَامَةَ بْنِ زَيْدٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ عَنِ النَّبِيِّ ﷺ قَالَ: «مَا تَرَكْتُ بَعْدِي فِتْنَةً أَضَرَّ عَلَى الرِّجَالِ مِنَ النِّسَاءِ»━━━━━━━━━━━━━━━ 📖 Тарҷума:Усома ибни Зайд رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ аз Паëмбар ﷺ нақл мекунад:«Баъд аз худ ҳеч фитнае зараровартар аз занон барои мардон нагузоштам.»━━━━━━━━━━━━━━━ 💬 Фикр кун: 💭Таърих шоҳид аст: Дар паси ҳар марди бузург — зани солеҳае буд.
  • عمدة المرأة

    18 Aug, 17:57

  • عمدة المرأة

    18 Aug, 03:42edited

    ❗️ Сохтани инсон — кори якрӯза нестИмрӯз баъзеҳо худро «ислоҳгар» меноманд, аммо вақте болои як инсон каме кор мекунанду натиҷаи зуд намебинанд, дарҳол мегӯянд:««Аз ин инсон дигар чизе намешавад!»»Аммо оё воқеан чунин аст?Дар ҳоле ки Инсон ба тарбия ниёз дорадФаромӯш набояд кард, ки сохтани инсон кори якрӯза, якмоҳа ва ҳатто яксола нест.Инсон барои тағйир ёфтан ба:имон • илм • сабр • муҳаббат • насиҳат • муҳити солим • тарбияи пайваста ниёз дорад.Расули Акрам ﷺ барои тарбияи насли аввалини ин уммат солҳои зиёд талош карданд. Он ҳазрат ﷺ инсонҳоро бо сабр, ҳикмат ва тарбияи пайваста ба дараҷае расониданд, ки ҳамон инсонҳо баъдтар насли бузурги Ислом шуданд.🔴 Як мисоли одӣ
  • عمدة المرأة

    13 Aug, 09:29

    «إِنَّ هَذِهِ الدُّنْيَا دَارُ الْتِوَاءٍ لَا دَارُ اسْتِوَاءٍ، وَمَنْزِلُ تَرَحٍ لَا مَنْزِلُ فَرَحٍ، فَمَنْ عَرَفَهَا لَمْ يَفْرَحْ لِرَخَاءٍ وَلَمْ يَحْزَنْ لِشَقَاءٍ»Ҳақиқатан, ин дунё ҷойи нооромӣ аст, на ҷойи оромии комил; ҷойи ғам аст, на ҷойи хушии доимӣ.Пас, касе ки дунёро дуруст бишиносад, ҳангоми фаровонӣ аз ҳад шод намешавад ва ҳангоми сахтӣ аз ҳад ғамгин намегардад.
  • عمدة المرأة

    13 Aug, 09:24

    📌الدُّنيا دارُ مَنْ لا دارَ له، ومالُ مَنْ لا مالَ له، ولها يَجْمَعُ مَنْ لا عقلَ له.🌍 Дунё хонаи касест, ки хонаи дигаре надорад; 💰 моли касест, ки моли дигаре надорад; 🧠 ва барои дунё ҷамъ мекунад касе, ки ақл надорад.
  • عمدة المرأة

    13 Aug, 09:14

    📌 Ҳақиқати молу сарват💰 المال يشتري السرير ولا يشتري النوم Мол метавонад бистар бихарад, аммо хобро харида наметавонад.⏰ المال يشتري الساعة ولا يشتري الزمن Мол метавонад соат бихарад, аммо вақтро харида наметавонад.💊 المال يشتري الدواء ولا يشتري الشفاء Мол метавонад дору бихарад, аммо шифоро харида наметавонад.🍽️ المال يشتري الطعام ولا يشتري الشهية Мол метавонад хӯрок бихарад, аммо иштиҳоро харида наметавонад.🏛️ المال يشتري المنصب ولا يشتري الاحترام Мол метавонад мансаб бихарад, аммо эҳтиромро харида наметавонад.⚠️ Бисёр неъматҳои бузурги зиндагӣ бо пул харида намешаванд.
  • عمدة المرأة

    13 Aug, 09:12

  • عمدة المرأة

    12 Aug, 02:51

    «من نعمة الله على العبد أن يُقَيّض له النّاصحين الذين يرشدونه إلى الخير ويأمرونه بالمعروف وينهونه عن المنكر،ن ويسعون في سعادته وفلاحه، ثمّ من تمام هذه النّعمة أن يُوَفّق لطاعتهم»..ابن سعدي - أصول عظيمة من قواعد الإسلامАз неъматҳои Аллоҳ бар банда ин аст, ки барои ӯ шахсони насиҳаткунандаеро муҳайё созад, ки ӯро ба сӯи некӣ роҳнамоӣ мекунанд, ба маъруф амр менамоянд, аз мункар бозмедоранд ва барои саодат ва растагории ӯ талош мекунанд.Сипас, аз комил шудани ин неъмат он аст, ки Аллоҳ бандаро ба итоат ва қабул кардани насиҳати онҳо муваффақ гардонад.Ибни Саъдӣ, «Усулҳои бузург аз қоидаҳои Ислом»
  • عمدة المرأة

    11 Aug, 19:55

  • عمدة المرأة

    10 Aug, 13:01

    Занон бештар аз мардон ба илм ниёзманд ҳастанд.Мардон илм меомӯзанд то касе шаванд.Занон илм меомӯзанд то касе бисозанд.العلم فی الرجال جمیل لکنه فی النساء اجملИлм дар мардҳо зебо дар занҳо зеботар аст.
    75video31Open in Telegram
  • عمدة المرأة

    9 Aug, 16:18

  • عمدة المرأة

    9 Aug, 16:04

    Имом ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфта аст:ما يصنع أعدائي بي؟ أنا جنتي وبستاني في صدري، أنّى رحت فهي معي لا تفارقني، وأنا حبسي خلوة، وقتلي شهادة، وإخراجي من بلدي سياحـة.Душманонам бо ман чи карда метавонанд? Ҷаннати ман дар синаам аст, (ҷаннат яъне: имон, илм ва яқин). Агар ҳар куҷое равам, (имон, илм ва яқин) бо ман аст ва маро тарк намекунад. Зиндон бароям хилватгоҳ аст. Кушта шудани ман, шаҳодат аст. Хориҷ шудани ман аз ватанам, саёҳат аст.
A feedback bot for your channel — free

Followers write to the bot, you answer by reply, your account stays hidden. Created in one tap.

How it works →
Create the bot