gram news
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон channel avatar

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

@vazoratimaorif

Саҳифаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомонаи расмӣ https://maorif.tj Гурӯҳи расмӣ дар Facebook https://www.facebook.com/groups/maorif.tj

ProjectsKKEducation

1,470subscribers

Open the Channel

Latest posts

  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    22 Sept, 09:41

    forwarded from @emomalirahmontjk

    Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #SughdPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    22 Sept, 09:41

    forwarded from @emomalirahmontjk

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин дар робита ба бомуваффақият баргузор гардидани интихобот ба Думаи давлатии Федератсияи Русия, барқияи табрикӣ ирсол намуданд.22 сентября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил поздравительную телеграмму Президенту Российской Федерации уважаемому Владимиру Путину, в связи с успешным проведением выборов в Государственную думу.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #SughdPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    22 Sept, 08:47

    forwarded from @emomalirahmontjk

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ пурра таъмиру навсозӣ гардид, дидан намуданд.Сипас дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд тавассути 4 ҳавз ба дарёи Сир 1 миллион моҳича сар доданд. Моҳичаҳо аз зотҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ мебошанд, ки дар коргоҳҳои моҳичапарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят парвариш ёфтаанд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #SughdPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    22 Sept, 08:11

    forwarded from @emomalirahmontjk

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти нав ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳо, таъмини сифати баланди маҳсулоту хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият дастуру тавсияҳо доданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #SughdPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    22 Sept, 06:20

    forwarded from @emomalirahmontjk

    22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Мактаби замонавӣ чорошёна буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф сохта шуда, барои 4 ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Муассисаи нав дорои 73 синфхона буда, аз ин шумора 15-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ мебошанд. #ЭмомалӣРаҳмон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    21 Sept, 10:37

    Ифтитоҳи неругоҳи офтобии 250- мегават, 2 корхонаи азими маъдантозакунӣ ва як қатор иншооти дигар дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Истиқлол ва Гулистони вилояти Суғд#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #Sughd
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    21 Sept, 09:43

    СУҒД: ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИДДар Муассисаи давлатии гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.Муфассал дар пайванди зер https://www.facebook.com/share/p/1EG8JAW1ye/Моро ҳамроҳ бошед. Facebook | Telegram | Maorif.tj | Instagram
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    21 Sept, 09:28

    forwarded from @emomalirahmontjk

    21 сентябр хатти оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолӣ иншооти навбатӣ дар шаҳри Истиқлол буд, ки 21 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Оби нӯшокӣ барои аҳолии шаҳр бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд аз масофаи зиёда аз 17 километр оварда шуда, боиси аз байн рафтани мушкилоти мавҷудаи сокинон дар ин самт гардид. Хатти оби нӯшокӣ бо қубурҳои қутрашон 250 миллиметра ва насби таҷҳизоти махусуси худҷорӣ оварда шудааст. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #SughdPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    21 Sept, 08:06

    forwarded from @emomalirahmontjk

    21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ба истифода доданд. Пас аз ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити арзандаи кору фаъолият ва зиндагии мардум дар деҳот ва ҳидоят намудани насли наврас меҳнатдӯстию ватанпарварӣ тавсияҳо доданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #SughdPresident.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    21 Sept, 08:06

    forwarded from @emomalirahmontjk

    21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чинро мавриди истифода қарор доданд.Марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, ки дар он бо ҷалби 250 коргари маҳалливу хориҷӣ ва истифодаи технологияи насли нав 4 намуди маҳсулоти дорои арзиши баланд истеҳсол мешавад. Зимни боздид ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки консентрати сурбу нуқра, миси штейнӣ ва тилло ба ин корхонаи тозабунёд аз кони Зарнисор, ки ашёи хом дар он хеле фаровон аст, дастрасу коркард шуда, маҳсулоти тайёри он баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар ҳам содир мегардад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон