Latest posts

VarzishTV
23 Sept, 17:58edited
🇹🇯Тими миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона дар Боку аз мунтахаби Озарбойҷон шикаст хӯрд 🤝Пас аз ин бозӣ тими мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Чунтсини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуда, ду бозии дигар баргузор мекунад.Рӯзи 28 сентябр шогирдони Игор Ангеловский бо мунтахаби Фаластин ва 6 октябр бо тими миллии Чин вомехӯранд.🌏


VarzishTV
23 Sept, 17:03edited
📊 Маҷмӯи медалҳо пас аз рӯзи чоруми Бозиҳои Осиёӣ -2026 🙂🇹🇯 Тоҷикистон бо 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар зинаи 11-ум аст. 🙂 Чин бо 78 медал дар мусобиқа пешсаф мебошад.🌏


VarzishTV
23 Sept, 16:46
🇹🇯 Шоми 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорон ва меҳмонони шоми идонаи фарҳангиро ба муносибати солгарди 35-уми ҷашни истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.Таъкид гардид, ки истиқлолу озодӣ - арзишмандтарин неъмат, бузургтарин дастовард ва беҳтарин нишонаи ҳастии миллати тоҷик аст. Маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо мо соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллии худ гардидем, суннату анъанаҳои бостонии аҷдодӣ ва арзишҳои миллиамонро эҳё кардем ва мавқеи шоистаи Ватани азизамон - Тоҷикистонро дар арсаи олам таъмин намудем.Пас аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони чорабинӣ барномаи рангини консертии устодони санъати кишвар ва ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардид.🌏




VarzishTV
23 Sept, 15:16
🇹🇯 Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои анҷоми бозии дӯстона бо тими Озарбойҷон ба «Palms Sports Arena»-и шаҳри Боку омад. Вохӯрӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.🇹🇯🌏




VarzishTV
23 Sept, 15:09
🏟 Ҳайати асосии дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстонаи бо тими миллии Озарбойҷон. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena»-и шаҳри Боку баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.#TajikistanNationalTeam #ТочикистонБаПеш #ТимиМилли #ЯкДаста #СборнаяТаджикистана


VarzishTV
23 Sept, 13:17
📺 Ҷадвали пахши барномаҳои ТВ «Варзиш» 🥊📆24.09.202606:00 Шиноварӣ. Бозиҳои Осиё▶️ 08:00 Инъикос 08:30 Хабар 08:50 Шарҳи футбол. Шарҳи даври 7-уми чемпионати Португалия 09:25 Вазнбардорӣ. Бозиҳои Осиёӣ. Финали мардона 60кг▶️ 11:30 Хабар 11:50 Тирпаронӣ. Тапонча 10м. Финал. Мардон инфиродӣ. Бозиҳои Осиё.▶️ 12:45 Хабар 13:00 Шиноварӣ. Финал. Бозиҳои Осиё. ▶️ 15:00 Варзиши сабук. Финалҳо. Бозиҳои Осиё.▶️ 17:30 Хабар (бо забони русӣ) 17:50 Шарҳи футбол. Шарҳи даври 6-уми Ла Лига 18:50 Рӯзномаи бозиҳои Осиё. 19:30 Хабар (нашри муфассал) 20:00 Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни ҷавонон 20:30 Гурдофарид 21:00 Бокс. 70кг. Мардон. 65кг Занон. Бозиҳои Осиё. 22:30 Шарҳи футбол. Шарҳи даври 5-уми Серия А 23:20 Бадминтон. Финалҳо. Бозиҳои Осиё. 01:30 Баскетбол. 1-4 финал. Муғулистон – Чин. 02:30 Гимнастикаи варзишӣ. Финал. Бозиҳои Осиё. 04:00 Варзиши сабук. Финалҳо. Бозиҳои Осиё. 🌏
VarzishTV
23 Sept, 13:04
Акмал Убайдов ба даври 1/8-ниҳоии Бозиҳои Осиёӣ баромадhttps://varzishtv.tj/tj/news/akmal-ubaydov-ba-davri-1-8-ni-oii-bozi-oi-osiye-baromad/ 🆕


VarzishTV
23 Sept, 10:13
https://youtu.be/i0ys_SXP4PMYouTubeБозиҳои осиёӣ 2026. Бокс 1/16 Финал: Акмал Убайдов (-60кг)20th Asian Games in Aichi-Nagoya / Бозихои Осиёи 2026 / Азиатские игры 2026 Япония / Akmal UBAYDOV1,580Open in Telegram
VarzishTV
22 Sept, 16:42edited
📊 Маҷмӯи медалҳо пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ -2026 🙂🇹🇯 Тоҷикистон бо 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар зинаи 7-ум аст. 🙂 Чин бо 53 медал дар мусобиқа пешсаф мебошад.🌏


VarzishTV
22 Sept, 12:18edited
📺 Ҷадвали пахши барномаҳои ТВ «Варзиш» 🥊📆23.09.202606:00 Шиноварӣ. Бозиҳои Осиё ▶️ 07:30 Волейбол. Ветнам – Қатар 08:30 Хабар 08:45 Гимнастикаи варзишӣ. Даставӣ мардона ▶️ 11:40 Хабар 12:00 Маҷрои теннис. 12:30 Хабар 13:00 Шиноварӣ. Финал. Бозиҳои Осиё ▶️ 14:30 Ману варзиш. 14:45 Гимнастикаи бадеӣ. Даставӣ занона ▶️ 17:15 Варзиш ва тиб. 17:30 Хабар (бо забони русӣ) 17:50 Волейбол. Ҷопон – Қатар. Бозиҳои Осиё 18:50 Рузномаи Бозиҳои Осиё 19:30 Хабар (нашри муфассал) 20:00 Футболи Осиё. (асл)
VarzishTV
22 Sept, 11:57edited
🥈🇹🇯 Беҳрӯз Хуршедзода аввалин медали нуқраи Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 соҳиб шуд 🙂🌏


VarzishTV
22 Sept, 11:52edited
🥇🇹🇯Отабек Раҷабов барандаи медали тиллои Бозиҳои Осиёӣ-2026 🙂🌏


VarzishTV
22 Sept, 11:51edited
🥇🇹🇯 Мирзобек Умаров - барандаи аввалин медали тиллои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 🇯🇵🌏


VarzishTV
22 Sept, 11:48
📸 Варзишгари тоҷик аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Беҳрӯз Хуршедзода дар вазни то 71 кг дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 ба гирифтани медали нуқра ноил гардид.🥈🇹🇯🌏




VarzishTV
22 Sept, 11:39
Тими миллии Тоҷикистон дар Боку аввалин тамринҳои худро баргузор кардhttps://varzishtv.tj/tj/news/timi-millii-to-ikiston-dar-boku-avvalin-tamrin-oi-khudro-barguzor-kard/ 🆕


VarzishTV
22 Sept, 11:20
😳🐐 Месси дар соли 2026 аз Мбаппе бештар гол зада, бештар ассист кардааст ва аз рӯи гол+ассист низ пешсаф аст!Ва ҳамаи инро ӯ дар синни 39-солагӣ анҷом медиҳад. 🇦🇷🔥🌏



VarzishTV
22 Sept, 11:17
🤯 Месси ба Сэр Алекс Фергюсон баробар шуд 🏆Лионел Месси акнун бо мураббии афсонавии «Манчестер Юнайтед» сэр Алекс Фергюсон аз рӯи шумораи ҷомҳову ҷоизаҳои бадастоварда баробар шуд — 49 ҷоиза. 🏆Аммо як ҷузъиёти ҷолиб аст, ки сэр Алекс 49 ҷоизаро дар давоми 39 мавсим ба даст овардааст, дар ҳоле ки Месси ба ин нишондиҳанда ҳамагӣ дар 22 мавсим расид. 👀🌏


VarzishTV
22 Sept, 11:09
📸 Варзишгари тоҷик аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Отабек Раҷабов дар вазни то 65 кг дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид.🥇🇹🇯🌏




VarzishTV
22 Sept, 10:46edited
Меҳроҷ Суфиҷонов ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтhttps://varzishtv.tj/tj/news/me-ro-sufi-onov-ba-davri-ashtyakni-o-ro-yeft/ 🆕


VarzishTV
22 Sept, 10:04
Таҳмина Хоҷаева ба Бюрои United World Wrestling номзад шудhttps://varzishtv.tj/tj/news/ta-mina-kho-aeva-ba-byuroi-united-world-wrestling-nomzad-shud/ 🆕

Related Channels
Other channels in the same section of the catalogue.
